Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АМОҶТ, с.2011, №7-8, м.615)

ФАСЛИ I. ҚИСМИ УМУМӢ

БОБИ 1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— ҷангал – маҷмўи набототи табиӣ, ки бо роҳи муқаррарӣ ё сунъӣ дар ҳудуди муайян аз маҷмўи дарахтону буттаҳо (на камтар аз 10 фоиз бо дарахту буттаҳо, на камтар аз 0,5 га масоҳат ва на камтар аз 10 метр бар дошта бошад) дар алоқамандӣ бо дигар ҷузъҳои табиати зинда ташкил ёфта, дорои аҳамияти калони экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад;

— барқарор кардани ҷангал – шинонидани ниҳолҳо ё мусоидат кардан ба барқароркунии табиии ҷангалзор дар заминҳои ҷангалҳояшон харобгардида;

— бунёд кардани ҷангал – шинонидан ва парвариш кардани ниҳолҳо дар заминҳои холӣ, ки барои бунёди ҷангал пешбинӣ гардидаанд;

— гуногунии биологӣ – маҷмўи организмҳои зинда, ки гуногунии дохили намуд, байни намудҳо ва экосистемаҳоро дар бар мегирад;

— дарахтбурии асосӣ – буридани дарахтон дар ҷангалҳо ба мақсади тайёр кардани чўб ва ҳезум;

— дарахтбурии фосилавӣ – буриши интихобии дарахтони ҷангал бо мақсади беҳдошти ҳолати он;

— дарахтбурии санитарӣ – буридани дарахтони алоҳидаи касал, хушк ва пўсида бо мақсади беҳтаркунии ҳолати ҷангал;

— кадастри давлатии ҷангал – маълумот оид ба ҷойгиршавии фонди давлатии ҷангал аз ҷиҳати табиӣ, хуқуқӣ ва истифодабарӣ;

— идоракунии муштараки ҷангал – истифодаи устувори қитъаҳои фонди давлатии ҷангал бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи шартнома;

— истифодабарандагони ҷангал – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба онҳо ҳуқуқи истифодабарии захираҳои фонди давлатии ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дода шудааст;

— истифодабарии ғайриасосии ҷангал – истифодабарии захираҳои ҷангал, ба ғайр аз захираҳои чўб (алафдаравӣ, чаронидани чорво, ҷойгир намудани қуттиҳои занбўри асал, тайёр ва ҷамъоварӣ намудани мева, растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва ғайра);

— истифодабарии устувори ҷангал истифодабарии захираҳои ҷангал, ки талаботи наслҳои ҳозира ва минбаъдаро ба захираҳо ва хосиятҳои фоиданоки ҷангал таъмин мекунад;

— қитъаи ҷангал – майдони ҷангал, ки барои ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувор ба ҷангалбон вобаста шудааст;

— мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал – мақоми давлатие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии фонди давлатии ҷангал ва шикорро амалӣ менамояд;

— мамнўъгоҳҳои давлатии табиии ҷангал – ҳудуди фонди давлатии ҷангале, ки аз истифодаи хоҷагидорӣ бароварда шуда, барои ҳифзи ҳайвонот, наботот ва тамоми маҷмўи табиат, аз ҷумла ҳайвоноту набототи нодир ва нестшаванда, инчунин бо мақсади омўзиши равишҳои табиии омилҳо ва ҳодисаҳои табиӣ, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи табиат ташкил карда мешаванд;

— минтақаи ҷангалпарварӣ – воҳиди зертобеъи ташкилоти хоҷагии ҷангал, ки бо мақсади ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувор ва идоракунии фонди ҷангал дар минтақаҳои алоҳида таъсис дода мешавад;

— парваришгоҳи давлатии табиии ҷангал – ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда, ки бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвонот, иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, маҳдуд кардани баъзе намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ таъсис дода мешавад;

— соҳаи хоҷагии ҷангал – соҳаи иқтисодиёт, ки фаъолияти таҳқиқу баҳисобгирӣ, танзими истифода ва назорати ҷангалро амалӣ менамояд;

— ташкилоти хоҷагии ҷангал – сохтори ҳудудии давлатии хоҷагии ҷангал, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад;

— фонди шикор – ҳама намуди ҳайвоноти ваҳшӣ, ки дар шароити табиӣ сукунат доранд ва объектҳои шикор ба ҳисоб мераванд, новобаста ба он ки ҳудуди зисташон дар заминистифодабарии кӣ қарор дорад;

— ҳифзи ҷангал маҷмўи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасони ҷангал;

— ҳимояи ҷангал – маҷмўи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди сўхтори ҷангал, худсарона буридани ҷангал ва ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҷангал;

— чарогоҳ – қитъаи замини фонди давлатии ҷангал, ки барои чарогоҳ пешбинӣ шудааст;

— чиптаи ҷангал – ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи истифодаи захираҳои ҷангалро дар ҳудуди муайян тасдиқ мекунад;

— чорабиниҳои биотехникӣ – нигоҳубини ҳайвоноту паррандагони вахшӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисти онҳо;

— ҷангалдор- шахсони ҳуқуқӣ, ки ба онҳо заминҳои фонди давлатии ҷангал вобаста карда шудаанд;

— ҷангалнокӣ – дараҷаи дарахтзору буттазор будани ҳудуд, ки дар таносуб ба майдони умумӣ бо фоиз муайян карда мешавад;

— ҷангалсозӣ – маҷмўи чорабиниҳои баҳисобгирӣ, баҳодиҳӣ ва банақшигирии хоҷагии ҷангал, ки барои баланд бардоштани самаранокии пешбурди хоҷагии ҷангал ва истифодабарии захираҳои ҷангал равона карда мешаванд;

— ҷангалҳои муҳофизатӣ – ҷангалҳое, ки маъмулан вазифаҳои обнигоҳдорӣ, ҳифзи замин аз эрозия, соҳилмустаҳкамкунӣ, санитарию гигиенӣ ва солимгардонии муҳити зистро иҷро менамоянд;

— ҷангалҳои миллӣ ва табиӣ – ҷангалҳое, ки дар ҳудуди боғҳои миллӣ ва табиӣ воқеанд ва онҳо бо мақсади ҳифзи табиат, кишваршиносӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ истифода мешаванд;

— ҷангалҳои фароғатӣ – ҷангалҳое, ки барои истироҳати аҳолӣ ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 2. Қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Объектҳои муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал

  1. Ба объектҳои муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал фонди ягонаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла заминҳои холии фонди давлатии ҷангал, захираҳо ва хосиятҳои фоиданоки ҷангал новобаста ба истифодабарандагон дохил мешаванд.
  2. Объектҳои муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал бо назардошти аҳамияти бисёрҷабҳаи ҷангал, инчунин эътироф кардани он ҳамчун воситаи асосии истеҳсолӣ дар хоҷагии ҷангал истифода ва ҳифз карда мешаванд.

 

Моддаи 4. Принсипҳои пешбурди соҳаи хоҷагии ҷангал

Қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— танзим ва назорати давлатӣ;

— нигоҳдории гуногунии биологии ҷангал, иншоотҳои давлатии фонди мамнўъгоҳҳои табиӣ, мероси табиию фарҳангӣ;

— идоракунии устувори ҷангал дар асоси банақшагирии хоҷагии ҷангал ва бо мақсади рушди захираҳои ҷангал ва истифодаи устувори онҳо бо мақсадҳои гуногун;

— барқарор кардани зарари дар натиҷаи риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҷангал ва шикор расонидашуда;

— дастрас будани итилоот оид ба ҳолати фонди ҷангал;

— принсипҳои иқтисодӣ ва истифодаи пулакии захираҳои ҷангал;

— иштироки аҳолӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодаи устувори фонди ҷангал;

— эътирофи аҳамияти умумидавлатии ҷангал ҳамчун танзимгари иқлим, муҳитофарӣ, муҳофизати замин, об ва дигар хусусиятҳои муҳофизатӣ.

 

Моддаи 5. Фонди ягонаи ҷангал

  1. Ҷангалҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин заминҳои фонди давлатии ҷангал, новобаста аз шаклҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, фонди ягонаи ҷангали Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ба фонди ягонаи ҷангали Тоҷикистон фонди давлатии ҷангал ва фонди ҷамъиятии ҷангал дохил мешаванд.
  2. Ба фонди давлатии ҷангал ҷангалҳои табиӣ, новобаста аз истифодабарандагони онҳо, ҷангалҳои сунъӣ, ки дар истифодаи мақомоти давлатӣ қарор доранд, инчунин заминҳои холие, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал пешбинӣ шудаанд, дохил мешаванд.
  3. Идоракунӣ, танзим ва истифодаи самараноки фонди давлатии ҷангал ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал гузошта мешавад.
  4. Ба фонди ҷамъиятии ҷангал ҷангалҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ, ба таври сунъӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ, инчунин дигар субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ бунёд карда шуданд, дохил мешаванд.
  5. Ба фонди ҷангал дарахту буттаҳои ҷудогона ва гурўҳи дарахту буттаҳои заминҳои таъиноти кишоварзӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ ва боғҳои фарҳангию истироҳатӣ дохил намешаванд.

 

Моддаи 6. Заминҳои фонди давлатии ҷангал

  1. Ба заминҳои фонди давлатии ҷангал дохил мешаванд:

— заминҳои ҷангалдор, холӣ, заминҳои лалмии барои ҷангал пешбинишуда ва дигар заминҳое, ки дар истифодабарии доимии ташкилотҳои давлатии хоҷагии ҷангал қарор доранд;

— заминҳои ҷангал, заминҳои дарахту буттадор ё заминҳои холӣ, ки барои парвариш ва барқароркунии ҷангалҳо пешбинӣ шудаанд (дарахтонашон буридашуда, аз сўхтор осебдида, дарахтҳои хушкида, марғзорҳо, майдонҳои парвариши ниҳолҳо);

— заминҳои бедарахту бутта, ки барои истифодаи хоҷагии ҷангал пешбинӣ шудаанд (замини роҳҳо, марғзорҳо, замини кишоварзӣ ва дигар заминҳо);

заминҳои марзи фонди ҷангал (замини ботлоқҳо, санглохҳо ва заминҳои барои истифодабарӣ номувофиқ).

  1. Марзи заминҳои фонди давлатии ҷангал ҳангоми ҷангалсозӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои заминсозӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Захираҳои ҷангал ва хосиятҳои фоиданоки он

  1. Захираҳои ҷангал аз чўб, ҳезум, меваҷот, растаниҳои ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва дигар маҳсулоти аз олами набототи фонди ҷангал ҷамъшаванда ва коркардшаванда иборат мебошанд.
  2. Ба хосиятҳои фоиданоки ҷангал вазифаҳои дорои аҳамияти иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ дохил мешаванд.

 

Моддаи 8. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии ҷангал шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангалҳоро ба ўҳда доранд.

 

Фасли II. Идоракунии давлатӣ ва назорат дар соҳаи ХОҶАГИИ ҷангал

 

БОБИ 2.

Идоракунии давлатӣ

ва назорати фонди ҷангал

 

Моддаи 9. Мақомоти давлатии идоракунӣ ва назорати давлатӣ дар  соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори фонди ҷангал

Ба низоми мақомоти давлатии идоракунӣ ва назорати давлатӣ оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори фонди ҷангал Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи салоҳияташон мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.

 

Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии хоҷагии ҷангал

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи идоракунии хоҷагии ҷангал салоҳияти зерин дорад:

— муайян намудани сиёсати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал;

— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва сохтори идоракунии он;

— муқаррар намудани тартиби ҳисоботи омории давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал;

— тасдиқи барномаҳои давлатӣ оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ, истифодабарии устувор ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хоҷагии ҷангал;

— амалӣ намудани дигар салоҳиятҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 11. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал оид ба танзими муносибатҳои соҳаи хоҷагии ҷангал

Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал оид ба танзими муносибатҳои соҳаи хоҷагии ҷангал ваколатҳои зеринро дорад:

— амалӣ кардани сиёсати давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал;

— ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал;

— ташкил ва таъмини ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ, бунёд ва танзими истифодабарии устувор дар фонди давлатии ҷангал;

— иштирок дар таҳия ва иҷрои барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ, истифодабарии устувори захираҳои ҷангал;

— тасдиқ намудани меъёри ҳарсолаи аз тарафи ташкилотҳои хоҷагии ҷангал пешниҳодшудаи тайёр намудани чўбу ҳезум аз дарахтбурии асосӣ ва фосилавӣ;

— тасдиқ намудани меъёри ҳарсолаи ҷамъоварии меваҷот, растаниҳои худруйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ дар худуди фонди давлатии ҷангал;

-тасдиқ намудани квотаҳои ҳайвоноти фонди шикор (ба истиснои намудҳои ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ворид кардашуда);

— тасдиқ ва назорати иҷрои нақшаи идоракунии хоҷагиҳои ҷангал ва парваришгоҳҳои давлатии табиӣ барои мўҳлати муаяйн;

— ташкили корҳои ҷангалсозӣ, иҷрои кадастр ва мониторинги ҷангал;

— амалӣ кардани назорати давлатӣ оид ба ҳолат, ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори фонди ягонаи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин олами ҳайвонот дар фонди шикор;

— амалӣ кардани назорати давлатӣ барои истифодабарии мақсадноки захираҳои ҷангал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таъмини рушд ва ташкили хоҷагии шикор дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бастани шартномаҳо бо шахсони ҳуқуқӣ дар бораи вобаста кардани шикоргоҳ барои пешбурди хоҷагии шикор бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— додани иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси меъёрҳо ва тартиби муқарраршуда барои истифодабарии ҳайвоноти фонди шикор;

— бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудани  мавод оид ба риоя накардани қонунгузории ҷангал ва шикор бо ситонидани ҷарима, товони зарар ва пешниҳоди даъво ба суд нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.

 

Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба танзими муносибатҳо дар соҳаи хоҷагии ҷангал

Дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори фонди ҷангал мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ваколатҳои зерин доранд:

— таҳияи чорабиниҳои ҳифзу ҳимояи ҷангал аз сўхтор, ҳашароти зараррасон ва касалиҳо, инчунин пешгирии риоя накардани қонунгузории ҷангал ва шикор дар ҳудуди дахлдор якҷоя бо мақомоти хоҷагии ҷангал;

— таъмини иҷрои барномаҳои давлатии рушди хоҷагии ҷангал ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;

— дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

 

Моддаи 13. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар рушд ва идоракунии хоҷагии ҷангал

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангал иштирок намуда, барои беҳтар намудани онҳо таклифҳо пешниҳод мекунанд.

 

Моддаи 14. Назорати давлатии фонди ҷангал ва шикор

  1. Назорати давлатии фонди ҷангал ва шикорро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва ташкилотҳои он, инчунин дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дар доираи салоҳиятҳояшон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунанд.
  2. Тартиби назорати давлатии ҳолат, ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Фасли III. Ҳифз ва ҳимояи ҷангал

 

БОБИ 3.

Ҳифз ва ҳимояи фонди ҷангал

 

Моддаи 15. Ҳифз ва ҳимояи фонди ҷангал

Фонди ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сўхтор, дарахтбурӣ ва шикори ғайриқонунӣ, ҳашароту зараррасонандагони дигар, касалиҳои ҷангал ва дигар амалҳое, ки ба ҷангал зарар мерасонанд, ҳифз карда мешавад.

 

Моддаи 16. Вазифаҳои мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар ҳифзу ҳимояи фонди ҷангал

Вазифаҳои асосии мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар ҳифз ва ҳимояи фонди ҷангал аз инҳо иборатанд:

— гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани сўхтори ҷангал, сари вақт ошкор ва бартараф намудани он;

— таъмини риояи талаботи Кодекси мазкур, қоидаҳои бехатарии сўхтор ва меъёрҳои санитарӣ дар ҷангалҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— андешидани чорабиниҳо оид ба пешгирии буриши ғайриқонунӣ, осеб расонидан ба дарахту буттаҳо, риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи истифодабарии ҷангал, бо партовҳои кимиёвию маишӣ заҳролуд кардани ҷангалҳо, нест кардани олами набототу ҳайвонот;

— танзими истифодабарии ғайриасосии ҷангал, аз ҷумла ҷамъоварӣ намудани меваҷот, растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва ғайра;

— сари вақт ошкор намудани манбаъҳои пайдоиши ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои ҷангал, гузаронидани мушоҳидаи патологии афзоиш ва мубориза бар зидди онҳо;

— таъмини риояи қоидаҳои шикор ва моҳидорӣ дар ҳудуди фонди ҷангал;

— дигар амалҳое, ки ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодаи устувори ҷангалро таъмин менамоянд.

 

Моддаи 17. Амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзу ҳимояи фонди ҷангал

  1. Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва ташкилоҳои он, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷангалдорон, истифодабарандагони ҷангал иҷрои чорабиниҳоро оид ба ҳифзу ҳимояи фонди ҷангал таъмин менамоянд.
  2. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҷангал аз сўхтор дар асоси қоидаҳои бехатарии сўхтор аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бехатарӣ аз сўхтор тасдиқ карда мешаванд.
  3. Чорабиниҳо оид ба пешгирии дарахтбурии ғайриқонунӣ, нест кардан ва осеб расонидан ба дарахтону буттаҳо, вайрон кардани тартиботи муқаррарнамудаи истифодабарии ҷангал, заҳролуд кардани ҷангалҳо бо партовҳои кимиёвӣ, коммуналию маишӣ ва ғайра, нест кардани олами ҳайвонот ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои ҷангалу шикор дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 18. Ҳифзи ҷангал аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо

  1. Ҳифзи ҷангал аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо дар асоси мушоҳидаҳои доимии ҳолати фонди ҷангал, сари вақт ошкор намудани манбаъҳои пайдоиши онҳо бо андешидани чораҳои профилактикӣ оид ба несту нобуд сохтани онҳо амалӣ карда мешаванд.
  2. Ҳифзи ҷангал аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

— тадқиқоти ҷории патологии ҷангал;

— мушоҳидаҳои умумӣ ва муфассали инкишофи ҳашароти зараррасон ва касалиҳои ҷангал;

— пешгирӣ ва нест кардани манбаъҳои ҳашароти зараррасон ва касалиҳои ҷангал бо роҳи кимиёвӣ ва биологӣ.

  1. Чорабиниҳо оид ба ҳифзи фонди ҷангал аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳои оммавии ҷангал дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор оид ба мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони растаниҳо таҳия ва амалӣ карда мешаванд.

 

БОБИ 4.

Нозироти давлатии ҳифзи ҷангалИ ҶУМҲУРИИ тОҶИКИСТОН

 

Моддаи 19. Нозироти давлатии ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Нозироти давлатии ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал) дар назди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ташкил дода мешавад.
  2. Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал дар як вақт нозирони давлатии ҳифзи ҷангал ба ҳисоб мераванд.
  3. Рўйхати кормандоне, ки ба ҳайати Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал дохил мешаванд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал тасдиқ карда мешавад.
  4. Вазифаҳои Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал иборатанд аз:

— таъмини ҳифзу ҳимояи захираҳои ҷангал ва фонди шикор;

— амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангал.

  1. Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал ўҳдадоранд, ки:

— ҳуқуқвайронкуниҳоро дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор пешгирӣ ва рафъ намоянд;

— ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ситонидани зарари расонидашуда мавод фиристонанд;

— назорати бехатарӣ аз сўхторро дар фонди давлатии ҷангал таъмин намоянд;

— дар доираи ваколатҳои худ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба бартараф намудани оқибати ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоршуда амрнома диҳанд.

  1. Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал ҳуқуқ доранд, ки:

— вазъи истифодабарии ҷангалро бисанҷанд;

— ҳуҷҷатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба истифодабарии фонди ягонаи ҷангал бисанҷанд;

— оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва дигар ҳуқуқвайрокуниҳо дар соҳаи ҷангал протоколҳо ва санадҳо тартиб диҳанд;

— доир ба ситонидани товони зарари ба ҷангал расонидаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба суд муроҷиат намоянд;

— воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳоро дар ҷангал аз назар гузаронанд;

— маҳсулоти ғайриқонунӣ ба даст овардашуда ва инчунин олоти шикори онҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мусодира намоянд.

  1. Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал таҳти ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии давлат қарор доранд ва дар қайди суғуртаи ҳатмии давлатӣ мебошанд.
  2. Кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал бо либоси ягонаи расмӣ ройгон таъмин карда мешаванд. Намуди либоси ягона, аломатҳои фарқкунандаи он ва тартиби таъмин намудани онҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Шахсони мансабдори Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал ҳуқуқи нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроқи хизматиро доранд. Рўйхати мансабҳои Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал, ки ҳуқуқи нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроқи хизматиро доранд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Тартиби нигоҳ доштан, гирифта гаштан ва истифода бурдани яроқи хизматии шахсони мансабдори Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 20. Нозирони ҷамъиятии ҳифзи ҷангал

  1. Барои расонидани кўмак ба кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал аз ҳисоби аҳолӣ Нозироти ҷамъиятии ҳифзи ҷангал ташкил карда мешавад.
  2. Назорат ба фаъолияти кори нозирони ҷамъиятии ҳифзи ҷангал ба зиммаи кормандони Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал гузошта мешавад.
  3. Фаъолияти нозирони ҷамъиятӣ тибқи Низомнома ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал амалӣ карда мешавад.

БОБИ 5.

Хусусиятҳои ҳифзу Ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодаи устувори фонди ҷангал

 

Моддаи 21. Хусусиятҳои ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодаи  устувори ҷангалҳои шаҳрӣ

  1. Ҷангалҳои дар маҳаллҳои аҳолинишини шаҳр ҷойгирбуда (ҷангалҳои шаҳрӣ), барои истироҳати аҳолӣ, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва нигоҳ доштани ҳолати мусоиди экологии шаҳр пешбинӣ гардидаанд.
  2. Ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангалҳои шаҳрӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти маҳаллии ҳокимияи давлатӣ ва Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
  3. Истифодабарии ҷангалҳои шаҳрӣ бидуни мақсадҳои таъинотии он манъ аст.
  4. Назорати давлатӣ оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангалҳои шаҳр аз тарафи сохтори маҳаллии мақоми ваколатдор дар соҳаи хоҷагии ҷангал амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 22. Ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори фонди ҷангал дар минтақаҳои сарҳадӣ

  1. Ҷангалҳои замини минтақаҳои сарҳадӣ ба фонди давлатии ҷангал дохил гардида, истифодабарии онҳо дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори ҳифзи сарҳади давлатӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Назорати давлатӣ оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори чунин ҷангалҳо ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал гузошта мешавад.

 

Моддаи 23. Ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангал дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда

Ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангал дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи Кодекси мазкур, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиӣ ва объектҳои махсус муҳофизатшаванда» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Фасли IV. ТашкилИ хоҷагии ҷангал

 

БОБИ 6.

ВАЗИФАҲО ВА ТАЛАБОТ ОИД БА ташкилИ хоҷагии ҷангал

 

Моддаи 24. Мақсади ташкили хоҷагии ҷангал

Мақсади ташкил кардани хоҷагии ҷангал вобаста ба шароити табиӣ ва иқтисодӣ, ҳадаф, мавқеи ҷойгиршавӣ, таркиби ҷинсу навъи дарахтҳо ва ҳамчунин вобаста ба вазифаҳое, ки хоҷагиҳои ҷангал ба ҷо меоранд, таъмин кардани риояи меъёри ҳуқуқӣ ва техникӣ барои оқилона истифода кардани захираҳои ҷангал мебошад.

 

Моддаи 25. Талаботи асосӣ нисбати ташкил ва пешбурди хоҷагии ҷангал

Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва истифодабарандагони он барои ташкил намудани хоҷагии ҷангал ўҳдадоранд, ки:

— корҳои ҷангалсозӣ, мониторинг ва кадастри ҷангалро гузаронанд;

— нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангалро таҳия ва амалӣ намоянд;

— фонди ҷангалро ба категорияҳо тақсим намоянд;

— меъёрҳои истифодабарии захираҳои ҷангалро муқаррар намоянд;

— оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори фонди ҷангал чораҳо андешанд;

— хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ ташкил намоянд;

— корҳои селексионӣ ва тухмипарвариро ба роҳ монанд;

— дигар чорабиниҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникиро оид ба омўзиш, баҳисобгирӣ, ҳифзу ҳимоя ва барқароркунии ҷангалҳо амалӣ намоянд;

— назорати риояи қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намоянд.

 

Моддаи 26. Категорияҳои муҳофизатии ҷангалҳо

Фонди давлатии ҷангали Тоҷикистон вобаста ба вазифаҳо ба категорияҳои зерини муҳофизатӣ тақсим мешавад:

обнигоҳдорӣ – қитъаҳои муҳофизатии ҷангалҳо дар соҳилҳои дарёҳо, кўлҳо, обанборҳо ва дигар иншооти обӣ, аз ҷумла минтақаҳои мамнўи ҷангалҳое, ки ҷойҳои тухмгузории ҷинсҳои пурқимати моҳиҳоро муҳофизат менамоянд;

муҳофизатӣ — қитъаҳои ҷангали зидди эрозия, аз ҷумла қитъаҳои ҷангали  нишебиҳои кўҳ, қитъаҳои муҳофизатии ҷангали қад-қади роҳҳои оҳан ва автомобилгард, мавзеъҳои пурарзиши ҷангал ва дигар ҷангалҳои дорои аҳамияти зарурӣ барои муҳофизати муҳити зист;

ҷангалҳои санитарию гигиенӣ ва солимгардонӣ — ҷангалҳои шаҳрӣ, ҷангалҳои минтақаҳои сабзи гирду атрофи шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, ҷангалҳои фароғатӣ, ҷангалҳои ҳифзи осоишгоҳҳои минтақаҳои истироҳатӣ;

ҷангалҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда — ҷангалҳои мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва табиӣ, ҷангалҳои таъиноти илмӣ, таърихӣ, осори табиӣ ва фароғатӣ;

ҷангалҳои саноатии пистазору чормағззорҳо ва меваҷот.

 

Моддаи 27. Намуди заминҳои фонди ҷангал

  1. Таркиби заминҳои фонди ҷангалро ташкил медиҳанд:

— замини ҷангалзор — замини дарахтзор, дарахтзорҳои ҷудо-ҷудо, қитъаҳои таъиноти махсус, парваришгоҳҳои ниҳоли дарахт ва ҳамчунин заминҳои бедарахт (дарахтҳояшон бурида, чаману марғзорҳо ва заминҳои камдарахт);

— заминҳои ғайриҷангалӣ — замини кишоварзӣ, роҳҳо, қитъаҳои зидди сўхтор, бошишгоҳ, об, ботлоқ, пиряхҳо, регзор ва заминҳои дигари фонди ҷангал.

  1. Заминҳои бедарахти фонди ҷангал ба категорияи (қатори) заминҳои ҷангалзори фонди ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал гузаронида мешаванд.
  2. Заминҳои ҷангалзорро ба категорияи (қатори) заминҳои ғайриҷангалии фонди давлатии ҷангал бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти соҳаи ҷангал ва истифодаи ҷангал мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар асоси маводи ҷангалсозӣ ё таҳқиқоти махсус мегузаронад.
  3. Чаманзору марғзорҳо аз рўи маводи таҳкиқи хок ва ҷангалсозӣ ғайри қобили ҷангал эътироф карда шуданашон ба категорияи (қатори) заминҳои ғайриҷангалӣ гузаронида мешаванд.
  4. Дар қарори мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар бораи ба категорияи (қатори) заминҳои ғайриҷангалӣ гузаронидани заминҳои ҷангалзор, ки бо пешбурди хоҷагии ҷангал алоқаманд аст, маҳалли воқеъгардидаи қитъа, масоҳат, ҳадаф ва мўҳлати гузаронидан, номгўйи корҳои иҷрояшон ҷоиз, чорабиниҳои киштбоб кардани ин қитъа баъди гузаштани мўҳлати гузаронидани замин аз як категория ба категорияи дигар нишон дода мешавад.
  5. Замини ҷангалзорро бо мақсади киштукор, аз ҷумла барои чорводорӣ ба категорияи (қатори) замини ғайриҷангал гузаронидани ҷангалдор ё истифодабарандаи ҷангал мумкин нест.

 

Моддаи 28. Ба дигар категория гузаронидани заминҳои фонди давлатии ҷангал

  1. Гузаронидани заминҳои фонди давлатии ҷангал ба дигар категория, ки ба пешбурди хоҷагии ҷангал алоқамандӣ надорад ва (ё) гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал барои эҳтиёҷоти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Дар сурати ба дигар категория гузаронидани заминҳои фонди давлатии ҷангал товони талафот ва зарари истеҳсолоти хоҷагии ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 29. Мувофиқа кардани ҷойи сохтмони иншоотҳое, ки ба ҳолати ҷангалҳо таъсир мерасонанд

1.Ҷойи сохтмони иншоотҳое, ки ба ҳолати ҷангалҳо таъсир мерасонанд, бо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал мувофиқа карда мешавад.

  1. Ҳангоми ҷойгиронӣ, тарроҳӣ, сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳо, иншоотҳо ва объектҳои дигар, ҳамчунин дар мавриди татбиқи равандҳои нави технологие, ки ба ҳолати ҷангалҳо таъсир мерасонанд, бояд тадбирҳое пешбинӣ ва амалӣ карда шаванд, ки ҷангалҳоро аз таъсири бади обҳои ифлос, партову ахлот ва пасмондаҳои саноатӣ ва коммуналию маишӣ эмин доранд.
  2. Ба истифода додани корхонаю сехҳо, роҳҳои нақлиёт ва иншоотҳои дигаре, ки барои нарасонидани таъсири бад ба ҳолати ҷангалҳо таҷҳизоти пешгирикунанда надоранд, манъ аст.

 

Моддаи 30. Иҷрои корҳо дар заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки ба  пешбурди фаъолияти хоҷагии ҷангал ва истифодаи он алоқамандӣ надоранд

Дар заминҳои фонди давлатии ҷангал корҳои сохтмон, истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул ва корҳои ҷустуҷўию геологие, ки ба пешбурди хоҷагии ҷангал ва истифодаи он алоқамандӣ надоранд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешаванд.

Фасли V. БАҲисобГИРИИ давлатии фонди ҷангал

 

БОБИ 7.

Баҳисобгирии фонди ҷангал ва банаҚшагирии ХОҶагИИ ҶАнГАЛ

 

Моддаи 31. Ҷангалсозӣ

  1. Ҷангалсозӣ бо мақсади пешбурди устувори хоҷагии ҷангал ҷиҳати ноил шудан ба мувозинати талаботи иқтисодӣ, экологӣ ва иҷтимоӣ равона карда мешавад. Ҷангалдорон ва истифодабарандагони ҷангал фонди ҷангалро мувофиқи нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангал дар асоси ҳуҷҷатҳои ҷангалсозӣ истифода мебаранд.
  2. Ҷангалсозӣ амалҳои зеринро дар бар мегирад:

— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудани сарҳад ва масоҳати заминҳои хоҷагиҳои ҷангал;

иҷрои корҳои топографию геодезӣ ва харитасозии ҷангалҳо;

 — баҳисобгирии фонди ҷангал бо муайян кардани намуд, синну соли ҷангал, ҳолати санитарӣ, сифат ва миқдори захираҳои ҷангал;

муайян намудани объектҳои фонди мамнўъгоҳҳои табиӣ, растаниҳои нодир ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;

асосҳои гузаронидани қитъаҳои фонди ҷангал ба категорияҳо, тайёр намудани пешниҳодҳо вобаста ба гузаронидани фонди ҷангал аз як категория ба категорияи дигар;

гузаронидани майдонҳои ҷангалҳои ба таври сунъӣ бунёдкардашуда ба категорияи майдонҳои ҷангалдор;

— муайян намудани шаклҳои ҳуқуқии ба истифода додани захираҳои ҷангал ва қитъаҳои фонди ҷангал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин муайян намудани ҳудудҳо барои идораи муштараки ҷангал;

— муайян намудани ҳаҷм ва тартиби иҷрои корҳо оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунии ҷангал ва ҷамъоварии тухмии дарахту буттаҳои ҷангал;

— муайян намудани ҳаҷми дарахтбурии асосӣ ва фосилавӣ дар қитъаҳои фонди ҷангал;

— муайян намудани ҳаҷми истифодабарии ғайриасосии захираҳои ҷангал;

муайян намудани қитъаҳои фонди ҷангал барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои шикорӣ бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фароғативу солимгардонӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ.

 

Моддаи 32. Гузаронидани корҳои ҷангалсозӣ

  1. Ҷангалсозӣ бо тартиби ягона ва низоми муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал аз ҳисоби буҷети давлат амалӣ карда мешавад.
  2. Ҷангалсозиро дар ҳудудҳои фонди ҷангал корхонаҳои ҷангалсозӣ якҷоя бо ҷангалдор ва бо ҳамкории мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал мегузаронанд. Дар ҳудудҳои фонди давлатии ҷангал, идоракунии муштараки ҷангал бо иштироки истифодабарандагони ҷангал амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 33. Нақшаҳои хоҷагии ҷангал

  1. Ҳангоми ҷангалсозӣ нақшаҳои идоракунии хоҷагии ҷангал аз рўи принсипҳои идоракунии устувори ҷангал таҳия мешаванд, ки онҳо баҳисобгирии захираҳои ҷангал, арзёбии ҳолат ва хоҷагидории чангал дар давраи санҷиш ва банақшагирии мақсадҳои тараққиёт, барқароркунӣ ва истифодабарии захираҳои ҷангалро дар мавзеъҳои муайяншуда (хоҷагиҳои ҷангал, ҷангалбонҳо ва қитъаҳои идоракунии муштараки ҷангал) дар бар мегиранд.
  2. Нақшаҳои идоракунии хоҷагии ҷангал дар ҳамкорӣ бо истифодабарандагон ва ташкилотҳои хоҷагии ҷангал барои давраи тафтишотӣ ба мўҳлати аз 5 то 10 сол таҳия мешаванд.
  3. Нақшаҳои идоракунии ташкилотҳои хоҷагии ҷангал аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва нақшаҳои идоракунии минтақаи ҷангал ва қитъаҳои идоракунии муштараки ҷангал аз тарафи ташкилотҳои ҳудудии хоҷагии ҷангал тасдиқ карда мешаванд.

 

Моддаи 34. Кадастри давлатии ҷангал

  1. Мақсади кадастри давлатии ҷангал аз дастрас намудани маълумоти асоснок оид ба ҷойгиршавии заминҳои фонди ягонаи ҷангал аз ҷиҳати табиӣ, ҳуқуқӣ ва истифодабарӣ иборат мебошад.
  2. Ба низом даровардани муносибатҳои ҷангалдорӣ асоснок кардани маблағи пардохти истифодаи ҷангал, танзими фонди ҷангал ва арзёбии фаъолияти истифодабарандагонро дар бар мегирад.
  3. Кадастри давлатии ҷангал бо низоми ягонаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал гузаронида мешавад.

 

Моддаи 35. Мониторинги давлатии ҷангал

  1. Мониторинги давлатии ҷангал аз мушоҳидаи мунтазами ҳолати ҷангал, баҳодиҳӣ, ояндабинӣ ва таҳияи тавсияҳо оид ба пешгирию бартараф кардани оқибатҳои манфӣ дар ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодаи захираҳои ҷангал иборат мебошад.
  2. Мониторинги давлатии ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешавад.

 

Фасли VI. БУНЁД, барқарор ва зиёд кардани маҲСулнокии ҷангал

 

БОБИ 8.

БУНЁД ВА БАРҚАРОР КАРДАНИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 36. Мақсади бунёд ва барқарор кардани чангал

Мақсади бунёд ва барқарор кардани ҷангал аз нигоҳдорӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии ҷангалҳо, афзун гардонидани гуногунии биологӣ, инчунин мусоидат намудан ба паст кардани таъсири гармшавии иқлим ва дигар падидаҳои табиӣ иборат мебошад.

 

Моддаи 37. Бунёд кардани ҷангал

  1. Ҷангал дар заминҳои холӣ бунёд карда мешавад.
  2. Ҷангал дар асоси лоиҳаҳо бунёд карда мешавад.
  3. Барои бунёд намудани ҷангал дар навбати аввал замини соҳили дарёҳо, обанборҳо ва дигар категорияҳои замин, ки барои истифодаи кишоварзӣ номувофиқанд (заминҳои обшуста, ҷариҳо, қумзор ва дигар заминҳои ба эрозия дучоршуда) ва ҳамчунин заминҳои захираи давлатӣ истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 38. Барқарор кардани ҷангал

Ҷангал бо риояи талаботи зерин барқарор карда мешавад:

— кишти тухмӣ ва шинонидани ниҳоли навъҳои пурарзиши дарахту буттаҳои барои хоҷагидорӣ фоидаовар дар заминҳои фонди ҷангал бо назардошти шароитҳои сабзиши ҷангал;

— аз заминҳои холии фонди ҷангал дар навбати аввал ҷудо намудани замин барои иҷрои корҳои барқароркунии ҷангал;

беҳтар кардани гуногунии намудҳо ва баланд бардоштани самаранокии ҷангалҳо, хусусиятҳои муҳофизатӣ ва муҳитофаринии онҳо;

нигоҳдории фонди генетикӣ ва гуногунии биологии ҷангалҳо.

 

Моддаи 39. Ҷангалҳои плантатсионӣ

Ҷангалҳои плантатсионӣ ба мақсади тайёр намудани чўб ва дигар маҳсулоти ҷангал (меваҷот, растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва ғайра) бунёд карда мешаванд.

 

Моддаи 40. Тухмипарварӣ дар ҷангал

  1. Тухмипарварӣ дар ҷангал бо мақсади парвариш, ҷамъоварӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва истифодаи минбаъдаи тухмӣ дар хоҷагии ҷангал ва ниҳолхонаҳо таъсис дода мешавад.
  2. Мақсад ва вазифаи тухмипарварӣ дар ҷангал таъмин кардани хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолхонаҳо бо тухмии хушсифати аслаш муайяни ба шароити ҷангалзор мувофиқ, бо назардошти таъмини нигоҳдории гуногунии биологӣ, аз ҷумла гуногунии генетикии дарахту буттаҳо мебошад.

 

Моддаи 41. Хоҷагии ниҳолпарварӣ дар ҷангал

  1. Хоҷагии ниҳолпарварӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал таъсис дода мешавад.
  2. Мақсад ва вазифаи хоҷагии ниҳолпарварӣ дар фонди давлатии ҷангал аз парвариши ниҳолҳои дарахтону буттаҳои хушсифати маҳаллӣ ва ҷавобгўйи талаботи стандарт иборат мебошад.

Фасли VII. Ҳуқуқи ҷангалдорӣ

 

БОБИ 9.

Ҷангалдорӣ

 

Моддаи 42. Ҷудо намудани заминҳои фонди ҷангал ба ҳуқуқи ҷангалдорӣ

  1. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ҷангалдор дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал берун аз заминҳои истифодаи доимии ташкилотҳои хоҷагии ҷангал, мамнўъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ ба зиммаи ташкилоти ҳудудии хоҷагии ҷангал гузошта мешавад.
  2. Ҷангалдорӣ бо ҳуқуқи истифодаи бемўҳлати замин ба ташкилотҳои хоҷагии ҷангал ва ҷангалдорони дигар барои ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ, бунёд ва истифодабарии устувори ҷангал вобаста карда мешавад.
  3. Ҳуқуқи истифодаи замин дар заминҳои фонди ҷангал бо сертификати ҳуқуқи истифодаи бемўҳлати замин тасдиқ мегардад.
  4. Ҳуқуқи ҷангалдорони ҷамъиятӣ дар заминҳои кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ (заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳои истеҳсолӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидори ғайридавлатӣ) тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо мегардад.

 

Моддаи 43. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои ҷангалдорон

  1. Ҷангалдорон бояд аз рўи принсипи идоракунии устувори рушди ҷангал ва истифодаи бисёрҷабҳаи захираҳои ҷангал дар асоси банақшагирии касбӣ фаъолият намоянд.
  2. Ҷангалдорон вазифадоранд, ки дар рафти банақшагирии истифодабарии захираҳои ҷангал қоидаҳои бунёду барқароркунӣ ва ҳифзу ҳимояи ҷангалҳоро риоя намоянд.
  3. Ҷангалдорони давлатӣ ҳуқуқ доранд:

— истифодаи ҷангал ва дигар фаъолияти хоҷагидориро дар фонди давлатии ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур амалӣ намоянд;

— чорабиниҳоро оид ба ҷамъоварии меваҷот, растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва ғайраро дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ташкил намоянд;

— тибқи қонунгузорӣ дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал биною иншоотеро (ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ), ки барои пешбурди хоҷагии ҷангалу шикор заруранд, бунёд намоянд;

— бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодаи захираҳои фонди давлатии ҷангал шартнома банданд;

— бо мақсади идоракунии муштараки ҷангал бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартномаҳо банданд;

— дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мавзеъҳои чарогоҳ ва алафдаравиро дар ҳудуди заминҳои фонди давлатии ҷангал муайян намоянд;

— ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодабарии захираҳои ҷангал рухсатномаҳо (чиптаи ҷангал) диҳанд ва онҳоро бекор кунанд;

— барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур санаду протоколҳо тартиб диҳанд;

— шикори ҳаваскорию варзиширо дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал ташкил намоянд.

  1. Ҷангалдорони давлатӣ ўҳдадоранд:

— хоҷагии ҷангалро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон идора намоянд;

— ба таври васеъ бунёду барқароркунӣ, ҳифз ва беҳтар намудани ҳолати санитарии ҷангалҳо, нигоҳубини онҳо, баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва дигар хосиятҳои фоиданоки ҷангал, ташкили истифодаи бисёрҷонибаи мақсаднок, иҷрои корҳои ҷангалсозӣ, инчунин нигоҳдории иншооти давлатии фонди табиии мамнўъгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, фарҳангӣ, боғҳои миллӣ ва табииро таъмин намоянд;

— нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунии ҷангалҳо, истеҳсоли маводи доруворӣ, ғизоӣ ва техникӣ, иҷрои дигар талаботро оид ба ҳифзу ҳимоя, барқароркунию бунёди ҷангал ва истифодабарии устувори фонди давлатии ҷангалро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, таъмин намоянд;

— воситаҳои зиддисўхторӣ ва санитарии ҳудудҳои фонди давлатии ҷангалро муҳайё намоянд, риоя нашудани қоидаҳои бехатарии сўхтор ва истифодаи ҷангал, инчунин дигар намудҳои риоя нашудани қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт огоҳ, ошкор ва пешгирӣ намоянд, оид ба хомўш намудани сўхтори ҷангал, мубориза бар зидди ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои ҷангал, мубориза бар зидди риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд;

— ба истифодабарандагони ҷангал дар ҳифзу ҳимояи ҷангал мусоидат намоянд;

— дар асоси қоидаҳои тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал мониторинги ҷангалро гузаронида, саршумори ҳайвоноти ваҳширо ба ҳисоб гиранд.

  1. Ҷангалдорони ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд:

— истифода ва идоракунии қитъаҳо ва захираҳои ҷангалии фонди ҷамъиятии ҷангалро бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;

— тибқи қонунгузорӣ дар қитъаҳои фонди ҷамъиятии ҷангал иморату иншоотҳои (ба истиснои манзилҳои истиқоматӣ) барои пешбурди хочагии ҷангалу шикор зарурро дар мувофиқа бо мақоми давлатии дахлдор бино намоянд;

— қитъаҳои фонди ҷамъиятии ҷангалро ба иҷора ё истифодабарии муваққатӣ диҳанд.

  1. Ҷангалдорони ҷамъиятӣ ўҳдадоранд:

— пешбурди хоҷагии ҷангал ва истифодабарии ҷангалро дар қитъаҳое, ки дар истифодабарии онҳо қарор доранд, бо роҳу усулҳои муносиби экологӣ мувофиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;

— ҳифзу ҳимоя, нигоҳубин ва беҳтар намудани ҳолати санитарии ҷангалҳоро, ки дар истифодабарии онҳо қарор доранд, таъмин намоянд;

— ба мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал маводеро, ки барои баҳисобгирии фонди давлатии ҷангал, кадастри давлатии ҷангал заруранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд;

— воситаҳои зиддисўхторӣ ва санитариро дар қитъаҳои фонди ҷангалҳои ҷамъиятӣ, ки ба моликияти онҳо дохил мешаванд ё дар истифодаи дарозмўҳлати заминистифодабарандагон қарор доранд, таъмин намоянд;

— оид ба пешгирӣ ва хомўш намудани сўхтори ҷангал, мубориза бар зидди ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои ҷангал чораҳои зарурӣ андешанд;

— сўхтори ҷангалро дар қитъаҳои фонди ҷангал, ки ба истифодабарии онҳо дохил мешаванд, ба қайд гиранд ва барои оқибати онҳо чораҳо андешанд.

Моддаи 44. Қатъ гардидани ҳуқуқи ҷангалдорӣ

Ҳуқуқи ҷангалдории давлатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

— барҳам хўрдани шахси ҳуқуқӣ, ки фонди давлатии ҷангал ба вай вобаста карда шудааст;

— тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти давлатӣ гирифтани замини фонди давлатии чангал.

 

Фасли VIII. ИСТИФОДАБАРИИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ 10.

Идоракунии муштараки ҷангал

 

Моддаи 45. Идоракунии муштараки ҷангал

  1. Идоракунии муштараки ҷангал аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва истифодабарандагони ҷангал дар асоси шартномаҳои муштарак амалӣ карда мешавад.
  2. Ҷангалҳои давлатӣ дар доираи идоракунии муштараки ҷангал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси нақшаҳои идоракунӣ барои истифода дода мешаванд.
  3. Тартиб ва мўҳлати додани қитъаҳои ҷангалро барои идоракунии муштараки ҷангал мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал муайян менамояд.
  4. Талаботи асосии идоракунии муштараки ҷангал мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 46. Мақсадҳои идоракунии муштараки ҷангал

Мақсадҳои идоракунии муштараки ҷангал аз инҳо иборат мебошанд:

— истифодабарии устувори захираҳои ҷангал ҳамҷун воситаи барқароркунӣ, беҳтар кардани ҳолат ва нигоҳдории ҷангал дар асоси шартномаи идоракунии муштараки ҷангал;

— фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шаҳрвандон бо манбаи даромад;

— ҷалби шаҳрвандон ба чорабиниҳои зидди биёбоншавӣ ва идоракунии муҳити атроф;

— андешидани тадбирҳои иловагӣ барои нигоҳдории майдонҳои ҷангалдор ва таъмини ҳифзи ҷангал;

— васеъ намудани масоҳати ҷангалҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зисти олами ҳайвонот.

 

Моддаи 47. Унсурҳои идоракунии муштараки ҷангал

  1. Унсурҳои ҳатмии идоракунии муштараки ҷангал инҳоянд:

— шартномаи байни ташкилотҳои хоҷагии ҷангал ва истифодабарандагони ҷангал;

— нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангал, ки дар ҳамкорӣ бо истифодабаранда ва ташкилотҳои хоҷагии ҷангал ба мўҳлати 5-10 сол таҳия карда мешавад.

  1. Нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангал ва нақшаи солонаи чорабиниҳои хоҷагии ҷангал барои мустақилона истифода бурдани фонди ҷангал аз тарафи истифодабаранда ҳуҷҷатҳои асосӣ ба ҳисоб мераванд.
  2. Мақсади асосии тақсимоти ҳиссаи маҳсулоти солона ҳавасманд кардани истифодабарандаи ҷангал барои истифодаи ҳиссаи худ дар рушд ва ҳифзи фонди ҷангал мебошад.

 

Моддаи 48. Шарти идоракунии муштараки ҷангал

Истифодабарии захираҳои ҷангал дар ҳудудҳое, ки дар шартномаҳои идоракунии муштараки ҷангал муайян гардидаанд, аз тарафи шахсони сеюм ё берун аз нақшаи идоракунӣ ва нақшаи солона манъ аст.

 

Моддаи 49. Мўҳлати шартнома

  1. Шартномаи муштараки идоракунии ҷангал барои давраи муайян тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.

2.Тамдиди мўҳлати шартнома дар ҳолати риоя намудани шартҳои шартнома кафолат дода мешавад.

  1. Дар ҳолати вайрон кардани шартҳои шартнома мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал метавонад амали шартномаро пеш аз мўҳлат қатъ гардонад ва ё барои тамдиди он розигӣ надиҳад.

БОБИ 11.

Ҳуқуқи истифодабарии Ҷангал

 

Моддаи 50. Асосҳои ҳуқуқии истифодабарии ҷангал

Ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар заминҳои фонди давлатии ҷангал дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин пайдо мегардад:

— шартномаи истифодаи намудҳои муайяни захираҳои ҷангал дар қитъаҳои замини фонди давлатии ҷангал, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодабарӣ вобаста карда шудааст;

— шартномаи истифодаи ҷангал дар заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки шартҳои он аз тарафи ҷангалдори давлатӣ ва истифодабарандаи ҷангал муайян карда шудаанд;

— чиптаи ҷангал, ки ҷангалдори давлатӣ ҳар сол ба истифодабарандаи ҷангал дар асоси шартномаи ҳуқуқи истифодаи захираҳои дар шартнома муайянгардидаи ҷангал медиҳад.

 

Моддаи 51. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои истифодабарандаи ҷангал

  1. Истифодабарандаи ҷангал ҳуқуқ дорад:

— қитъаҳои фонди давлатии ҷангалро, ки дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ нишон дода шудаанд, истифода барад;

— оид ба ҳолати фонди давлатии ҷангал маълумот гирад;

— товони зарареро, ки дар натиҷаи аз ў барои эҳтиёҷоти давлатӣ гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал расонида шудааст, талаб намояд.

  1. Истифодабарандаи ҷангал ўҳдадор аст:

— ба расонидани зарар ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ роҳ надиҳад;

— корҳои пешгирии эрозияи заминро, ки ба ҳолат ва барқароркунии ҷангал, инчунин ба ҳолати объектҳои об ва дигар объектҳои табиӣ таъсири манфӣ мерасонад, бо усулу воситаҳое, ки олами ҳайвонот ва муҳити зисти онҳоро нигоҳ медоранд, иҷро намояд;

— дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангали ҷудогардида қоидаҳои бехатарии сўхторро риоя намояд ва дар ҳолати сар задани сўхтор барои  хомўш намудани он чора андешад;

— дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал бо Нозироти давлатии ҳифзи ҷангал ба пешгирии дарахтбурии ғайриқонунӣ, худсарона ҷамъоварӣ намудани захираҳои табиии ҷангал ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо мусоидат намояд;

— маблағи истифодаи ҷангалро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт пардохт намояд;

— талаботи беҳтар кардани ҳолати санитарии ҷангалро иҷро намояд;

— ба ҷангалдорони давлатӣ аз пайдо шудани ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои дарахту буттаҳо дар ҷангалзорҳои ба онҳо вобастабуда хабар диҳад ва чораҳои рафъи онҳоро андешад;

— ҳуқуқи дигар истифодабарандагони ҷангалро маҳдуд накунад;

— дигар ўҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро намояд.

 

Моддаи 52. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ҳуқуқи истифодаи ҷангал

  1. Ҳуҷҷатҳои асосии иҷозатдиҳӣ ба истифодаи ҷангал чиптаи ҷангал, иҷозатнома дар бораи истифодаи объектҳои олами набототу ҳайвонот мебошанд.
  2. Чиптаи ҷангал барои ҳуқуқи дарахтбурии асосӣ, дарахтбурии фосилавӣ, истифодаи захираҳои ҷангал (алафдаравӣ, чарондани чорво, ҷамъоварии меваҷот, растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва ғайра) дар доираи меъёрҳои муайян барои як сол дода мешавад.
  3. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҳар сол дар асоси шартномаи истифодаи ҷангал ва ё барои як мавсим бидуни шартнома дода мешаванд. Дар ин ҳолат ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ танҳо барои истифодабарии ҷангал дар қитъаҳо ё ба захираҳое дода мешаванд, ки истифодабарандаи дигари дорои ҳуқуқи истифодабарӣ дар асоси шартномаи истифодаи ҷангал ё шартномаи идоракунии муштараки ҷангал надорад.
  4. Варақаи чиптаи ҷангал, роҳхати шикор ва иҷозатнома ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ба шумор мераванд ва тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва додани онҳоро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал муқаррар менамояд.

 

Моддаи 53. Асосҳои боздоштан ва ё қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи ҷангал

  1. Ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар заминҳои фонди давлатии ҷангал дар ҳолатҳои зерин боздошт ва ё қатъ карда мешавад:

аз эътибор соқит гардидани чиптаи ҷангал ва шартномаи истифодаи ҷангал;

бекоркунии шартнома оид ба истифодабарии ҷангал;

талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал ва дигар қонунҳоро риоя накардани истифодабаранда;

иҷро накардани шартҳои шартнома аз тарафи истифодабарандаи ҷангал;

роҳ додан ба вайронкунии қонунгузории ҷангал, ки сабаби бад шудани ҳолати ҷангал гардидааст, кам шудан ва осеб расонидан ба захираҳои ҷангал, олами набототу ҳайвоноти қитъаи ба истифода вобаста кардашуда;

ихтиёрӣ даст кашидани истифодабарандаи ҷангал аз ҳуқуқи истифодаи ҷангал;

гузаштани мўҳлати шартномаи истифодаи ҷангал;

барҳам хўрдани шахси ҳуқуқӣ – истифодабарандаи ҷангал;

мунтазам (ду маротиба ва зиёда аз он) риоя накардани қоидаҳои истифодабарии ҷангал ва мўҳлати муқарраргардидаи пардохти маблағ барои истифодабарии ҷангал;

гирифтани замини фонди давлатии ҷангал барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

дигар ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

  1. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодабарии ҷангал дар заминҳои фонди давлатии ҷангал истифодабарандаро барои вайрон кардани қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истифодабарии қонунии ҷангал аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

 

Моддаи 54. Будубоши шахсони воқеӣ дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал

  1. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, ки ба ҳудуди фонди давлатии ҷангал бо мақсади истироҳат, иштирок намудан дар чорабиниҳои фарҳангӣ, солимгардонӣ, фароғатӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ, ҷамъоварии меваҷот ва растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва дигар захираҳои ҷангал барои эҳтиёҷоти худ ворид шаванд.
  2. Ҷамъоварии меваҷот ва растаниҳои худруйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва дигар захираҳои ҷангал барои эҳтиёҷоти шахсӣ бе пардохт дар мўҳлатҳои муайянгардида, дар ҳаҷм ва бо тартибе, ки ба табиат зарар намерасонанд, дар асоси қоидаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.
  3. Будубоши шахсони воқеӣ дар ҳудуди фонди давлатии ҷангал ва ҷамъоварӣ намудани меваҷот ва растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва дигар захираҳои ҷангал дар ҳолатҳои зерин маҳдуд карда мешавад:

— ба манфиати ҳифзи саломатии аҳолӣ;

— таъмини бехатарӣ аз сўхтор дар ҷангалҳо;

— ба ташкилоти хоҷагии ҷангал ҷудо намудани қитъаҳои ҷангал барои тайёркунии меваҷот ва растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва ғайра;

— ҷудо намудани қитъаҳои ҷангал барои иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ;

— ба мақсадҳои таъмини мавзеъҳои паҳншавии олами ҳайвонот.

  1. Шахсони воқеӣ ўҳдадоранд, ки дар ҳудуди хоҷагии ҷангал қоидаҳои бехатарии сўхторро риоя намоянд, ба шикастан ва буридани дарахтон ва буттаҳо, осеб расонидан ба ниҳолҳои ҷангал, ифлос кардани ҷангалҳо, вайрон намудани лонаи паррандагон ва ҷои зисти олами ҳайвонот роҳ надиҳанд, маҳсулоти худрўй ва ғизоии ҷангал, гиёҳҳои шифобахшро дар мўҳлатҳои муайянгардида ва бо тартибе, ки ба табиат зарар намерасонанд, ҷамъоварӣ намоянд.

БОБИ 12.

истифодабарии фОНДИ Ҷангал

 

Моддаи 55. Истифодабарии фонди ҷангал

Фонди ҷангал барои истифодабарӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. Тартиби ҷудо намудани заминҳои фонди ҷангалро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

 

Моддаи 56. Намудҳои истифодабарии фонди ҷангал

  1. Фонди давлатии ҷангалро ба мақсадҳои зерин истифода бурдан мумкин аст:

— тайёр намудани чўб ва ҳезум;

— истифодабарии ғайриасосии ҷангал — алафдаравӣ, чаронидани чорво, ҷойгир кардани қуттиҳои занбўри асал, парвариши тухмӣ ва ниҳолҳо, тайёр ва ҷамъоварӣ намудани меваҷот ва растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва ғайра;

— иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, чорабиниҳои фарҳангию истироҳатӣ ва сайёҳиву варзишӣ;

— истифодабарии заминҳои фонди ҷангал барои ҳоҷагиҳои шикорӣ.

  1. Истифодабарии заминҳои фонди давлатии ҷангал барои сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ, иншооти минтақаҳои фароғатию истироҳатӣ ва табобатӣ, инчунин ташкили шикоргоҳҳо тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

 

Моддаи 57. Дарахтбурии асосӣ ва фосилавӣ

  1. Дарахтбурии асосӣ бо мақсади тайёр намудани чўб ва ҳезум дар ҷойҳои махсуси ба ин мақсад ҷудогардидае, ки дар нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангал муайян шудааст, амалӣ карда мешавад.
  2. Дарахтбурии фосилавӣ бо мақсади ба тартиб даровардан ва солимгардонии ҷангалҳо амалӣ карда мешавад.
  3. Дарахтбурии асосӣ ва фосилавӣ дар асоси қоидаҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал сурат мегирад.

 

Моддаи 58. Маҳдуд намудани истифодабарии ҷангал

  1. Дар ҷангалҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил карда шудаанд, ба монанди мамнўъгоҳу парваришгоҳҳои табиӣ, ҷангалҳои ёдгории табиӣ ва таърихӣ, ҷангалҳое, ки дар онҳо корҳои илмию тадқиқотӣ ва тухмипарварӣ ба роҳ монда шудааст, корҳои хоҷагидорӣ ва истифодабарӣ маҳдуд карда мешаванд.
  2. Тартиби истифодабарии ҷангалро дар ҷангалҳои номбаршуда мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал муайян мекунад.

 

Моддаи 59. Алафдаравӣ ва чаронидани чорво дар ҷангал

  1. Заминҳои фонди давлатии ҷангалро, ки дар онҳо имконияти алафдаравӣ ва чаронидани чорво мавҷуд аст, дар асоси нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангал ташкилотҳои хоҷагии ҷангал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои истифодабарӣ ҷудо мекунанд. Дар қитъаҳои муштараки идоракунии ҷангал ҷойҳои алафдаравӣ ва чаронидани чорво бо нақшаи идоракунии хоҷагии ҷангал (нақшаи идоракунӣ) муқаррар карда мешаванд.
  2. Мавзеъҳои алафдаравӣ ва чаронидани чорво дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси аризаи онҳо тибқи шартнома ба мўҳлати муайян вобаста карда мешаванд.
  3. Аз меъёр зиёд чаронидани чорво дар заминҳои фонди давлатии ҷангал ва ҷангалзор, ки метавонад ба сабзиши ниҳолҳои ҷангали ба таври сунъӣ бунёдшуда ва табиӣ зарар расонад, манъ аст.
  4. Чаронидани чорво ва алафдаравӣ дар заминҳои фонди давлатии ҷангал танҳо дар ҷойҳои махсус ҷудонамудаи мақомоти хоҷагии ҷангал иҷозат дода мешавад.

 

Моддаи 60. Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангал бо мақсади иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ

Барои иҷро кардани корҳои илмию тадқиқотӣ мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал қитъаҳои алоҳидаи замини фонди давлатии ҷангалро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ дар асоси шартнома ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ки Кодекси мазкур пешбинӣ кардааст, ҷудо менамояд.

 

Моддаи 61. Истифодаи заминҳои фонди давлатии ҷангал бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву солимгардонӣ,  фароғатӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ

  1. Қитъаҳои замини фонди давлатии ҷангал бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, солимгардонӣ, фароғатӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ барои истифода ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур вобаста карда мешаванд.
  2. Истифодабарандагони ҷангал дар қитъаҳои замини вобасташудаи фонди давлатии ҷангал оид ба корҳои ободонӣ ва фароғатию маишӣ, хизматрасонии аҳолӣ, бо назардошти шароити нигоҳдории муҳити ҷангал ва ландшафтҳои табиӣ, риояи қоидаҳои зиддисўхторӣ ва санитарӣ чораҳо меандешанд.

 

Моддаи 62. Истифодаи ҷангал барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикорӣ

  1. Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ҳуқуқ дорад олами ҳайвоноти фонди шикорро бо роҳи ташкили хоҷагиҳои шикорӣ истифода барад.
  2. Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои шикорӣ ба шахсони ҳуқуқӣ шикоргоҳҳоро барои истифодаи муваққатӣ ва пешбурди хоҷагии шикор вобаста карда метавонад.
  3. Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва мақоми ҳудудии хоҷагии ҷангал гузаронидани чорабиниҳоеро, ки барои рушди хоҷагии шикор, ҳифзи ҳайвоноти фонди шикорӣ, баҳисобгирии шумораи ҳайвоноти ваҳшӣ заруранд, таҳти назорат мегиранд.
  4. Истифодаи қитъаҳои фонди давлатии ҷангал, инчунин шикори ҳайвонот барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ музднок мебошад.
  5. Истифодабарии ҷангал, гузаронидани дигар чорабиниҳои марбути хоҷагии ҷангал ва корҳои биотехникӣ дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал, ки барои эҳтиёҷоти хоҷагии шикорӣ дода шудаанд, бояд бо фароҳам овардани шароити мусоиди зисти ҳайвоноти ваҳшӣ сурат гиранд.
  6. Саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҷангал, дар доирае, ки суботи экосистемаро таъмин намояд, ба танзим дароварда мешавад.

 

Фасли IX. МЕХАНИЗМҲОИ иқтисодИи ХОҶАГИИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ 13.

Иқтисодиёти хоҷагии ҷангал

 

Моддаи 63. Механизмҳои иқтисодии идоракунии хоҷагии ҷангал

Механизмҳои иқтисодии идоракунии хоҷагиҳои давлатии ҷангал аз инҳо иборат аст:

— банақшагирии чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҷангалзорҳо аз нестшавӣ ва барқароркунии онҳо;

— маблағгузории хоҷагиҳои ҷангал тибқи меъёрҳо ва барномаҳои давлатӣ, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст;

— пардохти ҳаққи истифодаи захираҳои ҷангал аз тарафи истифодабарандагони ҷангал;

— ҳавасмандгардонӣ барои васеъ намудани масоҳати заминҳои фонди давлатии ҷангал;

— суғуртаи фонди давлатии ҷангал аз ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, сўхтор ва ҳашароту зараррасонандагони дигар.

 

Моддаи 64. Пардохти маблағ барои истифодаи фонди давлатии ҷангал

  1. Истифодаи захираҳои фонди давлатии ҷангал музднок мебошад.
  2. Музди истифодаи қитъаҳои фонди давлатии ҷангал аз ҳамаи намудҳои истифодабарии ҷангал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  3. Музди истифодабарии ҷангал дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал бо назардошти фоидаоварии ҷангалҳо, сифат ва дастрас будани захираҳои ҷангал, бо нархи бозории маҳсулоти ҷангал муқаррар карда мешавад.
  4. Тартиби ҳисоб ва пардохти музди истифодабарии ҷангал мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад.

 

Моддаи 65. Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ барои васеъ намудани майдони ҷангалзори Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ барои васеъ намудани масоҳати ҷангалзор бо роҳҳои зерин сурат мегирад:

— ба фонди заминҳои ҷангал гузаронидани заминҳои захираи давлатӣ ва заминҳои дигар категорияҳо, ки дар соҳаи кишоварзӣ истифода бурдани онҳо ғайриимкон аст;

— ҳавасмандгардонӣ барои бунёди ҷангал ва плантатсияҳои махсуси ниҳолҳояшон зуд сабзишёбанда, бунёди ҷангалҳои агромелиоративӣ ва дигар минтақаҳои муҳофизатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон;

— ҳавасмандгардонӣ барои бунёди плантатсияҳои сермаҳсули мевадиҳанда ва ҷангалзорҳои плантатсионӣ бо мақсади таъминоти иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо захираҳои чўб ва дигар маҳсулоти истеъмолӣ;

— муҳайё намудани шароити мусоид барои маблағгузорӣ кардани хоҷагии ҷангал;

— ҳавасмандгардонӣ ба мақсади ҷалби шаҳрвандон барои барқароркунии ҷангал ба воситаи идоракунии муштараки ҷангал.

 

Моддаи 66. Суғуртакунонии масъулияти ҷангалдорони давлатӣ ва истифодабарандагони ҷангал

  1. Ҷангалдорони давлатӣ ва истифодабарандагони ҷангал дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал барои ҳифзи соҳибмулкон ҳангоми хатар аз рўи ўҳдадориҳои шартнома суғурта карда мешаванд.
  2. Суғуртаи ҷангалдорони давлатӣ ва истифодабарандагони қитъаҳои фонди давлатии ҷангал ихтиёрӣ мебошад.
  3. Тартиби суғуртакунонии ихтиёрии ҷангалдорони давлатӣ ва истифодабарандагони ҷангал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 14.

Маблағгузории хоҷагии ҷангал

 

Моддаи 67. Сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои пешбурди хоҷагии ҷангали фонди давлатии ҷангал

Пешбурди хоҷагии ҷангал дар фонди давлатии ҷангал аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад:

— буҷети давлатӣ дар доираи барномаҳои дастгирии давлатии рушди соҳаи хоҷагии ҷангал;

— хизматрасонии музднок ва фурўши маҳсулоти ҷангал;

— фурўши лавозимоти шикорӣ ва сайди мусодирашуда;

— товони зарари ба ҷангал расонидашуда;

— дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

 

Моддаи 68. Дастгирии давлатии молиявии хоҷагии ҷангал

Дастгирии давлатии молиявии хоҷагии ҷангал аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба иҷрои чорабиниҳои зерин равона карда мешавад:

— корҳои ҷангалсозӣ, ҳисоботи фонди давлатии ҷангал, кадастр ва мониторинги ҷангал;

— чорабиниҳои ҳифзи ҷангал аз сўхтор, муҳофизат аз ҳашароту зараррасонандагони дигар ва касалиҳои дарахтон;

— иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, ҷустуҷўӣ, лоиҳакашӣ дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии фонди ҷангал;

— иҷрои корҳои селексионӣ ва тухмипарварӣ;

— тайёр намудани кадрҳои хоҷагии ҷангал ва шикор;

— чорабиниҳо оид ба  ҳифзи ҷангал аз дарахтбурии ғайриқонунӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;

— бунёд ва барқароркунии ҷангал;

— сохтмон ва таъмири роҳҳои дохилии ҷангал, сохтмони иморату иншоот барои хоҷагии ҷангал, харидани воситаҳои махсус;

— чорабиниҳои биотехникӣ барои рушд ва афзоиши саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва батартибдарории мавзеъҳои шикорӣ;

— баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ;

— таъмини кормандони Нозироти ҳифзи давлатии ҷангал бо сарулибос ва лавозимоти хизматӣ.

 

БОБИ 15.

Ҳамкории байналмилалӣ

 

Моддаи 69. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодаи устувори ҷангал

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзу ҳимоя, барқароркунӣ ва истифодабарии устувори ҷангал дар асоси Кодекси мазкур ва принсипҳои муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.

 

БОБИ 16.

МУҚАРРАроти ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 70. Намудҳои вайронкунии қонунгузории ҷангал

Вайрон кардани қонунгузорӣ дар соҳаи ҷангал аз инҳо иборат аст:

— ғайриқонунӣ буридан, несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба дарахту буттаҳои ҷангал то давраи  аз сабзиш бозмондан;

— несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба навниҳолҳои киштшуда ва кўчатшуда дар хоҷагиҳои ҷангал ва ниҳолпарварӣ;

— қасдан несту нобуд кардан ё осеб расонидан ба фонди ҷангал бо роҳи оташ задан ва риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор дар ҷангал;

— хароб кардани алафзорҳо ва марғзори чорвочаронӣ дар заминҳои фонди ҷангал;

— худсарона даравидани алафҳо ва чарондани чорво дар ҳудуди фонди ҷангал;

— худсарона ҷамъоварӣ ва тайёр намудани меваҷот, растаниҳои худрўйи ғизоӣ, гиёҳҳои шифобахш, техникӣ ва ғайра;

— несту нобуд кардани аломатҳои маҳдудкунанда ва огоҳкунанда дар қаламрави фонди давлатии ҷангал;

— ғайриқонунӣ доштан, захмдор ё несту нобуд кардан ва нигоҳ доштани ҳайвонот дар муҳити ғайри озод, вайрон кардани лонаи паррандагон ва мавзеъҳои зисти ҳайвоноти ваҳшӣ;

— осеб расонидан ба ҷангал бо обҳои ифлос, маҳлулҳои химиявӣ, партовҳои саноатӣ ва коммуналӣ, ки ба хушкшавӣ ва ё ба касалшавии дарахтони ҷангал оварда мерасонанд;

— несту нобуд кардани олами ҳайвоноти ба ҷангал фоидаовар;

— худсарона ишғол намудани заминҳои фонди ҷангал.

 

Моддаи 71. Ҷуброни товони зарари ба хоҷагии ҷангал расонидашуда

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки товони зарари ба фонди ҷангал ва шикор расонидашударо аз рўи тартиб ва меъёри муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намоянд.

 

Моддаи 72. Ҳалли баҳсҳо оид ба ҷангал

Баҳсҳо байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 73. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 74. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1993, №770 қабул карда шудааст (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1993, №13, мод. 243; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 117;  с. 2008, №1, қ. 2, мод.17; №6, мод.464), аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 75. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур

Кодекси мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

      Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011 № 761

ШАРИКОН: