Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаокаро ба ҳузур пазируфт

13 марти соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаокаро бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев робитаҳои судманди дуҷонибаро дар соҳаҳои мухталиф мусбӣ арзёбӣ карда, зарурати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентиро баҳри таъмини заминаи мусоиди ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳ ва рушди онҳо дар бахшҳои гуногун, хусусан сафарбарсозии иқтидору имконоти ҷониби Ҷопонро барои ҷалби васеи сармоягузориҳо ба иќтисодиёту инфрасохтори кишвар таконбахши  робитаҳо номид.

Зимни мулоқот бо ёдоварӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2016 зикр намуд, ки “дар 15 соли оянда бояд саҳми соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад” ва изҳор дошт, ки бо ин мақсад дар мамлакат муттасил фазои мусоиди сармоягузориҳо ва имтиёзҳои бештар муҳайё гардида истодааст ва мо ба маблағгузорӣ ва татбиқи дастовардҳои пешрафтаи Ҷопон дар самтҳои мухталиф ҳавасманд мебошем.

Бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва эълон гардидани соли 2017, ҳамчун Соли ҷавонон дар ҷумҳурӣ Раиси Маҷлиси миллӣ пайвастаю пайгирона ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро дар бахшҳои гуногун, алалхусус иқтисоду тиҷорат, сайёҳӣ, ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсил дар донишкадаю донишгоҳҳои Ҷопон барои донишҷӯёни ҷавону болаёқат, баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони тоҷикистонӣ ва табодули афкор миёни ҷавонони ҳарду кишварро ҳамчун тақозои замон пешниҳод намуд.

Дар навбати худ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳаҷиме Китаока барои қабул ва муњтавои мулоќот изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки хоҳони тақвияти ҳамкориҳо бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва изҳор намуд, ки дар давраи фаъолият кўшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳо боз ҳам ривоҷ ёфта, сатњу сифати робитањои мављуда баланд бардошта шаванд.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба анҷом расид.

ШАРИКОН: