Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум»

Қарори

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи даъвати иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон даъвати панҷум»

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қ а р о р   м е к у н а м:

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 16 феврали соли 2018, соати 15.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

1 феврали соли 2018,

№ 15

 

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон иттилоъ медиҳад, ки дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ», Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи шаҳрҳои Кӯрғонтеппа ва Сарбанд, ноҳияи Бохтар, шаҳраки Восеъ ва деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ, деҳаҳои Шота Руставели, Тошохур ва Будинободи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон», Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017» ва як қатор қонунҳои дигари қабулнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст.

 

ШАРИКОН: