Дар бораи ба узвияти Захираи арзи байналхалқӣ, Бонки байналмилалии таҷдиду тараққиёт, Ассотсиатсияи байналмилалии тараққиёт, Корпоратсияи байналмилалии молия ва Агентии бисёрҷабҳаи замонати пасандозҳо дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин қонунро қабул кард:

 

Моддаи 1. Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин ваколатдор аст, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон узвият дар Захираи арзи байналхалқӣ (дар ин ҷо ва минбаъд – «Захира»), Бонки байналмилалии таҷдиду тараққиёт (дар ин ҷо ва минбаъд «Бонк»), Ассотсиатсияи байналмилалии тараққиёт (дар ин ҷо ва минбаъд- «Ассотсиатсия), Корпоратсия байналмилалии молия (дар ин ҷо минбаъд-«Корпоратсия») ва дар Агентии бисёрҷабҳаи замонати пасандозҳо (дар ин ҷо ва минбаъд – «Агентӣ»), моддаҳои дахлдори Шартномаи Захира, Бонк, Ассотсиатсия, Корпоратсия ва Оинномаи Агентиро  бо тасҳеҳот, ки матнҳои онҳо дар замимаҳои  I , II, III,  IV ва V  ҳамин Шартнома оварда шудаанд, маъқул дониста, мўҳлату шарту резолюсияҳои Мудириятҳои дахлдори Захира, Бонк, Ассотсиатсия, Корпоратсия ва Шўрои роҳбарони Агентиро оид ба узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмонҳо эътироф намояд. Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо ҳамин ваколатдор аст аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тасҳеҳи сеюми пешниҳодшудаи моддаҳои Шартномаи Захираро, ки матни он дар замимаи ҳамин Шартнома оварда шудааст, эътироф намояд.

 

Моддаи 2. Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси дигаре, ки Раиси Шўрои Олӣ метавонад таъин кунад, ваколатдор аст:

а) нусхаҳои аслии моддаҳои Шартномаи Захира, Бонк, Ассотсиатсия, Корпоратсия ва Агентиро имзо намояд, ҳар санади қабулшуда ва ҳуҷҷатҳои дигарро, ки барои хамин мақсадҳо лозим мешаванд, ба расмият дарорад ва пешбарӣ кунад:

б) тасҳеҳи сеюми пешниҳодшудаи моддаҳои Шартномаи Захираро аз номи Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намояд.

 

Моддаи 3. Баъди қабул шудан ба аъзогии Фонд Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мешавад, ки намояндаи Департаменти махсус оид ба ҳуқуқи Фонд (СДР) шавад ва Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мегардад, ки якҷоя бо Фонд аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон Актро дар бораи иштирок таҳия намуда, пешниҳод кунад ва изҳор намояд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ўҳдадориҳои иштирокчиро дар Департаменти махсус оид ба ҳуқуқҳои Фонд (СДР) мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма мегирад ва тасдиқ мекунад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои ўҳдадориҳои иштирокчии Департаменти махсус оид ба ҳуқуқҳои фонд (СДР) тамоми чораҳои заруриро андешидааст.

 

Моддаи 4. а) Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонд, Бонк, Ассотсиатсия, Корпоратсия ва Агентӣ дар мўҳлат ва мувофиқи шартҳои резолюция нисбати аъзогии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ташкилотҳо сари вақт аъзоҳақӣ супорад ва мувофиқи моддаҳои Шартнома мутобиқи аъзогии Ҷумҳурӣ дар Департаменти махсус оид ба ҳуқуқҳои Фонд (СДР) маблағ гузаронад.

 

б) Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, ки мувофиқи моддаҳои Шартномаи Фонд, Бонк, Ассотсиасия, Корпоратсия ва Агентӣ қоғазҳои қиматноки бефоизи (векселҳои) дар бозори дохилӣ ба муомилот баровардашаванда барорад, ки  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аъзогии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонд, Бонк, Ассотсиатсия, Корпоратсия ё Агентӣ барои гирифтани маблағ ҳуқуқ медиҳад.

 

Моддаи 5. Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чуноне, ки дар моддаи   5   моддаи 1 шарномаи Фонд ва моддаи 3,  моддаи 2 Шартномаи Бонк нишон дода шудааст, намояндаи молиявӣ мебошад ва бо ҳамин ваколатдор аст, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартҳои моддаҳои Шартномаи Фонд ва Бонк ҳамаи муомилот ва додугирифтро ба амал барорад. Ба Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ба амал баровардани алоқаҳои  ахбории дар моддаи 4, моддаи 10 Шартномаи Корпоратсия, дар моддаи 4,  моддаи 10 Шартномаи Ассосиатсия ва моддаи 38 Конвенсияи Оинномавии Агентӣ нишондодашуда дода шавад.

 

Моддаи 6. Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин ваколатдор аст, ки ҳама гуна маблағеро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи муомилот ва додугирифти бо муқаррароти моддаҳои Шартномаи Фонд ва Бонк иҷозат додашуда додан ё гузаронидан мумкин аст, гирад.

 

Моддаи 7. Бонки миллии ҷумҳурии Тоҷикистон шахси боваринок оид ба нигоҳдории маблағҳои асъории Фонди Бонк, Ассотсиатсия, Корпоратсия ва Агентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.

 

Моддаи 8. Моддаҳои Шартномаи Фонд, Бонк, Ассотсиатсия, Корпоратсия ва Агентӣ, аз ҷумла иловаҳои онҳо, бо мурури татбиқ шуданашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунанд.

 

Моддаи 9. Ҳангоми зарурат мувофиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи моддаҳои Шартнома, Конвенсияи Оинномавии Агентӣ ва резолюцияҳои мутааллиқ ба моддаи 1, ки дар боло зикр шудаан, қарор қабул мекунад ва ба муқаррароти ҳамин Қонун эътибори комил ва самарабахш медиҳад.

 

 

И.в. Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон                        Э.Раҳмонов

 

шаҳри Хуҷанд,

23 ноябри соли 1992

№ 698

ШАРИКОН: