Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Вулуси Ҷиргаи Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ

22 ноябр дар Қароргоҳи Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар Қасри Таврический Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Вулуси Ҷиргаи Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Мир Раҳмон Раҳмониро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили рушди робитаҳои байнипарламентӣ ва ҳамҷаворию таъмини амнияти сарҳадиро баррасӣ намуда, аз омодагии тарафҳо ба тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои мутакобилан судманд таъкид доштанд.

 

ШАРИКОН: