Иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Конфронс оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ

28 марти соли 2017 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Конфронси парламентии муштараки Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронии хеш баргузории конфронси бонуфуз ва баррасии тадбирҳои муштаракро саривақтию муҳим арзёбӣ  ва зикр намуд, ки рӯз аз рӯз раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари фоидаи пурсамар дар худ як зумра ҷанбаю масъалаҳои таъсиррасонро таҷассум менамояд ва дар заминаи онҳо гуруҳҳои иҷтимоие ташаккул меёбанд, ки пояҳои бунёди ҷомеаи мутамаддинро сарфи назар намуда, дар фаъолият ва муборизаҳои сиёсиашон шиорҳои радикалиро пеша ва истифода мебаранд. Ҳамзамон  сиёсати “меъёрҳои духура” хислати равшантарро касб менамояд, ки дар натиҷа на танҳо муташанниҷ шудани мушкилоти мавҷудаи байналмилалӣ, балки паҳншавии таҳдидҳои нав, қабл аз ҳама, хусусияти террористию кибертеррористӣ дошта  мушоҳида мегарданд.

Идома бар он, афзуд, ки рушди технолгияҳои иттилоотӣ, дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ доманаи терроризмро фарох карда, онро ба хатари байналмилалӣ табдил дод, зеро интернет то андозае ба майдони ошкорою идоранашавандаи таблиғи ҳадафҳои нопоки ифротгароиву террористӣ мубаддал гардида, ташкилотҳои террористӣ ба ин васила дар роҳи тундгаро шудани бархе аз истифодабарандагони интернет ва ҷалби шаҳрвандони алоҳида ба сафҳои худ ошкоро фаъолият доранд.

Аз ин рӯ, дар танҳоӣ алайҳи ин зуҳурот ва нақшаи тарҳрезишуда истодагарии давлатҳои алоҳида ғайриимкон буда, ҳамоҳангӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи кишварҳоро тақозо менамояд.

Гузашта аз ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки ҳаводиси охир дар бархе аз кишварҳо аз марзҳои миллӣ убур намуда,  чунин ба назар мерасад, ки на танҳо Шарқи Наздику Миёна, балки аксари кишварҳои ҷаҳон объекти ҳадафҳои ҷиноӣ ва амалҳои  террроризми байналмилалӣ, ки ҳамеша тағйири сурат менамояд, қарор гирифтаанд.

Ҳар он чи, ки имрӯз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон сурат мегирад, афзуд Раиси Маҷлиси миллӣ, бори дигар аз мубрамияти масъалагузориҳои чандинкаратаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали  Муттаҳид ва минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷиҳати якҷоя кардани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муборизаи дастаҷамъона  бар зидди терроризм — вабои асри бисту як ва ташкили ҳалқаи амну расонидани кумакҳои амалӣ ва муассир дар ҳалли проблемаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, гуманитарии Љумхурии Исломии Афғонистон — кишвари дар гирдоби ҷанг қарордоштаву азияткашидаи бо мо ҳамсояву дӯст, шаҳодат медиҳад, ки дар ҳаллу фасли масъалаҳои зикршуда ҳеҷ яке аз давлатҳои ҷомеаи мутамаддин  набояд бетараф бошанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки бо мавҷудияти сарҳади тӯлонӣ бо Афғонистон қариб шаст фисади марзи берунаи Иттиҳод ба Точикистон рост меояд ва кишвари мо  садди  роҳи паҳншавии хатарҳои терроризм, экстремизм, наркотрафик ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ гардида, дар фазои ИДМ, САҲА ва берун аз сарҳадоти онҳо ба ҳайси минтақаи буферӣ баромад мекунад.

Маҳз хусусияти фаромиллии содиршавии ҷиноятҳои марбут ба терроризм мубрамияти пешбурди фаъолияти муштаракро бар зидди террор собит месозад, зеро таҷрибаи байналмилалии  муқовимат  бар зидди терроризму экстремизм,  нишон медиҳад, ки муваффақ шудан дар ин самт, аз тарҳрезӣ ва амалӣ кардани чораҳои комплексии барҳам додани  омилҳои идеологӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва институсионалии фаъолшавии онҳо вобаста мебошад.

Бо дарки он,  ки терроризм ва экстремизм ба аминяти миллию минтақавӣ таҳдид мекунад, кишвари мо,  теъдоди зиёди санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро оид ба мубориза бо терроризм имзо ва тасдиқ намуда, нисбати таъқиби ҷиноии ҷалбкунӣ ва маблағгузории террористон — ҷангиёни хориҷӣ, табодули иттилоъ дар бораи онҳо ва тарҳрезии барномаҳои муқовимат бар зидди зуҳуроти номатлуби зикршуда, тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.

Дар ин ҷода, дар баробари қонунҳои дахлдор Стратегияи миллии муқовимат алайҳи экстремизму терроризм барои солҳои 2016-2020 мавриди амал қарор дошта, доир ба ин масъала ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо шарикон аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай,  инчунин бо дигар доираҳо ба роҳ монда шудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки хонаи ягонаи мо – сайёраи Замин хеле осебпазир буда, ба ҳимояти умум зарурат дорад. Аз ин лиҳоз, муҳим мебошад, ки аз нав  дида баромадани асосҳои бунёдии низоми ҷаҳонӣ таҳмил нагардида,  ҷаҳони  бисёрқутба будани сайёраамонро дарк бояд намоем.

Тавре, ҳамагон хуб медонанд, таъкид сохт М. Убайдуллоев,  ҷаҳон тағйири сурат намуда, башарият аз сарҳадоти олами ҷисмонӣ берун, дар шинохти умқи коинот дастёб, фазои кайҳонро азхуд, нақшаҳои бузургеро доир ба сохтмони маҳалли зист дар Моҳтобу сайёраи Миррих  тарҳрезӣ, асрори заррачаҳои хурдтаринро кашф намуда, хондани ҷавҳари ҳастии хешро омӯхт ва дар сурати хости умум, бо имконоти мавҷуда ва институтҳои байналмилалӣ метавонад масъалаҳои доғ ва мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла терроризмро ҳал намоянд.

Кайҳо вақти он расидааст, иброз кард Раиси Маҷлиси миллӣ, ки тамоми кишварҳо дар мубориза алайҳи терроризм бо назардошти нерӯ ва хатари ҷиддии он муттаҳид шуда,  созмонҳои террористӣ ва мухолифини силоҳбадастро ба “муътадил” ва “ифроткор” ҷудо накарда, муттафиқона амал  намоянд.

Дар ин самт, ки омезиши омилҳои хатарзои дохилӣ ва хориҷӣ ба мушоҳида мерасад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ зери таъсири технологияи муосири иртиботӣ ва равонӣ қарор гирифта, созмонҳои террористӣ тавассути киберсилоҳ ва шабакаҳои интернетӣ ба тафаккур, шуур ва ҷаҳонбинии мардум, ба хусус насли ҷавон, ки ба осонӣ таҳти таъсир қарор мегиранд, пайваста баҳри мақсадҳои ғаразнокашон таъсир мерасонанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод намуд, ки дар баробари санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқие, ки дар Ассамблеяи Байнипарламентӣ, аз ҷониби мо қабул гардидаанд, бо инобати воқеияти равандҳои ҷаҳони имрӯза ва шиддати таҳдиди терроризм аз нигоҳи нав таҳияи заминаи усулан ҷадиди санади  меъёрӣ–ҳуқуқиро барои ин зуҳуроти номатлуб мавриди баррасӣ ва қабул қарор диҳем.

Дар фарҷом бо итминони комил омодагии мақомоти  қонунгузории кишварро дар ин самт таъкид дошта, зикр сохт, ки натиҷаҳои конфронси мазкур барои дар сатҳи ҷавобгӯ роҳандозӣ кардани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо  давлатҳо заминаи муътамад хоҳад гузошт.

ШАРИКОН: