Сафари Раиси Маҷлиси миллӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

30 июни соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентӣ тибқи даъвати Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин барои иштирок дар кори Форуми дуюми байналмилалии “Рушди парламентаризм” ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд, ки он то 4 июли соли равон идома меёбад.

Дар доираи сафар суханронии Раиси Маҷлиси миллӣ дар расми кушодашавии Форуми дуюми байналмилалии “Рушди парламентаризм”, ки дар толори Конгресси Маркази байналмилалии савдо баргузор мегардад, дар назар дошта шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар ин Форуми сатҳи баланд 800 намоянда аз 131 кишвари хориҷӣ, 49 роҳбари парламентҳо, ки аз он 32 нафарашон аз мамлакатҳои қитъаи Африқо мебошанд, ширкат меварзанд.

Дар Форум ширкаткунандагон доир ба мушкилоти амнияти ҷаҳонӣ, иқтисодиёти рақамӣ, мубориза бо камбизоатӣ ва нобаробарӣ табодули афкор намуда, инчунин масъалаҳои ҳуқуқи башар, ҳифзи муҳити зист ва нақши ҷавонон дар рушди парламентаризмро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

ШАРИКОН: