Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АМОҶТ с.1998, №22, мод.303; с.2006, №4, мод.196; с.2008, №3, мод.201; с.2010, №7. мод.546; с.2011, №3, мод.177, №12, мод.855; с.2013, №3, мод.195; 2015с., №11, мод.960; с.2016,№3,мод.143;№11, мод.881)

Ф А С Л И  1

 

Қ О И Д А Ҳ О И   У М У М Ӣ

 

Боби  1. ҚОНУНГУЗОРИИ ҶУМҳУРИИ тОҷИКИСТОН ОИД БА ОИЛА (қҷт.26.12.2011 №791)

Моддаи 1.  Заминаҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила (қҷт.26.12.2011 №791)

  1. Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд.
  2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кўмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ўҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.(қҷт 29.04.06 №183); (қҷт.26.12.2011 №791)
  3. Танҳо он никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.
  4. Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принципҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кўдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некўаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
  5. Ҳангоми никоҳ ва дар муносибатҳои оилавӣ ҳама гуна шаклҳои маҳдуд кардани ҳуқуқи шаҳрвандон аз рўи мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ ё динӣ ,инчунин таҳсил ва молумулк манъ аст. (қҷт.25.03.2011 №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)
  6. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар оила дар асоси қонунгузорӣ дар бораи оила ва дар ҳадде, ки бо мақсади муҳофизати ҳуқуқ, манфиатҳои қонунӣ, ахлоқ, саломатии дигар аъзои оила ва шаҳрвандон лозим мебошад, маҳдуд карда мешавад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 2.  Муносибатҳое, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии То ҷикистон оид ба оила танзим мегарданд (қҷт.26.12.2011 №791)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила шарт ва тартиби ақди никоҳ, қатъ ва беэътибор донистани онро муқаррар менамоянд, муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкиеро, ки дар оила миёни зану шавҳар, волидон фарзандон, дигар аъзои оила ба миён меоянд, муносибатҳое, ки вобаста бо фарзандхондӣ, васояту парасторӣ, ба тарбия гирифтани кўдакон  ба миён меоянд, тартиби  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва муносибати дигари оилавиро танзим менамоянд. (қҷт.25.03.2011 №710); (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила (қҷт.26.12.2011 №791)

  1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси  мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (қҷт.26.12.2011 №791), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)
  2. Меъёрҳои ҳуқуқи оилавие, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси мазкур мутобиқ бошанд. (қҷт.26.12.2011 №791)
  3. Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба амал бароварда мешавад. (қҷт 29.04.06 №183)
  4. 4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки тибқи асос ва бо мақсади иҷрои ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои оилавӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул намояд. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 4. Истифодаи қонунгузории гражданӣ дар  муносибатҳои оилавӣ (қҷт.26.12.2011 №791)

Қонунгузории гражданӣ дар танзими муносибатҳои  шахсии ғайримолумулкӣ ва молумулкии байни аъзои оила истифода мешаванд, агар ин муносибатҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила танзим нагардида бошанд. (қҷт.25.03.2011 №710); (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 5. Қиёси қонун ва ҳуқуқ дар муносибатҳои оилавӣ

Дар ҳолатҳое, ки муносибатҳои байни аъзои оила бо  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ё созишномаи тарафҳо танзим нагардида бошанд ва дар сурати мавҷуд набудани меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, ки бевосита ин муносибатҳоро танзим менамоянд, нисбат ба чунин муносибатҳо, агар ин хилофи моҳияти онҳо набошад, меъёрҳои ҳуқуқи оилавӣ ва (ё) ҳуқуқи гражданӣ, ки муносибатҳои шабеҳро танзим менамоянд (қиёси қонун), истифода мешаванд. Дар сурати набудани чунин меъёрҳо ҳуқуқу ўҳдадориҳои аъзои оила , бо назардошти  асосу принципҳои умумии ҳуқуқи оила ё ҳуқуқи гражданӣ (қиёси ҳуқуқ), инчунин принципи башардўстӣ, оқилона ва адолат муайян карда мешаванд. (қҷт.26.12.2011 №791), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

Моддаи 6. Истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои оилавӣ

Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қоидаҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила пешбинигардида қоидаҳои дигар муқаррар гардида бошанд, он гоҳ қоидаҳои шартномаи байналхалқӣ истифода мешаванд. (қҷт 29.04.06 №183); (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Б О Б И  2

ТАТБИҚ  ВА  ҲИМОЯИ  ҲУҚУҚИ  ОИЛАВӢ (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 7.  Татбиқи ҳуқуқи оилавӣ ва иҷрои  ўҳдадориҳои оилавӣ

  1. Шаҳрвандон ба ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки аз муносибатҳои оилавӣ ва ҳуқуқҳои оилавӣ, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ менамоянд, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.

Ҳуқуқи худро амалӣ намудани аъзоёни оила ва иҷрои ўҳдадориҳояшон набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила ва дигар шаҳрвандонро вайрон  намояд.

  1. Ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ҳуқуқҳо хилофи таъиноташон ба амал бароварда мешаванд.

 

 

 

Моддаи 8. Ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ

  1. Ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбини намудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)
  2. Ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс сурат мегирад. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 9. Истифодаи мўҳлати даъво дар муносибатҳои оилавӣ

Нисбати  талаботе, ки аз муносибатҳои оилавӣ бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мўҳлати ҳифзи ҳуқуқи поймолшударо ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, мўҳлати даъво татбиқ намегардад. Зимни истифодаи меъёрҳое, ки мўҳлати даъворо муқаррар менамоянд, суд меъёрҳои дахлдори дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро дастури амал қарор  медиҳад.

 

Ф А С Л И  II

АҚДИ  НИКОҲ  ВА  ҚАТЪИ  ОН

Б О Б И  3

Шарт ва тартиби БАСТАНИ ақди никоҳ (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

Моддаи 10.  Ақди никоҳ

  1. Ақди никоҳ дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ баста мешавад. (қҷт.26.12.2011 №791)
  2. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои зану шавҳар аз лаҳзаи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифтани ақди никоҳ ба миён меояд. (қҷт 29.04.06 №183)
  3. Никоҳҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон то 19 декабри соли 1929 мувофиқи расму оини динӣ ба ҷо оварда шудаанд, бо никоҳҳое, ки дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шудаанд , баробар мебошанд.

 

Моддаи 11. Тартиби бастани ақди никоҳ (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

  1. Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба ҷо оварда мешавад. (қҷт 29.04.06 №183); (қҷт.26.12.2011 №791)
  2. Дар сурати аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад кардани бақайдгирии ақди никоҳ шахсоне, ки хоҳиши ақди никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд.

 

Моддаи 12.  Шартҳои ақди никоҳ

  1. Барои ақди никоҳ розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳӣ доштани онҳо зарур аст. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Дар сурати мавҷуд будани монеаҳои дар моддаи 14 ҳамин Кодекс зикрёфта ақди никоҳ баста намешавад.
  3. Агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:

 — истиқомат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;

— бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ. (қҷт.25.03.2011 №710)

Моддаи 13.  Синни никоҳӣ

  1. Синни никоҳӣ аз ҳаждаҳсолагӣ муқаррар карда мешавад. «қҷт 21.07.2010 №613»;
  2. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳуқуқ дорад дар асоси  хоҳиши шахсони никоҳшаванда синни никоҳи  дар  ҳамин  модда барои марду зан муқарраршударо ба мўҳлати на бештар аз як сол кам кунад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  3. Ариза тибқи тартиби пешбурди алоҳида, дар суди маҳалли истиқомати шахсе, ки синнаш кам карда мешавад, баррасӣ мегардад.
  4. Ҳуқуқи оид ба ҳамин масъала муроҷиат намудан ба суд аз синни ҳабдаҳсолагӣ фаро мерасад. «қҷт 21.07.2010 №613»

 

Моддаи 14.  Ҳолатҳое, ки монеаи  бастани ақди никоҳ  мегарданд

Ақди никоҳ байни шахсони зерин манъ аст:

— байни шахсоне, ки   яке аз онҳо дар никоҳи дигари ба қайдгирифташуда  қарор дошта бошад;

— байни хешовандони наздик (падар ё модар бо фарзанд, бобо ё бибӣ бо набераи худ); (қҷт.26.12.2011 №791)

— байни бародарону хоҳарони айнӣ ва ўгай ( ки аз як падар ё модаранд);

— байни фарзандони бародарон, хоҳарон, бародару хоҳар;

— байни тағо ва ҷиян, амак ва бародарзода, хола ва хоҳарзода, амма ва ҷиян;

— байни шахсоне, ки аз як зан шир макидаанд;

— байни шахсоне, ки аз муоинаи тиббии ҳатмӣ нагузаштаанд; (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1290)

— байни  фарзандхондагон  ва фарзандхондшудагон;

— байни шахсоне, ки суд  яке аз онҳоро бо сабаби бемории рўҳӣ ё сустақлиаш (ноқисулақлиаш) ғайри қобили амал эътироф  кардааст;

-байни шахсоне, ки суд қобилияти амали яке аз онҳоро бо сабаби суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда маҳдуднамудааст. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

Моддаи 15. Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд.
  2. Машваратдиҳӣ оид ба тарзи солими ҳаёт, банақшагирии оила ва таъсири бемориҳо ба саломатии насл аз ҷониби муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1290), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

Б О Б И   4

ҚАТЪИ   НИКОҲ

Моддаи 16.  Асосҳои қатъи ақди никоҳ

  1. Ақди никоҳ дар натиҷаи вафот ё яке аз ҳамсаронро фавтида эълон намудани суд қатъ мегардад.
  2. Ақди никоҳ бо роҳи бекор кардани он (талоқ) дар асоси аризаи зан ё шавҳар ё ҳардуи онҳо, васии зан ё шавҳаре, ки суд ўро ғайри қобили амал эътироф намудааст, инчунин прокурор қатъ гардиданаш мумкин аст.

 

Моддаи 17. Маҳдуд кардани ҳуқуқи шавҳар оид  ба талаби бекор кардани ақди никоҳ

  1. Шавҳар ҳуқуқ надорад ҳангоми ҳомиладории зан ва дар давоми якуним соли пас аз таваллуди кўдак бе розигии зан ба суд оиди бекор кардани ақди никоҳ даъво пешниҳод намояд.

2.Маҳдудияти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида нисбат ба шавҳар татбиқ намегардад, агар дар мўҳлати зикршуда зан аз тарбияи фарзанд даст кашида, шавҳар бевосита ба тарбияи фарзанд машғул бошад, ё зан ташаббус кори бекор кардани ақди никоҳ бошад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

Моддаи 18. Тартиби бекор кардани ақди никоҳ

Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 21-24 ҳамин Кодекс ба  тартиби судӣ бекор карда мешавад. (қҷт 29.04.06 №183)

Моддаи 19 хориҷ карда шавад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 20. Баррасии баҳсҳое, ки дар мақомоти сабти  асноди  ҳолати  шаҳрвандӣ  ҳангоми  бекор кардани ақди никоҳ дар байни зану шавҳар  ба миён меоянд

Баҳсҳо дар хусуси тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, пардохти маблағ барои таъминоти зан ё шавҳари эҳтиёҷманди корношоям, инчунин баҳсҳо дар хусуси фарзандон, ки байни зану шавҳар ба миён меоянд  ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, сарфи назар аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба тариқи судӣ баррасӣ мешаванд. (қҷт 29.04.06 №183); (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 21. Бекор кардани ақди никоҳ дар суд

  1. Ақди никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани ақди никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар, бекор карда мешавад. (қҷт 29.04.06 №183)
  2. Ақди никоҳ ба тартиби судӣ, инчунин дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуҷуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саркашӣ менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани ақди никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад.

 

Моддаи 22.  Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ дар сурати розӣ  набудани зан ё шавҳар барои  бекор кардани никоҳ

  1. Зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мўҳлат диҳад. (қҷт 20.03.08. №382)
  2. Агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир гардидаааст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ надоданд, ақди никоҳ бекор карда мешавад.
  3. Агар суд даъвои бекор кардани никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани ақди никоҳ такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 23. Бо тартиби судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии зану шавҳар

1.Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.

2.Ба зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғ, новобаста ба розигии муштараки онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шашмоҳ мўҳлат диҳад. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

Моддаи 24. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар  бораи бекор  кардани ақди никоҳ  ҳал  менамояд

  1. Ҳангоми ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндагӣ кардани фарзандони ноболиғ, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, дар хусуси ҳаҷми ин маблағ ё тақсимоти молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар оид ба масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрьёфта, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:

— муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани ақди никоҳ бо кадоме аз  падару модар  зиндагӣ мекунанд;

— муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар  ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад; (қҷт 29.04.06 №183)

— бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд; (қҷт.25.03.2011 №710)

— бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот  ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.

  1. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. 4. Дар мавриде, ки агар тақсими молу мулк ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими молу мулкро ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кунад. (қҷт.25.03.2011 №710); (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 25.  Лаҳзаи қатъ гардидани ақди никоҳ  ҳангоми  талоқ

  1. Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар китоби сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ дар суд, аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд қатъ мегардад. (қҷт 29.04.06 №183)
  2. Бекор кардани ақди никоҳ дар суд бояд дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи  суд,  мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Бекор кардани ақди никоҳ аз лаҳзаи ба қайд гирифта шуданаш барои шахсони сеюм  эътибори ҳуқуқӣ дорад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 26.  Барқарор  намудани  ақди никоҳ  дар сурати  ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки фавтида  эълон шуда ё бедарак ғоибшуда дониста  шудааст

  1. Дар сурати ҳозиршавии зан ё шавҳаре, ки суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф кардааст ва бекор кардани ҳалномаҳои дахлдори судӣ, мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ метавонад дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар никоҳро барқарор намояд.
  2. Агар зан ё шавҳар бо дигаре никоҳ карда бошад, ақди никоҳ барқарор карда намешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Моддаи 27 хориҷ карда шавад. (қҷт 29.04.06 №183)

Б О Б И  5
БЕЭЪТИБОРИИ  НИКОҲ

 

Моддаи 28. Беэътибор донистани ақди никоҳ

  1. Дар сурати вайрон кардани шартҳои дар моддаҳои 12 ва 14 ҳамин Кодекс, инчунин дар мавриди бастани никоҳи қалбакӣ, яъне агар зану шавҳар ё яке аз онҳо никоҳро бе  нияти бунёди оила сабт карда бошанд, ақди никоҳ беэътибор дониста мешавад. Никоҳе, ки маҷбурӣ ё бо роҳи фиреб баста шудааст, тибқи аризаи ҷабрдида ё  прокурор беэътибор дониста шуданаш мумкин аст. (қҷт 29.04.06 №183) (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1290)
  2. Ақди никоҳ аз ҷониби суд беэътибор дониста мешавад.
  3. Суд вазифадор аст, ки дар мўҳлати се рўзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи беэътибор донистани ақди никоҳ иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳали бақайдгирии давлатии ақди никоҳ фиристад.
  4. Ақди никоҳи хилофи талаботи қисми 1 моддаи мазкур басташуда аз лаҳзаи баста шуданаш беэътибор аст. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

Моддаи 29. Шахсоне, ки барои талаби беэътибор  донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд

  1. Шахсони зерин барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ доранд:

— зан ё шавҳари ноболиғ, падару модари ў (шахсони онҳоро ивазкунанда), мақоми васоят ва парасторӣ ё прокурор — агар ақди никоҳ бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида ҳангоми мавҷуд набудани иҷозати ақди никоҳ то ба синни  никоҳӣ расиданаш (моддаи 13 ҳамин Кодекс) баста шуда бошад. Баъди ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани зан ё шавҳари ноболиғ барои талаби беэътибор донистани ақди никоҳ танҳо ин зан ё шавҳар ҳуқуқ дорад; (қҷт 29.04.06 №183; «қҷт 21.07.2010 №613»

— зан ё шавҳаре, ки ҳуқуқи  ў ҳангоми ақди никоҳ поймол гардидааст, инчунин прокурор — агар ақди никоҳ дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар; дар натиҷаи маҷбуркунӣ, фиреб, ба иштибоҳ андохтан ё вобаста ба  вазъи ҳолати худ дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дарк карда натавонистани моҳияти амали худ ё идора накардани он ҳолат баста шуда бошад;

— зан ё шавҳаре, ки дар хусуси мавҷуд будани ҳолатҳои монеаи ақди никоҳ огоҳӣ надошт, васии зан ё шавҳаре, ки ғайри қобили амал  эътироф шудааст, зан ё шавҳари аз никоҳи қабли бекоркарданашуда, шахсони дигаре, ки дар асари ақди никоҳ бо вайрон кардани муқаррароти моддаи 14 ҳамин Кодекс басташуда ҳуқуқашон поймол гардидааст, инчунин мақоми васояту сарпарастӣ ва прокурор;

— прокурор, инчунин зан ё шавҳаре, ки ҳангоми бастани никоҳи қалбакӣ дар хусуси қалбакӣ будани он огоҳӣ надошт. (ҚҶТ аз 15.03.2016,№1290), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

  1. Ҳангоми баррасии парванда дар хусуси беэътибор донистани никоҳи бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида, инчунин бо шахси аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида басташуда, барои иштирок дар парванда мақоми васояту парасторӣ ҷалб карда мешавад.

 

Моддаи 30.  Эътиборнок донистани ақди никоҳ  (санацияи ақди никоҳ)

  1. Суд метавонад никоҳро эътиборнок ҳисоб кунад, агар дар лаҳзаи баррасии парванда дар бораи беэътибор донистани никоҳ ҳолатҳое, ки барои ақди никоҳ монеъ мешуданд, аз байн рафта бошанд.
  2. Суд метавонад даъворо оид ба беэътибор донистани никоҳе, ки бо шахси ба синни никоҳӣ нарасида баста шудааст, рад кунад, агар инро манфиатҳои зан ё шавҳари ноболиғ талаб  намояд.
  3. Суд метавонад никоҳи қалбакиро ҳақиқӣ эътироф намояд, агар то лаҳзаи баррасии парванда байни шахсоне, ки ақди никоҳ бастаанд, муносибатҳои заношўӣ ба вуҷуд омада, онҳо барои идомаи ҳаёти оилавӣ розӣ бошанд, ба шарте, ки ҳақиқӣ донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқҳои шахсони сеюм зарар нарасонад.
  4. Ақди никоҳ пас аз бекор кардани он ғайриҳақиқӣ дониста шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳои вуҷуд доштани дараҷаи хешии байни зану шавҳар, ки қонун манъ кардааст, ё ҳолате, ки зан ё шавҳар  дар лаҳзаи бақайдгирии ақди никоҳ дар никоҳи дигари бекорнашуда (моддаи 14 ҳамин Кодекс) қарор дошта бошанд.

 

Моддаи 31. Оқибати никоҳи беэътибор  донисташуда

  1. Никоҳе, ки суд беэътибор донистааст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда муқарраргардида, ҳуқуқу ўҳдадориҳои дар Кодекси мазкур пешбинигардидаи зану шавҳарро ба миён намеоварад.
  2. Нисбати молу мулки якҷоя бадастовардаи шахсоне, ки никоҳашон беэътибор дониста шудааст, меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи моликияти умумии саҳмӣ истифода мешавад. Аҳдномаи никоҳе, ки зану шавҳар бастаанд (моддаҳои 41-43 Кодекси мазкур), беэътибор дониста мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)
  3. Беэътибор донистани ақди никоҳ ба ҳуқуқи кўдаконе, ки аз ин ақди никоҳ таваллуд ёфтаанд ё дар давоми сесад рўзи баъди беэътибор донистани ақди никоҳ ба дуньё омадаанд, таъсир намекунад (қисми 2 моддаи 49 ҳамин Кодекс).
  4. Ҳангоми баровардани ҳалномаи дар бораи беэътибор донистани ақди никоҳ суд метавонад ҳуқуқи зан ё шавҳарро, ки баъди бастани чунин ақди никоҳ ҳуқуқаш поймол гардидааст, барои мутобиқи моддаҳои 90, 91 ҳамин Кодекс аз зан ё шавҳари дигар гирифтани таъминот эътироф намояд, нисбати тақсими молу мулки то рўзи беэътибор донистани ақди никоҳ бадастомада бошад, метавонад муқаррароти дар моддаҳои 34, 38-39 ҳамин Кодекс муайянгардидаро  татбиқ  кунад, инчунин шартномаи никоҳро пурра ё қисман беэътибор донад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Зан ё шавҳаре, ки дар натиҷаи бастани никоҳи аз ҷониби суд беэътибор донисташуда ҳуқуқаш поймол гардидааст, ҳуқуқ дорад мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қонунҳои гражданӣ ҷуброни зарари моддӣ ва маънавии ба ў расонидашударо талаб намояд.

  1. Зан ё шавҳари софдил ҳангоми беэътибор донистани ақди никоҳ ҳуқуқ дорад насаберо, ки ҳангоми сабти ақди никоҳ интихоб намудааст, нигоҳ дорад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)

 

Ф А С Л И  III

ҲУҚУҚ  ВА  ЎҲДАДОРИҲОИ  ЗАНУ ШАВҲАР

 

Боби  6

ҲУҚУҚ  ВА ЎҲДАДОРИҲОИ ШАХСИИ

ЗАНУ ШАВҲАР

Моддаи 32. Баробарҳуқуқии зану шавҳар дар оила (қҷт.26.12.2011 №791)

  1. Зану шавҳар ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, таҳсилот, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳали будубош озод аст.

2. Масъалаҳои падариву модарӣ, таълиму тарбияи фарзандон ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принципи баробарҳуқуқии зану шавҳар  ҳал менамоянд. (қҷт.26.12.2011 №791), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

  1. Зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳои худро дар оила дар асоси эҳтирому кўмаки якдигарӣ ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некўаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон  ғамхорӣ кунанд.

 

Моддаи 33. Ҳуқуқи зану шавҳар дар интихоби фамилия

1.Зану шавҳар ҳангоми бастани ақди никоҳ дар интихоби насаб баробарҳуқуқ мебошанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

2.Интихоби фамилияи зану шавҳар мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)

 

БОБИ  7

ҲУҚУҚИ  МОЛУМУЛКИИ ЗАНУ ШАВҲАР (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 34. Моликияти муштараки  зану шавҳар

  1. Молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношўӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст  овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, чизҳои ашёҳои харидаашон,  қоғазҳои қиматнок, саҳмия, пай ва ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқули дар давоми заношўӣ ҷамъкардаашон, сарфи назар аз он, ки ба номи кадоме аз зану шавҳар харида шудааст (ё маблағ гузаронида шудааст), моликияти муштараки онҳо  ҳисоб мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)
  3. Ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми заношўӣ хоҷагиро пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 35. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани моликияти муштараки зану  шавҳар

  1. Ҳуқуқи соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар қарор дорад, танҳо бо розигии мутақобилаи онҳо сурат мегирад. (қҷт.25.03.2011 №710) (қҷт.26.12.2011 №791)
  2. Ҳангоми аз ҷониби зан ё шавҳар анҷом додани муомилоти вобаста ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ чунин тасаввур мешавад, ки ў бо розигии ҳамсари худ амал мекунад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Муомилоте, ки аз ҷониби яке аз ҳамсарон оид ба ихтиёрдории молу мулки умумӣ анҷом дода шудааст, аз ҷониби суд қисман бо сабаби мавҷуд набудани розигии ҳамсари дигар  танҳо ҳангоме, ғайриқонунӣ эътироф мегардад, ки агар яке аз онҳо бо чунин талаб муроҷиат намояд ва танҳо дар  сурати собит гардидани он, ки тарафи дигар аз муомилот огоҳ буд ё пешакӣ бояд  норозӣ будани тарафи дигарро барои анҷом додани чунин муомилот медонист. (қҷт 29.04.06 №183); (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Барои ба анҷом расонидани муомилот вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ ё қайди идораи нотариалии давлатиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии аз тариқи идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад. (қҷт 29.04.06 №183); (қҷт.25.03.2011 №710); (қҷт.26.12.2011 №791)

Ҳамсаре, ки ризоияти дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқшудаи худро барои иҷрои аҳд надодааст, ҳуқуқ дорад дар қисми молу мулки ба худаш тааллуқдошта дар моликияти умумии якҷоя бекор кардани аҳдро талаб намояд, ё ҳамсар ҳуқуқ дорад ба андозаи ҳиссаи дар боло зикргардида аз маблағе, ки ҳамсараш аз фурўши молу мулк ба даст овардааст, дар давоми се сол аз рўзи огоҳ шудан аз чунин муомилот ё мебоист аз иҷрои чунин муомилот огоҳ шавад, беэътибор донистани чунин муомилот ё пардохти пулии онро талаб намояд. (қҷт 29.04.06 №183); (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 36. Моликияти ҳар кадоме аз  зану шавҳар

  1. Молу мулке, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношўӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадья ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Ашьёи истифодаи шахсӣ (либос пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношўӣ аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд.
  3. Суд метавонад молу мулкеро, ки ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳангоми ҷудо зиндагӣ карданашон ҷамъ овардаанд, дар сурати воқеан қатъ гардидани ақди никоҳ моликияти ҳар кадоми онҳо эътироф намояд. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 37. Моликияти муштараки зану шавҳар  донистани молу мулки ҳар кадоми онҳо (қҷт.25.03.2011 №710)

Молу мулки ба  ҳар як  ҳамсар тааллуқдоштаро метавон моликияти муштараки онҳо донист, агар муқаррар гардад, ки дар давоми заношўӣ  аз ҳисоби молу мулки умумии зану шавҳар ё молу мулки шахсии зан ё шавҳар ва ё меҳнати ў саҳме гузошта шудааст, (таъмири асосӣ, азнавсозӣ, азнавҷиҳозонӣ ва ғайра), ки дар натиҷаи он  арзиши молу мулки ба ҳар кадоме аз зану шавҳар тааллуқдошта хеле афзудааст, агар  дар аҳдномаи байни онҳо тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 38.  Тақсими  молу мулке,  ки   моликияти  муштараки зану шавҳар мебошад (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, чӣ дар давоми заношўӣ ва чӣ баъди талоқ, бо талаби ҳар кадоме аз онҳо, инчунин дар ҳолати аз  ҷониби  қарздиҳанда  талаб кардани тақсими моликияти умумии зану шавҳар барои ситонидани маблағи қарз аз саҳми зан ё шавҳар дар моликияти умумӣ сурат гирифта метавонад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Дар сурати тақсими молу мулки умумии зану шавҳар дар давраи заношўӣ он қисми молу мулки умумие, ки тақсим нашуда буд, инчунин молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи ақди никоҳ ҷамъ кардаанд, моликияти умумии  онҳоро ташкил медиҳад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  3. Молу мулки умумии зану шавҳар метавонад бо созишномаи зану шавҳар дар байни онҳо тақсим карда шавад. Дар ҳолати ба миён омадани баҳс вобаста ба тақсими молу мулки муштараки зану шавҳар, инчунин муайян намудани саҳми зану шавҳар дар ин молу мулк    он ба тартиби судӣ хал карда мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  4. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки тақсими пасандоз, саҳмия, ҳисса ва саҳми дар сармояи муассисаи кредитӣ ё ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ ба номи яке аз онҳо гузоштаашонро    талаб намоянд, агар ин пардохтҳо моликияти муштараки онҳо бошанд.
  5. Пасандозҳое, ки зану шавҳар аз ҳисоби молу мулки умумиашон ба номи фарзандони ноболиғи худ гузоштаанд, молу мулки мутааллиқ ба фарзандон дониста шуда, ҳангоми тақсими молу мулке, ки моликияти муштараки зану шавҳар мебошад, ба инобат гирифта намешаванд. (қҷт.25.03.2011 №710)
  6. Нисбати талаби зану шавҳари ҷудошуда дар хусуси тақсими молу мулки муштараки онҳо, ки онҳо дар давраи заношўӣ ҷамъ овардаанд, мўҳлати сесолаи даъво истифода мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Моддаи 39. Муайян намудани ҳисса ҳангоми тақсими молу мулке,  ки  моликияти  муштараки   зану  шавҳар мебошад (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Ҳангоми тақсими молу мулке, ки дар моликияти муштараки зану шавҳар мебошад ва муайян намудани ҳиссаи зану шавҳар дар ин амал ҳиссаи онҳо баробар дониста мешавад, агар дар аҳдномаи никоҳ тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. (қҷт.25.03.2011 №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)
  2. Суд метавонад ҳиссаи зан ё шавҳарро дар молу мулки умумиашон бо дарназардошти манфиати, инчунин фарзандони болиғи корношоями эҳтиёҷманд ё манфиати қобили таваҷҷўҳи зан ё шавҳар, зиёд кунад. Ҳиссаи зан ё шавҳар бо назардошти корношоямии онҳо, инчунин агар яке аз онҳо бо сабабҳои узрнок даромад нагирифта бошад ё молу мулки умумиро бар зарари манфиати оила сарф карда бошад, инчунин дар сурати ҷой доштани ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷўҳ мумкин аст зиёд карда шавад. (қҷт.25.03.2011 №710), (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)
  3. Ҳангоми тақсими молу мулки умумии зану шавҳар суд бо талаби онҳо муайян менамояд, ки кадом ашьё бояд ба кадоме аз онҳо дода шавад. Агар ба зан ё шавҳар ашьёе дода шавад, ки арзиши он аз ҳиссаи барои ў муайяншуда зиёд бошад, барои ҳамсари ў метавонад ҷубронпулӣ ё ҷуброни дигар муқаррар карда шавад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  4. Қарзи умумии зану шавҳар ҳангоми тақсими молу мулки умумӣ дар байни зану шавҳар баробар ба ҳиссаи ба ҳар яки онҳо муқарраршуда тақсим карда мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  5. Ашьёе, ки махсус барои қонеъ гардонидани талаботи фарзандони ноболиғ харида шудаанд (либос, пойафзол, лавозимоти мактаб ва варзиш, асбобҳои мусиқӣ, китобҳои кўдакона ва ғайра) ба ихтиёри зан ё шавҳар, ки фарзандон бо ў зиндагӣ мекунанд, бе ҷуброн гузошта мешаванд.

 

Б О Б И   8

АҲДНОМАИ  НИКОҲ (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 40. Аҳдномаи никоҳ (қҷт.25.03.2011 №710)

Аҳдномаи  никоҳ— созишномаи шахсоне мебошад, ки никоҳ мекунанд ё созишномаи зану шавҳар аст, ки ҳуқуқи молумукӣ ва ўҳдадориҳои онҳоро дар  давраи заношўӣ ва ( ё ) дар ҳолатҳои бекор кардани он муайян менамояд. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 41.  Бастани аҳдномаи никоҳ (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ҳам дар ҳар вақти давраи заношўӣ баста шавад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Аҳдномаи никоҳ, ки то бақайдгирии давлатии ақди никоҳ баста шудааст, аз рўзи бақайдгирии давлатии ақди никоҳ эътибор пайдо мекунад. (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Бастани аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, ҳатмӣ буда, он бояд то ба қайд гирифтани ақди никоҳ баста шавад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. 3. Аҳдномаи никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ карда шавад. Риоя накардани ин расмиёт боиси беэътибор донистани аҳднома мегардад. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

 

 

Моддаи 42. Мундариҷаи аҳдномаи никоҳ (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки бо аҳдномаи никоҳ низоми моликияти муштараки ба молу мулки умумӣ муқаррарнамудаи қонунро (моддаи 34 Кодекси мазкур) тағьир дода, низоми моликияти саҳмиро ба тамоми молу мулки дар давоми ақди никоҳ ҷамъовардаашон ё ба намудҳои алоҳидаи он ё худ ҳама гуна низоми молу мулки умумиашонро, ки ба ҳар яки онҳо тааллуқ дорад, муқаррар намоянд. (қҷт.25.03.2011 №710)

Аҳдномаи никоҳ метавонад ҳам нисбати молу мулки мавҷуда ва ҳам нисбати  молу мулки ояндаи зану шавҳар баста шавад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки дар аҳдномаи никоҳ ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро дар мавриди таъминоти якдигар; тариқи иштирокро дар даромади ҳамдигар; тартиби хароҷоти оиларо аз ҷониби ҳар кадоми онҳо; хароҷоти тарафайни ҷашну маросимҳои оилавӣ ва молу мулкеро муайян намоянд, ки дар сурати  бекор кардани ақди никоҳ ба ихтиёри ҳар кадоми онҳо гузошта мешавад, инчунин ҳама гуна муқаррароти дигари марбут ба муносибатҳои молумулкиашонро дохил намоянд. (қҷт 20.03.08. №382); (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои пешбининамудаи аҳднома метавонад бо мўҳлатҳои муайян маҳдуд карда шавад ё бо шарти фаро расидан ё фаро нарасидани шароити алоҳида вобаста карда шавад.
  2. Аҳдномаи никоҳ наметавонад қобилияти ҳуқуқӣ ё амалии зану шавҳар; ҳуқуқи онҳоро барои муроҷиат ба суд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳояшон; танзими муносибатҳои шахсии ғайримолумулкии байни зану шавҳар; ҳуқуқу ўҳдадориҳои шахсии зану шавҳарро нисбати фарзандон маҳдуд кунад; муқарраротеро пешбинӣ намояд, ки ҳуқуқи ҳамсари корношоями эҳтиёҷмандро ба таъминот маҳдуд кунанд ва шартҳои дигаре дошта бошад, ки зан ё шавҳарро дар ҳолати ниҳоят ногувор гузоранд ё хилофи асосҳои умумӣ ва мазмуну мўҳтавои қонунҳои оила бошанд. (қҷт.25.03.2011 №710)
  3. Дар аҳдномаи никоҳе, ки яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, бояд шартҳои зерин ба таври ҳатмӣ пешбинӣ карда шаванд:

— муносибатҳои молумулкии тарафҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо оид ба молу мулк;

— ўҳдадориҳои тарафҳо вобаста ба таъмини фарзандон;

—  бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин намудани ҳамсар ва фарзандон;

— нигоҳубини ҳамсари корношоями эҳтиёҷманд. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 43.  Тағйир додани аҳдномаи никоҳ (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Аҳдномаи никоҳро дар ҳар давра бо мувофиқаи зану шавҳар тағйир додан ва ё беэътибор кардан мумкин аст. Созишнома дар бораи тағйир додан ё беэътибор донистани аҳдномаи никоҳ дар ҳамон шакле, ки аҳдномаи никоҳ баста мешавад, ба имзо мерасад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Ба якҷониба рад намудани иҷрои аҳдномаи никоҳ иҷозат дода намешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Бо талаби зан ё шавҳар аҳдномаи никоҳ бо ҳалномаи суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода ё бекор карда шуданаш мумкин аст. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Амали аҳдномаи никоҳ аз лаҳзаи қатъ кардани ақди никоҳ (моддаи 25 ҳамин Кодекс) ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар аҳдномаи никоҳ барои давраи баъди қатъи ақди никоҳ пешбинӣ шудааст, қатъ мегардад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  3. Шартҳои аҳдномаи никоҳеро, ки дар қисми 4 моддаи 42 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, тағйир додан манъ аст. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

 

 

Моддаи 44. Беэътибор донистани  аҳдномаи никоҳ (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Аҳдномаи никоҳ бо асосҳое, ки дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беэътибории аҳдҳо пешбинӣ гардидаанд, аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Аҳдномаи никоҳ дар сурати вайрон кардани талаботи кисми 3 моддаи 42 ҳамин Кодекс дар асоси даъвои зану шавҳар (яке аз онҳо), агар шартҳои аҳднома ин ҳамсарро дар вазъияти ниҳоят ногувор гузорад, инчунин дар асоси даъвои қарздиҳандагон ҳангоми вайрон кардани талаботи моддаи 47 Кодекси мазкур метавонад аз тарафи суд пурра ё қисман беэътибор дониста шавад. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 45. Шартномаҳои дигар доир ба  молу мулк (қҷт.25.03.2011 №710)

Зану шавҳар, инчунин дигар аъзои болиғи оила ҳуқуқ доранд байни худ шартномаи ҳадья, хариду фурўш ва ҳама гуна шартномаҳои дигаре банданд, ки хилофи қонун нестанд. Муносибатҳое, ки дар асоси ин гуна шартномаҳо байни зану шавҳар ва аъзоёни дигари оила  ба миён меоянд, тавассути  қонунҳои гражданӣ танзим мегарданд.

 

БОБИ  9

МАСЪУЛИЯТИ ЗАНУ ШАВҲАР АЗ РЎИ ЎҲДАДОРИҲО

 

Моддаи 46. Ситонидани маблағ аз молу мулки зану  шавҳар (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Аз рўи ўҳдадориҳои яке аз ҳамсарон маблағ танҳо аз молу мулки ё зан ё шавҳар ситонида мешавад. Дар сурати нокифоя будани ин молу мулк кредитор ҳақ дорад ҷиҳати ситонидани қарз ҷудо кардани ҳиссаи зан ё шавҳари қарздорро аз молу мулки  умумии онҳо  талаб кунад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Ситонидани маблағ аз молу мулки умумии зану шавҳар аз рўи ўҳдадориҳои умумии зану шавҳар, инчунин он аз рўи ўҳдадориҳои яке аз онҳо сурат  мегирад, агар суд муқаррар намояд, ки ҳамаи чизҳои мувофиқи ўҳдадорӣ гирифтаи  зан ё шавҳар барои эҳтиёҷоти оила масраф шудаанд.(қҷт.25.03.2011 №710)
  3. Агар бо ҳукми суд муқаррар гардад, ки молу мулки умумии зану шавҳар аз ҳисоби маблағи бо роҳи ҷиноят бадастовардаи зан ё шавҳар харида шудааст ё афзун гардидааст, маблағмувофиқан азмолу мулки умумии зану шавҳар ё як қисми он ситонида мешавад.(қҷт.25.03.2011 №710); (қҷт.26.12.2011 №791), (ҚҶТ аз 14.11.2016, №1365),
  4. Масъулияти зану шавҳар барои зараре, ки фарзандони ноболиғашон расонидаанд, тавассути қонунҳои гражданӣ муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 47.  Кафолати ҳуқуқи кредиторон ҳангоми бастан, тағйир додан ва бекор кардани аҳдномаи никоҳ

  1. Ҳамсар ўҳдадораст, кикредитори (кредиторони) худродар хусуси бастан, тағйир додан ё бекор кардани аҳдномаи никоҳ огоҳ созад. Дар сурати иҷронакардани ин ўҳдадорӣ, ҳамсар аз рўи ўҳдадориҳои худ, новобаста ба мўҳтавои аҳдномаи никоҳ, масъул мебошад.

2.Кредитори (кредиторони) ҳамсари қарздор ҳуқуқ дорад бинобар моҳиятан тағйир ёфтани вазъият бо тартиби муқаррар намудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додани шартҳо ё бекор кардани аҳдномаи никоҳи байни ҳамсарон басташударо талаб намояд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

 

 

 

Ф А С Л И  IV

ҲУҚУҚ ВА ЎҲДАДОРИҲОИ   ПАДАРУ МОДАР  ВА ФАРЗАНДОН

 

БОБИ 10

МУҚАРРАР НАМУДАНИ АСЛУ НАСАБИ ФАРЗАНДОН

 

Моддаи 48. Асосҳои  ба  миён  омадани   ҳуқуқу  ўҳдадориҳои падару модар ва фарзандон

Ҳуқуқу ўҳдадориҳои пвдару модар ва фарзандон ба аслу насаби фарзандон, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун тасдиқ шудааст, асос меёбанд.

 

Моддаи 49. Муқаррар намудани аслу  насаби кўдак

  1. Аслу насаби кўдакро аз модар (модарӣ) мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар асоси асноди тасдиқкунандаи зодани кўдакро дар муассисаи тиббӣ таваллуд кардани модар ва дар сурати берун аз муассисаи тиббӣ таваллуд ёфтани кўдак бошад, дар асоси асноди тиббӣ, гувоҳии шоҳидон ва далелҳои дигар муқаррар менамояд.
  2. Агар кўдак аз шахсоне, ки бо ҳам никоҳи дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифташуда доранд, инчунин дар давоми сесад рўзи пас аз қатъи ақди никоҳ ё беэътибор донистани ақди никоҳ ё вафоти шавҳари модараш таваллуд ёфта бошад, падари кўдак шавҳари (шавҳари собиқи) модар эътироф мегардад, ба шарте, ки акси он исбот нашуда бошад (моддаи 53 ҳамин Кодекс).
  3. Агар модар арз кунад, ки падари кўдак шавҳари (шавҳари собиқи) ў нест, падари кўдак мувофиқи қоидаҳои муқаррар намудаи кисми 4 моддаи мазкур ё моддаи 50 ҳамин Кодекс муқаррар карда мешавад.
  4. Падар будани шахсе, ки бо модари кўдак ақди никоҳ надорад, бо роҳи аз ҷониби падару модари кўдак ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ додани ариза; дар сурати фавти модар, ғайри қобили амал эътироф гардидани ў, имконнопазирии муайян намудани маҳали буду боши модар ё аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудани ў бошад,  дар асоси аризаи падари кудак, бо мувофиқаи мақоми васояту парасторӣ ва ҳангоми набудани чунин аҳднома бо ҳалномаи суд  муқаррар  карда  мешавад.

Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳое, ки асос медиҳанд чунин тахмин карда шавад, ки додани аризаи муштарак дар бораи муқаррар намудани падарӣ пас аз таваллуди кўдак ғайриимкон  ё мушкил мебошад,  падарӣ, модарӣ кўдаки оянда, ки ақди никоҳ надоранд, ҳақ доранд ҳангоми ҳомиладории модар ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  бо чунин ариза муроҷиат кунанд. Сабти падару модар баъди таваллуди кўдак сурат мегирад.

  1. Муқаррар намудани падари шахси ба синни балоғат расида танҳо бо розигии ў ва агар ин шахс ғайри қобили амал дониста шавад, бо розигии васӣ ё мақоми васояту парастории ў мумкин аст.

Моддаи 50.  Ба тартиби судӣ муқаррар намудани падарӣ

  1. Дар сурати аз падарӣ, модарӣ никоҳнадошта таваллуд ёфтани кўдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кўдак, аслу насаби кўдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси  аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кўдак, аризаи шасе, ки кўдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кўдак  ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Ҳангоми муқаррар намудани падарӣ суд зиндагӣ ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо модари кўдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кўдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кўдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.

 

Моддаи 51.  Аз ҷониби суд муқаррар намудани далели  эътирофи падарӣ

Дар ҳолати фавти шахсе, ки худро падари кўдак эътироф мекард, вале бо модари кўдак ақди никоҳ надошт, далели падар  эътироф  шудани ў метавонад аз рўи қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунҳои  мурофиаи гражданӣ ба тартиби судӣ муқаррар карда шавад.

 

Моддаи 52 хориҷ карда шавад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 53.  Баҳси муайянкунии падарӣ  (модарӣ)

  1. Сабти падару модар дар дафтари сабти таваллуди кўдак, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ сурат гирифтааст, собиткунандаи аслу насаби кўдак аз шахсони дар он зикргардида буда он танҳо ба  тартиби судӣ бо талаби шахси ҳамчун падар ё модари кўдак сабтёфта ё шахсе, ки воқеан падар ё модари кўдак мебошад, инчунин аз ҷониби васии падарӣ, модарӣ қудак, инчунин худи кўдак ҳангоми расидан ба синни балоғат, васии падар ё модари аз тарафи суд ғайри қобили амал эътирофгардида мавриди баҳс қарор гирифта метавонад. (қҷт 29.04.06 №183)
  2. Талаби шахсе, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ падари кўдак сабт шудааст, дар мавриди баҳси падарӣ қонеъ гардонида намешавад, агар дар лаҳзаи сабт ин шахс медонист, ки ў воқеан падари кўдак  намебошад. (қҷт 29.04.06 №183)
  3. Шахсе, ки ба сифати падар ё модари кўдак сабт шудааст, ё шахсе, ки воқеан падари кўдак аст, дар сурати фавти модар ё аз ҳуқуқи падару модар маҳрум кардани ў ҳуқуқ дорад дар давоми як сол аз он вақте, ки ба ў  сабти гузаронидашуда маълум гардидаст ё мебоист маълум гардад, баҳс  кунад. Агар то ин  муддат шахси падар ё модар сабтгардида шахси ноболиғ  ҳисоб шавад, мўҳлати як сол  аз рўзи ба синни ҳаждаҳсолагӣ расидани ў ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Моддаи 54.  Ҳуқуқу ўҳдадориҳои фарзандоне, ки аз шахсони бо ҳам ақди никоҳ надошта таваллуд ёфтаанд

Агар муқаррар намудани ҳуқуқи падарӣ мувофиқи тартиби пешбининамудаи моддаҳои 50 ва 51 Кодекси мазкур сурат гирифта бошад, фарзандон нисбат ба падару модар ва хешу ақрабояшон дорои ҳуқуқу ўҳдадориҳое мебошанд, ки кўдакони аз шахсони бо ҳам ақди никоҳбаста доранд. (қҷт.26.12.2011 №791)

БОБИ  11
ҲУҚУҚИ  КЎДАКОНИ НОБОЛИҒ

 

Моддаи 55.  Ҳуқуқи кўдак  барои зиндагӣ  ва тарбия дар оила

  1. Кўдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ ( ба синни балоғат) нарасидааст.
  2. Ҳар кўдак ҳуқуқ дорад, ки дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад. Кўдак ба ғамхории падару модар, таъмини манфиатҳояш, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъни инсонии худ ҳуқуқ дорад.

Дар сурати набудани падару модар, аз  ҳуқуқи падару модари маҳрум кардани онҳо ва дар ҳолатҳои дигари аз даст додани васояти падару модар, ҳуқуқи кўдак барои тарбия дар оила мувофиқи  тартиби муқаррарнамудаи боби 18 ҳамин Кодекс  аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ  таъмин карда   мешавад.

 

 

 

Моддаи 56.  Ҳуқуқи кўдак барои муошират бо падару модар ва дигар хешу ақрабо

  1. Кўдак ҳуқуқи муоширатро бо падару модар, бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва дигар хешу ақрабо дорад. Бекор кардани ақди никоҳ аз ҷониби падару модар, беэътибор донистани он ё зиндагии ҷудогонаи падару модар ба ҳуқуқи кўдак таъсир намерасонад.

Дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модари кўдак ҳуқуқ дорад, ки бо ҳар кадоми онҳо муошират кунад. Кўдак инчунин ҳуқуқ дорад  дар сурати дар давлатҳои  мухталиф зиндагӣ кардани падару модар ва баъди бекор кардани ақди никоҳ низ бо онҳо муошират кунад.

  1. Фарзанде, ки дар ҳолати фавқулодда қарор дорад (ҳангоми дастгир кардан, ба ҳабс гирифтан, дар маҳбас нигоҳ доштан,  дар муассисаи тиббӣ будан ва ғайра) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун барои муошират  бо падару модар ва дигар хешу ақрабои худ ҳуқуқ дорад. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 57.  Ҳуқуқи кўдак ба ҳимоя

  1. Кўдак ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ ҳуқуқ дорад.

Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кўдакро падару модар (шахсоне, ки онҳоро  иваз мекунанд) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, мақомоти васояту парасторӣ,  прокурор ва суд ҳимоя мекунанд.

  1. Кўдак ҳуқуқ дорад аз сўиистифодаи падару модар (шахсони ивазкунандаи онҳо) ҳифз карда шавад.

Ҳангоми вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои  қонунии кўдак, аз ҷумла иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани ўҳдадориҳо аз  ҷониби падару модар (яке аз онҳо) оид ба тарбияю таълими кўдак ё суиистифода  аз ҳуқуқҳои падару модарӣ кўдак ҳуқуқ  дорад ба мақоми васоят ва парасторӣ ва пас аз расидан ба синни чордаҳсолагӣ ҷиҳати ҳимоя аз  ҷониби онҳо ба суд муроҷиат кунад. (қҷт.26.12.2011 №791)

  1. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ва дигар шаҳрвандоне, ки аз таҳдид ба ҳаёт ё саломатии кўдак ё поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳои кўдак дар оила огоҳӣ пайдо мекунанд, вазифадоранд дар ин хусус ба мақоми васояту парастори маҳали воқеии истиқомати кўдак маълумот диҳанд. Ҳангоми гирифтани чунин маълумот мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кўдак чораҳои зарурӣ андешад.

Мақоми васояту парасторӣ  ҳуқуқ доранд, дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти  корҳои дохилӣ ба оилаҳое, ки дар онҳо зиндагӣ кардани кўдакон ба ҳаёту саломатии онҳо хатарнок аст,  бемонеа ворид шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

Моддаи 571. Ҳуқуқи кўдак барои озодона изҳор намудани фикри худ

1.Кўдак ҳуқуқ дорад дар ҳалли ҳама гуна масъалаҳои оилавӣ, ки ба манфиатҳои ў дахл доранд, фикри худро озодона изҳор намояд, ҳамчунин дар рафти мурофиаҳои судӣ ва маъмурӣ иштирок кунад. Ба инобат гирифтани фикри кўдаки аз синни даҳсола боло ҳатмӣ мебошад, ба истиснои мавридҳое, ки ин хилофи манфиатҳои ў мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур мақомоти васоят ва парасторӣ ё суд метавонанд танҳо бо ризоияти кўдаки аз синни даҳсола боло қарор қабул намоянд.

 2.Муассисаҳои таълимии то мактабӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва падару модар бояд барои озодона изҳор  намудани фикри кўдак дар ҷомеа ва оила шароит фароҳам оваранд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

 

 

 

Моддаи 58. Ҳуқуқи кўдак ба доштани насаб, ном ва номи падар

  1. Кўдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад.
  2. Тартиби номгузорӣ ва сабти насаб, ном ва номи падари кўдак дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)

 

Моддаи 59 хориҷ карда шавад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 60. Ҳуқуқи молумулкии кўдак (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Кўдак мувофиқи тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз падарӣ, модарӣ худ ва аъзои дигари оила ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад.
  2. Кўдак ба даромади бадастоварда, молу мулки ҳадья ё меросгирифта ва ҳама гуна молу мулки дигаре, ки тибқи қонун ба ў тааллуқ дорад, дорои ҳуқуқи моликият мебошад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Ҳуқуқи кўдак барои ихтиёрдории молу мулки таҳти моликияташ қарордошта тибқи меъёрҳои  дахлдори қонунгузории граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Дар сурати ваколати идоракунии молу мулки кўдакони ноболиғро анҷом додани падару модар нисбат ба  онҳо қоидаҳое татбиқ мегарданд, ки дар қонунҳои гражданӣ дар мавриди ихтиёрдории молу мулки шахси таҳти парасторӣ  гирифташуда пешбинӣ шудаанд. (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Ҳангоми дар қайди ҳаёт будани волидон, кўдак ҳуқуқи моликият ба молу мулки онҳо ва падар ё модар ҳуқуқи моликият ба молу мулки кўдакро надоранд. Фарзандон ва падару модар, ки якҷоя зиндагӣ мекунанд, молу мулки ҳамдигарро бо мувофиқаи муштарак соҳибӣ мекунанд ва истифода мебаранд. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Дар сурати ба миён омадани ҳуқуқи моликияти умумии падару модар ва кўдак ҳуқуқи онҳо дар мавриди соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории молу мулки умумӣ тибқи қонунҳои гражданӣ муайян карда мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)

БОБИ  12

ҲУҚУҚ ВА  ЎҲДАДОРИҲОИ ПАДАРУ МОДАР

 

Моддаи 61.  Баробарии ҳуқуқу ўҳдадориҳои падару модар

  1. Падару модар нисбати фарзандонашон ҳуқуқу ўҳдадориҳои баробар доранд (ҳуқуқи волидон).
  2. Ҳуқуқҳои падару модар, ки дар ҳамин боб пешбинӣ шудааст, ҳангоми ба синни ҳаждаҳсолагӣ (синни балоғат) расидани кўдакон, инчунин ҳангоми ақди никоҳ бастани кўдакони ноболиғ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун дар мавриди аз ҷониби кўдакон  то ба синни балоғат расиданашон ба даст овардани қобилияти пурраи амал,  қатъ мегардад. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 62.  Ҳуқуқи падарӣ, модарӣ ноболиғ

  1. Падарӣ, модарӣ ноболиғ ҳуқуқ доранд бо кўдак мустақилона зиндагӣ кунанд ва дар тарбияи ў иштирок намоянд.
  2. Падарӣ, модарӣ ноболиғ, ки ақди никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кўдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни шонздаҳсолагӣ расидани падарӣ, модарӣ ноболиғ ба кўдак васӣ таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо падарӣ, модарӣ ноболиғ тарбияи кўдакро анҷом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кўдак ва падарӣ, модарӣ ноболиғ ба миён меоянд, аз ҷониби мақоми васояту парасторӣ ҳал карда мешаванд. (қҷт 29.04.06 №183); «қҷт 21.07.2010 №613»
  3. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани падарӣ ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандонашон доранд. (қҷт 29.04.06 №183); «қҷт 21.07.2010 №613»

 

Моддаи 63. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои падару модар дар  тарбия ва таълими фарзандон

  1. Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳуқуқу ўҳдадорӣ мебошанд.

Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рўҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомўзии фарзандонашон ғамхорӣ  намоянд.

Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

  1. Падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳсилоти умумии асосӣ, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд. (қҷт 29.04.06 №183)

Падару модар ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хоҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълимӣ ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз ҷониби онҳо гирифтани маълумоти  умумии асосӣ  интихоб намоянд.

3.Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқуўҳдадорӣ ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

 

Моддаи 64. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои  волидон   ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои фарзандон

  1. Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакони ноболиғ ба зиммаи волидони онҳо гузошта мешавад.

3.Падару модар дар таълиму тарбияи фарзандони худ дорои дигар ҳуқуқуўҳдадорӣ ва масъулияте мебошанд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

  1. Падару модар наметавонанд аз ҳуқуқи фарзандони худ намояндагӣ кунанд, агар мақоми васоят ва парасторӣ муқаррар карда бошад, ки байни манфиатҳои падару модар ва фарзандон ихтилоф вуҷуд дорад. Дар сурати ихтилофот байни падар ё модар ва кўдакон мақоми васоят ва парасторӣ вазифадоранд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои  кўдакон намоянда таъин кунанд.

 

Моддаи 65. Татбиқи ҳуқуқу ўҳдадориҳои  падару модар

  1. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои падару модар набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзўи асосии ғамхории волидон бошад.
  2. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи падару модар он набояд ба саломатии ҷисмонию рўҳии кўдак ва такомули маънавии ў зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кўдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кўдак ё суиистифода ва истисмори кўдакро аз ҷониби падару модар истисно кунанд.

Падару модаре, ки ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кўдак татбиқ менамоянд,  мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

  1. Тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандонро волидон бо ризоияти ҳамдигар ва бо назардошти манфиати кўдакон ва фикру ақидаи онҳо ҳал менамоянд. Дар сурати ҷой доштани ихтилофот, падару модар (яке аз онҳо) барои ҳалли ин ихтилофотхо метавонанд ба мақоми васояту парасторӣ ё суд муроҷиат кунанд.
  2. Ҷои истиқомати кўдак дар сурати ҷудо зиндагӣ кардани падару модар бо мувофиқаи байни онҳо муқаррар карда мешавад. Дар сурати набудани мувофиқа, баҳси падару модарро суд дар асоси манфиати кўдакон ва бо назардошти фикру хоҳиши онҳо ҳал менамояд. Зимнан суд дилбастагии (меҳри) кўдакро нисбат ба падар ё модар, бародару хоҳарон, синну соли кўдак, сифати маънавӣ ва дигар сифатҳои хосаи падару модар, муносибате, ки байни падар ва модар ва кўдак мавҷуд аст, имконоти ба кўдак фароҳам овардани шароити тарбия ва рушду камоли он ( навъи фаъолият, низоми кори падару модар, вазъи моддӣ ва оилавии падару модар ва ғайраро) ба инобат мегирад.

 

Моддаи 66. Татбиқи ҳуқуқу ўҳдадориҳои падару модар аз ҷониби падар ё модаре, ки аз фарзандаш ҷудо зиндагӣ мекунад

  1. Падар ё модаре, ки аз фарзанд ҷудо зиндагӣ мекунад, барои муошират бо кўдак ҳуқуқ дорад ва вазифадор аст дар тарбияи ў ва ҳалли масъалаи гирифтани таҳсилоти кўдак иштирок намояд. (қҷт 29.04.06 №183)

Падар ё модаре, ки фарзанд бо ў зиндагӣ мекунад, набояд монеи муоширати фарзанд бо падар ё модар бошад.

  1. Падару модар метавонанд дар хусуси тартиби татбиқи ҳуқуқу ўҳдадориҳои худ аз ҷониби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, созишномаи хаттӣ банданд.

Агар падару модар мувофиқа карда натавонанд, баҳсро суд бо талаби падару модар (яке аз онҳо), бо иштироки мақоми васояту парасторӣ,  ҳал менамояд.

  1. Дар сурати иҷро накардани ҳалномаи суд, нисбати падар ё модари гунаҳкор чораҳои пешбининамудаи қонунҳои мурофиаи гражданӣ татбиқ мешаванд. Ҳангоми қасдан иҷро накардани ҳалномаи суд, бо дарназардошти манфиати кўдак ва фикру хоҳиши ў, суд метавонад бо талаби падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунад, дар хусуси ба ў додани  кўдак  ҳалнома  қабул намояд.
  2. Падар ё модаре, ки аз кўдак ҷудо зиндагӣ мекунад ,ҳуқуқ дорад аз муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва ғайра дар хусуси фарзанди худ маълумот гирад. Ин гуна маълумот он гоҳ дода намешавад, ки ба ҳаёт ва саломатии кўдак аз тарафи падар (модар) таҳдид мавҷуд бошад. Оид ба дода нашудани маълумот ба суд шикоят  кардан мумкин аст.

 

Моддаи 67.  Ҳуқуқи  бобо, бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва  дигар  хешовандон  барои   муошират бо кўдак

  1. Бобою бибӣ (модаркалон), бародарону хоҳарон ва хешовандони дигар барои муошират  бо  кўдак ҳуқуқ доранд.
  2. Дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) барои муоширати хешовандони наздик бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон бо кўдак имконият надиҳанд, мақоми васояту парасторӣ метавонад падару модарро (яке аз онҳоро) вазифадор созанд, ки монеи ин муошират нашаванд.
  3. Агар падару модар (яке аз онҳо) ба қарори мақомоти васояту парасторӣ итоат накунанд, бобою бибӣ (модаркалон), бародару хоҳарон ё мақомоти васояту парасторӣ метавонанд ҷиҳати рафъи монеаи муошират бо кўдак ба суд бо даъво муроҷиат намоянд. Суд баҳсро бо назардошти  манфиати кўдак ва фикру хоҳиши ў ҳал менамояд.

Дар сурати иҷро накардани  ҳалномаи суд нисбати  падар ё модари гунаҳкор  чораҳои  пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ  мешаванд. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 68.  Ҳимояи ҳуқуқи падару модар

  1. Падару модар ҳуқуқ доранд баргардонидани фарзандонашонро аз ҳар шахсе, ки бе асоси қонунӣ ё ҳалномаи суд онҳоро дар наздаш нигоҳ медорад, талаб намоянд. Дар сурати ба миён омадани  баҳс падару модар метавонанд барои ҳимояи ҳуқуқашон  ба суд муроҷиат намоянд.

Ҳангоми баррасии ин талабот суд бо назардошти фикру хоҳиши кўдак  метавонад даъвои падару модарро қонеъ нагардонад, агар ба хулоса ояд, ки ба падару модар баргардонидани кўдак ба манфиати кўдак нест.

  1. Агар суд муқаррар намояд, ки на падару модар ва на шахсоне, ки кўдак дар наздашон мебошад, ба тарбияи сазовори ў қодир нестанд, он гоҳ суд кўдакро барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ медиҳад. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 69. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ

  1. Падару модар (яке аз онҳо) метавонанд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шаванд, агар онҳо:

— аз  иҷрои ўҳдадориҳои падару модарӣ, аз ҷумла додани алимент қасдан саркашӣ кунанд;

— бе сабабҳои узрнок аз таваллудхона (таваллудгоҳ) ё муассисаи дигари тиббӣ ё тарбиявӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё дигар муассисаҳои монанди он  гирифтани фарзанди худро рад намоянд;

— аз ҳуқуқи  падару модарии худ  суиистифода намоянд;

— ба фарзандон муносибати бераҳмона кунанд, аз ҷумла нисбати онҳо зўроварии ҷисмонӣ ё рўҳиро раво бинанд, ба дахлнопазирии ҷинсии онҳо сўиқасд намоянд;

— майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд;

— бар зидди ҳаёт ва саломатии фарзандони худ ё саломатии ҳамсари худ қасдан ҷиноят содир карда бошанд.

 

Моддаи 70.  Тартиби маҳрум кардан  аз ҳуқуқи  падару модарӣ

  1. Маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ ба амал бароварда мешавад.

Парвандаи оид ба маҳрум кардан  аз ҳуқуқи падару модарӣ дар асоси аризаи яке аз падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), прокурор, инчунин  мақомоту муассисаҳои давлатӣ, ки вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кўдакони  ноболиғ ба зиммаашон гузошта шудааст (мақомоти васояту парасторӣ, муассисаҳо барои кўдакони ятим ва кўдакони  аз ғамхории  падару модар маҳруммонда ва ғайра), баррасӣ мегардад.

  1. Парвандаҳои оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ бо иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
  2. Ҳангоми баррасии парвандаҳо дар хусуси маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кўдак ситонидани алиментро аз падарӣ, модарӣ (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгашта ҳал мекунад.
  3. Агар суд ҳангоми баррасии парвандаи маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ дар амалҳои падару модар (яке аз онҳо) аломатҳои кирдори сазовори ҷазои ҷиноятиро ошкор намояд, он гоҳ суд вазифадор аст, ки дар ин хусус прокурорро огоҳ созад. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 71. Оқибати маҳрум кардан аз  ҳуқуқи падару модарӣ

  1. Падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум карда шудаанд аз тамоми ҳуқуқҳое, ки дар асоси далели хешӣ бо кўдак муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани таъминот (моддаи 88 ҳамин Кодекс аз кўдаке, ки нисбати вай аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум гардидаанд, инчунин аз ҳуқуқи  имтиёзоту ёрдампулиҳои давлат, ки барои шаҳрвандони фарзанддор муқаррар шудаанд, маҳрум мегарданд.
  2. Маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ онҳоро аз вазифаи таъмин кардани фарзандашон озод намекунад.
  3. Масъалаи минбаъд якҷоя зиндагӣ кардани фарзандон ва падару модарро (яке аз онҳоро), ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, суд мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои манзил ҳал мекунад.
  4. Кўдаке, ки нисбати ў падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд, ҳуқуқи моликиятро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молумулкии дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайяншуда, инчунин ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  5. Дар сурати имконнопазирии ба падар ё модар додани кўдак ё дар сурати аз ҳуқуқи падару модар маҳрум шудани падару модар кўдак ба тарбияи мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад.
  6. Ба фарзандхондӣ гирифтани кўдак дар сурати аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) танҳо пас аз гузаштани мўҳлати на камтар аз шаш моҳ баъди баровардани ҳалномаи суд дар хусуси маҳрум кардани падару модар (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 72.  Барқарор намудани ҳуқуқи  падару модарӣ

  1. Ҳуқуқи падару модарӣ (яке аз онҳо) дар сурате барқарор шуда метавонад, ки агар рафтору кирдор, тарзи зиндагӣ ва муносибати онҳо нисбат ба тарбияи кўдак ба тарафи мусбӣ тағйир ёфта бошад.
  2. Ҳуқуқи падару модарӣ ба тартиби судӣ дар асоси аризаи падар ё модари аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумгардида, бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ, инчунин прокурор барқарор карда мешавад.
  3. Ҳамзамон бо даъвои падару модар (яке аз онҳо) дар хусуси барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ мумкин аст талаби баргардонидани кўдак ба падару модар баррасӣ карда шавад.
  4. Суд метавонад бо назардошти фикри кўдак даъвои падару модарро (яке аз онхоро) барои барқароркунии ҳуқуқи падару модарӣ рад кунад, агар он хилофи манфиатҳои кўдак бошад.

Барқарор намудани ҳуқуқи падару модарӣ нисбати кўдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо назардошти фикри  ў мумкин  аст.

Агар кўдак фарзандхонд шуда бошад ва фарзандхондӣ беэътибор дониста нашуда бошад (моддаи 140 ҳамин Кодекс) барқарор намудани ҳуқуқи  падару  модарӣ мумкин нест.

Моддаи 73.  Гирифтани  кўдак  бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи  падару модарӣ

  1. Суд метавонад бо назардошти манфиати кўдак дар бораи гирифтани кўдак аз падару модар (яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ) ҳалнома  қабул намояд.
  2. Гирифтани кўдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ дар ҳолате мумкин аст,  ки агар бо падару модар (яке аз онҳо) гузоштани кўдак ба сабабҳои ба онҳо вобаста набуда (дар асари ноқисии рўҳӣ ё дигар бемории кўҳна, шароити вазнин ва ғайра) барои кўдаки ноболиғ хатарнок бошад. (қҷт.26.12.2011 №791)

Гирифтани кўдак инчунин дар ҳолате мумкин аст, ки агар гузоштани кўдак бо падару модар (яке аз онҳо) ба сабаби бадрафториашон барои кўдак хатарнок буда, вале барои маҳрум кардани падару модар (яке аз онхо) аз ҳуқуқи падару модарӣ  асоси кофӣ вуҷуд надорад. Агар падару модар (яке аз онҳо) дар  давоми шаш моҳи баъди аз ҷониби суд гирифтани кўдак рафтори худро  ислоҳ накунанд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки дар хусуси  аз ҳуқуқи падару модарӣ  маҳрум кардани ў даъво пешниҳод намоянд. Мақомоти васоят ва парасторӣ ҳуқуқ доранд ба манфиати кўдак то гузаштани ин мўҳлат  дар мавриди маҳрум кардани падар ё модар ( яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падару модарӣ  даъво пешниҳод  кунанд.

  1. Даъво дар хусуси гирифтани кўдак аз тарафи мақомоту муассисаҳои давлатие, ки қонун вазифаи ҳимояи ҳуқуқи кўдакони  ноболиғро ба зиммаашон гузоштааст (қисми 1 моддаи 70 ҳамин Кодекс), муассисаҳои тарбиявӣ, тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳо, хешовандони наздики кўдак, инчунин прокурор  пешниҳод шуда метавонад.
  2. Парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ бо  иштироки прокурор ва мақомоти васояту парасторӣ баррасӣ мешаванд.
  3. Ҳангоми баррасии парванда оиди маҳдуд кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ суд масъалаи барои кўдак аз падару модар (яке аз онҳо) ситонидани алиментро ҳал мекунад.
  4. Суд вазифадор аст, ки дар мўҳлати 3 рўзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи судӣ оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарию модарӣ, иқтибоси онро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷои бақайдгирии давлатии таваллуди кўдак фиристад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 74.  Оқибати маҳдуд кардани ҳуқуқи  падару модарӣ

  1. Падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, ҳуқуқи шахсан тарбия кардани кўдак, инчунин ҳуқуқи имтиёзу ёрдампулии давлатии барои шаҳрвандони кўдакдор муқарраргардидаро аз даст медиҳанд.
  2. Аз падару модар гирифтани кўдак падару модарро аз ўҳдадории таъминоти ў озод намекунад.
  3. Кўдаке, ки нисбати вай ҳуқуқи падару модар (яке аз онҳо) маҳдуд карда шудааст, ҳуқуқи моликиятии худро ба манзили истиқоматӣ, ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ, инчунин ҳуқуқи молу мулкиеро, ки дар асоси далели хешӣ бо падару модар ва хешовандони дигар муайян шудаанд, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани меросро нигоҳ медорад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  4. Кўдаке, ки аз падару модар гирифта шудааст, барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ супорида мешавад. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 75.  Муоширати  кўдакон бо падару модаре, ки ҳуқуқашонро суд маҳдуд кардааст

Ба падару модаре, ки суд ҳуқуқи падару модариашонро маҳдуд кардааст, мумкин аст барои муошират бо кўдак иҷозат дода шавад , ба шарте, ки он ба кўдак таъсири зарарнок надошта, ба ҳаёту саломатии кўдак хатарнок набошад. Муоширати падару модар бо кўдак бо розигии мақомоти васояту парасторӣ ё васӣ (парастор) ва ё маъмурияти муассисае, ки кўдак  дар он мебошад,  мумкин аст.

 

Моддаи 76. Бекор кардани маҳдудияти ҳуқуқи падару модарӣ

  1. Агар асосҳои барои маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ сабаб шуда, аз байн раванд, суд мувофиқи даъвои падару модар (яке аз онҳо) метавонад дар хусуси ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кўдак ва бекор кардани маҳдудиятҳои дар моддаи 74 ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳалнома қабул намояд.
  2. Суд бо назардошти фикру хоҳиши кўдак метавонад даъворо қонеъ нагардонад, агар ба падару модар (яке аз онҳо) баргардонидани кўдак хилофи манфиатҳои  кўдак бошад.

 

Моддаи 77.  Гирифтани кўдак ҳангоми таҳдиди  бевосита  ба ҳаёт  ё  саломатии  ў

  1. Дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кўдак, мақоми васояту парасторӣ ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кўдак аз падару модар (яке аз онҳо) ё дигар шахсоне, ки ў таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд.
  2. Дар сурати бетаъхир гирифтани кўдак мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, мувақаттан ҷойгир намудани кўдакро таъмин намояд ва дар мўҳлати ҳафт рўзи пас аз тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи  гирифтани кўдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падару модарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ  ба суд муроҷиат  намояд.

 

Моддаи 78. Иштироки мақомоти васояту парасторӣ ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста ба тарбияи кўдакон

  1. Ҳангоми дар суд баррасӣ намудани баҳсҳои вобаста бо тарбияи кўдакон сарфи назар  аз он ки даъвои ҳимояи онҳоро кӣ пешниҳод кардааст, мақоми васояту парасторӣ  бояд ҷиҳати иштирок дар баррасии парванда ҷалб карда шавад.
  2. Мақоми васояту парасторӣ вазифадор аст шароити зиндагии кўдак ва шахсеро (шахсонеро), ки даъвои тарбия кардани ўро дорад, санҷиш намуда, ба суд санади санҷиш ва хулосаи ба он асосёфтаро доир ба моҳияти баҳс пешниҳод кунад.

 

Моддаи 79. Иҷрои ҳалномаи суд оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кўдакон

  1. Иҷрои ҳалномаҳои судҳо оид ба парвандаҳои вобаста бо тарбияи кўдакон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» аз ҷониби иҷрочии суд, бо иштироки ҳатмии мақомоти васояту парасторӣ ба амал бароварда мешавад. (қҷт.26.12.2011 №791)
  2. Иҷрои маҷбурии ҳалномаҳои вобаста бо гирифтани кўдакон ва ба шахси (шахсони) дигар додани онҳо бояд бо иштироки ҳатмии мақоми васоят ва парасторӣ ва шахсе (шахсоне), ки кўдак ба ў дода мешавад ва дар  ҳолатҳои зарурӣ бо иштироки намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ ба амал бароварда  мешавад.
  3. Ҳангоми ғайриимкон будани иҷрои ҳалномаи суд дар мавриди ба дигар кас додани кўдак бе расонидани зарар ба манфиати кўдак, ў тибқи таъиноти суд мувақаттан дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё дигар муассисаи ба ин монанд ҷойгир карда шуданаш мумкин аст. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)
  4. Агар падар ё модар (шахси дигар, ки кўдак таҳти парастории ў қарор дорад) барои амалӣ кардани ҳалномаи суд монеагӣ намояд, нисбати ў чораҳое, ки дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ пешбинӣ гардидаанд, татбиқ карда мешаванд. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Ф А С Л И  V

ЎҲДАДОРИҲОИ  АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ  ОИЛА

 

БОБИ  13

ЎҲДАДОРИИ АЛИМЕНТДИҲИИ  ПАДАРУ МОДАР  ВА ФАРЗАНДОН

 

Моддаи 80. Ўҳдадориҳои алиментдиҳии падару модар  барои таъминоти фарзандони ноболиғ

  1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони ноболиғи худро таъмин намоянд. Тартибу шаклҳои таъминоти фарзандонро падару модар мустақилона муайян менамоянд.
  2. Падару модар ҳуқуқ доранд дар мавриди таъминоти фарзандони ноболиғи худ созишнома (созишнома дар хусуси  пардохти алимент) мувофиқи боби 16 ҳамин Кодекс) банданд.
  3. Агар падару модар фарзандони худро таъмин накунанд, маблағ барои таъминоти онҳо (алимент) аз падару модар тибқи тартиби муқаррарнамудаи судӣ ситонида мешавад. (қҷт 29.04.06 №183)
  4. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар мавриди пардохти алимент, ҳангоми таъмин накардани фарзандони ноболиғ ва ҳангоми ба суд пешниҳод накардани даъво мақоми васоят ва парасторӣ ҳақ дорад нисбат ба падару модар ( яке аз онҳо) дар хусуси ситонидани алимент барои фарзандони ноболиғ даъво пешниҳод кунад.

 

Моддаи 81.  Андозаи  алименте, ки  барои  кўдакони ноболиғ тибқи тартиби судӣ ситонида мешавад

  1. Ҳангоми мавҷуд набудани созишнома дар хусуси пардохти алимент барои фарзандони ноболиғ суд аз падарӣ, модарӣ онҳо ҳар моҳ ба андозаи зерин алимент мерўёнанд: барои як фарзанд чорьяк, барои ду фарзанд сеяк, барои се фарзанд ва зиёда аз он — нисфи музди меҳнат ва даромади дигари падару модар.
  2. Ҳачми ин саҳм бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷўҳ аз ҷониби суд кам ё зиёд карда шуданаш мумкин аст.
  3. Агар кўдакон таҳти таъминоти пурраи давлат ё ташкилоти ҷамъиятӣ қарор гирифта бошанд, суд ҳуқуқ дорад андозаи алиментро кам кунад ё аз пардохти он озод намояд. Маблағҳое, ки аз падару модар барои таъминоти кўдакони дар муассисаҳои кўдаконаи давлатӣ ҷойгиркардашуда пардохта мешаванд, дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қисми якуми ҳамин модда ба ҳисобномаҳои шахсии тарбиятгирандагон дар бонкҳои амонатӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 82. Навъҳои музди меҳнат ва дигар даромаде, ки аз онҳо  барои кўдакони  ноболиғ   алимент ситонида мешавад

Навъи музди меҳнат ва (ё) дигар даромаде, ки падару модар бо асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ мегиранд ва аз онҳо барои таъминоти кўдакони ноболиғ тибқи моддаи 81 ҳамин Кодекс бояд алимент ситонида шавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 83.  Ба маблағи устувор ситонидани  алимент барои кўдакони ноболиғ

  1. Ҳангоми набудани созишномаи падару модар дар хусуси пардохти алимент ба кўдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағьирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷӣ гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар , инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.
  2. Андозаи маблағи устувор аз тарафи суд дар асоси имконияти нигоҳ доштани сатҳи ҳадди аксари дараҷаи пештараи таъминоти кўдак бо назардошти вазъи моддию оилавии тарафҳо ва ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷўҳ муайян  карда мешавад.
  3. Агар дар назди ҳар кадоме аз падару модар фарзандон монда бошанд, андозаи алимент аз ҳар як падар ё модар ба падар ё модаре, ки камтар таъмин мебошад, бо маблағи устувори пулӣ, ки онро суд мутобиқи қисми дуюми ҳамин модда муқаррар намудааст, ҳар моҳ ситонида мешавад.

 

Моддаи 84. Ситонидан  ва истифодаи алимент барои  кўдаконе, ки бе парастории падару модар  мондаанд

  1. Барои кўдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент мутобиқи моддаҳои 81-83 ҳамин Кодекс ситонида шуда, ба васии (парастори) кўдак пардохта мешавад.
  2. Алименте, ки аз падару модар барои кўдакони бе парастории падару модар монда ва дар муассисаҳои дахлдори тарбиявӣ, табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарордошта ситонида мешавад, ба ҳисобномаҳои ин муассисаҳо гузаронида шуда, дар онҳо вобаста ба ҳар кўдак алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад.

Муассисаҳои мазкур метавонанд ин маблағро ба бонкҳо ва муассисаҳои дигари кредитӣ гузаронанд. Панҷоҳ фоизи даромаде, ки аз муомилоти маблағи воридгардидаи алимент ба даст меояд, барои таъминоти кўдакон  дар ин муассисаҳо истифода мешавад. Ҳангоми муассисаи мазкурро тарк кардани кўдак, маблағи алименти барои ў гирифташуда ва панҷоҳ фоизи даромад аз муомилоти он дар шўъбаи бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби шахсии кўдак гузаронида мешавад.

 

Моддаи 85. Ҳуқуқи фарзандони болиғи ғайри  қобили  меҳнат  ба алимент

  1. Падару модар вазифадоранд, ки фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнати ба кўмак эҳтиёҷманди худро таъмин намоянд.
  2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи пардохти алимент суд ҳаҷми алиментро, ки барои кўдакони болиғи ғайри қобили меҳнат ҳар моҳ бо пули устувор ситонида мешаванд, бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷўҳи тарафҳо муайян менамояд.

 

Моддаи 86. Ҳуқуқи фарзандони болиғи  таҳсилкунанда  ба алимент

  1. Суд метавонад барои фарзандони ба синни балоғат расида, ки донишҷўёни таҳсили рўзонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мебошанд, мутаносибан то ба синни бистсолагӣ ва бистучорсолагӣ расиданашон аз волидон алимент ситонад. (қҷт 29.04.06 №183); (қҷт.26.12.2011 №791)
  2. Андозаи алименти ҳар моҳ бо пули устувор ситонидашаванда аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавӣ ва манфиатҳои қобили таваҷҷўҳи тарафҳо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 87. Иштироки падару модар дар хароҷоти  иловагӣ  барои фарзандон

  1. Дар сурати мавҷуд набудани созишнома ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маиб шудани кўдакони ноболиғ ё болиғи ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, зарурати пардохти маблағ ба бегонагон барои нигоҳубин ва ғайра)  ҳар яке аз падару модар аз ҷониби суд барои иштирок  намудан дар хароҷоти   иловагӣ вобаста ба чунин ҳолатҳо ҷалб шуданаш мумкин аст.

Тартиби иштироки ҳар кадоме аз волидонро дар хароҷоти иловагӣ аз тарафи суд, бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва дигар манфиатҳои қобили таваҷҷўҳи тарафҳо бо маблағи устуворе, ки бояд ҳар моҳ пардохта  мешавад, муайян мегардад.

  1. Суд ҳуқуқ дорад падару модарро барои иштирок намудан дар хароҷоти иловагии воқеан суратгирифта ва ҳамчунин хароҷоти иловагие, ки бояд дар оянда сурат гирад,  вазифадор созад.

 

Моддаи 88. Ўҳдадории фарзандони болиғ барои  нигоҳубини падару модар

  1. Фарзандони болиғи қобили меҳнат ўҳдадоранд, ки падарӣ, модарӣ ғайри қобили меҳнати ба кўмак мўҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.
  2. Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент барои падарӣ, модарӣ ғайри қобили меҳнати мўҳтоҷ, аз фарзандони болиғи қобили меҳнат барои онҳо ба тартиби судӣ алимент ситонида мешавад.
  3. Андозаи алименте, ки ҳар моҳ аз ҳар фарзанд ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддӣ ва оилавии падару модару фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷўҳи тарафҳо бо маблағи устувор  муайян карда  мешавад.
  4. Бо талаби ҷавобгар суд ҳангоми муайян намудани андозаи алимент ҳамаи фарзандони болиғи қобили меҳнати падар ё модари мазкурро, сарфи назар аз он, ки талабот нисбати ҳамаи фарзандон ё танҳо ба як нафар ё якчанд  нафари онҳо пешниҳод гардидааст, бояд баҳисоб гирад. (қҷт.26.12.2011 №791)
  5. Фарзандон аз ўҳдадориҳои таъмини падарӣ, модарӣ ғайри қобили меҳнати мўҳтоҷи худ озод буда метавонанд, агар суд муқаррар созад, ки падару модар аз иҷрои вазифаҳои падарию модарии худ саркашӣ мекарданд.

Фарзандон аз пардохти алимент ба падару модаре, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ  маҳрум гардидаанд, озод карда мешаванд.

 

Моддаи 89.  Иштироки фарзандони  болиғ  дар  пардохтани хароҷоти иловагӣ барои  падару модар

  1. Дар ҳолатҳое, ки фарзандони болиғ нисбати падарӣ, модарӣ ғайри қобили меҳнат ғамхорӣ накунанд ва дар ҳолатҳои истисноӣ (бемории вазнин, маибшавии падару модар, зарурати пардохти маблағи нигоҳубин барои бегонагон ва ғайра)  суд метавонад фарзандони болиғи қобили меҳнатро барои иштирок намудан дар пардохтани хароҷоти иловагие, ки вобаста ба ин ҳолатҳо ба миён омадаанд, ҷалб намояд.
  2. Андоза ва тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ аз ҷониби ҳар фарзанди болиғи қобили меҳнат аз тарафи суд бо назардошти вазъи моддию оилавии падару модар ва фарзандон ва манфиатҳои қобили таваҷҷўҳи тарафҳо, бо риояи қоидаҳои қисмҳои 4 ва 5 моддаи 88 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

3.Тартиби пардохти хароҷоти иловагӣ ва андозаи ин хароҷотро  бо  созишномаи тарафҳо муайян кардан мумкин аст.

БОБИ  14

ЎҲДАДОРИҲОИ  АЛИМЕНТДИҲИИ ЗАНУ ШАВҲАР ВА ЗАНУ

ШАВҲАРИ  СОБИҚ

 

Моддаи 90.  Вазифаи зану шавҳар  дар бобати  таъминоти  якдигар

  1. Зану шавҳар вазифадоранд якдигарро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намоянд.
  2. Дар сурати саркашӣ намудан аз чунин дастгирӣ ва набудани созишнома оид ба пардохти алимент дар байни зану шавҳар инҳо ҳуқуқ доранд аз ҳамсари худ, ки барои ин мақсад маблағи зарурӣ дорад, ба тартиби судӣ пардохти алиментро талаб кунанд:

— зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд;

— зан дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;

— зан ё шавҳари мўҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ҳаждаҳсола ё фарзанди умумии маъюби  модарзоди  гурўҳи якумро нигоҳубин мекунад.

 

Моддаи 91.  Ҳуқуқи зан ё шавҳари собиқ барои гирифтани алимент пас аз бекор кардани ақди никоҳ

  1. Шахсони зерин ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз зан ё шавҳари собиқи худ, ки маблағи заруриро доранд алимент талаб кунанд:

— зани собиқ дар давраи ҳомиладорӣ ва дар давоми се соли пас аз таваллуди фарзанди умумӣ;

— зан ё шавҳари собиқи мўҳтоҷе, ки фарзанди умумии маъюби то ба синни ҳаждаҳсолаги расидан ва фарзанди умумии   маъюби  модарзоди гурўҳи  якумро нигоҳубин мекунад;

— зан ё шавҳари собиқи ғайри қобили меҳнати мўҳтоҷе, ки қобилияти меҳнатро то бекор кардани никоҳ ё дар давоми як соли пас аз бекор кардани ақди никоҳ аз даст додааст;

— зан ё шавҳари мўҳтоҷе, ки на дертар аз панҷ соли пас аз лахзаи бекор кардани ақди никоҳ ба синни нафақа расидааст, агар зану шавҳар дар муддати  панҷ сол дар ақди ақди никоҳ буда бошанд.

  1. Андозаи алимент ва тартиби ба ҳамсари собиқ пардохтани онро пас аз лахзаи бекор кардани ақди никоҳ тибқи созишномаи  байни зан ва шавҳари собиқ муайян кардан мумкин аст

 

Моддаи 92. Андозаи алименте, ки тибқи тартиби судӣ барои таъминоти зану  шавҳар   ва зану  шавҳари собиқ ситонида мешавад

Дар сурати мавҷуд набудани созишнома байни зану шавҳар (зану шавҳари собиқ)  оиди пардохти алимент  андозаи алименте, ки ба тартиби судӣ ҳар моҳ  барои таъминоти зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ)  ситонида мешавад, аз тарафи суд дар шакли маблағи устувор  бо назардошти вазъи моддию оилавии зану шавҳар (зану шавҳари собиқ) ва манфиатҳои қобили таваҷҷўҳи тарафҳо  муайян мегардад.

 

Моддаи 93.  Аз  ўҳдадории таъмини ҳамсари худ  озод  намудани  зан  (шавҳар)  ё маҳдуд кардани мўҳлати  ўҳдадорӣ

Суд метавонад зан ё шавҳарро ҳам дар давраи никоҳ ва ҳам пас аз бекор кардани он дар ҳолатҳои зерин  аз ўҳдадории  таъмини ҳамсари худ озод кунад ё мўҳлати ин ўҳдадориро  ба таври  муайян маҳдуд созад:

— агар корношоямии зан ё шавҳари мўҳтоҷ дар натиҷаи суиистеъмол намудан аз машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ё дигармоддаҳои мадҳушкунанда ё қасдан ҷиноят содир намудани ў ба амал омада бошад; (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

— агар хонадории зану шавҳар  камтар аз панҷ сол давом карда бошад;

— агар зан ё шавҳаре, ки пардохти алиментро талаб мекунад дар оила рафтори ношоиста дошта бошад.

 

Моддаи 94. Қатъ гардидани ҳуқуқи таъминоти ҳамдигарии зан ё шавҳар

Ҳуқуқи зан ё шавҳар барои гирифтани таъминот  (алимент) аз ҳамсари худ дар мавридҳои зерин қатъ мегардад:

— агар зан ё шавҳари мўҳтоҷи корношоям вафот кунад;

— агар шартҳое, ки мутобиқи моддаҳои 90 ва 91 ҳамин Кодекс барои гирифтани алимент асос буданд, аз миён бардошта шаванд;

— агар зан ё шавҳари мўҳтоҷи корношоям аз нав хонадор шуда бошад.

 

БОБИ  15

ЎҲДАДОРИҲОИ АЛИМЕНТДИҲИИ АЪЗОИ ДИГАРИ ОИЛА

 

Моддаи 95. Ухдадории бародарону хоҳарон оиди  таъминоти бародарону хоҳарони ноболиғ ва болиги    корношоями худ

Бародарону хоҳарони ноболиғи мўҳтоҷи ёрӣ  дар сурати аз падарӣ, модарӣ худ  гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд, ба тартиби судӣ  аз бародарону хоҳарони болиғи қобили меҳнати худ, ки маблағи заруриро  доранд, алимент  гиранд. Чунин ҳуқуқ  инчунин ба бародарону хоҳарони корношоями болиғи мўҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз фарзандони болиғи худ зан ё шавҳар (зан ё шавҳари собиқ) ё падару модараш таъминотпулӣ гирифта натавонанд.

 

Моддаи 96.  Ўҳдадории бобою бибӣ (модаркалон)  оид ба таъминоти набераҳои худ

Набераҳои ноболиғи мўҳтоҷи ёрӣ дар сурати аз падарӣ, модарӣ худ гирифта натавонистани таъминот  ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз бобою бибии (модаркалони) худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд, алимент гиранд.

Чунин ҳуқуқ  инчунин ба наберагони корношоями болиғи мўҳтоҷе дода мешавад, ки агар онҳо аз ҳамсар (ҳамсари собиқ) ё падару модараш таъминот  гирифта натавонанд.

 

Моддаи 97. Ўҳдадориҳои набера оид ба  таъминоти  бобою бибӣ (модаркалон)

Бобою бибии (модаркалони) мўҳтоҷи корношоям дар сурати  аз фарзандони  болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ гирифта натавонистани таъминот ҳуқуқ доранд ба тартиби судӣ аз наберагони болиғи қобили меҳнати  худ, ки дорои маблағи зарурӣ мебошанд,  алимент  талаб кунанд.

 

Моддаи 98. Ўҳдадории писарандар ва духтарандар  оиди  таъминоти  падарандар ва  модарандар

  1. Падарандар ва модарандари корношоями мўҳтоҷе, ки писарандар ва духтарандари худро тарбия ва нигоҳубин кардаанд, агар онҳо аз фарзандони болиғи қобили меҳнат ё ҳамсари (ҳамсари собиқи) худ таъминот гирифта натавонанд, ҳуқуқ доранд аз писарандар ё духтарандари болиғи қобили меҳнат,  ки маблағи зарурӣ доранд, ба тартиби судӣ  таъминот  талаб намоянд.
  2. Суд ҳуқуқ дорад писарандар ва духтарандарро аз вазифаи таъмин кардани падарандар ё модарандар озод кунад, агар падарандар ё модарандар онҳоро на камтар аз се сол тарбия ва таъмин карда бошанд, инчунин агар онҳо ўҳдадориҳои худро вобаста ба тарбияи писарандар ва духтарандар номатлуб анҷом дода бошанд.

 

Моддаи 99.  Андозаи алименте,ки барои аъзои дигари оила ба тартиби судӣ ситонида мешавад

  1. Андоза ва тартиби пардохти алимент барои шахсоне, ки дар моддаҳои 95-98 ҳамин Кодекс зикр шудаанд, тибқи созишномаи тарафҳо муайян карда мешаванд.
  2. Дар сурати мавҷуд набудани созишномаи тарафҳо андозаи алимент, ки барои таъмини аъзои оилаи дар ҳамин боб зикргардида ба тартиби судӣ ситонида мешавад, аз тарафи суд  бо назардошти вазъи моддию оилавии пардохткунанда ва гирандаи алимент ва манфиатҳои дигари қобили таваҷҷўҳи тарафҳо дар шакли маблағи устувори  ҳар моҳ пардохтшаванда муқаррар карда мешавад.
  3. Агар барои таъмини аъзои оила, ки алимент талаб мекунад, ҳамзамон якчанд нафар ўҳдадор бошанд, он гоҳ суд бо назардошти вазъи  моддию оилавии онҳо андозаи иштироки ҳар яки онҳоро дар иҷрои ўҳдадории алиментдиҳӣ муайян менамояд. Бо талаби  ҷавобгар суд вазифадор аст, ки ҳамаи шахсонеро ки барои пардохтани алимент ўҳдадоранд, ба ҳисоб гирад, сарфи назар аз он ки даъво нисбати ҳамаи ин шахсон ё фақат як нафар ё якчанд нафари онҳо пешниҳод шудааст.

 

БОБИ 16

Созишномаи пардохти алимент

 

Моддаи 100.  Бастани созишномаи пардохти  алимент

Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати ғайриқобили амал  будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент — дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд  созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.

 

Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти  алимент

  1. Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи нотариалии давлатӣ карда мешавад.

Риоя накардани шакли  созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ  пешбинӣ  намудааст. (қҷт 29.04.06 №183)

  1. Созишномаи пардохти алимент, ки дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ шудааст намудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 102. Тартиби  бастан,  иҷро намудан, тағйир  додан, бекор кардан ва беэътибор донистани  созишномаи пардохти алимент

  1. Бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рўи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани аҳдҳои гражданию ҳуқуқӣ тавассути онҳо танзим мегарданд.
  2. Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ бо мувофиқаи тарафҳо тағйир дода ё бекор шуда метавонад. Тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
  3. Якҷониба иҷро накардани созишномаи пардохти алимент ё якҷониба тағйир додани шартҳои   он мумкин нест.
  4. Дар сурати ҷиддӣ тағйир ёфтани вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад дар хусуси тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии масъалаи тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд ҳуқуқ дорад ҳама гуна манфиати қобили таваҷҷўҳи тарафҳоро ба инобат гирад.

 

Моддаи 103. Беэътибор донистани созишномаи  пардохти  алимент, ки манфиатҳои алиментгирандаро поймол мекунад

Агар шарти пешбининамудаи созишномаи  пардохти алимент оид ба таъминоти кўдакони ноболиғ ё аъзои болиғи ғайриқобили амали  оила  манфиати онҳоро поймол кунад, аз ҷумла дар ҳолатҳои риоя накардани талаботи қисми дуюми моддаи 104 ҳамин Кодекс чунин созишномаро мувофиқи талаби намояндаи қонунии кўдаки ноболиғ ё  кўдаки аъзои болиғи ғайриқобили амали оила, инчунин мақоми васояту парасторӣ ё прокурор  ба тартиби судӣ  беэътибор донистан мумкин аст.

 

Моддаи 104. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи  пардохти алимент пардохта мешавад

  1. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз ҷониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.
  2. Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кўдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба  тартиби судӣ ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 ҳамин Кодекс) камтар буда наметавонад.

 

Моддаи 105. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи  созишномаи пардохти алимент

  1. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути ҳамин созишнома муайян карда мешавад.
  2. Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пулӣ вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулк ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад. (қҷт.25.03.2011 №710)

Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбинӣ намудан мумкин аст.

 

Моддаи 106.  Индексацияи андозаи алимент, ки  тибқи созишномаи пардохти алимент  сурат мегирад

Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, мувофиқи ҳамин созишнома  сурат мегирад.  Агар дар созишномаи пардохти алимент тартиби дигари индексацияи андозаи алимент пешбинӣ нашуда бошад, индексация мутобиқи моддаи 118 ҳамин Кодекс сурат мегирад. (қҷт.26.12.2011 №791); (қҷт. 19.03.2013, №952)

 

 

 

 

 

 

 

БОБИ 17

ТАРТИБИ ПАРДОХТ  ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ

 

Моддаи 107. Бо  ҳалномаи суд ситонидани  алимент

Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар ҳамин фасли Кодекс зикргардида ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 108.  Мўҳлати муроҷиат барои гирифтани алимент (қҷт.26.12.2011 №791)

  1. Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мўҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад.
  2. Алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мўҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани  таъминот саъю кўшиш  карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он,  алимент гирифта нашудааст.

 

Моддаи 109. Мувақаттан ситонидани  алимент

  1. Аз рўи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани халномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кўдакони ноболиғ ситонидани алимент — то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувақаттан ситонидани алимент қарор барорад.
  2. Андозаи алименти муваққатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо муайян менамояд. Андозаи алименти муваққатан барои таъминоти кўдакони ноболиғ ситонидашаванда мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

 

Моддаи 110. Ўҳдадории маъмурияти ташкилот дар  бораи доштани алимент

Маъмурияти ташкилоти ҷои кори шахсе, ки ўҳдадор  аст алимент диҳад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз ҷониби идораи двалатии нотариалӣ тасдиқшудаи тарафҳо ё варақаи иҷро  ҳар моҳ аз музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда, ки ўхдадор аст алимент супорад, ё аз ҳисобномаи  шахси алиментдиҳанда на дертар аз се рўзи пас аз санаи ба алиментдиҳанда додани музди меҳнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро  нигоҳ дошта, ба шахси алиментгиранда супорад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 111.   Нигоҳ доштани алимент дар асоси  созишномаи пардохти алимент

Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи аз ҷониби идораи давлатии нотариалӣ тасдиқшуда оид ба пардохти алимент дар ҳолатҳое сурат мегирад, ки агар маблағи умумии нигоҳдошташаванда  дар асоси созишнома ва варақаҳои  иҷро  аз панҷоҳ  фоизи маош ва (ё) дигар даромади шахси алиментдиҳанда бештар бошад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 112. Ўҳдадории додани маълумот дар хусуси тағйири ҷои кори шахси алиментдиҳанда

  1. Маъмурияти ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд ё созишномаи аз ҷониби идораи давлатии нотариалӣ тасдиқшудаи пардохти алимент алиментро нигоҳ медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се рўз ба иҷрочии суди маҳали иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиҳанда ва агар маълум бошад, дар хусуси ҷои нави кор ё истиқомати ў хабар диҳад. (қҷт 29.04.06 №183)
  2. Шахсе, ки барои додани алимент ўҳдадор аст, бояд дар мўҳлати муқаррарнамудаи кисми 1 ҳамин модда ба иҷрочии суд ва ба алиментгиранда дар хусуси дигар шудани ҷои кор ё истиқоматаш ва дар сурати додани алимент ба кўдакони ноболиғ инчунин дар хусуси музди кор ё даромади дигари иловагӣ хабар диҳад.
  3. Дар сурати бо сабабҳои беасос хабар надодани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дигаре, ки дар ин кор гунаҳгоранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 113. Ситонидани  маблағ  аз  ҳисоби  молу мулки алиментдиҳанда ҳангоми додани алимент (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Алимент ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи пардохти алимент ё ҳалномаи суд, инчунин қарзи пардохти алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда ситонида мешавад, вале дар сурати кам будани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, алимент аз ҳисоби маблағи алиментдиҳанда, ки дар ҳисобномаҳояш дар бонкҳо ё муассисаҳои дигари кредитӣ мебошанд, инчунин аз маблағҳои тибқи қарордод дар ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ гузошта шудаанд, ба ғайр аз қарордодҳое, ки боиси гузаштани ҳуқуқи моликият мегардад, ситонида мешавад.

Дар сурати нокифоя будани ин маблағ алимент аз ҳисоби ҳама гуна молу мулки алиментдиҳанда, ки мувофиқи қонун аз ҳисоби он маблағ ситонидан мумкин аст, ситонида мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Ситонидани алимент аз ҳисоби маблағи дар ҳисобномаҳо будаи алиментдиҳанда ва молу мулки дигари ў мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 114. Муайян намудани қарзи вобаста  ба алимент

  1. Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варақаи иҷро барои мўҳлати гузашта то давраи се сола ситонида мешавад, ки то пешниҳоди варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби идораи давлатии нотариалӣ тасдиқгардидаи тарафҳо барои ситонидани алимент гузаштааст.
  2. Дар ҳолатҳое, ки алимент дар асоси варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби идораи давлатии нотариалӣ тасдиқгардидаи тарафҳо оид ба ситонидани алимент бо айби шахсе, ки ўҳдадор аст алимент супорад, пардохта нашуда бошад, алимент сарфи назар аз мўҳлати сесолаи дар қисми 2 моддаи 108 ҳамин Кодекс муқарраргардида барои тамоми давра ситонида  мешавад.
  3. Андозаи қарзро иҷрочии суд дар асоси андозаи алименти бо ҳалномаи суд ё созишномаи пардохти алимент таъиншуда муайян менамояд.
  4. Андозаи қарзи алименти мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс барои кўдаки ноболиғ додашаванда бо назардошти музди воқеии меҳнат ва даромади дигари қарздор дар давоми даврае, ки алимент ситонида нашудааст, муайян карда мешавад. Агар қарздор дар ин давра кор накарда бошад ё асноди тасдиқкунандаи музди меҳнат ва даромади дигари ў пешниҳод нагарданд, қарз дар асоси музди миёнаи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи ситонидани қарз муайян карда мешавад.
  5. Агар чунин муайянкунии қарз манфиати яке аз тарафҳоро ҷиддӣ поймол кунад, тарафе, ки манфиаташ поймол шудааст, ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд ва суд метавонад бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷўҳ қарзро бо маблағи устувори пулӣ муайян кунад.
  6. Ҳангоми розӣ набудан бо муайянкунии қарзи алимент аз ҷониби иҷрочии суд ҳар яке аз тарафҳо метавонад тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали иҷрочии суд шикоят  кунад. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 115. Озод кардан аз додани  қарзи алимент

  1. Ҳангоми додани алимент барои кўдакони ноболиғ бо мувофиқаи тарафҳо озод кардан аз пардохти қарз ё кам кардани он мумкин нест.
  2. Суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда ўро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии ў имконият намедиҳад, ки қарзашро пўшонад.

 

Моддаи 116. Масъулият барои сари вақт  напардохтани алимент

  1. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки ўҳдадор аст тибқи созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома ҷавобгар мебошад.
  2. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рўзи гузаронидашуда дар ҳаҷми 0,1 фоиз ҷаримаи аҳдшиканӣ месупорад. (қҷт.26.12.2011 №791)

Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент ўҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент  тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани ўҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшиканӣ расонида шудааст, ситонад.

 

Моддаи 117. Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва  пас талаб карда руёнидани  алимент

  1. Пардохтҳои алиментӣ аз ҳисоби талаботи дигари мутақобила сурат гирифта  наметавонад.
  2. Пас талаб карда гирифтани маблағи пардохташудаи алимент, мумкин намебошад ба истиснои ҳолатҳои зерин:

— бекор кардани ҳалномаи суд ба сабаби маълумоти бардурўғ ё асноди қалбакиро пешниҳод кардани шахси алиментгиранда; (қҷт.26.12.2011 №791)

— беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент дар сурати бо роҳи фиреб, таҳдид ё зўроварии алиментгиранда ба имзо расонидани он;

— бо ҳукми суд ошкор гардидани далели сохтакории ҳалномаи, созишномаи пардохти алимент ё варақаи иҷро, ки дар асоси онҳо алимент пардохта шудааст.

  1. Агар кирдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби намояндаи кўдаки ноболиғ ё аъзои болиғи ғайри қобили амали алиментгиранда содир шуда бошад, алимент пас талаб карда гирифта намешавад ва маблағи пардохтшудаи алимент тибқи даъвои шахси барои пардохти алимент ўҳдадоршуда аз намояндаи гунаҳгор ситонида мешавад.

 

Моддаи 118.  Индексацияи пардохтҳои  алимент

  1. Маблағи алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз ҷониби маъмурияти ташкилоти маҳали нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнатӣ тибқи қонун муқарраргардида индексация карда мешавад.

 

  1. Ба мақсади индексацияи пардохти алимент суд метавонад андозаи алиментро бо маблағи устувори пулӣ, ки ба андозаи муайяни ҳадди ақали музди меҳнат мувофиқ  аст, муқаррар намояд. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 119.  Пардохти алимент дар сурати барои сукунати  доимӣ  ба  давлати  дигар  рафтани  алиментдиҳанда

  1. Шахсоне, ки барои сукунати доимӣ ба давлате мераванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутақобила ва иҷрои ҳалномаҳои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хаттӣ ба имзо расонанд ва он бояд аз ҷониби идораи давлатии нотариалӣ тасдиқ карда шавад. (қҷт 29.04.06 №183)
  2. Дар сурати ҳосил нашудани мувофиқа, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат карда, дар шакли маблағи устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквақтаи алимент ё ба ҳисоби маблағи алимент додани молу мулки мушаххас ё бо тариқи дигар додани алиментро талаб намояд. (қҷт.25.03.2011 №710)

 

Моддаи 120. Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент

  1. Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани андозаи алимент вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағйир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод намояд. Ҳангоми тағйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он  суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваҷҷўҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
  2. Агар муқаррар гардад, ки шахси ба балоғатрасидаи қобили амал нисбати шахси барои додани алимент ўҳдадоршуда қасдан ҷиноят содир кардааст ё ҳангоми рафтори ношоистаи аъзои болиғи қобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиғи  қобили амал  рад намояд.

Моддаи 121. Қатъ гардидани  ўҳдадориҳои  алимент

  1. Ўҳдадориҳои алиментӣ, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мўҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд.
  2. Пардохти алименти тибқи тартиби судӣ ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

— дар сурати ба балоғат расидани кўдак ё дар ҳолати то ба балоғат расиданашон  қобили амал ҳисоб шудани кўдакони  ноболиғ;

— баъди фарзандхондӣ шудани кўдаке, ки барои таъминоти ў алимент ситонида мешуд;

— пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ хатм кардани кўдакони  ба балоғатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 ҳамин Кодекс муқарраргардида расидани  онҳо;

— ҳангоми аз ҷониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё қатъи мўҳтоҷии алиментгиранда;

— дар сурати аз нав никоҳ кардани зан ё шавҳари собиқи мўҳтоҷи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 ҳамин Кодекс); (қҷт.25.03.2011 №710)

— вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент ўҳдадор аст.

 

 

Ф А С Л И     VI

ШАКЛҲОИ ТАРБИЯИ КЎДАКОНЕ, КИ  БЕ

ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР  МОНДААНД

 

Б О Б И   18

ОШКОР   ВА  ҶОБАҶОКУНИИ    КЎДАКОНЕ, КИ  БЕ ПАРАСТОРИИ

ПАДАРУ МОДАР  МОНДААНД

 

Моддаи 122. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдаконе, ки  бе  парастории  падару модар  мондаанд

  1. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кўдакон дар ҳолатҳои фавти падару модар , аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо, беморӣ ва  муддати тўлонӣ ғайриҳозир будани падару модар  , саркашии волидон аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби падару модар  рад кардани гирифтани кўдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, инчунин ҳолатҳои дигари набудани парастории падару модар  , ба зимаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.

Мақомоти васояту парасторӣ кўдаконеро, ки бе парастории падару модар  мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳо ва бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории падару модар  усули ҷобаҷосозии кўдакони бе парастории волидон мондаро (моддаи 124 ҳамин Кодекс) интихоб менамоянд ва ҳамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро амалӣ менамоянд.

Ба ғайр аз мақомоти васояту парасторӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ошкор намудан ва ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модар    монда,  иҷозат дода намешавад.

  1. Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ намудани васояту парастории кўдакони бе парастории волидон монда аз ҷониби мақомоти зикргардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» муайян карда мешавад. (қҷт 29.04.06 №183); (қҷт.26.12.2011 №791)

 

 

 

Моддаи 123.  Ошкоркунӣ  ва баҳисобгирии  кўдакони  бе парастории падару модар  монда

  1. Шахсони мансабдори муассисаҳо (муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳо) ва дигар шаҳрвандоне, ки оид ба кўдакони дар қисми 1 моддаи 122 ҳамин Кодекс зикргардида маълумот доранд, ўҳдадоранд ба мақомоти васояту парастории  маҳали воқеии зисти  кўдакон хабар диҳанд.

Мақоми васояту парасторӣ дар мўҳлати се рўз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар  ўҳдадор аст шароити зисти кўдакро санҷида, дар сурати  муқаррар  намудани далели аз парастории падару модар  ё хешу ақрабо маҳрум будани ў, то ҳал гардидани масъалаи ҷобаҷокунии кўдак ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ўро таъмин намояд.

  1. Роҳбарони муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, ки дар онҳо кўдакони бе парастории падару модар монда ҷойгир карда шудаанд, вазифадоранд дар мўҳлати ҳафт рўз аз рўзи  барояшон аён гардидани он, ки кўдак метавонад барои тарбия ба оила супурда шавад, дар ин бора ба мақоми васояту парастории маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкур  хабар  диҳанд.
  2. Барои иҷро накардани ўҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, барои дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурўғ, инчунин барои дигар кирдоре, ки ҷиҳати пинҳон кардани кўдак аз супоридан ба тарбияи оила нигаронида шудааст, роҳбарони муассисаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида ва мақомоти васояту парасторӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  3. Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кўдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)

 

Моддаи 124. Ҷобаҷокунии кўдаконе, ки бе  парастории  падару модар  мондаанд

  1. Кўдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхондӣ), таҳти васоят (парасторӣ) супурда шаванд ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода шаванд ё дар муассисаҳои кўдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кўдакони бе парастории падару модар монда (муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд) ҷойгир карда шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

Ҳангоми ҷобаҷо намудани кўдак бояд баромади этникии кўдак, мансубияти  мазҳабӣ ва фарҳангӣ, забони модарӣ, имконияти таъмини идомати тарбия ва таълим ба назар  гирифта шавад.

  1. То лаҳзаи дар оила ё дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ҷобаҷокунии кўдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, иҷрои вазифаи васӣ (парастор) муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ гузошта мешавад.

БОБИ  19

ФАРЗАНДХОНДӢ

 

Моддаи 125. Кўдаконе, ки онҳоро ба фарзандхондӣ қабул кардан мумкин аст

1.Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бепарастории падару модармонда мебошад.

2.Фарзандхондӣ нисбати кўдакони ноболиғ танҳо ба манфиати онҳо бо риояи талаботи моддаи 124 Кодекси мазкур, ҳамчунин бо дарназардошти имконияти инкишофи пурраи ҷисмонӣ, рўҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кўдак иҷозат дода мешавад.

3.Фарзандхондии бародарону хоҳарон аз ҷониби шахсони гуногун, ба истиснои ҳолатҳое, ки фарзандхондӣ ба манфиати кўдак мебошад, иҷозат дода намешавад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 126. Тартиби  ба фарзандхондӣ қабул кардан

  1. Фарзандхондӣ дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кўдакро ба фарзандӣ қабул кардан мехоҳанд, аз тарафи суд расмӣ карда мешавад. Парвандаҳои фарзандхондиро суд ба тартиби  мурофиаи махсус баррасӣ менамояд.

Парвандаҳои фарзандхондӣ дар суд бо иштироки мақомоти васояту парасторӣ ва прокурор баррасӣ мегардад. (қҷт 29.04.06 №183)

  1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби худ ба суди маҳали истиқомати кўдаки ба фарзандхондӣ қабулшаванда ё ба суди маҳали истиқомати худ барои  ба фарзандхондӣ гирифтани кўдак ариза  медиҳанд.
  2. То аризаи фарзандхондиро баррасӣ намудани суд мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ қабул кардани кўдакро дорад, санҷида, муайян кунанд, ки фарзандхондӣ ба манфиати кўдак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае ҳаст, инчунин муносибати кўдак ба фарзандхондӣ ва фикри ўро барои ба фарзандхондӣ қабул шуданаш муайян намуда, хулосаҳояшонро дар хусуси имконияти фарзандхондӣ ба суд пешниҳод намоянд.

Мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадоранд ба шахсоне (шахсе), ки кўдакро ба фарзандхондӣ қабул мекунанд, дар бораи саломатии кўдак маълумот диҳанд. (қҷт 29.04.06 №183)

  1. Тартиби пешниҳоди хулосаи мақомоти васояту парасторӣ ва номгўи маълумоти онро Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ муайян мекунад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)
  2. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ оғоз меёбад.

Фарзандхонд шудани  кўдак бояд мувофиқи тартибе, ки барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар гардидааст, дар мақомоти  сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шавад.

Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рўзи баъди эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи фарзандхондӣ  ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли қабули ҳалнома  иқтибоси ин ҳалномаро фиристад.

 

Моддаи 1261. Манъ будани фаъолияти миёнаравӣ дар фарзандхондии кўдак

  1. Фаъолияти миёнаравӣ оид ба фарзанхондии кўдак, яъне тамоми фаъолияти шахсони дигар бо мақсади интихоб кардан ва додани кўдак барои фарзандхондӣ аз ном ва ба манфиати шахсоне, ки хоҳиши ба фарзандхондӣ гирифтани кўдакро доранд, манъ мебошад.

2.Фаъолияти мақомоти васояту парасторӣ оид ба иҷрои ўҳдадориҳои ба зиммаашон гузошташуда, барои ошкоркунӣ ва ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда фаъолияти миёнаравӣ ба ҳисоб намеравад ва мақсади ба даст даровардани фоидаро надорад.

3.Ҷавобгарӣ барои фаъолияти миёнаравӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 127. Шахсоне, ки ҳуқуқи ба фарзандхондӣ қабул карданро доранд

1.Ба фарзандхондӣ қабул кардан танҳо аз тарафи шаҳрвандони ба балоғатрасидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои шахсони зерин сурат мегирад: (қҷт 29.04.06 №183)

-шахсоне, ки ҷои муайяни истиқомат надоранд; (қҷт 29.04.06 №183)

-шахсоне, ки ҳангоми фарзандхондӣ барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ доранд; (қҷт 29.04.06 №183)

-шахсоне, ки суд барои содир намудани ҷиноят нисбати онҳо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ таъин кардааст; (қҷт 29.04.06 №183)

— шахсоне, ки суд онҳоро ғайриқобили амал  ё қобилияти амалашон  маҳдуд эътироф намудааст;

— зану шавҳаре, ки суд яке аз онҳоро ғайриқобили амал  ё қобилияти амалаш  маҳдуд эътироф намудааст;

— шахсоне, ки суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар  маҳрум сохтааст ё  ҳуқуқи  падару модарро маҳдуд кардааст;

— шахсоне, ки ба сабаби иҷрои ғайриқаноатбахши ўҳдадориҳои бо қонун ба зиммаашон гузошташуда аз вазифаи васӣ ё парасторӣ дур карда шудаанд;

— шахсоне, ки қаблан фарзандхонд доштанду вале фарзандхондӣ бо гуноҳи онҳо аз ҷониби суд бекор карда шудааст;

— шахсоне, ки аз сабаби беморӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модарро амалӣ намоянд. Номгўи бемориҳое, ки дар сурати мубтало  будан  ба онҳо шахс наметавонад  кўдакро  ба фарзандхондӣ қабул кунад,  таҳти васоят (парасторӣ) гирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

  1. Муқаррароти сархати якуми қисми 1 ҳамин модда нисбат ба падарандар ва модарандар татбиқ намегардад.(ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)
  2. Шахсоне, ки байни худ ақди никоҳ надоранд, наметавонанд ҳамон як кўдакро муштаракан  ба фарзандхондӣ қабул кунанд.

 

Моддаи 128. Фарқияти   синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда ва фарзандхондшаванда

  1. Фарқияти синну соли шахси ба фарзандхондӣ қабулкунанда, ки оиладор нест ва фарзандхондшаванда бояд аз ҳабдаҳ  сол кам набошад. «қҷт 21.07.2010 №613»
  2. Дар сурати ба фарзандхондӣ қабул кардани кўдак аз ҷониби падарандар (модарандар) фарқияти синну соли дар қисми 1 ҳамин модда муқарраргардида зарур нест.

 

Моддаи 129. Розигии падару модар барои  фарзандхондии кўдак

  1. Барои фарзандхондии кўдак розигии падарӣ, модарӣ кўдак зарур аст. Дар сурати фарзандхондии кўдаки падарӣ, модарӣ ноболиғи ба синни ҳабдаҳсолагӣ нарасида инчунин розигии волидон, васиён ва парасторони онҳо ва дар сурати набудани падару модар ё васиён (парасторон) розигии  мақоми васояту парасторӣ  зарур аст. «қҷт 21.07.2010 №613»

Розигии падару модар барои фарзандхондии кўдаконашон бояд дар аризаи тасдиқнамудаи идораи давлатии натариалӣ ё маъмурияти муассисае, ки кўдаки бе парастории волидон монда  дар он қарор дорад, мақоми васояту парастории маҳалли фарзандхондӣ сурат мегирад ё маҳалли истиқомати падару модар ифода ёбад ё бевосита дар суд ҳангоми фарзандхондӣ баён  карда шавад.

  1. Падару модар ҳуқуқ доранд розигии додаи худро дар бораи ба фарзандхондӣ додани кўдакашон то баровардани ҳалномаи суд оид ба фарзандхонӣ бозпас талаб кунанд.
  2. Падару модар метавонанд барои фарзандхондии кўдак ба шахси мушаххас ё бе зикр кардани шахси мушаххас розигӣ диҳанд. Мақомоти васояту парасторӣ дар мавриди мутобиқати фарзандхондӣ ба манфиати кўдак хулосаи худро ба суд пешниҳод менамоянд. Дар сурати аз ҷониби падарандари (модарандари) кўдак ба фарзандхондӣ  қабул кардани ў чунин хулоса талаб карда намешавад.

 

Моддаи 130. Фарзандхондии кўдак  бе розигии падару модар

Дар ҳолатҳои зерин розигии падару модар барои фарзандхондии кўдак  талаб карда намешавад, агар:

— онҳо маълум набошанд ё суд онҳоро бедарак ғоибшуда эътироф намояд;

—   суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф карда бошад;

—  суд онҳоро аз ҳуқуқи падару модар маҳрум сохта бошад (бо риояи талаботи қисми 6 моддаи 71 ҳамин Кодекс);

—  бо сабабҳое, ки суд беасос эътироф намудааст, онҳо зиёда аз  шаш моҳ бо кўдак якҷоя зиндагӣ накарда, аз тарбия ва таъминоти ў саркашӣ карда бошанд.

 

Моддаи 131.   Розигии   васиён (парасторон), роҳбарони муассисаҳое,  ки  кўдакони бепарастормонда дар   онҷо қарор   доранд,  барои фарзандхондӣ

  1. Барои фарзандхондии кўдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, розигии хаттии васии (парасторӣ) онҳо зарур аст.

Барои фарзандхондии кўдаконе, ки бе парастории падару модар монда, дар муассисаҳои дахлдори  тарбиявию тиббӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муассисаҳои дигари ба ин монанд қарор доранд, розигии  хаттии роҳбари ин муассиса зарур аст.

  1. Суд ҳуқуқ дорад ба манфиати кўдак бе розигии шахсони дар қисми 1 ҳамин модда тазаккурёфта дар хусуси фарзандхондӣ ҳалнома қабул намояд.

 

 

 

Моддаи 132. Фикри кўдаки фарзандхондишуда  оиди  фарзандхондшавӣ

  1. Барои фарзандхондӣ намудани кўдаке, ки ба синни даҳсолагӣ расидааст, фаҳмидани фикри ў лозим аст.
  2. Агар кўдак то додани ариза дар бораи фарзандхонд шуданаш дар оилаи шахси ўро ба   фарзандхондӣ гиранда зиндагӣ карда, ўро падар ё модари  худ шуморад, фарзандхондӣ метавонад ба таври истисно, бе назардошти фикри фарзандхондшаванда сурат  гирад.

 

Моддаи 133. Розигии ҳамсари шахсе, ки кўдакро ба  фарзандхондӣ  мегирад

  1. Ҳангоми кўдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани яке аз ҳамсарон, агар кўдакро зану шавҳар якҷоя ба фарзандхондӣ қабул накунанд, розигии ҳамсари дигар зарур аст.
  2. Агар зану шавҳар муносибатҳои оилавиро қатъ намуда, зиёда аз як сол ҳамроҳ зиндагӣ накунанд ва ҷои истиқомати ҳамсари дигар маълум набошад, розигии ў барои фарзандхондӣ зарур нест.

 

Моддаи 134. Ном, номи падар ва фамилияи кўдаки фарзандхондшуда

  1. Ном, номи падар ва насаби кўдаки фарзандхондшуда нигоҳ дошта мешавад.
  2. Бо хоҳиши шахси фарзандхонда ба фарзандхондшуда насаби фарзандхонда, инчунин номе, ки фарзандхонда додааст,  гузошта мешавад. Ба кўдаки фарзандхондшуда  номи марди фарзандхондкарда, ҳамчун насаб гузошта мешавад, агар шахси фарзандхондкарда ҷинси  зан бошад ба кўдаки фарзандхондшуда номи  касе, ки зан ўро ба сифати падари кўдаки фарзандхондшуда зикр  намудааст, гузошта мешавад. Агар насаби зану шавҳари  фарзандхондкарда гуногун бошад, бо мувофиқаи фарзандхондкардагон ба кўдаки ба фарзандхондӣ гирифтаашон насаби яке аз онҳо ё ба тартиби пешбининамудаи моддаи 58 ҳамин Кодекс  насаб дода мешавад.
  3. Ҳангоми кўдакро ба фарзандхондӣ қабул кардани зан (мард), ки дар ақди никоҳ нест, бо хоҳиши ў насаб ва номи падар (модар), инчунин номи падари (модари) кудаки фарзандхондшуда дар китоби сабти таваллуд бо нишондоди ин шахс (фарзандхонда) навишта мешавад.
  4. Тағйир додани насаб, ном ва номи падари кўдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 моддаи 132 ҳамин Кодекс пешбинигардида, танҳо бо розигии ў мумкин аст.
  5. Дар бораи тағйир додани насаб, ном ва номи падари фарзандхондшаванда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)

 

Моддаи 135. Тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшаванда

  1. Барои таъмини сирри фарзандхондӣ бо хоҳиши фарзандхондкунандагон сана ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшаванда метавонанд тағйир дода шаванд. Тағйир додани санаи таваллуди кўдак танҳо дар сурати фарзандхонд кардани кўдаки навзод (то яксола) ва ба муддати на зиёда аз се моҳ иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)
  2. Оид ба тағйир додани сана ва маҳалли таваллуди кўдаки фарзандхондшуда дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондии кўдак зикр карда мешавад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)

 

Моддаи 136.  Сабти  номи шахсони фарзандхондкарда ҳамчун падарӣ, модарӣ кўдаки фарзандхондшуда

  1. Бо хоҳиши шахсони фарзандхондкарда суд метавонад оиди дар дафтари сабти таваллуд ҳамчун падарӣ, модарӣ кўдаки   фарзандхондшуда сабт намудани номи онҳо ҳалнома қабул намояд.
  2. Барои чунин сабт нисбати кўдаки фарзандхондшудаи ба синни даҳсолагӣ расида, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи 32 ҳамин Кодекс, розигии кўдак зарур аст.
  3. Дар хусуси зарурати чунин сабт дар ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ нишон дода мешавад.

 

Моддаи 137. Оқибатҳои ҳуқуқии фарзандхондии кўдак

  1. Кўдакони фарзандхондшуда ва авлоди онҳо нисбат ба фарзандхондагон ва хешовандонашон, фарзандхондагон ва хешовандони онҳо, нисбати фарзандхондшудагон ва авлоди онҳо дар ҳуқуқу ўҳдадориҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкии шахсӣ аз рўи аслу насаб ба хешовандон баробар карда мешаванд. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Кўдакони фарзандхондшуда нисбати падарӣ, модарӣ худ ва хешовандони онҳо ҳуқуқи ғайримолумулкӣ ва молумулкии шахсиро аз даст дода, аз ўҳдадориҳо нисбати онҳо озод мешаванд. (қҷт.25.03.2011 №710)
  3. Ҳангоми ба фарзандхондӣ қабул кардани кўдак аз тарафи як шахс, агар фарзандхондкунанда мард бошад, ҳуқуқҳои ғайримолумулкӣ ва молумулкии шахсӣ ва ўҳдадориҳо бо хоҳиши модар ва агар фарзандхондкунанда зан бошад  бо хоҳиши падар нигоҳ  дошта шуда метавонад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  4. Агар яке аз падару модар вафот карда бошад, он гоҳ бо хоҳиши падарӣ, модарӣ вафоткарда (бобою бибии кўдак) ҳуқуқу ўҳдадорӣ нисбат ба хешовандони падарӣ, модарӣ вафоткарда метавонанд нигоҳ дошта шаванд, агар инро манфиати кўдак талаб кунад. Ҳуқуқи падарӣ, модарӣ падар ё модари фавтида барои муошират бо кўдаки фарзандхондшуда мутобиқи моддаи 67 ҳамин Кодекс амалӣ мегардад.
  5. Дар хусуси нигоҳ доштани муносибатҳои кўдаки фарзандхондшуда бо яке аз падару модар ё бо хешовандони падар ё модари вафоткарда дар ҳалномаи суд оид ба фарзандхондӣ зикр карда мешавад.
  6. Оқибати ҳуқуқии ба фарзандхондӣ гирифтани кўдак, ки дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, сарфи назар аз сабти фарзандхондкардагон ба сифати падару модар дар санади сабти таваллуди кўдак фаро мерасад.

Моддаи 138. Ақди нигоҳ  доштани  ҳуқуқи   кўдаки  фарзандхондашуда ба нафақа ва ёрдампулӣ

Кўдаке, ки дар вақти ба фарзандхондӣ гирифта шуданаш бинобар вафоти падару модараш ба нафақаю ёрдампулӣ ҳуқуқ дорад, ин ҳуқуқро дар сурати ба фарзандхондӣ қабул шуданаш низ нигоҳ медорад.

 

Моддаи 139. Маҳрамияти фарзандхондии кўдак

  1. Сирри фарзандхондии кўдакро қонун муҳофизат мекунад. Судьяҳое, ки дар бораи фарзандхондӣ ҳалнома қабул кардаанд ё шахсони мансабдоре, ки сабти давлатии онро анҷом додаанд, инчунин шахсоне, ки ба ҳар тариқи дигар аз фарзандхондӣ огоҳанд, бояд сирри фарзандхондиро нигоҳ доранд.
  2. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида, ки сирри фарзандхондии кўдакро бар хилофи иродаи фарзандхондагон фош кардаанд, ба тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 140. Бекор кардани  фарзандхондии  кўдак

  1. Фарзандхондии кўдак ба тартиби судӣ бекор карда мешавад.
  2. Парванда оид ба бекор кардани фарзандхондии кўдак бо иштироки мақоми васояту парасторӣ, инчунин прокурор баррасӣ мешавад.
  3. Фарзандхондӣ аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бекор кардани фарзандхондии кўдак қатъ мегардад.

Суд вазифадор аст дар давоми се рўзи пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар мавриди бекор кардани фарзандхондии кўдак иқтибоси ин ҳалномаи судро ба мақоми сабти  асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли бақайдгирии давлатии фарзандхондӣ фиристад.

 

Моддаи 141. Асосҳо барои бекор кардани  фарзандхондии кўдак

  1. Фарзандхондии кўдак дар мавридҳое бекор карда шуда метавонад, ки агар фарзандхондкардагон аз иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи падару модарӣ саркашӣ кунанд, аз ҳуқуқи падару модарии худ  сўиистифода намоянд, бо кўдакони  фарзандхондкардаашон муносибати бераҳмона дошта, майзада ё нашъаманди ашаддӣ бошанд.
  2. Суд ҳуқуқ дорад бо назардошти манфиат ва фикри кўдак фарзандхондиро бо сабабҳои дигар  низ бекор кунад.

 

Моддаи 142. Шахсоне, ки ҳуқуқи талаби бекор  кардани фарзандхондии кўдакро доранд

Ҳуқуқи талаби бекор намудани фарзандхондкунии кўдакро падару модари ҳақиқии кўдаки фарзандхондшуда, фарзандхондкардагони (яке аз онҳо) кўдакони фарзандхондшуда,  ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, мақоми васояту парасторӣ, инчунин  прокурор  доро мебошанд.

 

Моддаи 143. Оқибати бекор кардани фарзандхондии  кўдак

1.Дар сурати фарзандхондиро бекор кардани суд ҳуқуқу ўҳдадориҳои байни фарзандхондшуда ва  фарзандхондаю хешовандонаш қатъ гардида, ҳуқуқу ўҳдадориҳои байни кўдак ва падару модару хешовандонаш барқарор карда мешаванд, агар инро манфиати  кўдак  тақозо кунад.

  1. Дар сурати бекор кардани фарзандхондӣ, кўдак бо ҳалномаи суд ба волидонаш супурда мешавад. Дар сурати набудани падару модар, инчунин агар ба падару модар супурдани кўдак хилофи манфиати ў бошад, кўдак барои бо таълиму тарбия фаро гирифтан ба мақомоти васояту парасторӣ дода мешавад. (қҷт.26.12.2011 №791)
  2. Суд ҳамчунин масъалаи нигоҳ доштан ё надоштани ном, номи падар ва насаби кўдакро, ки бо сабаби фарзандхондӣ ба ў дода шудаанд, ҳал менамояд. Дигар кардани ном, насаб ё номи падари кўдаки ба синни даҳсолагӣ расида танҳо бо розигии ў мумкин аст. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)
  3. Суд бо назардошти манфиати кўдак, ҳуқуқ дорад фарзандхондкардагони собиқро ўҳдадор созад, ки ба андозаи муқаррарнамудаи моддаҳои 81 ва 83 ҳамин Кодекс барои таъминоти кўдак маблағ пардозанд.

 

Моддаи144. Номумкинии  бекор  кардани  фарзандхондӣ баъди ба балоғат расидани  кўдаки  фарзандхондшуда

Бекор кардани фарзандхондии кўдак мумкин нест, агар кўдаки фарзандхондшуда то лаҳзаи пешниҳоди талаби   бекор кардани фарзандхондӣ ба балоғат расида бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба ин гуна бекоркунӣ розигии байни шахси  фарзандхондкарда ва кўдаки фарзандхондшуда, инчунин падарӣ, модарӣ ў, агар  онҳо дар қайди ҳаёт буда, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум нашуда бошанд ва суд онҳоро ғайри қобили амал эътироф накарда бошад.

 

Моддаи 145. Беэътибор донистани фарзандхондии  кўдак

Фарзандхондии кўдак дар ҳолатҳое метавонад беэътибор дониста шавад, ки агар:

— ҳалномаи фарзандхондӣ ба ҳуҷҷатҳои қалбакӣ асос  ёфта бошад;

— фарзандхондӣ қалбакӣ бошад;

— шахси ба балоғатрасида ба фарзандхондӣ қабул шуда бошад;

—  фарзандхондкарда шахсе бошад, ки суд ўро ғайриқобили амал  ё  қобили  амалаш  маҳдуд эътироф карда бошад;

— шахси  фарзандхондкарда бо ҳалномаи суд аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрумшуда бошад;

— шахсоне, ки барои номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳои қонунан ба зиммаашон гузошташуда аз ўҳдадориҳои васӣ ё парасторӣ бартараф карда шуда бошанд;

— фарзандхондӣ бинобар гуноҳи содиркардаи собиқ фарзандхондагон  аз ҷониби суд бекор карда шуда бошад;

— шахсоне, ки бинобар  вазъи саломатӣ наметавонанд ҳуқуқи падару модариро  амалӣ намоянд. Номгўи бемориҳое, ки ҳангоми ба онҳо мубтало будани шахс наметавонад кўдакро ба фарзандхондӣ қабул кунад, таҳти васоят (парасторӣ) қарор  диҳад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 146. Оқибати беэътибор донистани фарзандхондии  кўдак

  1. Фарзандхондии кўдак аз лаҳзаи қабул гардидани ҳалномаи суд дар бораи фарзандхондӣ беэътибор дониста мешавад. Дар ин маврид тамоми ҳуқуқу ўҳдадориҳои фарзандхондаю хешовандони ў ва фарзандхонд, ки аз фарзандхондӣ бармеоянд, аз байн  мераванд. (қҷт.26.12.2011 №791)
  2. Суд вазифадор аст, ки дар муддати се рўз дар хусуси эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома дар бораи беэътибор донистани фарзандхондӣ ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки фарзандхондӣ дар он ба қайд гирифта шудааст, хабар диҳад.

 

БОБИ  20

ВАСОЯТ ВА  ПАРАСТОРИИ  НОБОЛИҒОН

 

Моддаи 147.  Ноболиғоне, ки таҳти васояту парасторӣ гирифта мешаванд

  1. Васояту парасторӣ барои кўдакони ноболиғе, ки бе парастории падару модар мондаанд (моддаи 122 ҳамин Кодекс), бо мақсади таъминот, таълиму тарбия, маълумотноккунӣ, инчунин барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо муқаррар карда мешавад.
  2. Васоят барои ноболиғони то синии  чордаҳсола муқаррар карда мешавад.
  3. Парасторӣ барои ноболиғони аз чордаҳсола то ҳаждаҳсола муқаррар карда мешавад.
  4. Муқаррар ва қатъ намудани васоят ё парастории кўдакони ноболиғ тавассути  Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян  карда мешавад.

 

Моддаи 148. Васиён ва парасторони ноболиғон

  1. Танҳо шахсони болиғи қобили амал васӣ ва парастор таъин шуда метавонанд.
  2. Шахсони зерин васӣ ва парастор таъин шуда наметавонанд:

— шахсоне, ки аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шудаанд:

— шахсоне, ки қаблан кўдакро ба фарзандхонда қабулкарда, агар фарзандхондкунӣ бо сабаби номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳояшон бекор карда шуда бошад;

— шахсоне, ки бо сабаби номатлуб иҷро кардани ўҳдадориҳояшон аз вазифаи васӣ ё  парасторӣ озод карда шудаанд;

— шахсони мубталои   майзадагӣ ва нашъамандӣ, инчунин шахсоне, ки вобаста ба вазъи саломатӣ (қисми 1 моддаи 127 ҳамин Кодекс) наметавонанд ўҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кўдак  анҷом диҳанд.

3.Мақомоти васояту парасториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (ҚҶТ аз 23.11.2015,№1239)

 

Моддаи 149. Низомнома дар бораи мақомоти васояту  парасторӣ

Низомнома дар бораи мақомоти васояту парасторӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 150.  Маҳалли муқаррар намудани  васояту  парасторӣ

Васояту парасторӣ аз тарафи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳрак  ва  ҷамоатҳои деҳот маҳали истиқомати шахсе, ки бояд  таҳти васоят ва парасторӣ гирифта шавад ё  маҳалли истиқомати   васӣ  ё парастор  муқаррар  мешавад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Моддаи 151. Интихоби васӣ ва парастор

  1. Ҳангоми ба кўдак таъин намудани васӣ ё парастор бояд сифатҳои шахсии васӣ (парастор), ба иҷрои ўҳдадориҳои васӣ (парасторӣ) қодир будани ў, муносибатҳои байни ў ва шахси мўҳтоҷи васоят ё парасторӣ, муносибати аъзои оилаи васӣ (парастор) нисбат ба кўдак, инчунин дар сурати имкон хоҳиши худи кўдак ба инобат гирифта мешавад.
  2. Таъин намудани парастор ба шахси болиғи қобили амал, ки бинобар аҳволи саломатиаш барои татбиқи мустақилонаи ҳуқуқ ва иҷрои ўҳдадориҳояш имконият надорад, танҳо бо розигии шахси таҳти парасторӣ  гирифташаванда сурат гирифта метавонад.

 

Моддаи 152.  Васоят  (парасторӣ)  нисбат  ба кўдаконе, ки дар муассисаҳои  тарбиявӣ,  муолиҷавӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор  доранд

  1. Ба кўдаконе, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, таълимӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд таҳти васояти пурраи давлат қарор доранд, васӣ (парастор) таъин карда намешавад. Иҷрои чунин ўҳдадориҳо ба зиммаи маъмурияти ин муассисаҳо гузошта мешавад.

Аз ҷониби васӣ (парастор) дар чунин муассиса  муваққатан  қарор додани кўдак ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои васиро (парасторро) нисбат ба ин кўдак  қатъ намесозад.

  1. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот, тарбия ва таълими кўдакони дар ин муассисаҳо қарордоштаро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр гардидаанд, назорат мекунанд.
  2. Ҳимояи ҳуқуқи дастпарварони (хатмкунандагони) муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.

 

 Моддаи 1521. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кўдаконе, ки падару

                          модари онҳо муддати тўлонӣ ғоибанд

  1. Васоят (парасторӣ) нисбат ба кўдаконе, ки падару модари онҳо муддати тўлонӣ (зиёда аз 3 моҳ) ғоибанд ё дар таълиму тарбияи хешу ақрабояшон қарор доранд, ки ин хешу ақрабо дорои ҳуҷҷати дахлдор нестанд, аз ҷониби мақомоти васояту парасторӣ таъин карда мешавад.
  2. Мақомоти васояту парасторӣ шароити таъминот ва таълиму тарбияи кўдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардидаро назорат мекунанд.
  3. Ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кўдакони дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ба зиммаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 153. Ҳуқуқи кўдакони таҳти васоят  (парасторӣ) қарордошта

  1. Кўдакони таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта чунин ҳуқуқҳо доранд:

ба тарбия дар оилаи васӣ (парастор), ғамхорӣ аз ҷониби васӣ (парастор), зиндагии дар як ҷо бо ў, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

ба таъмини шароити зист, тарбия ва таълим , рушду такомули ҳамаҷониба ва эҳтироми шаъну эътибори инсонии онҳо;

ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;

ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё  ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва дар сурати мавҷуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқоматӣ гиранд;

ба ҳимоя аз суиистифодаи васӣ (парастор) мутобиқи моддаи 57 ҳамин Кодекс . (қҷт.26.12.2011 №791)

  1. Кўдаконе, ки таҳти васоят (парасторӣ) қарор доранд, дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаи 56 ҳамин Кодекс мебошанд.

 

Моддаи 154. Ҳуқуқи  кўдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ   ва муассисаҳои   ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор доранд

  1. Кўдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои тарбиявӣ, табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд қарор доранд, чунин ҳуқуқҳо доранд:

ба таъминот, тарбия, таълим, рушду такомули ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ, таъмини манфиатҳояшон;

ба алимент, нафақа, ёрдампулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоии ба онҳо тааллуқдошта;

ба нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият ба манзили истиқоматӣ ё ҳуқуқи истифодаи манзили истиқоматӣ ва ҳангоми мавҷуд набудани манзили истиқоматӣ ҳуқуқ доранд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба манзил хонаи истиқоматӣ гиранд;

пас аз хатми муассисаҳои  зикргардида ба имтиёз барои ба кор даромадан мувофиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат. (қҷт.26.12.2011 №791)

  1. Кўдакони бе парастории падару модар монда, ки дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида қарор доранд, инчунин дорои ҳуқуқҳои пешбининамудаи моддаҳои 55, 56 ҳамин Кодекс мебошанд.

 

Моддаи 155. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои васӣ ва  парастори  кўдаки  ноболиғ

  1. Васӣ ва парастори кўдаки ноболиғ ҳуқуқ доранд ва ўҳдадор ҳастанд, ки шахси ба парасторӣ гирифтаашонро тарбия кунанд, дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рўҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таҳсил ва касбомўзии ў ғамхорӣ зоҳир намоянд.

Васиёну парасторон метавонанд бо назардошти фикру хоҳиши кўдакон ва тавсияи мақомоти васояту парасторӣ,инчунин ҳангоми риояи талаботи    пешбининамудаи  қисми якуми моддаи 65 ҳамин Кодекс  тарбияи кўдаконро, ки  таҳти васояти (парастори) онҳо қарор доранд, мустақилона муайян намоянд.

Васӣ ва парастор бо назардошти фикру хоҳиши кўдаки таҳти васояташон қарордошта  ҳуқуқ доранд  муассисаи таълимӣ ва шакли таълимро барои гирифтани таҳсилоти асосии умумӣ   мустақилона интихоб намоянд. (ҚҶТ аз 14.11.2016,№1365)

  1. Васӣ ва парастор ҳуқуқ доранд ба воситаи суд аз ҳар гуна шахсоне, ки бе асоси қонунӣ кўдакро дар назди худ нигоҳ медоранд, аз ҷумла аз хешовандони наздики кўдак баргардонидани кўдаки дар таҳти васояташон (парасториашон) бударо талаб намоянд.
  2. Васӣ ва парастор ҳуқуқ надоранд, ки барои муоширати кўдаки таҳти васояташон (парасториашон) қарордошта бо падару модару хешовандони дигараш, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин муошират ба манфиати кўдак нест, монеъ  шаванд.
  3. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои васӣ ва парасторро Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  4. Ўҳдадории васоят (парасторӣ) нисбат ба кўдаки таҳти васоят (парасторӣ) қарордошта аз ҷониби васӣ (парастор) бемузд анҷом дода мешавад.
  5. Ба васӣ (парастор) барои таъминоти кўдаки таҳти парасторӣ қарордошта ҳар моҳ тибқи андоза ва тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағ дода мешавад.

 

Моддаи 156. Аз вазифа бартараф сохтани васӣ ва  парастор дар сурати номатлуб иҷро кардани вазифаашон

  1. Агар васӣ ё парастор вазифаи ба зиммааш гузошташударо номатлуб иҷро кунад, мақоми васояту парасторӣ васӣ ё парасторро аз иҷрои ин вазифа озод менамояд. (қҷт.26.12.2011 №791)
  2. Дар сурати васоятро (парасториро) ба мақсадҳои ғаразнок истифода кардани васӣ (парастор), инчунин дар ҳолати бе назорат ва кўмаки зарурӣ гузоштани шахсони таҳти парасторӣ қарордошта мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки барои ҳалли масъалаи ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун кашидани ин шахс маводи заруриро ба прокурор пешниҳод намоянд.

Моддаи 157. Аз  парастории  шахси  болиғ  озод  кардани  парастор  бо  талаби шахси  таҳти парасторӣ қарордошта

Парастори шахси болиғи қобили амал, ки ба парасторӣ мўҳтоҷ  аст  бо сабаби вазъи саломатӣ ва синну сол бояд бо талаби шахси таҳти парасторӣ қарордошта аз вазифа озод карда шавад. Мақомоти  васояту парасторӣ дар ин ҳолат метавонанд бо мувофиқаи шахси  таҳти  парасторӣ қарордошта шахси дигарро ба сифати  парастор таъин намоянд.

 

Моддаи 158.   Шикоят намудан оид ба қарорҳои мақомоти  васояту  парасторӣ (қҷт.26.12.2011 №791)

Нисбати  қарорҳои мақомоти васояту парасторӣ дар хусуси таъин ва озод намудани васиён ва парасторон, инчунин доир ба тамоми масъалаҳои васояту  парасторӣ шахсони манфиатдор метавонанд аз рўи тобеият ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят  кунанд.

 

Фасли VII (боби 21, моддаҳои 159, 160, 161, 162, 163, 164, 165, 166) хориҷ карда шавад. (қҷт 29.04.06 №183)

 

Ф А С Л И  VIII

ИСТИФОДАИ  ҚОНУНҲОИ  ОИЛА ДАР  МУНОСИБАТҲОИ  ОИЛАВӢ БО

ИШТИРОКИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ   ВА  ШАХСОНИ БЕШАҲРВАНДӢ

 

БОБИ  22

Истифодаи қонунгузории АҚДИ никоҳ ва оила нисбат ба  шаҳрвандони хориҷӣ ва шАхсОНи бешаҳрвандӣ

 

 

Моддаи  167. Ақди никоҳ дар қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Шаклу тартиби ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Шартҳои ақди никоҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шахси никоҳшаванда дар асоси қонунҳои давлате, ки дар лаҳзаи ақди никоҳ ў шаҳрванди он давлат мебошад, бо риояи талаботи қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс дар бобати ҳолатҳое, ки  монеъи ақди никоҳ  мегарданд, муайян карда мешаванд. (қҷт.25.03.2011 №710); (қҷт.26.12.2011 №791)
  3. Агар шахс дар баробари шаҳрванди давлати дигар будан шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, нисбати вай шартҳои ақди никоҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  истифода бурда мешавад. Агар шахс дорои шаҳрвандии якчанд давлати хориҷӣ бошад, бо интихоби ин шахс қонунгузории яке аз ин давлатҳо истифода бурда мешавад. (қҷт 29.04.06 №183)
  4. Шартҳои ақди никоҳи шахси бешаҳрвандӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки ин шахс дар он ҷои истиқомати доимӣ дорад.

 

Моддаи 168.  Ақди  никоҳ дар    намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ

  1. Ақди никоҳи дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Ақди никоҳ дар байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз тарафи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шудааст, агар ин шахсон дар лаҳзаи ақди никоҳ шаҳрвандони давлати хориҷие бошанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафир ё консул таъин кардааст, мутақобилан қобили эътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 169. Эътирофи никоҳе, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст

  1. Никоҳҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва никоҳҳои байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қонунҳои он кишвар баста шудаанд, агар барои эътироф шартҳо ва монеаҳои дар қисми 3 моддаи 12 ва моддаи 14 ҳамин Кодекс пешбинигардида набошанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қонунҳои он кишваре баста шудаанд, ки дар он ақди никоҳ сурат гирифтааст, дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешаванд.

 

Моддаи 170. Беэътибор донистани  ақди никоҳ

Ақди никоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 167 ва 169 Кодекси мазкур беэътибор дониста мешавад. (қҷт.26.12.2011 №791)

 

Моддаи 171.  Бекор кардани ақди никоҳ

  1. Бекор кардани никоҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрвандони хориҷӣ ё ашхоси бешаҳрвандӣ, инчунин никоҳи байниҳамдигарии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, ҳуқуқ доранд никоҳро бо ҳамсари худ, ки берун аз ҳудуди  Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, сарфи назар аз шаҳрвандии ў, дар суди Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунанд. Дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бекор кардани ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иҷозат дода мешавад, ақди никоҳ дар намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бекор карда мешавад. (қҷт.26.12.2011 №791)
  3. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони  бешаҳрвандӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи қонунгузории давлати хориҷии дахлдор  салоҳиятнокии  мақомоте, ки оиди  бекор кардани ақди никоҳ қарор қабул кардаанд ва қонунгузорие, ки ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ бояд истифода бурда шавад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.
  4. Бекор кардани никоҳи байни шаҳрвандони хориҷӣ, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо риояи қонунгузории давлати дахлдор салоҳияти мақоме, ки дар бораи ақди никоҳ қарор баровардааст ва қонунҳое, ки бояд ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ истифода шаванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боэътибор дониста мешавад.

 

Моддаи 172. Ҳуқуқҳои шахсии ғайри молумулкию молумулкӣ ва ўҳдадориҳои   зану шавҳар (қҷт.25.03.2011 №710)

  1. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкию молумулкӣ ва ўҳдадориҳои зану шавҳар тибқи қонунҳои давлате, ки онҳо дар ҳудуди он иқоматгоҳи муштарак доранд ва дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак бошад, тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар қаламрави он иқоматгоҳи охирини муштарак доштанд. Ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкию молумулкӣ ва ўҳдадориҳои  зану шавҳаре, ки иқоматгоҳи муштарак надоранд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (қҷт.25.03.2011 №710)
  2. Зану шавҳаре, ки шаҳрвандии умумӣ ё иқоматгоҳи муштарак надоранд, ҳангоми бастани аҳдномаи никоҳ ё созишнома дар бораи пардохти алимент ба ҳамдигар метавонанд қонунҳоеро интихоб намоянд, ки барои муайян намудани ҳуқуқу ўҳдадориҳояшон дар хусуси пардохти алимент аз рўи ин аҳднома ё созишномаи пардохти алимент мавриди истифода қарор мегиранд. Агар зану шавҳар дар мавриди интихоби қонунҳо  нисбати аҳдномаи никоҳ ё созишномаи зану шавҳар дар бораи пардохти алимент ба якдигар  ба мувофиқа наоянд, муқаррароти қисми  якуми ҳамин модда истифода мешавад. (қҷт. 19.03.2013, №952)

Моддаи 173. Муқаррар намудан ва рад кардани  падархондӣ (модархондӣ)

  1. Муқаррар намудан ва рад кардани падархондӣ (модархондӣ) тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки кўдак аз рўи таваллуд  шаҳрванди он мебошад.

2.Тартиби муқаррар ва рад кардани падархондиро (модархондиро)  дар ҳудуди Ҷумҳурии  Тоҷикистон қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян   мекунад. Дар ҳолатҳое, ки агар  мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани падар (модар)  дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ иҷозат дода шуда бошад, падарӣ, модарӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаи кўдак, ки ақаллан якеашон  шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ҳуқуқ доранд бо аризаи муқаррар намудани падар (модар) ба намояндагии дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 174. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар ва фарзандон

Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои падару модар ва фарзандон, аз ҷумла ўҳдадории падару модар дар бобати таъминоти фарзандон мутобиқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки  дар он давлат иқоматгоҳи муштарак доранд. Дар сурати иқоматгоҳи муштарак надоштани падару модар ва фарзандон, ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки кўдак шаҳрванди он мебошад. Бо талаби даъвогар нисбати ўҳдадориҳои алиментдиҳӣ ва дигар муносибатҳои байни падару модар ва фарзандон қонунҳои давлатеро истифода кардан мумкин аст, ки кўдак дар қаламрави он истиқомати доимӣ дорад.

 

Моддаи 175.  Ўҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ва аъзои дигари оила

Ўҳдадориҳои алиментдиҳии фарзандони болиғ ба манфиати падару модараш, инчунин ўҳдадориҳои алиментдиҳии аъзои дигари оила тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешаванд, ки онҳо дар  қаламрави он иқоматгоҳи доимӣ доранд. Дар сурати надоштани иқоматгоҳи муштарак чунин ўҳдадориҳо тибқи қонунҳои давлате муайян карда мешавад, ки шахси даъвогари алимент  шаҳрванди он мебошад.

 

Моддаи 176. Муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои  ҳуқуқи оилавии хориҷӣ

  1. Ҳангоми истифодаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот мундариҷаи ин меъёрҳоро мувофиқи тафсири расмии он, амалияи истифода ва  доктринаи он   дар давлати дахлдори хориҷӣ муқаррар менамоянд.

Ба мақсади муқаррар намудани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ суд, мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигар метавонанд тибқи тартиби муқарраршуда барои мусоидат ва тавзеҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти салоҳиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кунанд ё коршиносонро (экспертҳоро) ҷалб намоянд.

  1. Шахсони манфиатдор ҳуқуқ доранд асноди тасдиқкунандаи мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷиеро, ки онҳо барои талаби худ ё эътироз ба он истинод мекунанд, пешниҳод намоянд ё ба тарзи дигар ба суд ё мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар мақомот дар муқаррар сохтани мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ мусоидат кунанд.
  2. Агар мундариҷаи меъёрҳои ҳуқуқи оилавии хориҷӣ, сарфи назар аз чораҳои мутобиқи қисми якуми ҳамин модда дидашуда  муқаррар нагардад, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.

 

Моддаи 177.  Маҳдудияти истифодаи ҳуқуқи  оилавии хориҷӣ

Ҳуқуқи оилавии хориҷӣ дар ҳолатҳое истифода бурда намешавад, ки он хилофи асосҳои тартиботи ҳуқуқии (тартиботи оммавӣ) Ҷумҳурии  Тоҷикистон бошад. Дар ин ҳолат қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода  бурда мешаванд.

 

Моддаи 1771. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои  риоя  накардани  талаботи  Кодекси мазкур  мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт. 19.03.2013, №952)

 

Моддаи 178.  Аз эътибор соқит донистани баъзе  санадҳои қонунгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон,  бинобар мавриди амал қарор гирифтани  ин Кодекс

Қонунҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон  беэътибор  дониста  шаванд:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 1969 “Дар бораи тасдиқ кардани Кодекси  оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1969. № 12, моддаи 102);

Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 1976 “Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 185 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба никоҳ ва оила” (Ведомостҳои Советии Олии РСС Тоҷикистон, соли 1976, № 19, моддаи 244);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1976 “Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 185 Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба никоҳ ва оила” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1976, № 23, моддаи 282);

Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1980 “Дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1980, № 18, моддаи 216);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 1980 “Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи даровардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1980, № 23, моддаи 250);

Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1982 “Дар бораи даровардани  тағйирот ва иловаҳо ба моддаи 35 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1982, № 7, моддаи 51);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 маи соли 1982 “Дар хусуси тасдиқ кардани Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати тасдиқи Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1982 “Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 35 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон”  (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1982, № 11, моддаи 130);

Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1984 “Дар бораи даровардани тағйирот ба моддаи 27 Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои  Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1984, № 4, моддаи 40);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 1984 “Дар бораи тасдиқ кардани Указҳои Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар қисмати тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 1984 “Дар бораи дохил кардани тағйирот ба моддаи 27-уми Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ( Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон,  соли 1984, № 4, моддаи 36);

Моддаи 9 Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 1984 “Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба  баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1984, № 16, моддаи 168);

Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 1984 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1984, № 23, моддаи 224);

Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 1985 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1985, № 5, моддаи 54);

Фасли 11 Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 1985 “Дар бораи баъзе тағйиротҳои тартиби рўёнидани алимент барои нигоҳубини кўдакони ноболиғ” (Ведомостҳои  Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1985, № 23, моддаи 230);

Фасли 1 Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 1987 “Дар бораи баъзе тағйиротҳои тартиби рўёнидани алимент барои фарзандони ноболиғ” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1987, № 5, моддаи  76);

Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1990, № 5,. моддаи 42);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990 “Дар хусуси тасдиқи Указҳои Президиуми Совети  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар қисмати тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон соли 1990, № 9, моддаи 162);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990 “Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, № 9, моддаи 163);

Фасли III Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 1990 “Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе актҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои  Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, № 16, моддаи 268);

Фасли YI Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 декабри соли 1990 “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Шўрои Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, № 24, моддаи 410);

Фасли 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 “Дар  хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 1992 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 21-22, моддаи 301);

Фасли IY Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 1993 “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Протоколи № 166 маҷлиси Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 1993 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 13, моддаи 272);

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 1993 “Оид ба тасдиқ намудани Фармонҳои Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июли соли 1993 “Дар бораи даровардани тағйирот ба Кодекси оид ба никоҳ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 23-24, моддаи 509).

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

304 Дар бораи қабули Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор  мекунад:

Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                          Э.Раҳмонов

ш.Душанбе,13 ноябри соли 1998

       № 682

ШАРИКОН: