Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот

(АМОҶТ  с.2007, №3, мод.171; с.2008, №6, мод.458; с.2012, №8, м. 824)

 

Қонуни мазкур  асосҳои  ҳуқуқии  муносибатҳои  байни давлат  ва сармоягузорро, ки зимни  сармоягузории  дохилӣ ва хориҷӣ ба мақсади ҷустуҷўй, тадқиқ ва истихроҷи  канданиҳои  фоиданок  дар қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи шартҳои созишномаҳо оид ба  тақсими  маҳсулоти истеҳсолшуда ба миён меоянд,  муқаррар менамояд.

 

Боби 1. Муқаррароти умумӣ

 

Моддаи 1. Муносибатҳои байни тарафҳои созишномаҳо  оид ба тақсими маҳсулот

  1. Қонуни мазкур муносибатҳои байни давлат ва саромоягузорро ҳангоми бастан, иҷро ва қатъ намудани созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот, ки дар мавриди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба миён меоянд,  муайян ва танзим мекунад.
  2. Муносибатҳои байни тарафҳо, ки дар раванди истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин интиқол, коркард, азнавкоркунӣ, нигаҳдорӣ, истифодабарӣ, фурўш ё ихтиёрдории маҳсулоти истеҳсолшуда ба миён меоянд, бо созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот, ки мутобиқи Қонуни мазкур баста мешаванд, танзим карда мешаванд.
  3. Ҳуқуқ ва вазифаҳои тарафҳо, ки хусусияти гражданӣ – ҳуқуқӣ доранд, мутобиқи Қонуни мазкур ва Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
  4. Муносибатҳое, ки дар раванди истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ берун аз доираи амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 2. Қонунгузорӣ  дар бораи созишномаҳо оид  ба тақсими  маҳсулот

Қонунгузорӣ дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз    Қонуни мазкур, дигар санадҳои  меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф  кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

Дар   Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— созишнома оид ба тақсими маҳсулот (минбаъд — созишнома) – шартномае, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъекти фаъолияти соҳибкорӣ (минбаъд — сармоягузор) ба музд ва ба мўҳлати муайян барои ҷустуҷў, иктишоф, тадқиқ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кони маъдани дар созишнома нишон додашударо ва барои иҷрои корҳои вобаста ба ин намудҳои фаъолият ҳуқуқҳои истисноӣ медиҳад ва сармоягузор ўҳдадор мешавад, ки фаъолияти дар созишнома нишондодашударо аз ҳисоби худ ва бо ҷуброни зиёни таваккали эҳтимолӣ аз ҳисоби худ амалӣ гардонад;

«-маҳсулоти истеҳсолшудамиқдори маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан ва маҳсулоти коркарди конҳои кушода, ки дар таркиби маъданҳои аз қаъри замин (партовҳо, талафҳо), ашёи хоми минералӣ (ҷинс, моеъ ва омехтаи дигар) воқеан истихроҷшуда (гирифташуда) мавҷуд аст ва аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аз ҷониби сармоягузор дар ҷараёни иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот истихроҷ шудааст ва дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба миқдори талафоти технологии ин маҳсулот кам карда шудааст;(қҷт 18.06.08 №400)

-маҳсулоти фоидамаҳсулоте, ки ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсол гардидааст, бе назардошти маҳсулоти ҷубронӣ; (қҷт 18.06.08 №400)

-маҳсулоти ҷубронӣқисми маҳсулоти ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот истеҳсолшудае, ки ба моликияти сармоягузор барои пўшонидани хароҷоти бо мақсади иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот анҷомдодаи он дода мешавад (хароҷоти ҷуброншаванда), ки таркиби онҳо мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар мегардад; (қҷт 18.06.08 №400)

— истифодаи сарватҳои зеризаминӣ – истифодаи қитъаи замини маъдандор бо мақсади ҷустуҷў, иктишоф, тадқиқ, истихроҷ, коркард ва истифодаи канданиҳои фоиданоки кони маъдани қитъаи замини мазкур.

 

Моддаи 4. Созишнома оид ба тақсими маҳсулот

  1. Созишнома ҳамаи шартҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла шартҳо ва тартиби тақсими маҳсулоти истеҳсолшударо дар байни тарафҳои созишнома мутобиқи Қонуни мазкур муайян менамояд.
  2. Шартҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ки дар созишнома муайян карда мешаванд, бояд ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намоянд.
  3. Номгўи конҳои маъданҳои фоиданокро, ки ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминии онҳо бо шарти тақсими маҳсулот мутобиқи Қонуни мазкур дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Асоси ба номгўй дохил кардани конҳои  маъданҳои фоиданок, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо бо шарти тақсими маҳсулот дода мешавад, номатлубии шартҳои маблағгузорӣ кардани корҳои барои қитъаи  мазкур  мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», набудани имконияти маблағгузории буҷавӣ барои истифодаи самараноки  конҳои мазкур, аз ҷумла  ҳолатҳои зерин буда метавонанд:

— кони  маъданҳои фоиданок дар маҳалҳои баландкўҳ ва ё дур аз маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир шудааст ва барои  истифодаи он  шароит ва инфрасохторҳои лозимӣ  вуҷуд надоранд;

— ҷустуҷў, иктишоф, тадқиқ ва коркарди кони маъданҳои фоиданок технологияи серхарҷ ва маблағи калонро талаб менамоянд.

  1. Шартномаҳои байни давлат ва сармоягузорон, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур баста шудаанд, мутобиқи шартҳои дар онҳо муайяншуда иҷро карда мешаванд. Дар ин маврид Қонуни мазкур нисбати шартномаҳои зикрёфта ба ҳамон андозае татбиқ карда мешавад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои дар шартномаҳо ифодаёфтаи сармоягузорро маҳдуд намесозад.

 

Моддаи 5. Тарафҳои созишнома

  1. Тарафҳои созишнома (минбаъд-«тарафҳо») Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз номи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созишномаро имзо мекунад ва сармоягузорон мебошанд.
  2. Сармоягузорон шахсони ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқии дар асоси шартномаи фаъолияти якҷоя ва дигар шаклҳои фаъолият таъсисёфтае мебошанд, ки барои ҷустуҷў, иктишоф, тадқиқ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва ё ҷалбшуда сармоягузорӣ мекунанд ва истифодабарандагони сарватҳои зеризаминии кони маъданҳои фоиданок тибқи созишнома ба ҳисоб мераванд. (қҷт 18.06.08 №400)

 

Моддаи 6. Истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бо шарти тақсими маҳсулот

  1. Ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бо шарти тақсими маҳсулот ба сармоягузор дар асоси созишнома дода мешавад.
  2. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  иҷозатномадиҳӣ ба  баъзе намудҳои фаъолият»  амалӣ карда  мешавад.

 

Моддаи 7. Мўҳлати амали созишнома

  1. Мўҳлати амали созишномаро тарафҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.
  2. Мўҳлати амали созишнома ва тартиби дароз кардани он дар созишнома нишон дода мешавад. Дар мавриди дароз кардани мўҳлати амали созишнома, мўҳлати амали иҷозатномаи фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бояд аз ҷониби мақоме, ки ин иҷозатномаро додааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дароз карда шавад.

 

Боби 2. Бастани созишномаҳо ва иҷрои онҳо

 

Моддаи 8. Тартиби бастани созишномаҳо

  1. Созишнома мувофиқи тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии  ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешавад.

Шартҳои истифодаи сарватҳои зеризаминии ин ё он кони маъданҳои фоиданокро мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, лоиҳаи созишномаро тартиб медиҳад ва бо сармоягузор гуфтушунид мекунад.

  1. Дар сурати гузаронидани озмун созишнома бо ғолиби он, ки барои бастани созишнома шартҳои беҳтарин пешниҳод намудааст, баста мешавад. Дар шартҳои озмун бояд иштироки шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи иҷрои корҳои тибқи созишнома бо ҳиссае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, пешбинӣ шуда бошад.

Созишномаро аз тарафи давлат мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.

 

Моддаи 9. Шартҳои иҷрои корҳо

  1. Иҷрои кор ва намудҳои фаъолияти (минбаъд — «корҳои тибқи созишнома») дар созишнома пешбинишуда мутобиқи барномаҳо, лоиҳаҳо, нақшаҳо ва сметаҳое, ки бо тартиби муайянкардаи созишнома тасдиқ шудаанд, амалӣ карда мешаванд.
  2. Корҳо тибқи созишнома бо риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва таъмини бехатарии корҳо, ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ, муҳити табиии зист ва саломатии аҳолӣ иҷро карда мешаванд.

Дар созишнома бояд ўҳдадориҳои сармоягузор оид ба масъалаҳои зерин пешбинӣ шуда бошанд:

-ба шахсони ҳуқуқии муқими Ҷумҳурии  Тоҷикистон додани ҳуқуқи иштирок дар иҷрои корҳои тибқи созишнома ба сифати пудратчиён, молфиристонандагон, боркашонҳо ё намудҳои дигари фаъолият дар асоси шартномаҳои байни онҳо ва сармоягузор;

— ҷалб кардани кормандон–шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ барои иҷрои корҳо тибқи cозишнома.

  1. Баъди итмоми мўҳлати амали созишнома сармоягузор ўҳдадор аст, ки кони маъданҳои фоиданоки барои истифодабарӣ ба ў додашударо ба давлат баргардонад. Тартиб ва мўҳлати баргардонидани кони маъданҳои фоиданок дар созишнома муайян карда мешаванд.
  2. Бо мақсади ҳамоҳангсозии корҳои тибқи созишнома тарафҳо шўрои директоронро дар асоси ҷамъиятӣ таъсис медиҳанд, ки ба ҳайати он шумораи баробари намояндагони тарафҳо дохил мешаванд. Шумора, ҳуқуқ ва вазифаҳои шўрои директорон, инчунин тартиби кори шўро дар созишнома муайян карда мешаванд.

Тартиби таъин кардани намояндагони тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шўрои директорон ва ваколати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. (қҷт. 01.08.2012, №887)

 

Моддаи 10. Тақсими маҳсулот

  1. Маҳсулоти истеҳсолшуда байни сармоягузор ва давлат мутобиқи созишномаи байни онҳо тақсим карда мешавад. Дар созишнома (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисми дуюми моддаи мазкур муқаррар карда шудаанд), нуқтаҳои зерин бояд пешбинӣ шуда бошанд:

-муайян кардани ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он, ки ба андозаи  талафи меъёрии технологӣ кам карда шудааст:

-муайян кардани қисми маҳсулоти истеҳсолшуда, ки ба моликияти сармоягузор барои ҷуброни хароҷоти ба иҷрои корҳои тибқи созишнома (минбаъд — «маҳсулоти ҷуброн») сарфшуда дода мешавад. Дараҷаи ниҳоии маҳсулоти ҷуброн набояд аз 70 фоиз зиёд бошад. Таркиби хароҷоти сармоягузор, ки барои ҳисоби миқдори маҳсулоти  ҷуброн ба инобат гирифта мешавад, дар созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;

-тартиби тақсими маҳсулоти фоида байни давлат ва сармоягузор; (қҷт 18.06.08 №400)

-тартиби ба давлат супоридани қисми маҳсулоти истеҳсолшуда ё эквиваленти арзиши он аз тарафи сармоягузор;

-тартиби гирифтани қисми ба сармоягузор мансуби маҳсулоти истеҳсолшуда.

  1. Дар ҳолатҳои алоҳида дар созишнома тартиби дигари тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда ё эквиваленти арзиши ин маҳсулот байни давлат ва сармоягузор ва тартиби муайян кардани ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолшуда, ки ба давлат ва сармоягузор мансуб аст, пешбинӣ шуда метавонад. Тартиб ва таносуби тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда байни иштирокчиёни созишнома вобаста аз арзёбии кони маъданҳои фоиданок, нишондиҳандаҳои иқтисодии лоиҳаи техникӣ ва дигар омилҳои техникӣ  — иқтисодӣ дар  созишнома муайян карда мешаванд.

Шартҳои дар қисми мазкур нишон додашудаи  созишнома бояд дар шартҳои  озмун пешбинӣ  карда  шаванд.

Моддаи 11. Ҳуқуқи моликиятии сармоягузор ба   маҳсулоти истеҳсолшуда

Сармоягузор маҳсулоти истеҳсолкардаи худро, ки ба он ҳуқуқи моликият дорад, аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои муайянкардаи созишномаи тарафҳо бидуни маҳдудияти миқдори содирот бо риоя кардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда метавонад. Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созишнома барои аз ҳудуди Тоҷикистон баровардани маҳсулоти ба сармоягузор таалуқдошта ба сармоягузор барои содироти маҳсулот ҳиссаи (квотаи) дарозмуддат  пешбинӣ менамояд.

 

Моддаи 12. Ҳуқуки моликият ба амвол ва маълумот

  1. Амволе, ки сармоягузор баъди имзои созишнома харидааст ё  бунёд кардааст ва барои иҷрои корҳои тибқи созишнома истифода мебарад, моликияти сармоягузор аст, агар дар созишнома ҳолати дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Ҳуқуқи моликият ба ин амвол метавонад аз рўзе, ки арзиши амволи мазкур аз тарафи давлат пурра пардохта шудааст ва рўзе, ки созишнома қатъ гардидааст, аз сармоягузор ба давлат гузарад. Дар давоми  мўҳлати эътибори созишнома ба сармоягузор пурра ҳуқуқ дода мешавад, ки ин амволро аз рўи созишномаи иҷрои кор истифода намояд. Дар ин сурат, масъулияти нигоҳдории амволи номбурда ва хатари осеби тасодуфии он ба зиммаи сармоягузор гузошта мешавад.

  1. Маълумотҳои аввалияи геологӣ, геофизикӣ ва кимиёвӣ, ҳамчунин намунаи ҷинсҳои маъдан, ки ба сармоягузор  дар раванди иҷрои корҳо тибқи созишнома дастрас  гардидаанд,  моликияти  давлат ҳисоб меёбанд. Сармоягузор ҳуқуқ дорад , ки бо риояи  шартҳои махфият барои иҷрои корҳои тибқи созишнома ин маълумот ва намунаҳоро истифода барад.

 

Моддаи 13. Ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва коркарди маъдан

  1. Сармоягузор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси шартнома аз иншоотҳои нақлиёти қубурӣ  ва дигар иншоотҳои мавҷудаи нақлиётӣ, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва коркарди маъдан истифода барад.
  2. Сармоягузор дар доираи кор метавонад барои нигоҳдорӣ, коркард ва ҳамлу нақли маъдан иншоотҳо бунёд намояд ва дар ин маврид ҳуқуқи моликият ба иншоотҳои мазкур дар созишнома бо назардошти моддаи  12   Қонуни  мазкур  муайян карда мешавад.

Моддаи 14. Андозбандии фаъолият тибқи иҷрои созишнома

Дар  ҷараёни иҷрои созишнома оиди тақсими маҳсулот ҳисоб ва пардохти андозҳо мутобиқи  тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии    Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.

 

Моддаи 15. Баҳисобгирӣ  ва ҳисоботдиҳӣ

  1. Баҳисобгирии фаъолияти молиявию хоҷагии сармоягузор зимни иҷрои корҳо тибқи созишнома аз рўи ҳар созишнома ба  таври  алоҳидагӣ ва ҳамчунин ҷудо аз чунин баҳисобгирӣ дар мавриди иҷрои дигар кор, ки бо созишнома алоқаманд нест, сурат мегирад. Тартиби ин баҳисобгирӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботии иҷрои корҳо аз рўи созишнома бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё худ бо асъори хориҷӣ сурат мегирад. Агар баҳисобгирии муҳосибавӣ бо асъори хориҷӣ сурат гирад, маълумоти ҳисоботе, ки манзури мақомоти давлатӣ мешавад, бояд бо асъори хориҷӣ ва асъори миллӣ ҳисоб карда шавад. Ҳамзамон, ҳамаи маълумоти бо асъори хориҷӣ ҳисоб кардашуда, бояд аз рўи қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар рўзи пардохт муайян кардааст, ба асъори миллӣ гардонида шавад.

 

Моддаи 16. Суратҳисобҳои бонкӣ ва танзими асъор

Сармоягузор барои иҷрои корҳо аз рўи созишнома бояд дар бонкҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё)  давлатҳои хориҷӣ суратҳисобҳои махсуси бонкии дорои асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ дошта бошад, ки танҳо барои иҷрои корҳои дар созишнома зикршуда истифода бурда мешаванд.

 

Моддаи 17. Вогузоштани ҳуқуқ ва  вазифаҳои дар  созишнома муайяншуда

  1. Сармоягузор метавонад ҳуқуқ ва вазифаҳои дар созишнома муайянгардидаи худро ба шахси ҳуқуқӣ ё шахси воқеии дигар танҳо бо ризоияти тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ё қисман вогузорад, ба шарте, ки ин шахсон захираи кофии молиявӣ, техникӣ ва таҷрибаи идоракунӣ, ки барои иҷрои кор тибқи созишнома зарур аст, дошта бошанд.
  2. Ҳуқуқу вазифаҳои дар созишнома муайянгардида ба таври хаттӣ бо роҳи тартиб додани санади махсусе, ки  қисми таркибии созишнома ба ҳисоб меравад, бо тартиб ва дар мўҳлати муайяннамудаи созишнома ба зиммаи шахси ҳуқуқӣ ё воқеии дигар вогузор карда мешаванд ва зимни ин иҷозатнома барои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар давоми 30 рўзи ба имзо расидани санади мазкур аз нав ба расмият дароварда мешавад.
  3. Сармоягузор метавонад бо ризоияти мақомоти ваколатдори давлатӣ амвол ва ҳуқуқҳои амволии худро ҳамчун гарав барои иҷрои ўҳдадориҳое, ки вобаста ба иҷрои созишнома қабул кардааст, бо риояи талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода барад.

 

Моддаи 18. Устувории шартҳои созишнома

  1. Шартҳои созишнома дар давоми мўҳлати муайяншуда эътибор доранд. Шартҳои созишномаро танҳо бо розигии тарафҳо ва ҳамчунин бо талаби яке аз тарафҳо дар сурати моҳиятан дигар шудани вазъият тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додан мумкин аст.

Тағйиротҳо ба шартҳои созишнома бо розигии тарафҳо аз рўи тартиби  барои қабули  созишнома пешбинӣгардида ворид карда мешавад.

  1. Агар дар давоми мўҳлати эътибори созишнома ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳое муқаррар гарданд, ки ба натиҷаи фаъолияти тиҷоратии сармоягузор дар доираи созишнома таъсири манфӣ мерасонанд, ба созишнома тағъйиротҳое ворид карда мешаванд, ки барои натиҷаи фаъолияти тиҷоратии сармоягузор матлуб буда, ба вай имконият медиҳад, ки ба натиҷаи тиҷоратии ҳангоми татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони имзо кардани созишнома ноил гардад. Тартиби ворид намудани чунин тағйирот дар созишнома муайян карда мешавад.

Муқаррароти мазкур дар бораи тағйир додани шартҳои созишнома дар сурати ба меъёрҳои (қоидаҳои) бехатарии иҷрои кор, ҳифзи сарвати замин, муҳити табиии зист ва сиҳатии аҳолӣ  ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади мутобиқ гардидани онҳо бо чунин меъёрҳо (қоидаҳо), ки дар амалияи байналмилалӣ маъмулу эътироф гардидаанд, татбиқ карда намешавад.

 

Моддаи 19. Кафолатҳои давлатии ҳуқуқи сармоягузор

  1. Ба сармоягузор ҳифзи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳуқуқҳое, ки дар натиҷаи имзои созишнома соҳиб гаштааст ва дар амал татбиқ менамояд, кафолат дода мешавад.
  2. Ба сармоягузор амали санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва санадҳои ҳуқуқии мақомоти худидора, ки ҳуқуқҳои дар натиҷаи имзо кардани созишнома соҳибгардидаашро маҳдуд мекунанд, дахл надоранд,ба истиснои маҳдудияти дастурҳое, ки мақомоти дахлдори назорат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини бехатарии иҷрои кор, ҳифзи сарвати замин, муҳити табиати зист, сиҳатии аҳолӣ, ҳамчунин бо мақсади таъмини бехатарии ҷамъиятӣ ва давлатӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 20. Назорат ба иҷрои созишнома

  1. Назорати иҷрои созишномаро мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи салоҳияташ анҷом медиҳад.
  2. Салоҳият ва вазифаҳои мақомоти ваколатдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
  3. Намояндагони мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои созишномаро таҳти назорат мегиранд, танҳо бо мақсади назорати иҷрои созишнома ҳуқуқи ба иншоотҳое, ки корҳои мазкурро анҷом медиҳанд, бемамоният ворид шудан, ҳамчунин ҳуқуқи дастрас намудани ҳуҷҷатҳоро доранд.

 

Моддаи 21. Қатъи амали созишнома

Амали созишнома баъди гузаштани мўҳлати эътибори он ё худ бо мувофиқаи тарафҳо пеш аз мўҳлат ва ҳамчунин бо дигар асосҳо ва бо тартиби пешбининамудаи созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рўзи имзо шудани созишнома амал мекунад, қатъ мегардад. Қатъи амали созишнома ба истиснои расмиёти озмун бо мувофиқаи тарафҳо аз рўи тартибе, ки барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома пешбинӣ шудааст, амалӣ гардонида мешавад.

 

БОБИ 3.  Муқаррароти хотимавӣ

 

Моддаи 22. Тартиби ҳал намудани баҳс

Баҳсҳо байни давлату сармоягузор доир ба иҷро, қатъ кардан ва беэътибор донистани созишнома аз рўи шартҳои созишнома ба тариқи судӣ ҳал  карда мешаванд.

 

Моддаи 23. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур  бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 24. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 5 марти соли 2007

№ 238

ШАРИКОН: