Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Раиси Палатаи мушовирони Парламенти Япония Акико Санто

Субҳи 21 октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати иштирок дар маросими тоҷгузории Императори нави Япония дар шаҳри Токио қарор доранд, бо Раиси Палатаи мушовирони Парламенти Япония (Палатаи болоӣ — Сенат) хонум Акико Санто мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ва мавсуф робитаҳои судманди дуҷонибаро дар партави сиёсати созандаи Сарони кишварҳо дар соҳаҳои мухталиф, бахусус дар доираи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Япония дар даҳаи аввали моҳи октябри соли сипаригардида ва вохӯриашон бо Сарвазири Япония ҷаноби Шинзо Абэро зикр намуда, татбиқи амалии фаъолияти пайвастаро дар самтҳои мавриди баррасӣ ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентиро баҳри таъмини заминаи мусоиди ҳуқуқии онҳо ногузир шумориданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ширкати сохторҳои марбутаи Ҳукумати Японияро дар доираи амалисозии барномаҳои гуногунсоҳа, хусусан татбиқи бархе аз барномаҳои иҷтимоию инфрасохторӣ ва бозомӯзии беш аз 2250 нафар мутахассисони бахшҳои мухталиф, ки айни замон низ бо маром идома дорад ва бевосита собитгари такя ба нерӯю тақвияти зарфиятҳои инсонӣ тавассути омодасозии мутахассисони сатҳои гуногун нигаронида шуда, яке аз сарчашмаҳои асосии пешрафти Япония ба шумор меравад, арзишманд арзёбӣ ва пешниҳод намуданд, ки дар шаҳри Душанбе таъсиси Маркази японии омӯзиши мутахассисони гуногунсоҳаи сатҳҳои баланд (тренинг центр) дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, идоракунӣ, тиҷоратӣ, технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар мамлакат, ки ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошанд, ба  манфиати ҷонибҳост.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар робита ба вазъи ҷойдоштаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ ва имзои лоиҳаи созишномаи пешниҳоднамудаи Ҳукумати кишварро оид ба озодсозӣ, ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузории ҷонибҳо заминаи муҳими тақвият, таҳкиму тавсияи ҳамкориҳои судманд арзёбӣ ва оид ба комилан беҳбуд бахшидани ҳамкориҳо тамоми замина ва имкониятҳои ҷойдоштаи ҷониби Японияро баҳри ворид намудани сармоягузориҳои бевосита ба иқтисодиёти кишвар дархост намуданд.

Ҳамзамон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар таъсиси гуруҳи кории муштараки ҷонибҳоро баҳри баррасӣ ва ба талаботи замон мутобиқ намудани заминаи ҳуқуқии ҷойдошта ногузир шумориданд.

Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд қаноатмандӣ изҳор ва оид ба густариши онҳо дар созмонҳои марбута омодагии ҳамаҷонибаро иброз намуда, аз саҳми арзандаи яке аз шаҳрвандони баруманди кишвари Япония дар ҳайати сохтори намояндагии СММ баҳри барқарории сулҳ дар Тоҷикистон доктор Ютака Акино, ки соли 1998 дар қисми шарқии мамлакат аз тарафи размандагони собиқ ҲНИТ ба қатл расонида шуда буд, бо некӣ ёдоварӣ намуданд.

Дар навбати худ хонум Акико Санто бо қаноатмандӣ аз мулоқоти анҷомёфта зикр намуд, ки Палатаи мушовирони Парламенти Япония барои ҳамкории судманд бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, баҳри тавсеаи онҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ менамояд.

Раиси Палатаи Сенати Япония зикр намуданд, ки нахустсафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои байнипарлумонии кишварҳо саҳифаи наверо оғоз ва иброз доштанд, ки сафари ҳайатҳои парлумонӣ дар оянда баҳри густариши равобити гуногунҷабҳа нақши муассир хоҳанд гузошт.

Хонум Акики Санто саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ба ҳайси ҳамсоякишвари Афғонистон, дар таъмини сулҳу субот дар минтақа назаррас шуморида, зарфиятҳои баланди сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ёдгориҳои таърихии он – Саразми бостонӣ, яке аз қадимтарин Буддои хобида, боигариҳои беназири табиӣ, чашмаҳои гарм, Боғи милии Тоҷикистонро ёдовар ва омодагии кишвари худро дар чаҳорчӯби нақшаи амали Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Япония ҷиҳати рушди сайёҳӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе қабул гардида буд, зикр намуданд.

Раисони Палатаҳои болоӣ баҳри таҳкими робитаҳои густурда таъсис додани гуруҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии  миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Японияро тақозои замон шумориданд.

Дар ин зимн, Раиси Маҷлиси миллӣ аз хонум Акико Санто даъват ба миён оварданд, ки бобати тақвияту таҳким ва тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ дар вақти барояшон мусоид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳанд, ки он бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ин нахустин сафари яке аз раисони  палатаҳои парлумони кишвар ба Япония мебошад, ки идома дорад.

 

ШАРИКОН: