Дар бораи статуси медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

(АМОҶТ  №7-8/95, мод. 65)

 

Ин қонун гурўҳи шахсонеро, ки бо медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида мешаванд, муайян карда, тартиби супурдан ва овехта гаштани онро муқаррар менамояд.

 

Моддаи 1. Статуси медали ҷашнӣ

Медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофоти давлатӣ буда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда мешавад.-

 

Моддаи 2. Шахсоне, ки бо медали ҷашнӣ мукофотонида мешаванд

Шахсони зерини сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида мешаванд:

хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ҳайати кироя, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС дар амалиётҳои ҷангии фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардаанд;

партизанҳо ва иштирокчиёни пинҳонкории Ҷанги Бузурги Ватанӣ;

хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони ҳайати кироя, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС хизмат кардаанд;

шахсоне, ки бо медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои Ғалаба бар Япония» мукофотонида шудаанд, ҳамчунин шахсоне, ки шаҳодатномаи медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ё «Барои меҳнати фидокорона дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ё шаҳодатномаи иштирокчии ҷанг доранд;

меҳнаткашони ақибгоҳ, ки барои меҳнати диловаронаашон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орденҳои ИҶШС ё бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «арои шуҷоати меҳнатӣ», «Барои меҳнати шоён», «Барои мудофиаи Ленинград», «Барои мудофиаи Москва», «Барои мудофиаи Одесса», «Барои мудофиаи Кавказ», «Барои мудофиаи Киев», «Барои мудофиаи Заполярияи Шўравӣ» мукофотонида шудаанд;

шахсоне, ки нишони «Ба сокини Ленингради муҳосирашуда» доранд;

собиқ маҳбусони ноболигӣ лагерҳои консентратсионӣ, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон барпо карда буданд;

шаҳрвандоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945 камаш шаш моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти кор дар ноҳияҳои муваққатан ишғолкардаи душман.

 

Моддаи 3. Супоридани медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»

Медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»-ро аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо месупоранд:

комиссариатҳои ҳарбии ҷои истиқомат – ба шахсоне, ки аз ҳисоби Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшун ва мақоти корҳои дохилии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшун ва мақомоти амнияти давлатии ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд;

командирон, сардорони қисмҳои дахлдори ҳарбӣ, муассисаю идораҳо – ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати кирояи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қўшун ва мақомоти (аз он ҷумла шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарии мақомоти корҳои дохилиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ;

мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия – ба меҳнаткашони ақибгоҳ, собиқ партизанҳо, иштирокчиёни пинҳонкорӣ, собиқ маҳбусони ноболиғи лагерҳои консентратсионӣ, гетто ва дигар ҷойҳои нигаҳдории маҷбурӣ, ки фашистон ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷаҳон барпо карда буданд. Инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945 камаш шаш моҳ кор кардаанд, ба истиснои вақти кор дар ноҳияҳои муваққатан ишғолкардаи душман.

 

Моддаи 4. Тартиби овехта гаштани медали ҷашнӣ

Медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» дар тарафи чапи сари сина овехта, баъди медали ҷашнии «Чилсолагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ҷой дода мешавад.

 

Моддаи 5. Ҳуҷҷати мукофотонидан бо медали ҷашнӣ

Ҳуҷҷати мукофотонидан бо медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» ба забони давлатӣ тартиб дода мешавад.

Намунаи ин ҳуҷҷатро дар бораи мукофотонидан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

 

Моддаи 6. Дубликати медал ва ҳуҷҷати мукофотонидан

Шахсоне, ки бо медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудаанд, бояд онро эҳтиёт намоянд.

Дар сурати гум шудани медал шахсони мукофотонидашуда ҳуқуқи ба ин медал доштаашонро аз даст намедиҳанд.

Ба ивази медали гумшуда дубликаташ дода намешавад, ба истиснои ҳодисаҳои гум шудани он дар вазъияти ҷанг, дар натиҷаи офати табиӣ ё дар ҳолати дигар, ки шахс гум шудани медалашро пешбинӣ карда наметавонист.

Дубликати ҳуҷҷати мукофотониданро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақоме, ки бо ваколати ў мукофотонидааст, дода метавонад.

Дар сурати вафот кардани шахсе, ки бо медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудааст, медал дар оилаи ў чун ёдгорӣ мемонад.

 

Моддаи 7. Маҳрум кардан аз медали ҷашнӣ

Дар сурати маҳкум гардидани шахси мукофотонидашуда барои содир намудани ҷиноят бо пешниҳоди суд мутобиқи асос ва тартиби муқарраркардаи Қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ўро аз медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»  маҳрум мекунад.

 

Моддаи 8. Ҷавобгарӣ барои амали ғайриқонунӣ нисбати медали ҷашнӣ

Шахсоне, ки нисбати медали ҷашнии «50-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» амали ғайриқонунӣ содир намудаанд, тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Э. РАҲМОНОВ

ш.Душанбе, 7 апрели соли 1995

№ 57

 

 

 

ШАРИКОН: