Иштирок дар Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ

12 октябри соли 2017 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи даъватҳои якҷояи Раиси Иттиҳоди байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ, Котиби кулли Иттиҳоди байнипарламентӣ Мартин Чанчонг, инчунин даъватҳои Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафари корӣ намуд.

Дар доираи сафари корӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев нахуст 13 октябр дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва даҳумин ҷаласаи пленарии он, ки дар Қасри Мариинскийи шаҳри Санкт-Петербург доир гардиданд, ширкат варзид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро як қатор масъалаҳоро мавриди муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода, рӯзномаи ҷаласаи даҳуми пленарии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро иборат аз баррасӣ ва қабули 13 лоиҳаҳо, аз онҳо 3 қонунҳои моделии СААД ва 8 тавсияҳои ба мукаммал ва мутобиқсозии қонунгузориҳои кишварҳои иштирокчии СААД нигаронидашударо тасдиқ намуданд, ки зимни баррасии онҳо як идда таклифу пешниҳодҳои ироанамудаи Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҷониби иштирокчиён ҷонибдорӣ гардиданд.

Идома бар он, аъзои Шӯро раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро оид ба мудофиа ва амният тасдиқ намуда, гузориши Котиби генералии СААД Хачатуров Ю.Г нисбати вазъ дар минтақаи зери масъулияти созмон ва чораҳои муқовиматии андешидашуда дар иртибот ба зиддият ва таҳдидҳоро шуниданд.

Нимаи дуюми рӯз Маҳмадсаид Убайдуллоев дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар ҷаласа аъзои Шӯрои Ассамблея масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи фарогирро ҳамаҷониба баррасӣ карда, бо қабули қарорҳои дахлдори Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вобаста ба ҳар кадоми онҳо,  оид ба роҳ надодан ба миллатгаройӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба хотираи ҷанговарони коалитсияи зиддигитлерӣ изҳорот қабул намуданд.

Гузашта аз ин, аъзои Шӯро дар ҷаласаи худ тибқи рӯзнома гузориши Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Чинибай Турсунбековро роҷеъ ба натиҷаҳои баргузории Форуми панҷуми байналмилалии фарҳангӣ – маърифатии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Кӯдакони  Иттиҳод”, ки дар он ҷониби Тоҷикистон ширкати фаъолона доштанд, шунида, мавзуъҳои марбут ба мониторинги интихоботҳои давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2017, хусусан интихоботи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин омодагӣ ба мониторинги интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва омодагиҳо ба мониторинги ҷараёни интихоботҳои доиршаванда оид ба интихоби президентҳои Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Озорбойҷон ва Парламенти Ҷумҳурии Молдова дар соли 2018 қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ҳамзамон, аъзои Шӯро таъсиси Шӯрои экспертии иқтисодиро зарур шуморида, гузоришро оид ба раисии Федератсияи Россия дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуниданд. Инчунин, ширкаткунандагони ҷаласа масъалаҳои ташкилӣ ва нақшаи кори Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои соли 2018 муҳокима ва ҷонибдорӣ намуда, бобати дар паҳнои Иттиҳод эълон доштани соли 2019 – “Соли Китоб” ва 2020 – “Соли 75 — солагии Ѓалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” қарор қабул карданд.

14 октябри соли 2017 дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар расми тантанавии кушодашавии Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар Маркази конгресию намоишии “Экспофорум”, ки онро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ифтитоҳ ва дар он суханронӣ намуд, ширкат варзид.

Иттиҳоди Байнипарламентӣ соли 1889 таъсис ёфта, яке аз бонуфузтарин Иттиҳод дар арсаи байналмилалӣ ба шумор рафта, ба ҳайати он 173 кишвари ҷаҳон шомил гардидааст ва раванди пайвастани аъзои нав ба ин созмон идома дорад.

Бояд қайд кард, ки Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз соли 2016 ёздаҳум узви ҳаммароми ин созмони байнипарламентӣ мебошад.

Дар кори Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ, ки аз 14 то 18 октябри соли равон ҷараён дошт,  аз 173 кишварҳои аъзои ин созмон 160 мамлакат, аз он ҷумла 96 роҳбарони парламентҳо ва наздик ба 2500 нафар намояндагон ширкат доштанд, ки дар таърихи 128 — солаи Иттиҳод аз ҳама сернуфуз маҳсуб ёфта, он дар рушди глобалии гуфтугӯҳои байнипарламентӣ саҳми босазою беназири худро гузошт.

Қобили зикр мебошад, ки дар маросими кушодашавии Ассамблеяи мазкур раиси Иттиҳоди Байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ, Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко, Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин ва муовини котиби генералии Созмони милали Муттаҳид Юрий Федотов суханронӣ намуданд.

Ширкаткунандагон фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба мавзӯи асосии матраҳшавандаи Ассамблея, ки «Густариши гуногунандешии фарҳангӣ ва сулҳ тавассути гуфтугӯи байниадён ва миллатҳо» ном гирифта буд, иброз доштанд.

Аз ҷумла, роҳбари ҳайати парламентии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко зикр сохт, ки дипломатияи парламентӣ, дар сурати бе таъсир мондани механизмҳои анъанавии дипломатӣ, ягона воситаи муассир оид ба нигаҳдории муколамаи мусолиҳатомез боқӣ мемонад ва рисолати парламентарҳо ба тафоҳум расидан  аст. Аз ин ҷост, ки дар коҳиш додани шиддатҳои муқовиматёбии муносибатҳои сарди сайёравӣ ва нигаҳдошти пойдории сулҳ дар ҷаҳон шаҳрвандон  аз парламентарҳо амалҳои мушаххасу воқеиро интизоранд. Дар ин росто, омезиши касбии принсипҳои демократӣ ва анъанаҳои нодири хос ба ҳар як фарҳанг имкон дорад барои ҳамкории воқеан самараноки байналмилалӣ заминагузор бошад.

Дар Ассамблея дархости парламентҳои Туркманистон ва Ҷумҳурии Вануату ҷиҳати шомил гардидан ба Иттиҳоди Байнипарламентӣ қабул гардида, Ҷумҳурии Ӯзбекистон аъзогии худро ба Иттиҳод барқарор намуд. Ҳамин тариқ шумораи давлатҳои  аъзои Иттиҳоди Байнипарламентӣ ба 176 адад расид.

Бояд тазаккур дод, ки муҳит ва доираи баргузории Ассамблея барои боздиду ҳамоиш ва мулоқотҳои судманди роҳбарони парламентҳои кишварҳои аъзо шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда буд.

Дар иртибот ба ин, 15 октябри соли 2017 дар доираи сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев тибқи дархости ҷониби Ҷумҳурии Бенин бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Бенин ҷаноби Андриен Хунгбеҷӣ, ҳайати парламентӣ ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Бенин дар Федератсияи Россия  ҷаноби Анисет Габриэл Кочофа мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллӣ бо сипосмандӣ аз ҳамовозии ҷониби Бенин аз ташаббусҳои  созандаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ — дар соҳаи об ёдовар шуда, ҳамкориҳои байнипарламентиро байни мақомотҳои олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ дар самти дуҷонибаю бисёрҷониба амри воқеӣ ва ҷонибдории ҳамаҷонибаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт иброз намуд.

Ҷониби Бенин хостори ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳою таъсиси гуруҳҳои дӯстии байнипарламентӣ гардид ва ин нахустин мулоқот дар сатҳи кишварҳо буда, дар фазои ҳусни тафоҳуму созанда ба анҷом расид.

Қобили зикр мебошад, ки институтҳои кории Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ воқеан майдони мубоҳисаҳои муфид оид ба тарҳрезии ҳадафҳои ягонаи башардӯстӣ дар роҳи расидан ба тафоҳумоти ҳалли масоили мухталифи сатҳи глобалӣ  гардид. Аз ин рӯ, Раиси Иттиҳоди Байнипарламентӣ Сабер Чаудҳарӣ зимни ифтитоҳи Форуми занон-парламентарҳо афзуд, ки демократия танҳо дар сурати иштироки якхелаи занон ва мардон дар ҳама равандҳои ҷомеа имкон дорад ва набояд нисбати баробарии гендерӣ танҳо сухан гуфт, балки ин равандро бо кору ҳаракатҳои мушаххас  пурра кард.

Далели ин гуфтаҳоро бо он собит сохт, ки бори нахуст дар кори Ассамблеяи мазкур 30 фоизи ҳайати иштирокдоронро занон –парламентарҳо ташкил медиҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҷаласаҳои кории Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ, аз қабили Форуми занон-парламентарҳо, Форуми ҷавонони парламентарҳои Иттиҳоди байнипарламентӣ, Кумитаи доимӣ оид ба демкоратия ва ҳуқуқи инсон ва Шӯрои роҳбарикунанда, ки то 18 октябри соли 2017 идома ёфтанд, дар кори онҳо узви гуруҳи миллии парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Байнипарламентӣ Раҳмонова Наргис Шарифовна ва раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад ширкат варзиданд.

Дар рӯзи хотимавии фаъолияти Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарикунандаи Ассамблея  тибқи рӯзнома интихоби Президенти Иттиҳоди Байнипарламентӣ барои се соли оянда сурат гирифт. Аз ҷониби Шӯрои роҳбарикунанда дар он номзадии ду нафар номзадҳои пешниҳодгардида: раиси Куматаи Сенати Иёлоти Муттаҳидаи Мексикоӣ оид ба корҳои байналхалқӣ хонум Габриелла Куэвас Баррон ва аъзои Сенати Ҷумҳурии Шарқии Уругвай хонум  Ивонн Пассада ба овоз гузошта шуд.

Дар натиҷаи овоздиҳии пӯшида ба ҳайси  Президенти Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар таърихи он нахустин бор зан — хонум Габриелла Куэвас Баррон бо ба даст овардани 287 овоз  интихоб гардид, ки зимни нутқи симматнишинии худ махсус таъкид сохт, ки дар таърихи Иттиҳоди Байнипарламентӣ Ассамблеяи 137-ум аз сернуфузтаринҳост ва вазифаҳои аввалиндараҷаи Иттиҳодро дар ҷодаи дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли босамару натиҷабахши масъалаҳое, ки боиси ташвиши аҳли ҷомеаи башарӣ, аз қабили пешрафти демократикунонӣ, сулҳ, рушди устувор, баробарии миллатҳою ҷинсҳо дар доираи принсипҳои плюрализм,  ҳаматарафагӣ ва ошкоро изҳор намуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки Ассамблеяи Байнипарламентӣ дар ҷаласаи ниҳоии худ қатънома “Дар бораи 25-солагии қабули Эъломияи умумӣ оид ба демократия: ягонагии гуногунии мо” қабул намуд, ки дар матни он бо ибтикори Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод оид ба эълон гардидани 30 июн хамчун Рӯзи байналмилалии парламентаризм ворид карда шуд.

Бо ҳамин кори Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия  басо рангину пурсамар ва манфиатбахш барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои байнипарламентии кишварҳои аъзо фарҷом ёфт, ки ҳайати парламентии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз фаъолтарини ҳайатҳо маҳсуб меёфтанд.

Аз ҷумла, дар доираи мубоҳисаҳои мавзӯи асосии матраҳшавандаи Ассамблея: «Густариши гуногунандешии фарҳангӣ ва сулҳ тавассути гуфтугӯи байниадён ва миллатҳо» раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  оид ба фарҳанг, иттилоот, варзиш ва туризм Сергей Рибаков  афзуд, ки  фаъолияти Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, ки муттаҳидкунандаи мақомоти ҳокимияти қонунгузори нӯҳ давлат мебошад, на танҳо барои рушди муколамаи байни миллатҳои парламентҳо, балки барои наздиксозии мавқеъҳо нисбати масъалаҳои ҳассос, чун гуногунандешии фикрию фарҳангӣ, гуногунрангии этникию мазҳабӣ равона карда шудааст.

Ҳамин аст, ки бо қарори Шӯрои роҳбарикунандаи Ассамблеяи 137-уми Иттиҳоди Байнипарламентӣ дар нақшаи чорабиниҳои баргузоршавандаи ин созмон дар соли 2018 бо мақсади рушди таҳкимёбандаи парламентарҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир намудани семинари минтақавии якҷоя дар шаҳри Санкт-Петербург  шомил карда шуд.

ШАРИКОН: