Дидори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ бо ҳамватанони муқими Япония

Нимаи дуюми рӯзи 22 октябри 2019 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамватанони муқими Япония мулоқот намуданд.

Дар мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев иштирокчиёнро дар бораи дастовардҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазъи имрӯзаи иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати мамлакатро дар самтҳои гуногун оид ба дастгирии ҷавонон, хусусан дар бахши омӯзиш дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи ҷаҳони муосир ёдовар шуда, нақши шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Японияро дар тарғибу муаррифии шоистаи кишвари азизамон ба сокинони мамлакати иқомат ва ҳамин тартиб саҳмгузорӣ ба таҳкиму густариши робитаҳои гуногунсоҳа ва дӯстиву ҳамкориҳои мутақобилан муфид нек арзёбӣ намуданд.

Дар баробари ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев бо изҳори боварӣ зикр намуданд, ки ҳамватанони муқими Япония бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ки асосан устодону донишҷӯёни муассисаҳои олии илмӣ ва тадқиқотӣ мебошанд, пас аз забономӯзию такмили ихтисос ва таҷрибаҳои касбӣ дар риштаҳои фанновариҳои технологӣ, кибернетикӣ, иттилоотӣ, менеҷерӣ ва дигар соҳаҳои марбута, ки талаботи дар кишвар ба онҳо беш аз пеш рӯ ба афзоиш дорад, ба ватан баргашта дар раванди рушди устувор ва пешравии меҳани маҳбубамон саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Ҳозирин бинобар таҷрибаи андухтаи худ дар давоми будубош дар Япония бо пешниҳодҳои муҳим дар мавриди таҳкими соҳаҳои алоҳидаи робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Япония, масъалаҳои фаъолияти ҳамватанон, донишомӯзии донишҷуёни тоҷик сӯханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот, ки дар фазои ҳусни тафоҳум ва сӯҳбатҳои озоду самимӣ сурат гирифт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба суолу дархостҳои ҳамватанони муқими Япония посух гуфтанд.

ШАРИКОН: