Иштироки парламентарҳои ҷавон дар видеоконфронс таҳти унвони «Ҷавонон зидди ситоиши милатгароӣ»

Имрӯз (18.12.2020) тибқи Нақшаи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии кишварҳои узви ИДМ, ки ба 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шудааст, видеоконфронс таҳти унвони «Ҷавонон зидди ситоиши милатгароӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур таҳти сарпарастии Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони кишварҳои узви ИДМ сурат гирифт.
Дар нишаст ҳайати иштирокдорон масъалаҳои эҳтироми хотираи таърихиро баррасӣ намуда, дар самти татбиқи ташаббусҳои муваффақонаи ҷамъиятӣ, лоиҳаҳо ва барномаҳои тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мубодилаи афкор намуданд.
Дар чорабинии мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод, мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Наҷибулло Окилзода, сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Шамолов Парвиз ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Назирова Дилором намояндагӣ намуданд.
Иштирокдорон дар маърӯзаҳои худ қайд намуданд, ки набояд далелҳои воқеии таърихӣ сарфи назар карда шаванд.
Имрӯз муҳим аст, ки ҷомеаи солим тамоми кӯшишро ба харҷ диҳад, то корномаи гузаштагони мо фаромӯш нагардад. Зеро худпарастӣ, парокандагӣ, бегонаситезӣ, созгорӣ бо ҳама гуна зуҳуроти шовинизм ва миллатгароии хашмгин ба бадтарин рӯзҳо оварда мерасонад.
Дар ҷамбаст, модераторҳо-Ҳамоҳангсози Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони ИДМ, узви Кумитаи Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва варзиш Муҳаммад Валиев ва узви Кумитаи Думаи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонон Наталя Кувшинова ба кори конфронс баҳои баланд доданд.
Бо ҳамин ба кори он хотима дода шуд.

ШАРИКОН: