ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КЎҲИСТОНИ БАДАХШОН, ВИЛОЯТ, ШАҲРИ ДУШАНБЕ, ШАҲР ВА НОҲИЯ

(АМОҶТ с.1996, №23, мод.348; с.2008,12, қ.2. мод.995, с.2013, №12, мод.526)

 

Қонуни мазкур ҳуқуқу ўҳдадориҳо, фаъолият ва кафолатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро муайян менамояд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 1. Вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакили Мҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия (минбаъд — вакили Маҷлиси вакилони халқ) намояндаи ваколатдори аҳолии сокини қаламрави дахлдор буда, дар Маҷлиси дахлдори вакилони халқ иродаву манфиати онҳоро ифода менамояд. «қҷт 31.12.08 №461» (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакилон дар кори Маҷлисҳои вакилони халқ иштирок намуда, масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии қаламравро ҳаллу фасл мекунанд, иҷрои қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва қарорҳои мақомоти болоии ҳокимияти давлатиро дар маҳал таъмин менамоянд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакили Маҷлисҳои вакилони халқ кори худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ (Сарқонуни), қонунҳо, инчунин дар асоси қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи дахлдор ва барномаҳои пешазинтихоботӣ ба роҳ мемонад (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Шаҳрванди Тоҷикистон наметавонад дар як вақт вакили зиёда аз ду мақомоти намояндагӣ бошад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр  ва ноҳия

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. «қҷт 31.12.08 №461»      

Моддаи 3. Оғоз ва мўҳлати ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ

Ваколатҳои вакил аз рўзи онҳоро эътироф кардани Маҷлиси вакилони халқи дахлдор оғоз меёбанд.

Ваколатҳои вакил дар рўзи кушодашавии иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқ даъвати нав ё худ дар мавриди пеш аз мўҳлат қатъ ёфтани ваколатҳои пешбиникардаи моддаи 7-уми Қонун мазкур қатъ мегарданд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Ваколатҳои вакиле, ки ба ҷои вакили хориҷгашта интихоб шудааст, аз рўзи онҳоро эътироф кардани Маҷлиси вакилони халқи дахлдор, ки баъди интихоб гардиданаш гузаронида мешавад, оғоз меёбанд.

Агар Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ваколатҳои вакилони алоҳидаро беэътибор донад, дар ҳавзаи дахлдори интихобот дар мўҳлати се моҳ интихоботи нав гузаронида мешавад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Ваколатҳои вакилро ба каси дигар додан мумкин нест.

Моддаи 4. Амалӣ намудани ваколатҳо зимни фаъолияти истеҳсолӣ ё хизматӣ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)                                       

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ваколатҳояшро зимни фаъолияти истеҳсолӣ ё хизматӣ амалӣ менамояд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил ҳуқуқ дорад барои фаъолияти вакилиаш мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ озод карда шавад. Хароҷоти вобаста ба фаъолияти вакили аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ таъмин карда мешавад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

 

 

 

         БОБИ 2. ТАРТИБИ ФАЪОЛИЯТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 5. Фаъолияти вакил дар Маҷлиси вакилони халқ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил дорои тамоми ҳуқуқҳоест, ки иштироки ўро дар фаъолияти Маҷлисҳои вакилони халқ ва мақомоти ташкилкардаи онҳо таъмин менамоянд, ў дар назди ин мақомот масъул буда, супоришҳои онҳоро иҷро менамояд.

Вакил вазифадор аст, ки дар кори иҷлосия, ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ, ки ба ҳайати онҳо интихоб шудааст, иштирок кунад, оид ба масъалаҳои мавриди муҳокима овоз диҳад.

Маҷлиси вакилони халқ метавонад ахбори вакили халқро дар бораи фаъолияташ дар Маҷлиси дахлдори вакилони халқ оид ба иҷрои қарорҳои қабулшуда ва супоришҳои ба зиммаи ў гузошташуда шунавад. Дар сурати аз тарафи вакил иҷро карда нашудани вазифаҳояш, вайрон кардани тартиби муқарраршудаи кор масъала дар бораи рафтори вакил мавриди муҳокимаи Маҷлиси вакилони халқ ё худ бо супориши он мавриди муҳокимаи комиссияҳои доимӣ қарор гирифта метавонад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 6. Робитаи вакили Маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон, ҳизбҳои сиёсӣ ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ бо интихобкунандагон, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки ўро номзад ба вакилӣ пешбарӣ кардаанд, робита менамояд, ба онҳо дар бораи фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ, иҷрои нақшаҳо ва барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал маълумот медиҳад, дар ташкил ва назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ иштирок менамояд, афкори ҷомеа, талаботу эҳтиёҷоти аҳолиро омўхта, аз рўи онҳо ба Маҷлиси вакилони халқ ва ташкилотҳои дахлдор таклифҳои зарурӣ пешниҳод мекунад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

 

 

Моддаи 61. Риояи меъёри одоби вакилӣ аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқ

Меъёрҳои одоби вакилӣ ва масъулият барои вайрон кардани он мутобиқи талаботи Дастури Маҷлиси вакилони халқ муқаррар карда мешавад. «қҷт 31.12.08 №461»

Моддаи 7. Пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ

Ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ бо қарори Маҷлиси вакилони халқ дар мавридҳои зайл қатъ мегарданд:

дар сурати ба истеъфо баромадан бо аризаи шахсӣ бинобар ҳолатҳое, ки ба иҷрои ваколатҳояш монеъ мешаванд ё бо сабабҳои дигари шахсӣ;

дар сурати аз тарафи суд ғайри қобили амал донистани вай;

дар сурати вафот;

бинобар эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд;

дар сурати беэътибор дониста шудани ваколатҳои ў;

қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон; «қҷт 31.12.08 №461»

дар сурати интихоб ё таъин шудан ба вазифа ё ишғоли вазифае, ки мувофиқи қонун машғул шудан бо он ба иҷрои вазифаҳои вакилӣ муносиб нест; (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

дар сурати содир кардани рафторе, ки номи вакилро доғдор мекунад; (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

дар сурати ба зиёда аз ду мақоми намояндагӣ интихоб шудани вакил (агар дар давоми як моҳи интихоб шудан аз номи ў дар хусуси даст кашидан аз ваколатҳои вакилии яке аз чунин мақомот аризаи хаттӣ ворид шуда бошад); (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

 дар сурати худпароканда шудани Маҷлиси вакилони халқ;  (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

— барои истиқомат ва кори доимӣ берун рафтан аз ҳудуди марзию маъмурии дахлдор; «қҷт 31.12.08 №461»

— бе сабабҳои узрнок зиёда аз се маротиба пай дар пай иштирок накардан дар ҷаласаҳои иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ; «қҷт 31.12.08 №461»

Ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ инчунин дар сурати пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин пеш аз мўҳлат қатъ мегарданд: «қҷт 31.12.08 №461» (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

дар сурати мунтазам аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ иҷро нашудани талаботи Конститутся (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

агар Маҷлиси навинтихобшудаи вакилони халқ дар давоми як моҳ аз рўзи кушодашавии иҷлосияи аввал мақомоти худро ташкил накарда бошад;

—  агар Маҷлиси вакилони халқ дар давоми зиёда аз ду моҳ бинобар набудани шумораи барои кворум зарурии вакилони халқ иҷлосияро даъват карда натавониста бошад;

ҳангоми таъсис ва барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурии дахлдор. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 8. Иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқ дар кори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ

Вакилон дар иҷлосияҳои Маҷлиси дахлдори вакилони халқ дар асоси муҳокимаи дастҷамъӣ, ва озодона ҳамаи масъалаҳоеро, ки мувофиқи Конститутсия (Сарқонун), ва дигар санадҳои қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёри Маҷлиси вакилони халқ аст, баррасӣ ва ҳал мекунанд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Агар вакил дар кори Маҷлиси вакилони халқ иштирок карда натавонад, вай бояд дар ин бора ба Раиси Маҷлиси вакилони халқ ё ба шахсе, ки ўро иваз  менамояд, хабар диҳад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 9. Ҳуқуқи вакил дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ

Вакил доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки мавриди баррасии иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ қарор мегирад, ҳуқуқи овози ҳалкунанда дорад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳуқуқ дорад:

— ба мақомоти Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ интихоб кунад ва интихоб шавад;

— масъалаҳоро барои баррасии Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод кунад;

оид ба рўзномаи иҷлосия, тартиби баррасӣ ва моҳияти масъалаҳои баррасишаванда таклифу мулоҳизаҳои худро пешниҳод намояд; (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

— оид ба шунидани ҳисобот ё маълумоти мақомоти тобеъ ё шахсони мансабдор дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ таклифҳо пешниҳод намояд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакиле, ки аз рўи масъалаи мавриди муҳокима дар иҷлосия баромад накардааст, метавонад матни баромадашро барои дохил кардан ба протоколи иҷлосия ба раисикунанда супорад.

Кисми 4 хориҷ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 10. Ҳуқуқи вакилони Маҷлиси вакилони халқ барои муттаҳидшавӣ дар гурўҳҳои вакилон

Вакилон барои изҳори дастҷамъии ақидаҳои сиёсии худ, амалӣ гардонидани барномаҳо ва ҳадафҳои пешазинтихоботӣ ҳуқуқ доранд ба гурўҳҳои доимӣ ё муваққатии вакилон муттаҳид шаванд.

Вакилон новобаста аз иштирокашон дар фаъолияти ягон мақомоти Маҷлиси вакилони халқ метавонанд аъзои гурўҳи вакилон дар Маҷлиси дахлдор бошанд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакилон ба ин гурўҳҳо озодона дохил ва аз онҳо хориҷ мешаванд ва ҳангоми ба амал баровардани ваколатҳои вакилӣ ба қарорҳои ин гурўҳҳо вобаста намебошанд.

Барои таъсиси гурўҳи доимии вакилон ба Раиси Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ариза пешниҳод ва, ба он протоколи таъсиси гурўҳи вакилон бо зикри аъзоёни гурўҳи вакилон замима карда мешавад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 11. Дархости вакилӣ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳуқуқ дорад ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои онҳо, ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор воқеъбуда новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Маҷлиси вакилони халқ тааллуқ доранд, муроҷиат намояд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Дархост аз тарафи вакил ё гурўҳи вакилон ба шакли хаттӣ ё шифоҳӣ пешниҳод карда шуда метавонад. Дархосте, ки ба шакли хаттӣ дода шудааст, бояд дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ хонда шавад.

Мақоми давлатӣ, шахси мансабдор, ки дархост ба вай дахл дорад, ба он бояд дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ё дар мўҳлати дигаре, ки Маҷлиси вакилони халқ муқаррар кардааст, ҷавоби шифоҳӣ ё хаттӣ диҳад. Ҷавоби дархост дар иҷлосия хонда дода мешавад. Вакил, ҳуқуқ дорад нисбати ҷавоби дархост фикрашро баён кунад. Аз рўи ҷавоби дархост музокира доир шуда метавонад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Маҷлиси вакилони халқ аз рўи ҷавоби дархост ва натиҷаи он қарор қабул мекунад.

Моддаи 12. Баррасии таклифҳо  ва эродҳои вакилон, ки ба иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод карда шудаанд

Таклифу эродҳо, ки вакилон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ баён кардаанд ё дар шакли хаттӣ ба раисикунандаи иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ додаанд, аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ, комиссияҳои доимии он баррасӣ карда мешаванд ё аз тарафи онҳо барои баррасӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор фиристода мешаванд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин шахсони мансабдор, ки таклифу эродҳои дар иҷлосия пешниҳодкардаи вакилон ба онҳо равон карда шудаанд, ўҳдадоранд онҳоро дар давоми як моҳ дида бароянд ва аз натиҷааш бевосита ба вакил, инчунин ба Маҷлиси вакилони халқи дахлдор хабар диҳанд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Назорат оид ба баррасӣ ва амалӣ кардани таклифу эродҳое, ки вакилон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод кардаанд, аз тарафи Раис ё комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқ сурат мегирад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 13. Фаъолияти вакил дар мақомоти Маҷлисҳои вакилони халқ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доимӣ ё мақомоти дигари Маҷлиси вакилони халқ дохил мешавад, метавонад ҳар масъала ва таклифҳо барои баррасӣ ба мақомоти мазкур пешниҳод намояд, дар таҳияи онҳо барои баррасӣ, муҳокима ва аз рўи онҳо қабул карда шудани қарорҳо, ҳамчунин дар ташкил ва назорати иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ ва комиссияҳои доимии он, иштирок кунад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доимӣ дохил мешавад, дар сурати норозӣ будан аз қарори он, метавонад нуқтаи назари худро дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ баён кунад ё дар ин хусус ба таври хаттӣ ба раисикунанда хабар диҳад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакиле, ки ба ҳайати комиссияи доимӣ интихоб шудааст, дар кори он бо ҳуқуқи овози ҳалкунанда иштирок мекунад.

Вакиле, ки аъзои комиссия нест, метавонад дар ҷаласаҳои он бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок намояд.

Моддаи 14. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳангоми кор кардан дар ҳавзаи интихоботӣ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил дар ҳавзаи интихоботи худ ҳуқуқ дорад:

— дар баррасии ҳар гуна масъалаҳои ба манфиатҳои шаҳрвандон дахлдошта, ки аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иттиҳодияҳои дахлдори ҷамъиятӣ сурат мегирад, иштирок кунад. Бо талаби вакил ин мақомот вазифадоранд дар бораи баррасии ин гуна масъалаҳо пешакӣ хабар диҳанд; «қҷт 31.12.08 №461» (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

— бо интихобкунандагони ҳавза мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ҷаласаҳо гузаронад, бо коллективҳои меҳнатӣ, мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ вохўриҳо доир намояд, дар ҷаласаҳои мақомоти худфаъолияти минтақавии ҷамъиятӣ ширкат варзад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил дорои ҳуқуқи афзалтятнок буда, метавонад аз рўи масъалаҳои фаъолияти вакилиаш дар воситаҳои ахбори омма, ки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис медиҳанд, баромад кунад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил ўҳдадор аст: (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

— шаҳрвандонро мунтазам қабул кунад, ба аҳолӣ дар бораи фаъолияти Маҷлиси вакилони халқ ва иштироки худ дар он, дар бораи иҷрои қарорҳои Маҷлиси вакилони халқ, барномаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин аз барномаи пеш аз интихоботии худ ахборот диҳад; (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

— афкори ҷамъиятӣ ва, эҳтиёҷоту дархостҳои аҳолиро омўзад, дар ин бора ба Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти он, ба мақомоти дигари давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо хабар диҳад, таклифҳо пешниҳод кунад ва барои ҳалли онҳо тадбирҳо андешад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил бояд соле камаш ду маротиба дар назди интихобкунандагони ҳавза аз фаъолияти худ, аз рафти иҷрои барномаи пешазинтихоботӣ ҳисобот диҳад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил ҳамчунин дорои дигар ҳуқуқу ўҳдадориҳое мебошад, ки дар Қонуни мазкур ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 15. Баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои ба ў расидаро бо тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида баррасӣ менамояд, барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо чора мебинад, шаҳрвандонро ба ҳузур мепазирад: барои рафъи сабабҳои шикоят кардан ба Маҷлиси вакилони халқ, ба мақомоти он ва ташкилотҳои дахлдор таклифҳо пешниҳод менамояд.

Вакил ҳуқуқ дорад мансабдорони мақомоти давлатӣ, ва ташкилотҳоеро, ки дар ҳудуди мақоми дахлдори намояндагии ҳокимияти давлатӣ воқеанд барои иштирок кардан дар қабули шаҳрвандон даъват намояд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил ҳуқуқ дорад ба баррасии таклифҳо ва арзу шикоятҳои фиристодааш назорат кунад, дар муҳокимаи онҳо шахсан иштирок намояд. Шахсони мансабдори ташкилотҳо ўҳдадоранд, ки ба фаъолияти назоратии вакил ёрӣ расонанд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил шаҳрвандонро дар маҳалли истиқомати интихобкунандагон ё дар ҷои дигари муайянкардааш ба ҳузур мепазирад.

Моддаи 16. Мусоидат ба вакили Маҷлиси вакилони халқ барои гузаронидани вохўрӣ бо интихобкунандагон

Роҳбарони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, ўҳдодоранд дар қаламрави Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ба вакилони Маҷлиси вакилони халқ дар иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда мусоидат кунанд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Ба вакили халқ барои гузаронидани вохўрӣ бо интихобкунандагони ҳавза шароити зарурӣ муҳайё карда мешавад. Бо хоҳиши ў мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти ташкилотҳо, ва мақомоти худидоракунии шаҳрак  ва деҳот, бино ҷудо мекунанд, ба шаҳрвандон дар бораи рўзу ҷои мулоқот бо интихобкунандагон хабар медиҳанд, бо пешниҳоди вакил намояндагони худро ба мулоқотҳо мефиристанд, дигар вазифаҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро мекунанд. «қҷт 31.12.08 №461» (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Дар сурати ба инобат нагирифтани дархост ва пешниҳоди вакил шахсони мансабдори ба ин кор роҳдода бо пешниҳоди раиси Маҷлиси вакилони халқи дахлдор мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 17. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси вакилони халқ барои қабул аз тарафи шахсони мансабдор

Вакили Маҷлиси вакилони халқи дахлдор барои қабул аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор воқеъбуда аз рўи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ ҳуқуқ дорад. Ў инчунин ҳуқуқ дорад бо нишон додани шаҳодатномаи вакилӣ дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии дахлдор ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳо бемамониат ворид шавад.

Тартиби ворид шудани вакил ба ҳудуди ташкилотҳое, ки фаъолияташон бо сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда алоқаманд аст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 18. Ўҳдадориҳои шахсони мансабдор оид ба баррасии муроҷиати вакили Маҷлиси вакилони халқ (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил ҳуқуқ дорад аз рўи масъалаҳои фаъолияти вакилӣ ба тамоми мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо дар қаламрави Маҷлиси дахлдори вакилони халқ, ба шахсони мансабдор муроҷиат намояд ва дар муҳокимаи масъалаҳо иштирок кунад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062) Шахсони мансабдор ўҳдадоранд, ки ба муроҷиати вакилон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоби хаттӣ диҳанд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062).

Муроҷиати вакилон аз рўи масъалаҳои хеле муҳим, аз ҷумла оиди зарурати қабул кардан, тағйир додан ё бекор намудани қарори мақоми дахлдор бояд ҳатман мавриди баррасӣ қарор гирад. Аз рўзи баррасии масъала вакил бояд пешакӣ воқиф гардонда шавад.

Вакилони Маҷлисҳои вакилони халқ ҳуқуқ надоранд, ки ба фаъолияти мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва судҳо дахолат кунанд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 19. Ҳуқуқи вакил барои дастрас намудани иттилоот

Вакил барои дастрас намудани ҳуҷҷатҳои қабулкардаи Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ, маводи иттилоотӣ ва маълумотӣ ҳуқуқ дорад. Вакил ҳуқуқ надорад маълумоти дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро, ки бинобар иҷрои ваколатҳояш ба ў маълум шудааст, ба манфиати худ, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ истифода намояд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

 

БОБИ 3. КАФОЛАТҲОИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ  

Моддаи 20. Ҳифзи ҳуқуқ, шаъну шарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар вакили Маҷлиси вакилони халқ барои бе мамониат ва самарабахш ба ҷо овардани ваколатҳояш кафолат медиҳад, ҳуқуқ, шаъну шарафи ўро ҳифз менамояд.

Шахсоне, ки ба шаъну шарафи вакили Маҷлиси вакилони халқ таарруз мекунанд ё ба ў, аъзои оилаи вай ва ё хешу табораш бо мақсади монеъ шудан ба иҷрои вазифаҳои вакилиаш таъсири ғайриқонунӣ мерасонанд ё худ бар хилофи иродааш ўро ба манфиати ягон кас барои қабул намудани қарор моил кардан мехоҳанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Мансабдорони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳое, ки дар қаламрави Маҷлиси дахлдори вакилони халқ воқеъ буда, вазифаҳои худро дар назди вакили халқ иҷро накарда, ба ў дидаю дониста хабари дуруғ медиҳанд, кафолатҳои фаъолияти вакилиро вайрон мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 21 хориҷ (қҷт аз 22.07.2013, №1015)

 

Моддаи 22. Тартиби ба ҷавобгарӣ кашидани вакили Маҷлиси вакилони халқ

Парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, прокурори Вилояти  Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон,  прокурори шаҳр, ноҳия оғоз карда мешаванд.

Ба ҳабс ва ҳабси хонагӣ гирифтан, ҳабси молу мулк, ҳабси муросилот, гўш ва сабт кардани гуфтугўи  телефонии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия бо розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ў, прокурори Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе,  прокурори нақлиёти Тоҷикистон ва бо иҷозати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суди вилоят, шаҳри Душанбе бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. (қҷт аз 22.07.2013, №1015)

Моддаи 23 хориҷ (қҷт аз 22.07.2013, №1015)

 

Моддаи 24. Ҳуқуқи аз воситаҳои нақлиёт бепул истифода кардани вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакил дар қаламрави Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ҳуқуқ дорад аз тамоми навъҳои нақлиёти мусофиркашон, ғайр аз таксӣ ва воситаҳои нақлиётие, ки ба шаҳрвандон ҳамчун моликияти шахсӣ тааллуқ доранд, бепул истифода барад.

Моддаи 25. Ҳуқуқи вакили Маҷлиси вакилони халқ барои рухсатии иловагии пардохтшаванда(қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Барои вакили Маҷлиси вакилони халқ ба рухсатии ҳарсолааш ду рўзи кори рухсатии иловагии пардохтшаванда дода мешавад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Моддаи 26. Таъмини шароит ба вакилони Маҷлиси вакилони халқ барои амалӣ намудани ваколатҳояшон

Хизматрасонии ташкилӣ ва моддию техникӣ ба вакилон барои амалӣ намудани ваколатҳояшон аз тарафи дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе,  шаҳр ва ноҳия таъмин карда мешавад. «қҷт 31.12.08 №461»

Моддаи 27. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони халқ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ дорои шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӣ мебошад. (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

Вакил дар давоми мўҳлати ваколатҳояш аз шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӣ истифода мекунад. Низомнома дар бораи шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакилӣ, ҳамчунин намунаи шаҳодатнома ва нишони сарисинагиро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. «қҷт 31.12.08 №461» (қҷт.аз  28.12.13,№1062)

                

                     БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 28. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур. (қҷт.аз  28.12.13, №1062)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. «қҷт 31.12.08 №461»

 

          Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Э. РАҲМОНОВ

ш.Душанбе, 13 декабри соли 1996,

        № 324

ШАРИКОН: