Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Ара Баблоян

30 октябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоянро, ки бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст бори дигар ҷаноби Ара Баблоянро ба муносибати интихоб шуданаш ба ин вазифаи пурмасъулияти давлатӣ самимона шодбош намуда, изҳор намуд, ки сафари мазкур дар рушду таҳкими муносибатҳои байнипарламентӣ бобати фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ дар доираи сиёсати пешгирифтаи сарони ду кишвар, хусусан баҳри татбиқи созишномаю қарордодҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманистон, ки ба тавсеа ва тақвияти робитаҳои гуногунҷабҳа ба манфиати ҳарду ҷониб равона гардидаанд, самараовар хоҳад буд.

Дар ин росто, Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки вусъати ҳамкориҳо дар бахшҳои технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ ва татбиқи Созишнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Арманистон аҳамияти аввалиндараҷаро доро мебошад.

Мо, бо Шумо, афзуд, Раиси Маҷлиси миллӣ, густариши робитаҳоямонро дар соҳаи астрофизика, зилзиласанҷӣ, кибернетика ва математикаи информатикӣ пайгирона ба роҳ хоҳем монд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили заминаи мусоиди ҳуқуқӣ оид ба рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар соҳаҳои мухталиф, бахусус бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ ва сайёҳӣ имкониятҳои мавҷударо баҳри вусъат бахшидани ҳамкориҳо равона менамоянд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо бо инобати узвият дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ҳамкориҳои судманди байнипарламентиро дар масоили таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва саҳми дастаҷамъона дар пешгирии зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, ҷаноби Ара Баблоян аз пазироии самимӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон барои ҳамкории боз ҳам судманд бо Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, талош меварзанд бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштаашон баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо, бо истифода аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла тавассути гуруҳҳои дӯстии байнипарламентии тарафҳо тадбирҳои мушаххасро ба сомон расонанд.

Дар мулоқот аз дипломатияи парламентӣ ёдоварӣ карда, ҷонибҳо омодагии худро баҳри истифодаи самараноки он дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ зикр намуданд.

Таъкид гардид, ки сафари ҳайатҳои парлумонии ҳарду кишвар дар оянда низ идома ёфта, барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷабҳа нақши муассир хоҳад гузошт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

ШАРИКОН: