Иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаҳои Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

16 октябри соли 2020 ҷаласаҳои Комиссияҳои доимии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба таври маҷозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаҳои мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонзода Илҳом, Набизода Мадина ва Акрамзода Рустам намояндагӣ намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаҳо иштирокчиён доир ба рафти татбиқи афзалиятҳои раисии Федератсияи Россия дар  Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, рафти корҳо оид ба тасдиқи созишномаҳои байналмилалӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба имзо расонидашуда, оид ба натиҷаҳои мушоҳидаи интихоботи намояндагон ба Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон даъвати VII, дар бораи лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои солҳои 2021-2025, дар бораи лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалҳои ҳайатҳои парламентии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ташкилотҳои байналмилалии парлумонӣ, дар бораи лоиҳаи Нақшаи кории Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои соли 2021 ва дигар масъалаҳои пешниҳодгардида табодули афкор карданд.

Иштирокчиён доир ба масъалаҳои пешниҳодшуда маърӯза намуда, дар фарҷом вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

ШАРИКОН: