Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019»

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019»

 

Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» баррасӣ намуда, баҳри пайвастаю пайгирона такмилу таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мутобиқи моддаҳои 94 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қ а р о р   м е к у н а д :

  1. Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» ба инобат гирифта шавад.
  1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро ҳаматарафа баҳри таъмини волоияти қонун, такмилу таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тақвият дода:

— назорати риояи дақиқ, иҷрои бечунучаро ва якхелаи қонунҳоро аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, воҳиду сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти назоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, бонкҳо, корхонаю муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, таъмин намуда, ба қонунҳо мутобиқ будани санадҳои ҳуқуқие, ки мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул менамоянд, тадбирҳои иловагии мушаххасро амалӣ намояд;

— дар ҳамкорӣ бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намудани Стратегияи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо барои солҳои 2020 – 2030 тадбирҳои таъхирнопазир андешад;

— ҷиҳати бартараф намудани норасогиҳо ва мухолифатҳои дар қонунгузории амалкунанда мавҷуда таҳлилҳои асосноки илмию амалиро тақвият бахшида, аз натиҷааш ба мақомоте, ки ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд, таклифҳо пешниҳод намояд;

— ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар ҷомеа, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, пешгирии тундгароии динӣ ва шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ чораҳои иловагии судмандро амалӣ намояд;

— оид ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироии фаъолият бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, истирдоди ҷинояткорон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ, аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатӣ, дар давлатҳои хориҷӣ тадбирҳои муассир андешад;

— баҳри тақвияти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои таъсирбахшу таъхирнопазир ва самарабахшро дар ҳама самтҳои назорати прокурорӣ ҷорӣ намояд;

— пешгирӣ ва муборизаи беамону пайвастаи ҳамаҷонибаро бо амалҳои коррупсионӣ дар кишвар,  ҳамзамон таҳқиқу тафтиш ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ин соҳаро ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолият пайгирӣ намояд;

— назорати прокурориро дар самти гардиши ѓайриқонунӣ ва паҳншавии воситаҳои нашъадор, алалхусус, воситаҳои нашъадори синтетикӣ ҳаматарафа тақвият бахшад;

— фаъолиятро оид ба назорати таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ пурзўр намуда, ҳолатҳои беасос ва ѓайриқонунӣ дастгир намудан, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва маҳкум намудани шаҳрвандонро пешгирӣ намояд;

— фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ, аз ҷумла, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои марбутаи ҷомеаи шаҳрвандию иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар самти пешгирӣ намудани зуҳуроти номатлуби ба худкушӣ даст задани шаҳрвандон таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад;

— омилҳои асосии содиршавии ҷиноятҳоро дар байни ҷавонону ноболиѓон, сабабҳои зиёдшавии баъзе намудҳои ҷиноятро дар ин самт пайваста мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ чораҳои таъсиркунандаро амалӣ созад;

— назорати риояи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектони соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро таъмин намуда, санҷишҳои беасосу ѓайриқонунии мақомоти ваколатдорро дар фаъолияти субъектони соҳибкорӣ пешгирӣ намояд;

— дар самти назорати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба андоз, сармоягузорӣ, молия, саноат, сайёҳӣ ва энергетика чораҳои иловагӣ андешад;

— дар баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ, иқтисодӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ иштироки фаъолонаи прокуроронро таъмин намуда, ба таъмини адолати судӣ ва қабули санадҳои қонунӣ аз ҷониби судҳо мусоидат намояд;

— иҷрои воқеии санадҳои судӣ ва дигар санадҳои иҷроро дар фаъолияти Хадамоти иҷро пайваста таҳти назорат қарор диҳад;

— риояи қонунгузорӣ ва низоми адои ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ташвиқоти экстремистӣ ва амалҳои террористӣ аз ҷониби маҳкумшудагон, риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва пешгирии амалҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони муассисаҳои ислоҳӣ чораҳои таъхирнопазир андешад;

— назоратро ба риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда, оинномаҳои ҳарбӣ, пешгирии ҳолатҳои бузургсолорию фавти сарбозон ва ҳифзи моликияти давлатӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қўшунҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ тақвият бахшад;

— назорати риоя ва иҷрои талаботи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият дода, бо мақомоти ваколатдор ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус бемориҳои коронавирус ва вируси норасогии масунияти одам (ВНМО), баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон дар ин самт, пешгирии ҳодисаҳои паҳн намудани овозаҳои бардурӯғ, беасос баланд бардоштани нархи доруворӣ ва молҳои дигари тиббӣ чораҳои судманд андешад;

— баҳри таъмини назорати риояи бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ва шаҳрвандон тадбирҳои таъсирбахш андешад;

— талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро зери назорати доимӣ қарор дода, назорати иҷро ва риояи бемайлони онро таъмин намояд;

— назорати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро самаранок ба роҳ монда, санҷиши пурра, ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиатҳоро пайваста пайгирӣ намояд;

— иҷрои қонунгузорӣ оид ба меҳнат ва ҳифзи иҷтимоиро таҳти назорати қатъии прокурорӣ қарор дода, ҷиҳати ошкор ва бартараф намудани қарздориҳо аз музди меҳнат, инчунин аз ҷониби корфармоён вайроншавии дигар ҳуқуқҳои кормандон тадбирҳои таъсирнок андешад;

— ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагонро аз ҷониби мақомоти назоратию санҷишӣ, алалхусус Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, инчунин Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати доимии прокурорӣ қарор диҳад;

— бо ҷалби мақомоти дахлдор ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳрвандон тадбирҳои судманд андешида, ҳодисаҳои беасос боло бурдани нархҳо, ба вуҷуд овардани камбуди молу маҳсулотро қатъиян пешгирӣ намуда, нисбат ба ашхоси гунаҳгор чораҳои таъсиррасонии прокурорӣ андешад;

— ба пешгирӣ намудани воридоти қочоқи молу маҳсулоти ғайристандартию пастсифат ва барасмиятдарории ғайриқонунии воридоти мол аз ҷониби кормандони мақомоти гумрук диққати зарурӣ дода, қонунвайронкуниҳоро дар ин самт сари вақт ошкор ва мавриди чораҷуӣ қарор диҳад;

— назоратро ба истифодаи оқилона ва мақсадноки замин, ҷангал, канданиҳои фоиданок ва дигар боигариҳои табиат тақвият бахшида, қонунвайронкуниҳои дар ин самт ҷойдоштаро бо ҷалби мақомоти ваколатдори давлатӣ сари вақт ошкор ва бартараф намояд;

— ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳодисаҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардани заминҳои дар истифодаи муассисаҳои соҳаи фарҳангу маориф қарордошта ва ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани шахсони мансабдори гунаҳгор чораҷӯӣ намояд;

— ҳамкориҳоро бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақвият дода, барои роҳ надодан ба ҳодисаҳои баъди муҳлатҳои тӯлонӣ овардани санадҳои эътиноии прокурорӣ, ки боиси расонидани зарари моддӣ ба манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мегардад, тадбирҳои зарурӣ андешад.

  1. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Қарори мазкур ҳар нимсола ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбороти расмӣ пешниҳод намояд.
  2. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.

 

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                        М. Убайдуллоев

 

ш. Душанбе,

19 марти соли 2020,

№ 762

 

ШАРИКОН: