Онлайн-конференсияи Ассамблеяи Байнипарлумонӣ

9-уми октябри соли 2020 ҷаласаи понздаҳуми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ, дар шакли зинда (онлайн) баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндагон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок варзида, доир ба масоили гуногуни рӯзномаи ҷаласа ибрози назар намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек намояндагӣ намуда, доир ба масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласа – «Баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар доираи амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон» маърӯза кард.
Мавсуф иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар байни аҳолӣ, махсусан ҷавонон ташаббусҳои созандаро рӯи даст гирифта, пайваста чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ-ватандӯстиро баргузор менамояд. Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди манфиатҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар вуҷуди насли ҷавон заминаи асосиро барои пойдор нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ гузошта, дар ин самт зарур аст то давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз таҷрибаи ҳамдигар ба таври васеъ биомӯзанд ва онро дар амал татбиқ намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа иштирокчиён ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбия намудани ҷавонон ва дар вуҷуди онҳо бедор намудани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварӣ ва хештаншиносиву худогоҳӣ баҳои баланд дода, қайд намуданд, ки он бояд мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

ШАРИКОН: