Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфтанд

1 ноябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бонуфузи вакилони Парлумони Аврупоро, ки таҳти роҳбарии ҷаноби Фулвио Мартушиелло барои иштирок дар ҷаласаи ҳаштуми Кумитаи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфта, изҳор доштанд, ки ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо авлавияти сиёсати хориҷии кишвар ба шумор меравад ва ҳамагон хуб бархурдоранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода доимо тавҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Боиси зикр мебошад, ки афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишвари мо бо Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Иттиҳоди Аврупо заминаи обеъктивӣ дошта, пайваста густариш бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳоро тақозо менамоянд.
Аз нигоҳи он, ки зикр намуд Раиси Маҷлиси миллӣ, якҷоя бо Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Парламенти Аврупо, мақоми қонунгузорӣ ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо тимсоли ҳокимияти дупалатагии қонунгузорӣ дар Иттиҳоди Аврупо ва яке аз бонуфузтарин мақомоти қонунгузорӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад, бешак мо зимни фаъолият ва равобити судманд, дар самти ҳамкориҳои байнипарламентиамон метавонем дар таҷдиди заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳоямон саҳми муносиб гузорем.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ёдоварӣ аз саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди таъмини сулҳу субот дар Афғонистон тавассути пешгирии зуҳуроти номатлуб, изҳор намуданд, ки мо набояд зимни фаъолиятҳои марбутаи ҷавобгӯи замони муосир, ки ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонист танҳо такя ба пайванди сарҳадҳои ҷуғрофӣ намоем.
Аз ин лиҳоз, мавсуф бо инобати дар сарҳади ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҷойгир будани Тоҷикистон, масъалаи тақвияти пайгиронаи ҳифзи сарҳадоти он ва бо ин мақсад баҳри бо таҷҳизоти муосири техникии сарҳадбонӣ ва таъмини шароитҳои моддию фаннии сарҳадбонон сафарбар кардани имкониятҳои инноватсионию муосири кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро тақозо намуд.
Мо аминем, ки афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, Иттиҳоди Аврупо ва институтҳои марбутаи он ҳамчун яке аз шарикони муҳим роҷеъ ба масоили байналмилалию минтақавӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташаккилона, экстремизм ва кочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир беш аз пеш фаъолияти густурдаро идома мебахшанд.
Раиси Маҷлиси миллӣ бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо пайгирона ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро дар бахшҳои гуногун, пеш аз ҳама иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, технологияҳои инноватсионӣ, рушди зеҳнияти инсонӣ, ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсил ва такмили малакаи касбии мутахассисони тоҷикистонӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои кишварҳои Аврупо барои донишҷӯёни ҷавону болаёқати тоҷик пешниҳод намуда, изҳор доштанд, ки барои рушди бефосилаи ҳамкориҳои минбаъдаи байнипараламентӣ, мо омода ҳастем тадбирҳои судовар андешем ва изҳори умед карда шуд, ки Парламенти Иттиҳоди Аврупо дар ин замина фаъолияти пайвастаро амалӣ менамояд.
Баҳри таҳкими робитаҳои ҳасана пешниҳод гардид, ки заминаҳои мавҷудаи ҳуқуқии ҳамкориҳо аз ҷониби парламентҳо бобати ба ниёзҳои тарафайн мутобиқ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ намудан бо истифода аз иқтидорҳои мавҷудаи ҷонибҳо дар бахши иқтисоду тиҷорат ва рушди бахши хусусӣ таҷдиди назар карда шаванд.
Дар идома Раиси Маҷлиси миллӣ тибқи дархости роҳбари ҳайати вакилони Парлумони Аврупо, роҷеъ ба ҷанбаъҳои мушаххаси институти қонунгузории кишвар, иштироки шаҳрвандон дар раванди интихобот, таҳияи пешниҳодҳо оид ба қонунэҷодкунӣ ва тавсеаи пайвастаи ҳамкориҳои мутақобила бо Иттиҳод ва Парлумони Аврупо ибрози назар намуданд.
Ҷаноби Фулвио Мартушиелло дар навбати худ аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос карда, бо қаноатмандӣ омодагии Парлумони Аврупоро оид ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои муаррифишуда таъкид намуд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

ШАРИКОН: