Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум»

Қарори
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи даъвати ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум»

Мутобиқи қисми сеюми моддаи 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қ а р о р   м е к у н а м:

Ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум 26 декабри соли 2019, соати 9.00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

 

Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                     М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,
5 декабри соли 2019,
№37

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи қисми сеюми моддаи 55 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паём дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд.

ШАРИКОН: