Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллӣ бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехия

10 феврали соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Палатаи вакилони Парламенти Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Ян Гамачекро, ки бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ бо нахустин сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.
Дар ин мулоқот ҷаноби Ян Гамачекро Сафири фавқулодда ва мухтори Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ярослав Сиро низ ҳамроҳӣ намуд.
Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст ҷаноби Ян Гамачек ва ҳайати ҳамроҳонашро самимона шодбош намуда, бо боварӣ изҳор намуд, ки сафари мазкур дар рушду таҳкими муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Ҷумҳурии Чехия самараи нек хоҳад дод.
Таъкид гардид, ки таҳкими муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистону Чехия дар доираи сиёсати пешгирифтаи сарони ду кишвар дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар ин равобит роњандозии нерӯи парламентарҳои кишварҳо баҳри фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба тањкими робитањои гуногунљабњаи њасана ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев имконияту дороиҳои кишварро, хусусан иқтидорҳои зиёди энергетикию агросаноатӣ ва сайёҳиро муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки истифодаи зарфияти сармоягузорињои чехї дар соњањои мошинсозї, ќабл аз њама истењсоли дастгоњњо, инчунин таљњизоти энергетикию мањсулоти кимёвї, коркарди мањсулоти кишоварзї, истењсоли мањсулоти раќобатпазири нассољию чармї, таљдиди системаи энергетикї, саноати тиббию дорусозї, пешнињоди хизматрасонињои молиявию бонкї, омўзиш ва тайёр намудани мутахассисон ва мененљерњо дар бахши соњибкории хурду миёна, ташкил ва баргузории ярмарка-намоишгоњњо, семинарњо оид ба табодули таљрибаи коршиносони масоили иќтисодї ва рушди сайёҳї мувофиқи мақсад мебошад.
Идома бар он, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташакилона, гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддирро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.
Зикр шуд, ки бо инобати узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва оғоз шудани сарҳади ҷанубии ин созмони бонуфуз аз марзҳои кишвари мо, масъалаи ҳифзи сарҳади Афғонистону Тоҷикистон ва бо ин маќсад бањри бо таљњизоти муосири техникии сарњадбонї ва таъмини шароитњои моддию фаннии сарњадбонон сафарбар кардани имкониятњои Љумњурии Чехия низ амри воқеӣ мебошад.
Дар навбати худ ҷаноби Ян Гамачек аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки Парлумони Ҷумҳурии Чехия барои ҳамкории боз ҳам судманд бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, талош меварзанд бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштаашон баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои муаррифишуда тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳанд.
Таъкид гардид, ки сафари ҳайатҳои парлумонии ҳарду кишвар дар оянда низ идома ёфта, барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷабҳа нақши муассир хоҳад гузошт.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

ШАРИКОН: