Дар Душанбе иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид

5 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Аъзои Маҷлиси миллӣ дар оғоз қарорҳои дахлдорро оид ба интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия иборат аз 10 масъала қабул карда, бо тартиби муқарраргардида ба баррасии масъалаҳо шурӯъ намуданд.

Дар ҷараёни иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллӣ раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ ва оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон маърӯза карда, хулосаҳои кумитаҳои дахлдорро нисбат ба қонунҳои баррасишаванда иброз намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар иҷлосияи мазкур аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 4 қонуни мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» ҳамаҷониба муҳокима гардида, ҷонибдорӣ карда шуданд.

Инчунин масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор кодексу қонунҳо, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда таҳия шудаанд, мавриди баррасии амиқи аъзои Маҷлиси миллӣ қарор гирифта, пас аз муҳокимарониҳо қонунҳои болозикр ҷонибдорӣ ёфтанд.

Бо ҳамин, иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ анҷом бахшид.

 

ШАРИКОН: