Гузориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Иҷлосияи ниҳоии даъвати панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ГУЗОРИШИ

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Иҷлосияи (22) — ниҳоии даъвати панҷуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015-2020)

19 марти соли 2020,                                                                                                                 шаҳри Душанбе

 

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

Ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи моддаи 48 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати ваколати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 сол муқаррар гардидааст ва айни ҳол, фурсате расидааст, ки дар интиҳои ҷаласаи ниҳоии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 17 апрели соли 2015 дар иҷлосияи нахустини он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханронияшон моро раҳнамоӣ  намуда буданд,  мухтасаран гузоришро оиди фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум манзури Шумо ҳамкорони арҷманд ва аҳли ҷомеаамон  намоем.

Сараввал, бояд зикр намуд, ки таъсиси Маҷлиси миллӣ бо инобати таҷрибаи пешқадами парламентаризми ҷаҳонӣ ва мутобиқ ба шароити хоси кишварамон дар раванди истиқрори бебозгашт ва тақвияту тавсеаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва дар заминаи он такмилу таҳкими дигаргунсозиҳои азими сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, рушди муттасили соҳаҳои марбута ва институтҳои ғайридавлатию ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути иродаи халқи кишвар, ки баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ба василаи ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ дар доираи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир ба тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 июни соли 1999, №816, мутобиқи Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30 июни соли 1999, №817,     26 сентябри соли 1999 ба вуқӯъ пайваста буд, ки баъди якчанд рӯз аз оғози фаъолияти он 20 сол сипарӣ мегардад.

Аз ин фурсати муносиб истифода бурда, ифтихормандонаю шодмонона, бо арҷгузорию эҳтиромгузирии беназиртарин Шумо ҳамкорони азизу муҳтарам, ҳозирини баландмақом ва тамоми шаҳрвандони иззатманди кишварро ба ин санаи шоёну шоиста самимона шодбош намуда, саломатӣ, саодатмандӣ, сарфарозӣ  ва фирӯзмандии якояки Шуморо таманно менамоем.

Зимнан, вобаста ба зуҳури Маҷлиси миллӣ дар даврони соҳибихтиёрии Ватани маҳбубамон бояд зикр намуд, ки он қабл аз ҳама амри воқеӣ буда, собитгари ташаббус, хираду сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат ва ҳамзамон ифодаи иродаи халқи диёри арҷмандамон мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди як соли қабули тағйиру иловаҳо ба муносибати Рӯзи Конститутсия зимни суханронияшон чунин баён намуда буданд: «Дар баробари ҳифзи принсипҳои асосии ҷомеаи демократӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ мо Конститутсияи давлати хешро мувофиқи талаби замон такмил додем.

Баъди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар ҳаёти сиёсии мамлакат дигар­гуниҳои муҳим ба миён омаданд. Тибқи Конститутсия ташкил намудани ду маҷлис, яъне Маҷлиси миллӣ ва Маҷли­си намояндагон ва дар асоси принсипи бисёрҳизбӣ гузаронидани интихо­боти озоди вакилон дар таърихи давлатдориамон падидаи нав гардид».

Таҷрибаи таъсиси парламенти думаҷлиса дар бисёр давлатҳои дунё маъмул буда, дар замони муосир на фақат дар давлатҳои федералӣ, балки дар давлатҳои сохти ягонадошта низ ин падида рӯ ба афзоиш дорад.

Қобили қайд аст, ки дар ҳоли ҳозир аз 193 давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар 167 давлати сохти ягона (унитарӣ) доштаи ҷаҳон, дар 61-тои он парламенти думаҷлиса ва аз 26 давлати федеративии ҷойдошта, дар 17-тои он парламенти дупалатагӣ ва дар 9-тои дигар парламенти якпалатагӣ фаъолият менамояд ва ҳамзамон бештари давлатҳои ҷаҳон тамоюл ба барпо кардани низоми парламенти  думаҷлиса  доранд. Ҳоло дар маҷмӯъ парламентҳои дупалатагӣ дар 78 мамлакат фаъолият доранд, ки беш аз 40 дар сади давлатҳои аъзои СММ-ро ташкил медиҳанд. Ин далели он аст, ки дар оянда низоми парламенти думаҷлиса бештар маъмул мегардад, ки баҳри инкишофи ҳамаҷонибаи демократия шароити афзунтар фароҳам меоварад ва ҷиҳати фаъолияти судманди ҳокимияти давлатӣ ва ҳамкории бовариноку боэътимод барои пешрафти тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатҳо заминаи заруриро муҳайё месозад.

Аз тарафи дигар, парламенти думаҷлиса дар доираи мубоҳисаҳою ҳамкориҳои судманд ва риояи вазифаҳои тарафайн баҳри беш аз пеш баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳои қабулгардида мусоидат менамояд.

Қобили зикр мебошад, ки аз ҷониби аксар олимони ҳуқуқи соҳаи давлатшиносӣ, инчунин амалияи демократияи  муосир исбот гардидааст, ки шакли дупалатагии парламентӣ бештар ба талабот ҷавобгӯй ва нисбатан демократитар буда, дар он манфиатҳои аҳли ҷомеа беҳтар ҳимоя мегардад.

Аз нигоҳи таҳлилгарон мавҷуд будани палатаи дуюм дар давлатҳои ягона (унитарӣ) собиткунандаи демократӣ будани ҷомеа ва таҷзияи  ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ва ҳамзамон низоми боздорӣ ва мувозинатро ифода ва ба рушди ҷомеа мусоидат намуда, баҳри инкишоф, такмилу тавсеаи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ созгор мебошад.

Ҷонибдорони бикамерализм (парламентҳои думаҷлиса) тасдиқ мекунанд, ки парламентҳои дупалатагӣ кафили таҳия ва қабули қонунҳои хушсифат, намояндагии бештари аҳли ҷомеа ва таъмини ифодаи бешумори ақидаҳои плюралистӣ мебошад.

Афзалияти дигари низоми дупалатагӣ дар он аст, ки он риояи бечунучарои қоидаю муқаррароти мавҷударо кафолат дода, беҳтар таҳия гардидани лоиҳаи қонунҳоро таъмин менамояд.

Аз ин рӯ, асосноккуниҳои назариявӣ ва амалияи демократияи муосир дупалатагии парламентҳоро ҷонибдорӣ ва амиқан қайд менамоянд, ки парламенти дупалатагӣ нисбат ба якпалатагӣ демократитар ва бешубҳа ба идоракунии самараноктари ҷомеа мутобиқ мебошад.

Зарурати таъсиси парламенти думаҷлисаро омил­ҳои зерин низ тақозо мекунанд. Аввалан, дар баробари палатаи касбӣ – Маҷлиси намояндагон, мавҷудияти Маҷлиси миллӣ ба манзури  ҳамкории мутақобилаи миёни маҷ­лис­­­ҳои парламент мебошад, ки фаъолияти онҳоро дар асоси принсипи боздорӣ ва муқовимати байниҳам­дигарӣ таъмин менамояд. Сониян, Маҷлиси миллӣ дар ҷараёни қонунгузорӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ мустақиман ширкат мевар­зад.

Илова бар ин, таҷрибаи ғании ҷаҳонӣ, ки рӯи даст­овардҳои бузурги давлатдорӣ такя дорад, собит сохтааст, ки мавҷу­дияти парламенти думаҷлиса ба нафъи кор буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат хизмат мекунад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар давраи начандон тӯлонӣ Маҷлиси миллӣ марҳалаи ташаккули худро бо камоли масъулият аз сар гузаронид ва бо собит намудани зарурати объективии ҳастии худ ба давраи сифатан нави таҳаввулот ворид гардида, ҳамчун мактаби таҷрибаи сиёсӣ ва мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷомеа мавқеи ба худ хосро касб намудааст.

Маҷлиси миллӣ  ҳамчун қисми таркибии Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон —  мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати падидаи нав ва нодир дар раванди қонунгузорӣ ва баррасию ҷонибдории қонунҳои аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида тибқи моддаҳои 48, 53, 56, 58, 60 ва 61 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти гуногунҷабҳаро дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба салоҳияташро иҷро намуда истодааст.

Аз ин ҷост, ки аз 451 қонуни дар даъвати панҷум қабулгардида, дар маҷмӯъ аъзои Маҷлиси миллӣ новобаста аз он, ки ғайрикасбӣ фаъолият менамоянд, 61  қонунро дар ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод намуданд, ки аз он  8 қонун дар алоҳидагӣ таҳия карда шудааст.

Ҳамзамон, дар ин давра аз ҷониби Маҷлиси миллӣ 6 қонун, аз қабили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» барои баррасии такрорӣ ба Маҷлиси намояндагон баргардонида шуд.

Ҳамкорони гиромӣ!

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи фаъолияти даъвати панҷум  26 ҷаласаи Шӯро, 22 иҷлосияи навбатӣ ва 1 иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор гашт, ки дар онҳо тибқи муқаррароти моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 451  қонуни бо истифода аз ташаббуси субъектҳои ҳуқуқи қонунгузоридошта таҳия ва пешниҳодгардида баррасӣ ва ҷонибдорӣ ёфтанд, ки мутаносибан аз 3 қонуни конститутсионии мукаммал, 28 тағйиру илова ба қонунҳои конститутсионии амалкунанда, 4 кодекси мукаммал, 44 қонуни мукаммал, 122 тағйиру илова ба кодексҳои амалкунанда, 248 тағйиру илова ба қонунҳои амалкунанда ва  2 адад аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон иборат мебошанд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ бо дарки возеҳи он, ки  қонун барои суботу оромии кишвар ва рушди бемайлони ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини дигар кафолатҳои конститутсионӣ нигаронида шудааст, аз имконоти олимону мутахассисон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, натиҷаҳои муҳокимаҳои парламентию афкори омма ва экспертизаи илмӣ ба таври васеъ истифода бурда,  зимни таҳияи лоиҳаи қонунҳо риояи талаботи санадҳои ҳуқуқӣ ва техникаи қонунгузориро дар мадди аввал гузоштанд.

Ҳамзамон, дар ин даъват 158 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақомоти судӣ ва прокуратура  ворид гардид, ки аз ин шумора доир ба бозхонд ва интихоби Раис, муовини якум, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 13 қарор, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 92, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 41, интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 ва нисбати додани ризоият оид ба озод ва таъин намудани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ 10 қарори Маҷлиси миллӣ қабул гардидааст.

То имрӯз   898 қарори Шӯро, аз ин шумора 89 қарор бо тариқи пурсиш ва 779 қарори иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ аз ҷониби  Раиси Маҷлиси миллӣ ба тасвиб расиданд.

Ҳамзамон, дар ин даъват 9 ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор ва нисбати масъалаҳои дар онҳо баррасигардида 63 қарор қабул гардидааст.

Ҳамкорони азиз!

Яке аз муҳимтарин самти фаъолияти Маҷлиси миллӣ ин баррасӣ ва қабули қарорҳои марбута оид ба тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номгузории онҳо мебошад.

Дар ин давра, дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 34 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тоза нигоҳ доштани забони давлатӣ, арҷгузорӣ ва пос доштани хотираи неки ниёгони бузург ва шахсони муътабари диёр, ки ба ҳалқу Ватани маҳбубамон хизмати шоён намудаанд, тарбияи наслҳои имрӯзу фардо дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, ба инобат гирифтани афкори умуму хоҳиши сокинони маҳалҳои аҳолинишин, дар ин давра Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо  номи 8 ноҳия, 4 шаҳр, 4 шаҳрак, 4 деҳот, 128 деҳаро тағйир дод.

Ҳамзамон, бо қарорҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ 1 ноҳия ба категорияи шаҳр, 3 деҳа ба категорияи шаҳрак, 3 маҳалли аҳолинишин ба категорияи деҳа мансуб дониста, 3 шаҳрак ва 1 деҳа таъсис дода шуд.

Инчунин, мутобиқ ба иҷрои супориши протоколии ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум аз 10 июли соли 2019, №23 ҷиҳати муайян намудани шумораи маркази маъмурии ноҳияҳои кишвар, ки то ҳол мақоми деҳаро доранд, Мачлиси миллӣ таҳлилҳои амиқро иҷро ва барои сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пай дар пай амалисозии фаъолияти судманд оид ба категорияи шаҳрак мутобиқ ва мансуб донистани марказҳои маъмурии 15 ноҳияи кишвар ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мактуби дахлдор ирсол ва омодагии комилро баҳри ҳамкориҳо дар ин самт иброз намуд.

Қобили зикр мебошад, ки дар ин раванд соли 2019  ба марказҳои маъмурии ноҳияи Ховалинг — деҳаи Ховалинг ва ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Куҳистон Бадахшон — деҳаи Мурғоб бо қарорҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ мақоми шаҳрак дода шуд.

Дар даъвати панҷум Маҷлиси миллӣ фаъолиятро дар самти таҳлили  воқеии иҷрои муқаррароти қонунгузорӣ бо ба инобат гирифтани масъалаҳои мубрами ҷомеа тавассути баргузории муҳокимаҳои парламентӣ тавсеа бахшид.

Бо иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор ва ҷалби институтҳои шаҳрвандӣ тибқи нақша  ва анҷоми таҳлилҳои фарогир доир намудани муҳокимаи парламентӣ дар мавзуъҳои: «Вазъи паҳншавии   бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои  пешгирии  онҳо  дар доираи   Кодекси    тандурустии    Ҷумҳурии    Тоҷикистон», «Такмилу тақвияти дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна: мушкилот, роҳҳои ҳалли он ва имкониятҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Асосҳои ҳуқуқию ташкилии номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин дар доираи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ: вазъи кунунӣ, мушкилот ва дурнамои он дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ», инчунин қабули қарорҳои марбутаву таъмини назорати иҷрои тавсиаҳои манзуршуда ба сохтору мақомоти зидахл, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта мусоидат намуданд.

Шоистаи зикр мебошад, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комиссияҳои доимии Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои парламентии байналмилалию байниминтақавӣ мебошанд, ки чанде аз онҳо дар мақомоти роҳбарикунандаи комиссияҳо фаъолияти босазо анҷом медиҳанд.

Роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони Кумитаву Комиссия оид ба назорати Дастур, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуму семинарҳо, конференсияву симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ ширкат варзида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Мутаассифона, ҷойи таассуф аст, ки дар давраи даъвати панҷум фаъолтарин узви Маҷлиси миллӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиндаёд Қаҳҳор Маҳкамов сафи моро тарк намуданд, ки  кори неку номи нек ва заҳматҳои ватандӯстонаи марҳум дар таърихи Маҷлиси миллӣ ва Тоҷикистони соҳибистиқлол абадан боқӣ хоҳад монд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

Ба хотири тақвияти фаъолият дар густариши робитаю ҳамкориҳо бо созмонҳои бонуфузи байнипарламентии умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ бо Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 2015 гуруҳҳои миллии парламентӣ ва намояндагии Маҷлиси миллӣ дар Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Байнипарламентӣ, Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Парламентии Осиёӣ, Иттиҳоди Парламентии Созмони Ҳамкории Исломӣ таъсис дода шудаанд.

Илова бар ин, дар самти робитаҳои байнипарламентӣ бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ бо қарорҳои марбутаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парламентҳои 16 кишвар гуруҳҳои дӯстӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, бо Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Кумитаи Доимии Маҷлиси Умумихитоии Намояндагони Халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, Шӯрои Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус, Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон, Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон, Парламенти Япония, инчунин бо як зумра парламентҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо: Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Фаронса, Руминия, Босния ва Герсоговиня, Литва ва Латвия.

Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки баҳри тақвияти  робитаҳои байнипарламентӣ ва тавсеаи ҷуғрофияи муаррифии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин бор дар таърихи парламенти кишвар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонова Наргис Шарифовна узви Кумитаи сеюми Иттиҳоди Байнипарламентӣ оид ба демократия ва ҳуқуқҳои инсон интихоб гардиданд.

Дар робита ба ин қайд менамоем, ки тӯли солҳои 2015-2020, баҳри таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ 9 сафари кории ҳайати бонуфузи парламентии Маҷлиси миллӣ таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллӣ ҷиҳати иштирок дар форуму конфронсҳои байналмилалии байнипарламентӣ ва чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербурги Федератсияи Россия, Саммити 14-уми исломӣ ба шаҳри Маккаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва барои ширкат дар маросими тоҷгузории Императори нави Япония ба шаҳри Токиои Япония баргузор гашт.

Дар давраи фаъолияти даъвати панҷум беш аз 47 вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони парламентҳои кишварҳои хориҷии дуру наздик, созмонҳои байнипарламентӣ, сафоратҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри такмил ва тавсеаи муносибатҳои байнипарламентӣ дар сатҳ ва шакли нави ҳамкориҳо доир гардиданд.

Инчунин, 40 сафари кории аъзои Маҷлиси миллӣ ҷиҳати иштирок дар конгресс, симпозиум, конференсия, семинарҳои байналмилалӣ, инчунин ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои густариши робитаю  ҳамкориҳои  Маҷлиси миллӣ бо парламентҳои кишварҳои даъваткунандаи чорабиниҳои болозикр ва созмонҳои байнипарламентӣ нақши муассир гузошт.

Дар ин давра аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 139 лоиҳаи қонуни намунавӣ ворид гардида, пас аз баррасӣ дар кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ таклифу пешниҳодҳо ба котиботи ассамблеяҳои зикршуда ирсол карда шуд.

Ҳамзамон,  дар ҳамкорӣ бо Маҷлиси намояндагон лоиҳаи омодашавандаи Нақшаи дурнамои қонунгузории намунавӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2020-2022-ро мавриди баррасӣ қарор дода, таклифу пешниҳодҳои дахлдорро ҷиҳати ворид намудан ба он ба котиботи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ирсол намуд.

Дар даъвати феълӣ низ фаъолияти муназзами институти байнипарламентии Тоҷикистону Федератсияи Россия Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: нерӯи ҳамкориҳои байниминтақавӣ»  таъмин карда шуд.

Мутаносибан, дар доираи форумҳои V ва  VI дар шаҳрҳои Душанбе (2016) ва Москва (2018) баргузоргардида, мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои «Рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байниминтақавӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия»,  «Танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъмини  сафарбарсозии муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия»,  «Мусоидат ба рушди минбаъдаи робитаҳои гуманитарӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистону Федератсияи Россия»,  «Такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳимми ҳамкориҳо»,  «Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ — тақозои замон»,  «Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ»,  «Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, долони сабз, саноати хӯрокворию маҳсулотбарорӣ (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо»,  «Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ» доир карда шуданд, ки бо тавсияҳои мизҳои мудаввари зикршуда ва натиҷагирӣ аз баргузории ҷаласаҳои пленарии форумҳои мазкур, мувофиқан  Ҳуҷҷатҳои хотимавии онҳо таҳия ва тасдиқ карда шуданд, ки ҳар кадоме мавриди иҷро қарор гирифтанд.

Бо қаноатмандӣ метавон зикр сохт, ки татбиқи нахустин лоиҳаи пилотӣ оид ба ҷалби омӯзгорони русзабон  аз субъектҳои Федератсияи Россия дар соли хониши 2017-2018 ва идомаи он дар солҳои минбаъда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳуриямон барои як қатор кишварҳои дигари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омӯзанда пазируфта шудааст.

Қобили зикр мебошад, ки бо пешниҳоди Маҷлиси миллӣ  Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» бори нахуст дар таҷрибаи парламентаризми муосирамон Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсио­нӣ, ҳуқуқу озо­­­­­­­­­ди­ҳои ин­сон, шаҳрванд ва қо­нуни­ят Раҳмон Озода Эмомалиро Сафири Занони Сиёсатмадори Роҳбар дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуд.

Оид ба мустаҳкам намудани дӯстии халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҳ­ки­ми муносибатҳои байнипарламентӣ як идда аъзои Маҷлиси миллӣ бо мукофоти олӣ — Ордени «Иттиҳод», Медали ҷашнии «25–солагии АБ ИДМ»,  Медал «Барои таҳкими ҳамкориҳои парламентӣ» ва  Ифтихор­но­маҳои Ас­сам­­­блеяи Бай­ни­пар­ламентии давлатҳои — иштирок­чии Итти­ҳо­ди Дав­латҳои Мустақил ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сарфароз гардиданд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ,

ҳозирини арҷманд!

Маҷлиси миллӣ дар давраи даъвати панҷум ҷиҳати таҳкими қонунгузорӣ вобаста ба масъалаҳои таъмини суботу оромии ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ фаъолияти  назаррасро анҷом дода, бобати рушди муносибатҳои байнипарламентӣ ва баланд бардоштани мақоми қонунгузории кишвар дар дохил ва хориҷи мамлакат талош варзида,  панҷ маротиба ҳисоботи Про­ку­рори генералиро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу озо­диҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қо­ну­ни­ят ва тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зид­ди ҷинояткорӣ, пешгирии ҳуқуқвайрон­кунӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ намуд.

Ҳадаф аз баррасии ҳисоботи Прокурори генералӣ на танҳо аз рӯи ченаки парламентӣ баҳо додан ба фаъолияти як шахси мансабдори давлатӣ, балки дар симои ӯ аслан ва феълану воқеан натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми дастгоҳи давлатии марбут ба ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Вазифаи аввалиндараҷаи прокуратура таъмини волоияти қонун ва таҳкими қонуният буда, ягона мақомотест, ки метавонад таври доимӣ мониторинги татбиқи қонунҳоро роҳандозӣ намуда, аз ноқисии меъёрҳои он бархурдор бошад.

Дар иртибот ба ин, таваҷҷуҳи Про­ку­ро­ри генералӣ ба соҳаҳои мухталифи назо­ра­ти прокурорӣ, таъмини пурраю ҳаматарафаи таҳ­қиқу тафтишоти пешакӣ, хотима бахши­дан ба ҳолатҳои ғайриқонунии дастгиру ҳабс намудан, ҳолати ҷой доштани шиканҷа нисбати дастгиршудагон ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ каши­да­ни шаҳрвандон, ҷоннок намудани мубориза бар зидди қонуншиканиҳо дар мавриди тақсимоти замин ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷи­рони меҳнатӣ ҷалб карда шуд.

Ҳамзамон, аз ҷониби парламент дар асоси пешниҳоди Президент интихоб намудани судяҳо падидаест, ки барои нигоҳдории тавозуни ҳокимияти давлатӣ равона шудааст.

Тавассути парламент интихоб шудани судяҳо низ барои тақвияти масъулият равона шудааст, зеро парламент аз табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ намояндагӣ мекунад.

Новобаста ба он, ки ҳокимияти судӣ мустақил аст, Суди конститутсионӣ ҳамасола бо ҷамъбасти фаъолияти худ Номаи худро оид ба вазъи қонунияти конститусионӣ ирсол менамояд  ва узви Маҷлиси миллӣ ҷиҳати рафъи камбудиҳои дар Нома зикршуда,  лоиҳаи қонунҳоро таҳия ва пешниҳод месозанд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қобили зикр аст, ки ҳамкориҳои Маҷлиси миллӣ бо табақаҳои мухталифи ҷомеа, ҳизбу ҳаракатҳо ва воситаҳои ахбори омма тақвияту тавсеаи тоза пайдо намуда, тавассути иштирок дар ҳама гуна чорабиниҳои сиёсӣ, ки ба созандагиву бунёдкории ҷомеаи навини мо мусоидат менамоянд, аъзои Маҷ­лиси миллӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳадафҳои фарогири Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон бо аҳолӣ дар маҳалҳо суҳбату вохӯ­ри­ҳои сершумор доир намуда, ҷиҳати ба­ланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва ҳалли пробле­маҳои иҷтимоию иқтисодӣ саҳми назаррас гузоштанд.

Самти муҳими дигари фаъолияти Маҷ­ли­си миллӣ кор бо арзу шикоят ва муро­ҷиати шаҳрвандон аст. Ба унвони мо ворид шудани 1182 нома, арзу шикоят ҷиҳати бар­тараф кар­да­ни камбудиҳои ҷойдошта, шаҳодати эътимоду боварӣ ба Маҷлиси миллӣ  мебошад.

Таҳлили муроҷиатҳои шаҳрвандон собит сохт, ки муҳтавои онҳо асо­сан аз баҳси манзили истиқ­о­ма­тӣ, норозигӣ бо ҳукм, ҳално­ма ва таъи­­нотҳои судӣ, ғайриқонунӣ ба ҷавоб­га­рии ҷиноя­тӣ кашидан ва ё аз ҷони­би суд таъини ҷазои вазнин, мавриди шиканҷа қарор додани гумонбаршудагон, муноси­бат­ҳои ғайриқо­ну­нии баъзе  мансабдорони мақомоти давлатӣ, расони­дани кӯмаки молиявӣ, инчунин таъмин бо қитъаи замин, бозҳисобии нафақа ва ғайра иборат­ мебошанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар як муроҷиати воридшуда мутобиқи муқаррарот баррасӣ ва ҷиҳати андешидани тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ба мақомоту сохтор ва идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ирсол карда шуданд.

Тибқи маълумот аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ дар маҳалҳо зиёда аз 174 350 арзу шикоят мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар доираи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ҳаллу фасли худро ёфтаанд.

Маҷлиси миллӣ пайваста корро аз рафти қа­­бу­­­ли шаҳр­­­вандон, баррасии саривақтии муроҷиатҳои онҳо таҳлил на­му­­да, тадбирҳои заруриро меандешад.

Ҳозирини муҳтарам!

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар радифи дастовард­ҳо масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз кам нестанд. Ба таври дилхоҳ сурат нагирифтани корҳои ташкилию таҳлилӣ, вусъат бахшидани тарғибу ташви­қи фаъолияти парламент дар воситаҳои ахбори дав­латию хусусӣ, радиову телевизион, таш­­кили  барномаҳои гуногуни дил­часпу таҳлилии мустақим оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба беҳбудии ҷиддӣ ниёз доранд.

Бо назардошти таҷрибаи давлатҳои сохти ягонадошта, ки ҳиссаи алоҳидаи палатаҳои болоии парламенташон дар асоси доимӣ фаъолият менамоянд ва бо инобати он, ки баррасии қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон ба Маҷлиси миллӣ вогузор гардидааст, шояд вақти он расидааст, ки тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо Қонуни конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҷдид қарор дода шавад.

Ҳамкорони муҳтарам!

Маҷлиси миллии даъвати панҷум бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ: Президенти кишвар, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, сохторҳои марбутаи давлатӣ ва институтҳои шаҳрвандӣ дар ҳамбастагии амиқ фаъолият карда, дар ин раванд ҳамеша аз дастгирию ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдор буд.

Зимнан, аз фурсати муносиб истифода намуда, сараввал миннатдории худ ва шумо аъзои Маҷлиси миллиро ба Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона иброз менамоем.

Барои такмилу таҳкими ҳамкориҳои касбӣ дар ҷодаи таҳия, баррасӣ ва қабули қонунҳо, ки барои ба низом даровардани муносибатҳои ҷамъиятию ниёзҳои мубрами ҷомеа нигаронида шудаанд ба роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сидқан арзи сипос менамоем.

Ба ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаҳои комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Давлатов Ҷумъа Муҳамадалиевич, Маҳмадалӣ Ватанзода, Зариф Ализода миннатдории Шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ ва шахсан худамро аз таҳти дил изҳор месозам.

Инчунин, барои ҳамкориҳои пайгиронаву мутақобилан судманд ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва воситаҳои ахбори омма  миннатдорӣ баён менамоем.

Ҳамзамон, бо истифода аз фурсати ҷойдошта, ба муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаҳову Комиссия ва кулли аъзои Маҷлиси миллӣ барои фаъолияти пурсамарашон сипосмандии амиқи  худро  иброз менамоем.

Ҳамчунин,  бо қаноатмандӣ бояд зикр намуд, ки дар ба амал баровардани ваколатҳои конститутсионии Маҷлиси миллӣ ҳамкории судманд бо Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати ҷумҳурӣ, олимону адибон, махсусан Академияи илмҳо, ҳуқуқшиносони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои эҷодию интстутҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ  ва воситаҳои ахбори умум самараи дилхоҳ дод, ки ба манфиати кулли ҷомеа равона гашта, қобили ташаккури самимона аст.

Ногуфта намонад, ки фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ низ дар ин давра ҷиҳати хизматрасонӣ ва таъминоти ҳуқуқӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилии аъзои Маҷлиси миллӣ назаррас буд.

Бинобар ин, барои иҷрои самарабахши уҳдадориҳои хизматиашон ба роҳбарият ва ҳайати кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ низ мехоҳам арзи сипос намоям.

Дар интиҳо, зикр намудан ба маврид аст, ки Маҷли­си миллӣ дар давоми фаъолияти худ тавонист баҳри пешбурди ҳаёти ҷомеаи навинамон нақши судманд гузорад. Бинобар ин, чун тақозои вақт, дар оянда ҳам масъалаи такмил до­дани сохтор, вусъат бахшидан ба  фаъолияти қонун­гу­зорӣ ва таҳкими роби­таҳои байни­пар­ла­ментӣ аз вазифаҳои муҳимму афзалиятноки рушди парламен­та­ризми миллии муосири кишварамон боқӣ мемонад.

Дар ин ҷода ба Шумо ва онҳое, ки дар интихоботи пешорӯ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешаванд, барору комёбиҳои беназир орзумандем.

Итминони комил дорем, ки даъвати нави Маҷлиси миллӣ иқдомот, ташаббусҳои наҷиб, анъана ва таҷрибаи судоварро  давом дода, баҳри рушду такомули парламентаризми муосир саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Бо миннатдории бепоён аз таваҷҷуҳатон, ба Шумо фараҳмандӣ, шукӯҳмандӣ, эминӣ ва тамоми хушиҳои зиндагию комёбиҳои беназирро баҳри рушди бемайлони Ватани маҳбубамон ва аҳли ҷомеаамон самимона таманно менамоем.

Ҳамеша комгорию комронӣ, муваффақияту пирӯзӣ насибатон бод ҳозирини арҷманд!

ШАРИКОН: