Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақии Собириро ба ҳузур пазируфтанд

12 сентябри соли 2019  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақии Собириро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқоти самимӣ нахуст Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири навтаъйинро шодбош гуфта, амалисозии пайвастаи татбиқи ташаббусҳои созандаи Сарони давлатҳоро вазифаи аввалиндараҷа шуморида, дар ин зимн нақш ва густариши робитаҳои мутақобилан судманди байнипарламентиро бобати таҳким ва рушди фазои ҳуқуқии ҳамкориҳои гуногунҷабҳа зарур ва беш аз ҳарвақта тақвияту тавсеаи фаъолияти гуруҳҳои дӯстии байнипарламентиро муассир арзёбӣ намуда, дар марҳилаи кунунӣ таҷдиди назар ва татбиқи воқеии созишномаҳову қарордодҳои баимзорасида, густариши бемайлони робитаҳои иқтисодию тиҷоратиро, алалхусус баҳри ҷалби сармояи эронӣ дар саноатикунонии кишвар,  ҳамчун тақозои замон махсусан зикр карданд.

Гузашта аз ин,  ҷонибҳо масоили гуногуни амнияти минтақавӣ ва вусъати ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мухталифи гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ дар навбати худ бо арзи қаноатмандӣ аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти самимӣ, сараввал паёми шодбошӣ ва даъвати Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии исломии Эрон  ҷаноби А. Лоринҷониро унвонии Раиси Маҷлиси миллӣ бобати дар вақти барояшон мувофиқ анҷом додани сафари расмӣ ба Теҳрон баён дошта, зикр  намуд, ки дар давраи фаъолияти худ ба ҳайси Сафир бо ҷалбу сафарбарии имкониятҳои мавҷуда дар татбиқи масъалаҳои матраҳгардида ва тавсеаи муносибатҳои кишварҳои дӯст саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом пазируфт.

ШАРИКОН: