Эълон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ

Э Ъ Л О Н

Тибқи Амри Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  01 феврали соли 2018, Комиссияи озмун дар доираи амри мазкур дар Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дар зер зикршуда озмун эълон менамояд:

  1. Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ– 2 ҷой (маоши мансабӣ-1269 сомонӣ).
  1. Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой (маоши мансабӣ-1269 сомонӣ).
  1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 1 ҷой (маоши мансабӣ-936 сомонӣ).

Талаботи тахассусӣ барои хизматчиёни давлатии  маъмурӣ

Сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ.

Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— дониш ва малакаи роҳбарӣ, қобилияти идоракунӣ, банақшагирии раванди кор, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ, ботаҷрибагӣ ва кор бо тобеон;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо компютер;

Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилии  Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 — таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;

— донистани забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, ҳамчунин малакаи кор бо компютер;

Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро  ба Комиссияи озмун ба суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ- 42 ва почтаи электронии  kadr@majmilli.tj  шахсан ё тариқи электронӣ пешниҳод менамоянд:

 — ариза ба унвони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шакли муқарраргардида;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

— тарҷумаи ҳол;

— нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

— маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)

Довталабон метавонанд оид ба таҷрибаи кор ва сатҳи касбии худ маълумоти иловагӣ (нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи дараҷа ва унвони илмӣ, такмили ихтисос, номгӯи корҳои илмӣ, тавсифномаҳо, тавсияҳо) пешниҳод намоянд.

Эзоҳ: ҳангоми ба тариқи электронӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун довталаб вазифадор аст дар суҳбат ҳуҷҷати аслиро пешниҳод намояд.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз санаи нашри эълони мазкур.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: 227-18-62

 КОМИССИЯИ  ОЗМУН

ШАРИКОН: