Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

20 декабри соли 2017 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро 51 масъалаҳоро бо инобати 3 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

Аз ҷумла, аъзои Шӯро Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ва пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия – деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод ва ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб», инчунин пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонди судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби муовини раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, ба рӯзномаи Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки пагоҳ 21–уми декабр баргузор мегардад,  шомил намуданд.

Гузашта аз ин, дар ҷараёни кори ҷаласаи Шӯро аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ тибқи Дастури ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи тартиби кори ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, рӯзномаи ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси на­моян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки аз тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ  иборат аст ва тартиби инъикоси ҷаласаи мазкурро баррасӣ намуда, барои тасдиқ ба ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22 декабри соли равон баргузор мегардад, пешниҳод намуданд.

ШАРИКОН: