Дар Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум 24 январи соли 2020 дар шаҳри Душанбе» аз 23 январи соли 2020, №1417 имрӯз таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ба баррасии 2 масъалаи дар он шомилгардида, шуруъ намуданд.

Дар иҷлосия аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳодоти Президенти мамлакатро дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озод намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва бори дигар ба ин вазифа таъин намудани номбурда, ҷонибдорӣ намуданд.

Қобили зикр мебошад, ки зимни баррасии масъала оид ба додани ризоият барои таъин намудани Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Зикрихудо, Шафеиён Ислом, Раҳмонова Наргис, Хайрулло Амонулло ва Дадаҷонова Саёҳат саволҳою андеша ва пешниҳодҳояшонро иброз намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро барои тақвияти фаъолият дар самтҳои гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ амиқан нигаронида, аз ҷумла таъкид сохт, ки баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар назорати прокурорӣ аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи якмароми қонун аз ҷониби кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ ба таври қатъӣ пурзӯр ва назорат оиди таъмини ташаккули низоми нави муқовимат бар қонуншиканиву ҳуқуқвайронкунӣ тавассути чораҳои таъхирнопазири мутамарказонидашуда роҳандозӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус коррупсия тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Ҳамзамон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки муассиртар намудани назорати прокурорӣ, тарҳрезии муборизаи дастаҷамъона алайҳи коррупсияву дигар зуҳуроти номатлуб, таҳияву татбиқи Барномаи судманд оиди пешгирии қонуншиканиҳою ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа ҳамчун тақозои вақт ногузир мебошад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бори дигар ба масъалаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дахл намуда, таъкид дошт, ки мақомоти назоратӣ ва ваколатдори давлатӣ дар ин самт беш аз ҳарвақта тавассути ба роҳ мондани фаъолияти ногузиру ҳамаҷониба бо масъулияти баланд ва эҳтироми талаботи қонунгузорӣ, ба санҷишҳои беасосу ғайринақшавӣ хотима бахшанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зикр намуд, ки боварии Сарвари давлат ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунӣ тақозо менамояд, ки бо сарварии Шумо низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистон, дар фаъолияти худ пайвастаю пайгирон оид ба таъмини назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди кишварамон беш аз ҳарвақта баҳри таъмини волоияти қонун дар ҷомеа тамоми нерӯ ва малакаи касбиашонро равона месозанд.

Дар идома, бо хулоса аз гузориши аз тарафи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Амирзода Раҳмоналӣ пешниҳодгардида ва шарҳҳои муфассали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва  идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» Сафарзода Хайрулло ва директори идоракунандаи Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Ҳомидзода Абдураҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидааст, бо мавриди муҳокимаи амиқ қарор додан, ҷонибдорӣ гардид.

Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пушида эълон карда шуд.

 

 

 

ШАРИКОН: