Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АМОҶТ с.2003, №12, мод. 681; с.2009, №3, мод.87; с.2011, №12, м.845)

 

Қонуни мазкур мақсаду мазмуни дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои онро муайян карда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии тартиби таҳия, баррасӣ ва тасдиқи онҳоро муқаррар менамояд. «қҷт 26.03.09 №494»

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ «қҷт 26.03.09 №494»

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд: «қҷт 26.03.09 №494»

— дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон — фарзияи аз нуқтаи назари илмӣ асосноки вазъи ояндаи имконпазири иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, экологӣ ва иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он буда, нишондиҳандаҳоеро (индикаторҳоеро, параметрҳоеро) дар бар мегиранд, ки вазъи мазкурро тавсиф медиҳанд. «қҷт 26.03.09 №494»

— ояндабинии давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон — фаъолияти мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроия оиди таҳия ва тасҳеҳи дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он буда, бо мақсади қабул кардани қарор дар марҳалаи аввали таҳияи нақшаву барномаҳо ҳамчун воситаи тахмини илмӣ, таҳлили намунавӣ  (вариантӣ) ва ба даст овардани иттилооти иловагӣ истифода мешавад.

— консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ғояи асосӣ буда, мақсад ва афзалияти инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмўҳлат, стратегияи амалиётро ҳангоми иҷро кардани дурнамоҳо ва барномаҳо муайян мекунад.

-стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон –ҳадафҳои дарозмуддат ва нишондодҳои ниҳоят муҳим доир ба ҳалли вазифаҳои афзалиятнок ва инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои мушаххас дар заминаи истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда; «қҷт 26.03.09 №494»

— барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон — маҷмўи тадбирҳои мувофиқакардашуда ва нақшаи амалиёт мебошад, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои стратегӣ ва ҳалли масъалаҳои умумӣ нигаронида мешавад.

барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа – ҳуҷҷати асосии барномавии миёнамўҳлат, ки мақсадҳои стратегӣ, вазифаҳо ва самтҳои асосии инкишофи минтақаро муқаррар намуда, захираҳои лозимиро вобаста ба ноил шудан ба мақсадҳои стратегии инкишофи минтақа  муайян мекунад; (қҷт. 26.12.2011 №781)

қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт — маҷмўи объектҳои моликияти давлатӣ, ки бо фаъолияти иқтисодӣ машғул мебошанд, аз ҷумла корхонаҳои воҳиди давлатӣ, инчунин ҷамъиятҳои саҳҳомӣ ва корхонаҳои муштарак, ки дар сармояи оинномавии онҳо бастаи назоратии саҳмияҳои ҳуқуқи овоздор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат мансуб мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта,аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмўҳлат, миёнамўҳлат ва кўтоҳмуддат таъмин менамояд.

Дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси таҳлили маҷмўии натиҷа, афзалият, самтҳои асосӣ ва масъалаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он таҳия карда мешаванд.

Ҳангоми таҳияи дурнамоҳои давлатӣ ҳамчунин комёбиҳои мунтазираи пешрафти илму техника, технологияҳои иттилоотӣ, тамоюлоти тағйирёбии вазъи демографӣ, экологӣ, сохтори иҷтимоии ҷомеа, таъминоти мамлакат аз захираҳои табиӣ, мавқеи сиёсию иқтисодии хориҷии он, дигаргуниҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни омилҳои мазкур ба назар гирифта мешаванд. «қҷт 26.03.09 №494»

Дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-барои мамлакат умуман, аз рўи қисмҳо (секторҳо), аз ҷумла қисми (сектори) давлатӣ, соҳаҳо ва минтақаҳо таҳия карда мешаванд;

-ба дурнамоҳои демографӣ, экологӣ, илмию техникӣ, инчунин дурнамоҳои инкишофи қисмҳои (секторҳо)  соҳаҳо ва минтақаҳо асос меёбанд;

-намунаҳои (вариантҳои) бо назардошти таъсири эҳтимолии омилҳои объективӣ, афзалиятҳои сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат, тадбирҳои танзими давлатии иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ, марҳалаҳои татбиқи онҳо таҳияшударо дарбар мегиранд;

-нишондиҳандаҳои(индикаторҳои, параметрҳои) миқдориро, ки суръату таносубҳои рушди иқтисодӣ, ҷараёни истеҳсолот ва сохтори он, андозаи истеҳсол ва истеъмоли молҳо (кор, хизматрасонӣ)-ро аз рўи соҳаҳо ва гурўҳҳои асосии молҳо, дараҷа ва характери истифодаи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ, натиҷаи пешрафти илму техника, сатҳи шуғл ва сифати зиндагонии аҳолӣ, вазъи экологӣ ва сохтори иҷтимоии ҷомеа, инкишофи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, бунёди объектҳои иттилоотӣ, инкишофи дигар соҳаҳои инфрасохтори иҷтимоиро тавсиф мекунанд, дар бар мегиранд. «қҷт 26.03.09 №494»

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи дарозмўҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои понздаҳ сол таҳия карда, онро дар панҷ сол як маротиба тасҳеҳ менамояд.

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи миёнамўҳлат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои панҷ сол ё барои се сол бо тақсимбандӣ ба солҳо таҳия карда, онро ҳар сол тасҳеҳ менамояд. «қҷт 26.03.09 №494»

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи кўтоҳмуддат Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як сол ва дар таркиби дурнамои миёнамўҳлат барои се сол таҳия мекунад. Дар асоси дурнамои мазкур Барномаи миёнамўҳлати хароҷоти давлатӣ ва Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ тартиб дода мешавад. «қҷт 26.03.09 №494»

Дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд интишор карда шаванд.

Бо мақсади саривақт ва хушсифат таҳия намудани дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори ҳокимияти иҷроия ҳуқуқ дорад, ки аз мақомоти соҳавии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, дигар мақомот ва шахсони ҳуқуқӣ маводи зарурӣ талаб намояд. Тартиби пешниҳоди маводи мазкур ва тартиби онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 4. Дурнамои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кўтоҳмуддат

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кўтоҳмуддат ҳар сол ва дар таркиби дурнамои миёнамўҳлат барои се соли минбаъда дар асоси муқаррароти барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи миёнамўҳлат таҳия карда мешавад. «қҷт 26.03.09 №494»

Тартиб ва мўҳлати таҳияи дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кўтоҳмуддат ва индикаторҳо (параметрҳои)-и асосии инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ барои ду соли оянда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. «қҷт 26.03.09 №494»

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кўтоҳмуддат таҳлили инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли гузашта ва вазифаҳои асосии тараққиёти иқтисодиётро барои соли оянда дар бар мегирад.

Дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кўтоҳмуддат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон якҷоя бо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ пешниҳод мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кўтоҳмуддат ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ дар як вақт ҳамчунин ҳуҷҷату маводи зеринро низ пешниҳод менамояд:

-натиҷаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ;

-номгўи вазифаҳои асосии иҷтимоию иқтисодӣ, ки барои ҳалли онҳо сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудааст;

-лоиҳаҳои барномаҳои мақсаднок, ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби Буҷети давлатӣ барои соли оянда дар назар дошта шудааст;

-баҳодиҳии имкониятҳои тараққиёти қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт.

Натиҷаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта баъди баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз моҳи феврали соли ҷорӣ бояд интишор карда шаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳар семоҳа мониторинги вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашри маълумотро доир ба ин таъмин менамоянд.

 

Моддаи 5. Дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт

Дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт дар доираи дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кўтоҳмуддат барои мамлакат умуман, аз рўи соҳаҳо ва минтақаҳо тартиб дода мешавад.

Дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт нишондиҳандаҳои зеринро дар бар мегирад:

-хароҷот барои амалӣ гардонидани барномаҳои сармоягузорӣ бо зикри номгўи иншоот ва мўҳлати сохтмони онҳо, барои модернизатсия ё таҷдиди объектҳои моликияти давлатӣ,иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ, барои хариди мол (кор, хизматрасонӣ) ва барои эҳтиёҷоти давлатӣ;

-фаъолияти субъектҳои хоҷагидори қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт, аз ҷумла маҷмўи маҳсулоти истеҳсол ва фурўхташуда, содироту воридоти мол (кор, хизматрасонӣ), маблағгузории сармояи асосӣ аз ҳисоби манбаъҳои худӣ ва қарз;

-истеҳсоли маҳсулот аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ дар шакли аслӣ ва аз рўи номгўи молҳо, нархи маҳсулоти мазкур.

Дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт ҳамчунин нишондиҳандаҳои истифодаи моликияти давлатӣ ва тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии онро дар бар мегирад.

Тартиб ва мўҳлати таҳияи дурнамои инкишофи қисми (сектори) давлатии иқтисодиёт аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

 

Моддаи 6. Консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар асоси дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи дарозмўҳлат таҳия карда мешавад;

-таҳлили инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузашта, тавсифи вазъи иқтисодии онро дар соли ҷорӣ дар бар мегирад;

-мақсадҳои стратегӣ ва афзалиятҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воситаҳои ноил шудан ва роҳҳои давра ба давра амалӣ гардонидани мақсаду афзалияти мазкурро муайян мекунад;

-самтҳои асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлат, аз ҷумла самтҳои ҳамин сиёсатро нисбати соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт ва комплексҳои байнисоҳавӣ, инчунин самтҳои асосии сиёсати илмию техникӣ, навоварӣ, сармоягузорӣ, экологӣ, минтақавӣ, иқтисодии хориҷиро муқаррар менамояд.

Консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати 15 сол таҳия карда, онро дар панҷ сол як маротиба тасҳеҳ менамояд. «қҷт 26.03.09 №494»

Тартиб, мўҳлати таҳия ва тасҳеҳи консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Консепсияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд интишор карда шавад.

 

Моддаи 61. Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд.

Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

-дар асоси дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад;

-таҳлили инкишофи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи гузашта фаро гирифта, марҳалаҳо ва талаботи асосии инкишофи иқтисодиро инъикос менамояд;

ҳадафҳои стратегӣ, афзалият ва принсипҳои инкишофи миллӣ, воситаҳои ноилшавӣ ва роҳҳои татбиқи чунин ҳадафҳо ва афзалиятҳо, бунёди шароитҳои институтсионалии инкишоф, таъмини инкишофи иқтисодӣ, инкишофи маҷмўи васеи соҳаҳои иҷтимоии давлат, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум, мониторинги татбиқи стратегияи миллиро муайян менамояд.

Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 10 сол таҳия намуда, онро дар панҷ сол як маротиба тасҳеҳ менамояд.

Тартиб, мўҳлати таҳия ва тасҳеҳи Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нашр карда шавад. «қҷт 26.03.09 №494»

 

Моддаи 7. Барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дурнамоҳои давлатӣ, консепсия ва стратегияи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ояндаи миёнамўҳлат одатан барои панҷ сол ва ё се сол таҳия менамояд. «қҷт 26.03.09 №494»

Дар барномаи миёнамўҳлати  инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос мегарданд:

-натиҷаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузашта;

-мақсаду афзалиятҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, илмию техникӣ, сармоягузорӣ,экологӣ, иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-ҷараёни тамоюлоти тағйирёбии нишондиҳандаҳои ҷамъбастии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-андоза ва сохтори маблағгузорӣ,манбаъ ва самтҳои истифодаи он.

Барномаи миёнамўҳлати инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

-таъмини истиқрори нарх, шуғли самаранок, тавозуни мусбати тиҷорати берунӣ, рушди устувори иқтисодиёт ва соҳибкорӣ;

-ташаккули ниҳодҳои иқтисодии моликиятдорӣ, меҳнатӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва дигаргунсозии (трансформатсияи) онҳо;

-дастгирии давлатии илм, истифодаи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ дар истеҳсолот, муайян намудани самтҳои афзалиятноки инкишофи илм, гузаронидани экспертизаи мавзўъҳои илмию техникӣ, омода намудани барномаҳои комплексии мақсадноки илмӣ; «қҷт 26.03.09 №494»

-афзоиши даромад, баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ, инкишофи соҳаҳои иҷтимоӣ, бартараф кардани ихтилофи иҷтимоӣ;

-тараққиёти минтақаҳо, истифодаи захираҳои онҳо, баробар кардани нишондиҳандаҳои сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла даромади аҳолӣ;

-ҳифзи табиат ва баланд бардоштани самаранокии экологӣ;

-такмили сохтори содироту воридот, ҷалб кардани сармояи хориҷӣ, ҷойгиронӣ ва истифодаи самараноки он, танзими фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;

-иҷрои барномаҳои муштарак бо иштироки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти қарзи хориҷӣ;

-инкишоф ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотӣ, таъмини шаҳрвандон бо иттилооти ҷамъиятӣ. «қҷт 26.03.09 №494»

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодиро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ, тасдиқ ва қабули қарори дахлдор  мефиристонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол барои маълумот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоришро дар бораи натиҷаҳои иҷрои барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта, инчунин пешниҳодро оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатӣ ирсол менамояд.

 

Моддаи 8. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои мақсадноки давлатиро таҳия намуда, татбиқи онҳоро таъмин менамояд.

Номгўи барномаҳои мақсадноки давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи дурнамои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афзалиятҳое, ки дар асоси дурнамои мазкур таҳия карда мешаванд, муайян карда, тасдиқ менамояд.

Барномаи мақсадноки давлатӣ, ки барои тасдиқ ва маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва фондҳои мақсадноки буҷетӣ пешниҳод мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода мешавад.

Дар барномаҳои мазкур пешбинӣ мегардад:

-асоснокии масъала аз нигоҳи илмию иқтисодӣ;

-дурнамои натиҷаҳои чашмдошти иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии барномаи мазкур дар сурати амалӣ гардонидани он;

-маълумот дар бораи маҷмўи маблағгузорӣ, тақсим ва манбаъҳои он умуман ва тақсимбандӣ ба солҳо;

-номи аниқи фармоишдиҳанда ва иҷрокунандаи асосии барномаи мазкур;

-ҳуҷҷату маводи дигар, ки барои тасдиқи барнома зарур мебошанд.

 

         Моддаи 9. Дурнамоҳои инкишофи минтақавӣ

Дурнамоҳои инкишофи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – фарзияи аз назари илмӣ асоснокшудаи эҳтимолияти дар оянда инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа мебошад. Дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳоро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия карда, мақомоти дахлдори намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:

— таҳияи тавсияҳои методӣ оид ба ояндабинии инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо;

— баҳисобгирии баҳодиҳии мутобиқати дурнамоҳои минтақавии таҳияшаванда бо нишондиҳандаҳои дурнамоҳои давлатии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳия гардидани лоиҳаи охирини дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дурнамои таҳиягардида  иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:

— андешидани тадбирҳо оид ба муҳайё сохтани шароит барои инкишофи босуботи иҷтимоию иқтисодӣ, бартараф кардани нобаробарии тараққиёти минтақаҳо, истифодаи пурсамари захираҳои табиӣ, моддӣ, меҳнатӣ ва молиявии онҳо, аз ҷумла барои зиёд кардани истеҳсоли молҳои содиротӣ ва ивазкунандаи молҳои воридотӣ;

— таҳияи тавсияҳо оид ба бартараф намудани ҳолатҳои бўҳронӣ дар минтақаҳо.

Дурнамоҳои инкишофи минтақаҳо барои таҳияи барномаҳои стратегии инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо асос мешаванд. (қҷт. 26.12.2011 №781)

 

        Моддаи 91. Барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа

Барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа дар давраи миёнамўҳлат дар асоси ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамоҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа таҳия мегардад.

Барномаи инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа ба таври ҳатмӣ мақсадҳои стратегии инкишофи кишвар, аз ҷумла Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсоларо ба ҳисоб мегирад ва ҷамъшавии онҳоро бо назардошти хусусиятҳои хоси ҳар як минтақа таъмин менамояд.

Барномаи стратегии инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа мақсадҳои стратегӣ, вазифаҳо ва самтҳои асосии инкишофи минтақа, захираҳои лозимӣ ва нақшаю чорабиниҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдорро барои ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии инкишоф дар бар мегирад.

Барномаи инкишофи минтақа ба принсипҳои зерин асос меёбад:

— ҳатмӣ будани таҳияи барномаи инкишофи минтақа ҳамчун механизми банақшагирии стратегии минтақа;

— таъмини пурра ва маҷмўии барномаи инкишофи минтақа, ки фарогири ҳамаи барнома ва чорабиниҳо мебошад, аз ҳисоби буҷети давлатӣ, воситаҳои ташкилотҳои донорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ,  сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешавад;

— иштироки ҳатмии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳангоми таҳия ва татбиқи барномаҳо;

— анҷом додани мониторинг ва баҳодиҳии ҳатмии  барномаҳо.

Барномаи инкишофи минтақа барои таҳияи буҷети маҳаллӣ ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба маблағгузории самтҳои алоҳидаи инкишофи маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ асос мебошад. Тартиби мувофиқакунонии масъалаҳо оид ба маблағгузории самтҳои алоҳидаи инкишофи маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Барномаи инкишофи минтақа барои амалӣ шудани чорабиниҳои аз ҳисоби воситаҳои ташкилотҳои донорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ маблағгузоришаванда асос мебошад.

Барномаи инкишофи минтақа аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия гардида, бо қарори мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

Мониторинг ва баҳодиҳӣ  оид ба  барномаи инкишофи минтақа аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси методикае, ки аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудааст, гузаронида мешаванд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ метавонанд мониторинг ва баҳодиҳии интихобии барномаи инкишофи минтақаро анҷом диҳанд. Аз рўи натиҷаҳои мониторинг ва баҳодиҳӣ барномаи инкишофи минтақа метавонад тасҳеҳ гардад.

Тартиби таҳия намудани барномаҳои инкишофи минтақаҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Назорати татбиқи барномаи инкишофи минтақаро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ба зимма  дорад. (қҷт. 26.12.2011 №781)

 

Моддаи 10. Шўрои миллии илмӣ оид ба ояндабинӣ

Бо мақсади аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудани дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он Шўрои миллии илмӣ оид ба ояндабинӣ ташкил карда мешавад. «қҷт 26.03.09 №494»

Тартиби кор ва ҳайати Шўрои миллии илмӣ оид ба ояндабинӣ дар низомномаи Шўрои миллии илмӣ оид ба ояндабинӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, муайян карда мешавад.

Ба вазифаҳои асосии Шўрои миллии илмӣ оид ба ояндабинӣ мансуб мебошанд:

-таҳияи масъалаҳои методологӣ, илмию техникии ояндабинии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он;

-таҳияи пешниҳод оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои ояндабинии инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таҳлилу таҳқиқи илмии дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, лоиҳаҳои барномаҳои мақсадноки давлатӣ, минтақавӣ ва байниминтақавӣ. «қҷт 26.03.09 №494»

Моддаи 11. Масъулият барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Вайрон кардани Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.

Моддаи 12. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                      Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 8 декабри соли 2003

№ 53

ШАРИКОН: