Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(АМОҶТ с.2001, №7, мод. 517; с. 2003, №12, мод. 689; с. 2004, №12, қ.1, мод. 698; с. 2005, №7, мод. 397; с. 2006, №3, мод. 145; с. 2007, №7, мод.654; с.2011, №12, мод. 831, 832; с.2012, №8, м. 812; с.2016, №7, мод.601)

Қонуни конститутсионии мазкур ҳуқуқ, вазифа, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар мекунад.

БОБИ 1.ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон намояндаи ваколатдори халқ мебошанд.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон салоҳияти қонунгузорӣ ва дигар салоҳияте, ки Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур ва қонунҳо муқаррар намудаанд, амалӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1324)

 

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи вазъи ҳукуқии  узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Қонунгузорӣ дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. (ҚҶТ 30.07.07, №304)

 

Моддаи 3. Мўҳлати ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба мўҳлати 5 сол интихоб ва таъин мешаванд.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз рўзи тасдиқ намудани ваколати онҳо аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз меёбад.

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар рўзи оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати нав қатъ мегардад. (ҚҶТ 30.07.07, №304)

Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ў аз истифодаи ин ҳақ даст накашад.

 

Моддаи 31. Савганди узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

         Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунанд:

«Ҳамчун узви Маҷлиси миллии (вакили Маҷлиси намояндагони) Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарки масъулият ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунам, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло гузошта, фаъолияти худро дар асоси  Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, тамоми неру, дониш ва таҷрибаамро барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона сохта, дар таҳия ва қабули қонунҳо содиқона ва поквиҷдонона иштирок менамоям. (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1324)

 

Моддаи 4. Пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар мавридҳои зерин пеш аз мўҳлат қатъ мегардад:

  • ҳангоми вафот;
  • истеъфо
  • ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд;
  • эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд; (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1324)
  • қатъи шаҳрвандӣ;

6) соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар; (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1324)

  • тарки доимии ҷумҳурӣ;
  • ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ мувофиқ нест;
  • парокандашавии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон. (қҷт аз 09.12.04 №71)

Ҳангоми ба вазифаи дигар таъин намудани вакили  Маҷлиси намояндагон ваколати ў пеш аз мўҳлат қатъ мегардад. (ҚҶТ 30.07.07, №304)

Дар мавридҳои пешбининамудаи бандҳои 1-7 қисми якуми ҳамин модда Маҷлиси миллӣ ё Маҷлиси намояндагон дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ё вакили Маҷлиси намояндагон бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзо ё вакилон қарор қабул мекунанд, ки он аз лаҳзаи қабул шуданаш амалӣ мегардад. (қҷт аз 09.12.04 №71; ҚҶТ 30.07.07, №304)

Дар мавриди пешбининамудаи банди 8 қисми якуми ҳамин модда ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар асоси қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар бораи пеш аз мўҳлат ихтиёран пароканда шудани Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, ки бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда мешавад, қатъ мегардад. (қҷт аз 09.12.04 №71)

 

Моддаи 5. Шаҳодатнома, нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар давоми мўҳлати ваколатҳояшон аз шаҳодатнома ва нишони сарисинагӣ истифода мекунанд. Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин намунаи онҳоро Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тасдиқ мекунанд.

 

Моддаи 6. Шартҳои амалӣ намудани фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ваколатҳои худро аз фаъолияти истеҳсолию хизматӣ ҷудо нашуда, ба амал мебарорад. Узви Маҷлиси миллӣ барои ба амал баровардани фаъолияташ мувофиқи қонун аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ва хизматӣ озод карда мешавад. (ҚҶТ 30.07.07, №304)

Узви Маҷлиси миллӣ наметавонад дар як вақт вакили Маҷлиси намояндагон ё вакили зиёда аз ду мақомоти намояндагӣ бошад.

Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси  доимӣ ва касбӣ иҷро мекунад. (ҚҶТ 30.07.07, №304)

Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омўзгорӣ. (қҷт аз 09.12.04 №71)

 

Моддаи 7. Иштироки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон метавонанд дар кори маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намоянд, дар муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба салоҳияти вакилиашон ширкат варзанд, таклифу дархостҳо пешниҳод кунанд.

 

Моддаи 8. Риояи меъёри одоби вакилӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бояд меъёрҳои одоби вакилиро риоя намоянд.

Масъулият барои вайрон кардани меъёрҳои одоби вакилӣ мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси миллӣ ва Дастури Маҷлиси намояндагон муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ II

КАФОЛАТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

ВА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

 

Моддаи 9. Иштироки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ва иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон вазифадоранд дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иштирок намоянд.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кори ҷаласаҳои якчояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон дар асоси муҳокимаҳои дастаҷамъию баробарҳуқуқӣ ва озодона масъалаҳоеро, ки мувофиқи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мансубанд, баррасӣ ва ҳал мекунанд.

 

Моддаи 10. Ҳуқуқҳои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд:

— ба мақомоти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон интихоб кунад ва интихоб шавад;

— ба барарсии ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон масъалаҳо пешниҳод намояд;

оид ба дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон шунидани ҳисобот ё ахбороти ҳар шахси мансабдор, ки ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳисоботдиҳанда ё масъул мебошад, таклиф пешниҳод кунад;

— нуқтаи назари интихобкунандагонро ба маълумоти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон расонад;

— оид ба муроҷиати шаҳрвандон маълумот диҳад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон инчунин дигар ҳуқуқҳоро, ки дар ҳамин Қонуни конститутсионӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидаанд, амалӣ менамоянд. (ҚҶТ 30.07.07, №304)

 

Моддаи 11. Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Шаклҳои фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз инҳо иборатанд:

1) иштирок дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраркардаи Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) иштирок дар ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;

3) иштирок дар кори Шўро, кумитаҳо, комиссияҳо, аз ҷумла комиссияҳои муваққатӣ ва дигар мақомоти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқарраркардаи дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон;

4) иштирок дар робитаҳои байналмилалии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

5) иҷрои супоришҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо;

6) пешниҳоди дархости вакилӣ;

7) иштирок дар муҳокимаҳои парламентӣ;

8) таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон;

9) баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон.

Фаъолияти вакили Маҷлиси намояндагон инҳоро низ дар бар мегирад:

1) кор бо интихобкунандагон;

2) иштирок дар кори фраксияву гурўҳҳои вакилон.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар шаклҳои дигаре, ки Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии мазкур, дигар қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муайян кардаанд, фаъолият мекунанд. (қҷт. 26.12.2011 №796), ҚҶТ аз 23.07.2016,№1324)

 

Моддаи 12. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуки ташаббуси қонунгузорӣ доранд. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар шакли пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо дар бораи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ё аз эътибор соқит донистани қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар шакли пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон (таклифҳои қонунгузорӣ) ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ 30.07.07, №304)

Лоиҳаи қонунҳо ва таклифҳои қонунгузорӣ, ки аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва ё вакили Маҷлиси намояндагон дар асоси ҳуқуки ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод гардидаанд, бояд аз тарафи Маҷлиси намояндагон баррасӣ шаванд.

 

Моддаи 13.Дархости узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд ба Сарвазир, дигар аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Тоҷикистон, раиси бонки миллии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва шахсони мансабдори дигари мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ба роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо барои додани тавзеҳоти расмӣ ё баён намудани мавқеашон оид ба масъалаҳое, ки ба манфиатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ дахл дошта, дорои аҳамияти давлатӣ мебошанд, дархост пешниҳод кунанд.

Дархост аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ё гурўҳи вакилон дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ пешниҳод шуда метавонад.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дархости худро ба мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор бо хоҳиши хеш метавонад бевосита ё тавассути Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон фиристонад. Бо талаби ў масъалаи дар дархост пешниҳодшуда ба муҳокимаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда метавонад.

Мақомоти давлатӣ ё шахси мансабдор, ки ба вай дархост фиристода шудааст, вазифадор аст, ки дар муддати на дертар аз як моҳи қабули он ҷавоби расмии хаттӣ диҳад. Ба ҷавоби дархост бояд шахсе имзо гузорад, ки дархости узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба унвони ў фиристода шудааст.

Аз рўи ҷавоби дархост ва натиҷаҳои муҳокимаи он Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон қарор қабул мекунанд.

 

Моддаи 14. Баррасии таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар иҷлосия ва ҷаласаҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон

Таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳое, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар доираи салоҳияташон дар иҷлосияҳо ва ҷаласаҳо баён кардаанд ё дар шакли хаттӣ  ба котибот ё раисикунанда додаанд, аз тарафи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои онҳо баррасӣ карда мешаванд ё ин ки барои баррасӣ ба мақомоти дахлдори давлатию ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор фиристонида мешаванд.

Мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин шахсони мансабдор, ки таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои дар иҷлосияҳою ҷаласаҳо пешниҳодкардаи вакилон ба онҳо равона карда шудаанд, вазифадоранд ин пешниҳодҳоро дар муддати як моҳ дида бароянд ва аз натиҷааш бевосита ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон хабар диҳанд.

Назорати баррасӣ ва амалӣ намудани таклифҳо ва фикру мулоҳизаҳои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз тарафи кумитаҳо, комиссияҳо, Шўрои Маҷлиси миллӣ ва Шўрои Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.

 

Моддаи 15. Иштироки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар иҷрои қарорҳои Маҷлиси миллӣ, Маҷлиси намояндагон ва мақомоти онҳо

Бо қарори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ё мақомоти онҳо узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон рафти амалишавии қонунҳо ва қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро меомўзанд. Дар бораи натиҷаҳои омўзиш узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ё мақомоти онҳо хабар медиҳанд.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, бекор кардани қарорҳои ғайриқонунӣ, ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки ба вайронкунии қонун ва иҷро накардани қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон роҳ додаанд, ба мақомоти дахлдор таклиф пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 16. Муносибати вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

Вакили Маҷлиси намояндагон:

  • бо интихобкунандагон вохўриҳо мегузаронад;
  • шахсони мансабдорро барои иштирок дар ин вохўриҳо даъват менамояд;
  • дар машваратҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ ширкат меварзад;
  • рафти баррасии таклифу пешниҳод, арзу шикояти интихобкунандагонро назорат мекунад:
  • интихобкунандагонро аз кори Маҷлиси намояндагон воқиф месозад;
  • афкори ҷамъиятӣ, эҳтиёҷу дархости интихобкунандагонро меомўзад, дар ин бора ба Маҷлиси намояндагон ва мақомоти он ахбор медиҳад.

Ба вакили Маҷлиси намояндагон барои гузаронидани вохўрӣ бо интихобкунандагон аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шароит муҳайё карда мешавад. (қҷт аз 09.12.04 №71)

 

Моддаи 17. Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон муроҷиатҳои ба онҳо расидаро бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида баррасӣ менамоянд, барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо чора мебинанд, шаҳрвандонро қабул мекунанд, барои рафъи сабабҳои шикоят ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассиса, ташкилотҳо таклифҳо пешниҳод менамоянд. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро барои иштирок дар қабули шаҳрвандон даъват намоянд.

 

Моддаи 18. Таъмини шароит барои иҷрои ваколатҳои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон вазифадоранд, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро барои кор бо бинои муҷаҳҳаз, нақлиёти алоҳидаи хизматӣ, фондҳои китобҳо ва бойгонӣ, воситаҳои алоқа, техникаи ҳисоббарорию электронӣ, нусхабардору чоп таъмин намоянд.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳолати зарурӣ бо меҳмонхона таъмин карда мешаванд. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини фаъолияти вакилӣ ба ихтиёри онҳо ҳуҷраи корӣ, мошинҳои ҳисобӣ, электронӣ, нусхабардор ва чопиашонро медиҳанд, ҳамчунин онҳоро дар ҳудуди ҳавзаи интихобот барои иҷрои ваколатҳояшон бо нақлиёт таъмин менамоянд. (қҷт аз 09.12.04 №71)

 

Моддаи 19. Ҳуқуқи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба қабули бетаъхир аз ҷониби шахсони мансабдор

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо бе мамоният ворид шаванд. Шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, вазифадоранд узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро аз рўи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ бетаъхир қабул кунанд.

Тартиби ворид гардидан ба ташкилоту муассисаҳоеро, ки фаъолияташон ба сирри давлатӣ вобастагӣ доранд, қонун муайян мекунад.

 

Моддаи 20. Вазифаҳои шахсони мансабдор оид ба баррасии муроҷиати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон вазифадоранд муроҷиати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро тибқи қонун баррасӣ намуда, аз натиҷаи тадбири андешидашуда ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба тариқи хаттӣ хабар диҳанд. (ҚҶТ 30.07.07, №304)

 

Моддаи 21. Ҳуқуқи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон барои гирифтан ва паҳн кардани маълумот

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро дар мавриди муроҷиат кардан оид ба масъалаҳои фаъолияти вакилӣ бо мутахассисон ва маълумоте, ки барои онҳо лозим аст, таъмин намоянд.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ доранд аз тариқи воситаҳои давлатии матбуот, радиову телевизион аз рўи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ бемамониат баромад кунанд, мавод нашр намоянд.

Маводи пешниҳодкардаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бе розигии ў тағйир додан мумкин нест.

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқ надоранд маълумотҳоеро, ки мувофиқи қонун дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ё бонкианд, фош кунанд.

 

Моддаи 22. Суғуртаи ҳатмии давлатӣ ва пардохти маблағи суғуртаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Ҳаёт ва саломатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷрои ваколатҳояш аз ҳисоби маблағҳои буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор мегирад.

Тартиби пардохти суғуртапулии якдафъаинаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. (қҷт. 01.08.2012, №897)

 

Моддаи 23. Озод будани узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз даъват ба хизмат ва ҷамъомадҳои ҳарбӣ

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷрои ваколатҳояшон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон аз даъват ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ ҳамчунин аз даъват ба ҷамъомадҳои ҳарбӣ озоданд.

 

Моддаи 24. Таъмини нафақаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Таъмини нафақаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардонида мешавад. (қҷт аз 25.07.05 №106)

 

Моддаи 25. Ҳуқуқи аз воситаҳои нақлиёт бепул истифодабарии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо ҳамаи нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ, обӣ, автомобилии роҳҳои дохилӣ ва бо ҳама гуна намудҳои нақлиёти мусофиркаши шаҳрӣ, наздишаҳрӣ (ғайр аз таксӣ ва нақлиёти шахсии шаҳрвандон) бо нишон додани шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бепул равуо кардан кардан доранд. Шахсе, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистонро, ки маъюби гурўҳи якуманд ҳамроҳӣ мекунад, чунин ҳуқуқро дорад. (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1324)

Кассаҳои билетфурўшии вокзалҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, агентиҳои авиатсияи шаҳрвандӣ ё фурудгоҳҳо вазифадоранд, ки дар вақти нишон додани шаҳодатномаи аъзогӣ ё вакилӣ бидуни  навбат ба онҳо  барои як ҷо дар вагони хобравӣ ё нарми поезд, самолёт ё вертолёт  бепул билет диҳанд. Ҳангоми сафар ба онҳо билети поездҳо, самолётҳо на дертар аз ду соати то парвози самолёт ё рафтани  поезд дода  мешавад.

Дар толорҳои расмии  намояндагии фурудгоҳ ва вокзали роҳи  оҳан ба узви Маҷлиси миллӣ ва  вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаашон бепул хизмат расонида мешавад.

Рафтуои узви Маҷлиси миллӣ ва  вакили Мачлиси намояндагон дар автобусҳои байнишаҳрӣ, инчунин наздишаҳрӣ дар ҳолатҳое, ки билетҳо бо нишон додани рақами ҷой фурўхта мешаванд, бо билети  бепуле сурат  мегирад, ки дар кассаҳои вокзалҳо ва истгоҳҳои автомобилҳо ё бевосита ҳангоми савор шудан ба автобус бенавбат гирифта  мешавад.

Пардохти хароҷотҳои дар ҳамин модда пешбинӣ гардида аз  ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ барои  нигоҳдошти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон сурат мегирад.

 

Моддаи 26. Рухсатии ҳарсола пардохтшавандаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон рухсатии ҳарсолаи пардохтшавандаи давомнокиаш 45 рўзи тақвимӣ  дода мешавад. (қҷт аз 03.03.06 №163)

Моддаи 27. Таъминоти манзилӣ ва маишии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Ба  вакили Мачлиси намояндагон, ки манзил надорад ё дар шаҳри Душанбе истиқомат карда барои беҳбудии шароити манзил  эҳтиёҷ дорад, барои зиндагӣ бо оилаааш дар пойтахт манзилгоҳи  хизматӣ дода мешавад. Манзили истиқоматии мазкур аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагон баъди қатъи ваколати вакилиаш дар муҳлати як моҳ супорида мешавад. (ҚҶТ аз 23.07.2016,№1324)

Узви Маҷлиси миллӣ ва  вакили Мачлиси намояндагон барои  бенавбат гузаронидани воситаи алоқа (телефон) ҳуқуқ дорад.

Аз узви Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон  ва аъзои оилааш, ки бо вай зиндагӣ мекунанд, дар ҳадди меъёрҳои пешбининамудаи қонунҳои ҷорӣ барои телефон (ғайр аз гуфтугўи байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ), хизмати коммуналӣ (оби гарм ва гармкунӣ, оби хунук) 50 фоиз кам ҳақ гирифта мешавад. (қҷт аз 08.12.03 №61)

 

Моддаи 28. Таъмини шароити моддию молиявӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон хароҷоти вобаста ба фаъолияти вакилӣ бо тартиб ва андозае, ки ҳамин Қонуни конститутсионӣ  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, пардохта мешавад. (ҚҶТ 30.07.07, №304)

Музди меҳнати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт аз 03.03.06 №163)

Ба узви Маҷлиси миллӣ, ки ҳангоми иҷрои кори аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ ё мақомоти он, ҳангоми сафарҳои хизматӣ вобаста ба супоришҳои мақомоти мазкур, инчунин дар вақти кори вай бо интихобкунандагон аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматии ҷои асосии  кораш озод карда шудааст, музди меҳнат аз ҷои кори асосиаш пардохта мешавад.

Хароҷоти вобаста бо фаъолияти вакилии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон баробари даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳар моҳ пардохта мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №795)

Хароҷоти ба шаҳри Душанбе  барои ваколатҳояшро ба ҷо  овардан кўчида омадани  вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаи ў, ҳамчунин вобаста ба ҷои истиқомати доимии вакил баъди  қатъ ёфтани ваколатҳояш кўчида рафтани вай аз ҳисоби  маблағҳои  Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад. Ҳангоми ба шаҳри Душанбе кўчида  омадан ба  вакили Маҷлиси намояндагон ва ба ҳар аъзои оилаи ў мувофиқи тартиби  муқарраргардидаи қонунгузорӣ кўмакпулии яквақта дода мешавад. Хароҷоти ба хориҷи мамлакат рафтани узви Маҷлиси миллӣ ва  вакили Маҷлиси намояндагон бо қарори Шўрои Маҷлиси миллӣ ва Шўрои Маҷлиси намояндагон пардохта мешавад.

 

Моддаи 29 Таъминоти тиббӣ ва маишии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Таъминоти тиббӣ ва маишии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаи ў мутобиқи шароитҳое, ки барои аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, сурат мегирад.

 

Моддаи 30. Ҳуқуқи бенавбат дар меҳмонхона ҷой гирифтани узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Маъмурияти меҳмонхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ вазифадоранд ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилаашон баробари пешниҳод кардани шаҳодатномаи аъзогӣ ва вакилӣ ҳуҷраи алоҳидаи муҷаҳҳаз диҳанд. Шахсе, ки узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон –маъюби гуруҳи 1-умро ҳамроҳӣ мекунад, ҳуқуқи бепул дар меҳмонхона ҷой гирифтанро  дорад.

Моддаи 31. Шиносномаи дипломатии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар мўҳлати ваколаташон шиносномаи дипломатӣ дода мешавад.

 

Моддаи 32. Озод кардани узви Маҷлиси миллӣ аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё  хизматӣ

Узви Маҷлиси миллӣ ҳангоми ба ҷо овардани фаъолияти аъзогиаш дар Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он дар  асоси расман огоҳонидан оид ба даъват ба Маҷлиси миллӣ аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ дар ҷои кори асосиаш озод карда мешавад. Дар ин ҳолат ягон ҳуҷҷати дигар талаб карда  намешавад.

 

Моддаи 33. Ҳифзи ҳуқуқу озодӣ, шаъну шарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Давлат ба ҳар узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон барои самарабахш бемамоният ба ҷо овардани ваколатҳояш  кафолат медиҳад, ҳуқуқу озодӣ, шаъну шарафи ўро ҳифз менамояд.

Шахсоне, ки шаъну шарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро паст мезананд, ба онҳо ё аъзои оилаи онҳо ва дигар хеши таборашон бо мақсади монеъ шудан ба иҷрои фаъолияти вакилиашон таъсири ғайриқонунӣ мерасонанд, ё бар хилофи иродаи  узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ўро ба манфиати ягон  кас ба қабул намудани қарор  моил кардан мехоҳанд, мувофиқи  қонунгузории ҷорӣ ба  ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Таҳқир намудани узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон,  инчунин тўҳмат  нисбат ба онҳо ва ё паҳн кардани  хабарҳои  бардурўғ дар бораи фаъолияти вакилии онҳо нораво буда,  шахсони ин  амалҳоро содиркунанда тибқи қонунгузории ҷорӣ ба ҷавобгарӣ  кашида мешаванд.

Моддаи 34. Дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи  дахлнопазирӣ дорад, ўро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш  дар ҷои содири ҷиноят, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин мавриди кофтукоби шахсӣ (азназаргузаронӣ) қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. (қҷт. 26.12.2011 №796)

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро бе розигии Маҷлиси дахлдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашидан мумкин нест. Дохил шудан ба манзили истиқоматӣ ё утоқи кории узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ба нақлиёти шахсӣ ё хизматии ў, дар он ҷо гузаронидани кофтуков, ёфта гирифтан, гўш кардани гуфтугўи телефонӣ ва дигар сўҳбатҳои ў, кофтукови шахсии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин гирифтани мукотибот, молу мулк ва ҳуҷҷатҳои ў танҳо бо дархости Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷозати суди дахлдор фақат бо иртибот доштан ба парвандаи ҷиноятии оғозгардида нисбат ба узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон сурат гирифта метавонад. (қҷт. 26.12.2011 №796)

Нисбати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон танҳо Прокурори генералии Тоҷикистон  метавонад парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ оғоз намояд. (қҷт. 26.12.2011 №796)

Парвандаи  ҷинояӣ ё маъмурӣ нисбати узви  Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеияти судӣ дорад. (қҷт. 26.12.2011 №796)

 

Моддаи 35. Тартиби гирифтани розигӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани узви Маҷлиси миллӣ ва ё вакили Маҷлиси намояндагон

Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби Маҷлиси дахлдор ҳал карда мешавад.

Барои узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро  ҳабс кардан Прокурори генералии Тоҷикистон ба Маҷлиси дахлдор бо  пешниҳод муроҷиат менамояд.

Барои дида баромадани пешниҳоди Прокурори генералии  Точикистон оид ба  маҳрум  намудани узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳуқуқи дахлнопазирии шахсӣ дар сурати зарурат комиссияи тафтиши аъзогӣ ё вакилии маҷлиси дахлдор ташкил  карда мешавад.

Маҷлиси миллӣ ё Маҷлиси намояндагон пешниҳоди дохилшударо ба тартиби  муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси дахлдор дар ҷаласаи худ баррасӣ менамояд. Дар мавриди зарурӣ аз Прокурори генералии Тоҷикистон маводҳои иловагӣ талаб карда мешавад. Маҷлиси миллӣ ё Маҷлиси намояндагон нисбати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон қарори асоснок қабул мекунанд ва дар муддати  на дертар аз се рўз Прокурори генералии Тоҷикистонро аз ин хусус воқиф мегардонанд. Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ки нисбати ў маълумоти пешниҳодӣ дохил шудааст, ҳуқуқ дорад дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок намояд.

Ба пешниҳоди Прокурори генералии Тоҷикистон оид ба аз ҳуқуки  дахлнопазирии шахсӣ маҳрум намудани узви Маҷлиси миллӣ ё вакили Маҷлиси намояндагон  ҷавоби рад додани Маҷлиси миллӣ ё Маҷлиси намояндагон барои боздоштани парвандаи ҷиноятӣ ва парвандаи  маъмурӣ, ки ҷавобгариро аз тариқи судӣ пешбинӣ мекунад, асос мегардад. (қҷт. 26.12.2011 №796)

Дар хусуси оғози парвандаи ҷиноятӣ ё парвандаи маъмурӣ, ки ҷавобгариро аз тариқи судӣ пешбинӣ мекунад, дар бораи қатъ намудани парвандаҳои дар истеҳсолотбуда ё оид ба ҳукми қонунӣ гирифтани қарори суд нисбати узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон  мақомоти тафтишот, муфаттиш ё суд вазифадоранд дар муддати на дертар аз се рўз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро хабардор намоянд. (қҷт. 26.12.2011 №796)

Агар узви Маҷлиси миллӣ дар як вақт вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, барои маҳрум намудани ў аз дахлнопазирӣ танҳо розигии Маҷлиси миллӣ лозим аст. (қҷт. 26.12.2011 №796)

 

Моддаи 36. Кафолатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ ва иҷтимоии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Вакили Маҷлиси намояндагон баъди ба охир расидани ваколатҳояш бо ҷои кор таъмин карда мешавад.

 Мўҳлати ваколати вакили Маҷлиси намояндагон ва инчунин даврае, ки вакили Маҷлиси намояндагон бинобар имконнопазирии бо кор таъмин намудани ў муваққатан кор накардааст, ба собиқаи кори умумӣ, бефосила ва махсуси меҳнатӣ ё мўҳлати хизмат, собиқаи кор аз рўи ихтисос ҳисоб карда мешавад.

 Маҷлиси намояндагон музди меҳнати собиқ вакилро дар давраи кор наёфтан дар давоми се моҳ медиҳад.

 Ба вакилони Маҷлиси намояндагон ба истиснои онҳое, ки аз нав вакил интихоб шудаанд, баъди анҷоми мўҳлати ваколатҳо ба андозаи музди меҳнати семоҳаашон ё дар сурати ба нафақа аз рўи синну сол баромадан — музди меҳнати семоҳаашон кўмакпулӣ дода мешавад. (қҷт. 26.12.2011 №795); (қҷт. 01.08.2012, №897)

Барои хизматҳои арзанда ва фаъолияти самараноку пурмаҳсул узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон аз ҷиҳати моддӣ  ҳавасманд ва бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Моддаи 37. Таъмини амнияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, аъзои оилаашон ва молу мулки  онҳо таҳти ҳимояи давлат қарор доранд.

 

Моддаи 38. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳолати пеш аз мўҳлат ихтиёран пароканда шудани Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон

Дар сурати тибқи моддаи 63 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёран пароканда шудани Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон  ба вакили Маҷлиси намояндагон ҳуқуқи  гирифтани кўмакпулии яквақта дар  ҳаҷми музди меҳнати семоҳааш дода мешавад.  (қҷт аз 09.12.04 №71); (қҷт. 26.12.2011 №795)

Ба вакили Маҷлиси намояндагон ва аъзои оилааш, ки хоҳиши ба ҷои истиқоматии доимии то вакил интихоб шуданаш баргаштанро  изҳор кардааст, хароҷоти вобаста ба манзил расидани вай ва бурдани  ашёи  рўзгораш аз ҳисоби  маблағҳои Маҷлиси намояндагон пардохта  мешавад.

 

Моддаи 39. Дар бораи беэътибор донистани Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи статуси  вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси  вакили халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз 3 ноябри  соли 1995 (Ахбори  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995 № 21, моддаи  227, соли 1996 № 24 моддаи 366) беъэтибор дониста шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э.Ш. Раҳмонов

ш.Душанбе, 6 августи соли 2001

№ 43        

ШАРИКОН: