Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия

22 майи соли 2019 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия ҷаноби Мирослав Лайчакро, ки ҳамчун Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи меҳмони воломақомро ба мамлакат фоли нек маънидод карда, изҳор дошт, ки феълан робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба захираю имкониятҳои ҷойдошта байни кишварҳоямон бозбинии комилро тақозо менамоянд.

Аз ин рӯ, бо мақсади рушди робитаҳои дуљониба ва тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ таҳия ва ба имзо расонидани Созишномаҳои дахлдор оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ байни тарафҳо муҳим шуморида шуд.

Зикр гардид, ки аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ – аграрӣ табдил додани Тољикистон аз љониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат муайян шуда, дар ин љода истифодаи зарфияти сармоягузориҳои Словакия дар бахшҳои гуногун, хусусан таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои мошинсозӣ, ташкил ва баргузории ҳамоишҳои тиҷоратӣ, омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисон ва мененҷерҳо дар бахши соҳибкории хусусӣ бозгӯи воқеият маҳсуб ёфта, баҳри бозомӯзию баланд бардоштани донишу малакаи касбии мутахассисони љавони тољик ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсилашон бар бахши масгистратураи донишкадаю донишгоҳҳои Словакия мувофиқи мақсад мебошад.

Ҳамзамон, ҷонибҳо зарурати ҳамкориҳои байнипарламентиро ҳамчун омили мусоидаткунанда муҳим арзёбӣ карда, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарлумониро махсус таъкид намуданд.

Дар идома, ҷонибҳо масоили осебпазир гардидани амният ва суботу ҳамзистии осоиштаи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти таъсири равандҳои номатлуби ҷаҳони пуртазоди муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистонро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сипосмандӣ аз рушди муносибатҳои мутақобилан судманд зикр намуд, ки Тољикистон ҳамкориро бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо пеш аз ҳама дар самти ҳифзи сарҳадот авлавият дода, бо инобати оғоз ёфтани сарҳади ҷанубии он аз марзҳои кишвар ҳавасманд аст  баҳри бо таҷҳизоти муосири техникии сарҳадбонӣ ва таъмини шароитҳои моддию фаннии сарҳадбонон сафарбар кардани имкониятҳои ин созмони бонуфуз ва кишварҳои аъзо бештар ба амри воқеӣ табдил ёбад.

Гузашта аз ин, афзуд, ки дар низоми шаклгирии муносибатҳои пешгӯинашанавандаи  геостратегӣ ва минтақавӣ таҳкими ҳамкориҳо дар заминаи Платформаи нави шарикӣ тақозои замон мебошад.

Ҷаноби Мирослав Лайчак дар навбати худ аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос карда, афзуд, ки ҳамчун Раиси амалкунандаи Созмони амният ва хамкорӣ дар Аврупо барои ҳамкории боз ҳам судманд омода буда, талош меварзад бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои муаррифишуда тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳад.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

ШАРИКОН: