Тоҷикистон – Франсия. Робитаҳо тавсеа меёбанд

14 апрели соли 2017 раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо вакили Маҷлиси миллии Франсия, узви ҳайати парламентии Ҷумҳурии Франсия дар Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, намояндаи махсуси ин созмон дар Осиёи Миёна Тиерри Мариани мулоқот намуд.

— Мулоқоти мо дар рӯзҳое доир мешавад, ки аз истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия 25 сол пур мешавад. Сафари Котиби давлатии Франсия оид ба масъалаҳои хориҷӣ Ален Вивен, ки моҳи марти соли 1992 ба шаҳри Душанбе сурат гирифт, оғози муносибатҳои байни ду кишвар маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни ин сафар, аз ҷумла, Протокол дар бораи истиқрори муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия ба имзо расид, — иброз дошт Муҳаммадюсуф Имомзода.

М. Имомзода дар идома зикр кард, ки ба робитаҳои минбаъдаи ҳар ду кишвар сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ­Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Франсия, ки соли 2002 сурат гирифт, рушди тоза бахшид.

Бунёди терминали нави Фуруд­гоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Франсия намунаи олии ҳамкории дуҷонибаи миёни кишварҳост. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар расми ба истифода супурдани он (3 сентябри соли 2014) иншооти мазкурро аз ҷумлаи беҳтарин намунаи ҳамкорӣ унвон карданд.

— Ҳамчунин, шоистаи таъкид аст, ки Тоҷикистон ва Франсия муносибатҳои худро дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф дар асоси созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмию техникӣ ба роҳ мондаанд.

Тиерри Мариани бо изҳори сипос аз пазироии самимӣ афзуд, ки ҳар ду кишвар, воқеан ҳам дар тӯли чоряк асри гузашта, бо ҳам робитаҳои суд­мандро роҳандозӣ карданд.

— Ман ба ояндаи дурахшони кишвари шумо хушбин ҳастам ва ба тоҷикистониён хушбахтию хушрӯзӣ таманно менамоям, — афзуд меҳмони франсавӣ.

ШАРИКОН: