Иштироки узви Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

8 октябри соли 2020 ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ  бо реҷаи онлайн баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ намояндагӣ намуд.

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои интихоби ҷонишини раиси Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, лоиҳаҳои Низомномаи иштироки нозирон дар фаъолияти АБП ИДМ ва Низомномаи мақоми нозирони назди АБП ИДМ, мушаххассозии номгўйи масъалаҳои баррасишавандаи Комиссияи доимии АБП ИДМ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳафтаи виртуалии Контртерроризми Созмони Миллали Муттаҳид аз 6 то 10 июли соли 2020, таъсири оқибатҳои пандемияи КОВИД-19 дар низоъҳои ҳарбӣ ва фаъолиятҳои террористӣ, рафти омодагӣ ба Конференсияи мубориза бо терроризми байналмилалӣ дар соли 2021, натиҷаҳои иштироки гурўҳи нозирони АБП ИДМ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Беларус, роҳ надодани дахолати беруна ба корҳои дохилии кишварҳои мустақил, дурнамои рушди дипломатияи  парламентӣ ва нақши АБП ИДМ дар ин равандро  мавриди муҳокима қарор дода, доир ба онҳо қарорҳои дахлдор  қабул карданд.

Зикр мегардад, ки қарорҳои қабулгардида метавонанд дар роҳи ба  эътидол овардани низоъҳо дар қаламрави давлатҳои иштирокчии ИДМ ва ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои сиёсӣ ва равобити байналмилалӣ саҳмгузорӣ намоянд.

ШАРИКОН: