Сафари кории Раиси Маҷлиси миллӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия

Шоми 12 октябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии ҳамроњонаш тибқи даъватҳои якҷояи Раиси Иттиҳоди Байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ, Котиби кулли Иттиҳоди Байнипарламентӣ Мартин Чанчонг, инчунин даъватҳои Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин бо сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар намуд.

Сафари кории Маҳмадсаид  Убайдуллоев то 16 октябри соли 2017 дар шаҳри Санкт-Петербург идома ёфта, тибқи барномаи сафар Раиси Маҷлиси миллӣ дар Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентию ҷаласаҳои ба он алоқаманд, ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иш­тирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Шӯрои Парламентии Ассамблеяи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва даҳумин ҷаласаи пленарии он иштирок менамоянд.

ШАРИКОН: