Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нозирони байналмилалиро ба ҳузур пазируфтанд

29 феврали  соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати нозирони бонуфузи байналмилалӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти сарварии муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россияро бо роҳбарии раиси Кумита оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии авруосиёӣ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатӣ Леонид Калашников ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст ташрифи ҳайати нозиронро бањри шиносоию мушоњида ва пешбурди мониторинг аз ҷараёни омодагиҳо ва баргузории интихоботи вакилон ба Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ нек арзёбӣ карда, бо изҳори сипос ба роҳбарони Парламентҳои аъзои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати сафарбар намудани ҳайати мазкур ва Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони кишварҳои иштирокчии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар раванди зикршуда махсус таъкид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба навгониҳои заминаҳои ҳуқуқии интихоботи пешорӯ қайд намуданд, ки бори нахуст тибқи тағйиру иловањо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррароти ғайриҳизбӣ будани Комиссияи марказии интихобот ва комиссияҳои поёнии интихоботӣ пешбинӣ гардида, аъзои он муваззаф шудаанд, ки ваколатҳои худро бетараф ва мунсифона роҳандозӣ намуда, набояд дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва таблиғи пешазинтихоботии номзадҳои бақайдгирифташуда дар маъракаҳои интихоботӣ ширкат варзанд.

Ҳамзамон, бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо” тағйирот ворид гардид, ки савгандёдкунии вакилони маҳаллии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро тибқи тартиби муқарраргардида дар иҷлосияҳои дахлдори Маҷлисҳои вакилони халқ пешбинӣ менамояд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев аз бардоштҳои неки нозирони байналмилалӣ оид ба ҷараёни омодагиҳо ба баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳавзаву участкаҳои интихоботии минтақаҳои мухталифи кишвар дидан намудаанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ба фаъолияти ҳар кадоми онҳо дар иҷрои миссияи нозириашон дар ин маъракаи муҳимми сиёсӣ муваффақиятҳо орзу намуд.

Дар навбати худ роҳбарони ҳайатҳо Улуғбек Иноятов, Леонид Калашников ва Мухтар Ерманов раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз пазироии самимии Раиси Маҷлиси миллӣ изҳори сипос намуда, зикр сохтанд, ки риоя ва эҳтиромгузории Тоҷикистон ба арзишҳои демократӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шоистаи дастгирист ва рафти омодагиҳо ба маъракаи баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намоядагони Маҷлиси Олӣ ва  маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон собитгари он мебошад.

 

ШАРИКОН: