Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

24 декабри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Сараввал, аъзои Шӯро лоиҳаи қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тартиби баргузорӣ ва инъикоси ҷараёни кори ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси  намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 26 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад ва дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёмашон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд, баррасӣ карда, барои шомил намудан ба рӯзномаи ҷаласаи нуҳуми якҷоя пешниҳод намуданд.

Дар идома,  аъзои Шӯро 39 масъала аз ҷумла, 5 қонуни мукаммал: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ва «Дар бораи хазинадорӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъектҳои  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасии амиқ қарор дода, дар асоси пешниҳодоти Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдории лоиҳаҳои Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо­раи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қодирзода А.С.» ва «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон», ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки пагоҳ 25-уми декабр баргузор мегардад, шомил намуданд.

Зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории РСС Тоҷикистон, ки дар давраи солҳои 1961-1963 қабул шудаанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека» аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллӣ ба кумитаҳо ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дастур гардид, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута таҳлили воқеии санадҳои қонунгузории то давраи соҳибихтиёрии кишвар қабулгардидаро ба роҳ монда, ҳамзамон оид ба таҳияи имтиёзҳо барои рушди инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ пешниҳодҳои асоснок ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ ирсол намоянд.

Ҳамзамон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯй­хати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷ­лиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сме­таи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон барои соли 2020» ба рӯзномаи иҷлосия ворид ва доир ба муҳокимаҳои парламентии баргузоршуда, ҷараёни татбиқи тавсияҳои онҳо ва иҷрои Нақшаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 

 

ШАРИКОН: