Мулоқоти Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо Баронесса Элисон Мери Сюти

11 апрели соли 2018 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо узви Палатаи Лордҳои Британияи Кабир, муовини Раиси Гурӯҳи британиявии парламентӣ оид ба бемории сил (Global TB-мубориза бар зидди бемории сил) хонум Баронесса Элисон Мери Сюти, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташиф овардааст, доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ хонум Баронесса Элисон Мери Сютиро, ки бори нахуст ба Тоҷикистон ташриф оварданд, самимона шодбош намуда, таъкид ва изҳори боварӣ намуд, ки он дар рушди муносибатҳои байнипарламентӣ самараи нек хоҳад дод.

Раиси Кумита боздиди меҳмонро ба Тоҷикистон самараи нахустин сафари анҷомдодаи ҳайати парламентии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ба парламенти Британияи Кабир арзёбӣ намуда, афзуд, ки Маҷлиси миллӣ ҷиҳати тавсеаи робитаҳо бо парламенти кишварҳо баҳри ҳамкориҳои мутақобилан судманд омода буда, аъзои даҳҳо созмонҳои байналмилалии парламентӣ мебошад.

Ҷонибҳо масъалаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан, бемории силро тавассути қабули қонунҳои босифат мавриди баррасӣ қарор дода, робитаву муносибатҳои байнипарламентӣ ва  иқтидори парламентарҳои кишварҳоро баҳри ташкили фазо ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳим арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки аъзои Маҷлиси миллӣ зимни таҳия ва ҷонибдории қонунҳо ба ҳифзи сиҳатии аҳолӣ диқкати махсус зоҳир намуда, дар ин замина кодекс ва қонунҳои мушаххас қабул гардидаанд.

Илова бар он, нахустин муҳокимаи парламентӣ ба ҳифзи сиҳатии ҷомеа равона шуда, таҳти унвони «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар он роҳҳои ҳалли ин мушкилот, аз байн бурдани монеаҳои ҷойдошта ва роҳандозӣ намудани тасмимҳои дастаҷамъона мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар идома, Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ таъкид намуд, ки ҷиҳати  идомаи робитаҳо ва табодули таҷрибаи парламентризм миёни кишварҳо қабули қонунҳои моделӣ саривақтӣ мебошад.

Хонум Баронесса Элисон Мери Сюти аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, дар навбати худ афзуд, ки ҳамкории байнипарламентӣ миёни кишварҳо майдони фарох баҳри омӯзиши таҷрибаи якдигар мебошад ва бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати Маҷлиси миллӣ бо Парламенти Британияи Кабир тадбирҳои судмандро анҷом хоҳад дод.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

ШАРИКОН: