Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сафири Мексика

21 ноябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири навтаъйини Штатҳои Муттаҳидаи Мексика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳаш дар шаҳри Теҳрон ҷаноби Ҷузе Алфонсо Зегбе Камаренаро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот нахуст Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Ҷузе Алфонсо Зегбе Камаренаро ба муносибати Сафир таъин шуданаш табрику таҳният гуфта, дар иҷрои вазифаи пурмасъулият ва пуршараф ва ба ин васила дар барпо намудани робитаҳо миёни кишварҳоямон комёбиҳо орзу карда, зикр намуд, ки ҳамкориҳои ҷойдошта дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, бахусус дар самти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки кишварҳоямон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид узви Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об мебошанд ва бинобар оқибатҳои тағйирёбии иқлим, масъалаи ҳаётан муҳими глобалӣ маҳсуб мегардад, пайваста тавсеаю тақвият меёбанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор доштанд, ки мо бояд заминаҳоро баҳри ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои воқеии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сайёҳӣ ва ғайра равона созем ва кишвари мо барои ҳамкорӣ бо Штатҳои Муттаҳидаи Мексика ҳавасманд мебошад.

Раиси Маҷлиси миллӣ таъкид намуд, ки феълан нишондодҳо дар самти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба захираю имкониятҳои ҷойдошта ҷавобгӯ нестанд ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд тавассути омода ва ба имзо расонидани созишномаю қарордодҳое, ки заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам месозанд, тақозои замон мебошад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар сохторҳои рушдёфтаи истихроҷи маъдану коркарди саноатии он ва соҳаҳои марбутаи индустриалию агросаноатӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуд.

Дар навбати худ, ҷаноби Ҷузе Алфонсо Зегбе Камарена ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, робитаҳои байнипарламентӣ ва таъсиси гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни парламентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Штатҳои Муттаҳидаи Мексикаро дар ба роҳ мондани робитаю ҳамкориҳои тарафайн мувофиқ ба мақсад баён намуд.

Ҷаноби Сафир барои пуштибонии ҷониби Тоҷикистон аз намояндаи Штатҳои Муттаҳидаи Мексика хонум Габриелла Куэвас, ки дар Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ 18 октябри соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба ҳайси Президенти Иттиҳод интихоб гардид, сипосмандӣ карда, паёму дуруди  мавсуфро ба Раиси Маҷлиси миллӣ ироа дошт.

Вобаста ба пешниҳодоти дар раванди вохӯрӣ аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев зикршуда Сафир изҳор намуданд, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколатҳои хеш ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил анҷом пазируфт.

 

ШАРИКОН: