Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингҳ

16 октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳро бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфта, зикр намуданд, ки таҷрибаву малакаи мавсуф баҳри таҳкиму густариши пайвастаи робитаҳои гуногунсоҳаи кишварҳо равона хоҳад шуд.

Таъкид гардид, ки тавсеаи равобити парламентҳои кишварҳо баҳри фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод намуданд, ки бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда баррасии як қатор санадҳои ҷойдошта баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, бахусус дар бахшҳои гидроэнергетика, маорифу тандурустӣ, технологияҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ тақозои замони муосир мебошад.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати таъсиси гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҷя Сабҳа (палатаи болоӣ)-и Парламенти Ҷумҳурии Ҳиндустон баён дошта, изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути он ва дигар институтҳои равобитӣ фаъолияти судмандро роҳандозӣ менамоянд.

Дар љараёни мулоќот масъалаҳои њамоњангии фаъолияти минбаъда оид ба таҳкими муборизаи дастаљамъона алайњи террозиму экстремизми байналмилалӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Дар навбати худ, ҷаноби Вираҷ Сингҳ ба Маҳмадсаид Убайдуллоев барои пазироии самимӣ арзи сипос намуда, вобаста ба пешниҳодоти дар раванди вохурӣ зикршуда, ки баҳри рушди муносибатҳои мутақобилан судманди кишварҳо нигаронида шудаанд, изҳор дошт, ки ҷиҳати татбиқи онҳо дар доираи ваколатҳои хеш мусоидат хоҳад кард.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмии комил анҷом пазируфт.

ШАРИКОН: