Иттилоия аз иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум  

2 августи соли 2018 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи шонздаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рўзномаи иҷлосия ба баррасии 22 масъалаҳои дар он шомилгардида, шуруъ намуданд.

Қабл аз ҳама, дар иҷлосия тибқи моддаи 49 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи  31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва моддаи 21 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои навинтихоби Маҷлиси миллӣ — аз ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 Имомназар Хоҷаназар Лутфулло ва вилояти Суѓд №2 Аҳмадзода Раҷаббой ва Иноятзода Баҳром дар вазъияти ботантана, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд намуданд, ки дар робита ба он Раиси Маҷлиси миллӣ  ҷиҳати интихоб шуданашон ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро самимона шодбош намуда, дар фаъолияти қонунгузорияшон баҳри рушди муттасили Ватани азизамон комёбиҳо орзу намуд.

Дар  асоси муқаррароти Конститутсия, қонунгузории амалкунанда ва Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси миллӣ Аҳмадзода Раҷаббой муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ, Имомназар Хоҷаназар Лутфулло ва Иноятзода Баҳром узви Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб гардиданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳои дигари рӯзнома,  бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисону аъзои кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Раҳмоналӣ Амирзода ва Миралӣ Раҷабзода пешниҳодгардида, 2 қонуни наву мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» ва «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 13 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд.

Дар иҷлосия тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар вафоташ бозхонд намудани Шарофиддин Зоирзода ва аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан  бозхонд намудани Астанақул Қосимов қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Дар фарҷоми иҷлосия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро  тавассути  тақвияти фаъолияти судманд дар татбиқи  қонунҳои ҷонибдоришуда ва эътибори  хоса зоҳир намудан ба сифати онҳо  ҷалб намуда, даъват ба миён овард, ки дар марҳилаи кунунӣ  бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми нерӯи созандаи худ ва аҳли ҷомеаамонро баҳри таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати аз байн бурдани баъзе равандҳои  фаромарзии таҳрикомез  дар тамоми самтҳою сатҳҳо, хусусан тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ таҳкиму тавсеа бахшида, дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон саҳми арзандаи худро  беш аз  ҳарвақта  гузорем.

 

Котиботи  Раиси Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон

 

ШАРИКОН: