Гузориши муфассал аз ҷараёни баргузории панҷоҳумин ҷаласаи пленарии АБ ИДМ

22 ноябри соли 2019 дар толори Думаи Қасри Таврический таҳти раёсати Раиси Шӯрои АБ ИДМ – Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко панҷоҳумин ҷаласаи пленарии Ассамблеяи мазкур доир гардид, ки дар он ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат намуданд.

Зимни ифтитоҳи ҷаласаи рамзан ҷашнии Ассамблея Маҳмадсаид Убайдуллоев суханронӣ намуда, афзуд, ки дар ҷахони муосир расидан ба дарки моҳияти ҳамбастагӣ, ҳамраъйи ва зарурати ҳамкории мутақобила дар ҷодаи кашфи пайгиронаи воситаҳои муассири равобит баҳри дастёбӣ ба ҳифзи амнияту субот, рушди устувори сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таҳкиму тақвияти принсипҳои асосии таъмини озодии инсон ва шаҳрванд, инчунин шароитҳои кафолатдиҳандаи зиндагии арзанда дар заминаи меъёрҳо ва асосҳои ҳуқуқи байналмилалӣ аҳамияти хоса пайдо мекунад.

Ҳамзамон таъкид намуд, ки бо ибтикори садорат дар ин сатҳ роҳандозӣ шудани табодули андешаҳо ҷиҳати арзёбию бознигарии фаъолияти муттасили институти бонуфузи байнипарламентии АБ ИДМ воқеан мубрам, саривақтӣ ва ҷавобгӯи ниёзҳои пайгирикунандаи Ассамблея маҳсуб ёфта, зимни амалкардҳо зоҳир намудани таваҷҷуҳи махсус оид ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқи ҷиҳати мубориза бар зидди даъват ва таҳдидҳои нав, терроризми байналмилалӣ, экстремизм дар ҳама шаклҳои зуҳуроташ, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ, коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир беш аз пеш яке аз вазифаҳои муҳимтарин ба шумор меравад.

Бо ибтикороти АБ ИДМ, афзуд Маҳмадсаид Убайдуллоев, тавассути Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 22 майи соли 2018 ба ҳукми таърих ворид шудани 30 июн ҳамасола ҳамчун таҷлили Рӯзи байналмилалии парламентаризм аз дастовардҳои сазовори Ассамблея маҳсуб меёбад. Ҳамзамон саҳми он дар роҳи ҳифзи хотираи фавтидагони мубориза дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва эътирофи ғалаба бар фашизм дар ҷанги дуюми ҷахонӣ ҳамчун дастоварди инсоният баҳри гиромдошти хизматҳои шоёни муборизон чун ёдгории умумиҷаҳонӣ шоистаи таҳсин мебошад.

Ширкати кишварҳои аъзо дар равандҳои интихоботӣ ба яке аз вазифаҳои муҳими Ассамблея ворид гардидааст, ки он бешубҳа дар тақкими пайвастаи равандҳои мазкур на танҳо дар паҳнои давлатҳои ИДМ нақши азим мебозад.

Қобили зикр мебошад, ки таъсис ва фаъолияти густурдаи Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бобати воридсозии наслҳои ҷавон ба фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ беҳтарин васила арзёбӣ мешавад.

Гузашта аз ин, Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласа масъалаи бо дастгирии Шӯрои АБ ИДМ дар паҳнои Ассамблея баҳри ҳавасмандсозии зиёиёни эҷодкор ва дар ҳамбастагии қавӣ сарватёбии фарҳангии халқҳои кишварҳои аъзо роҳандозӣ шудани Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматовро аз дастовардҳои ибратбахш маънидод карда, нисбати пазиройии пешниҳоди Маҷлиси миллӣ оид ба дар соли 2019 бо ҷоизаи мазкур шарафёб гардонидани Муҳаммад Ғоиб –Шоири халқии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Пас аз суханрониҳои ифтитоҳии раисони парламентҳо, панҷоҳумин ҷаласаи пленарии Ассамблея ба кори худ идома бахшида ба баррасии масъалаҳои  дар рӯзнома шомилбуда, шуруъ намуд.

Аз ҷумла, аз ҷониби парламентарҳо гузоришҳои Эмомалӣ Насриддинзода – раиси Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон доир ба таҳрири нави қонунҳои намунави «Дар бораи идоракунии боэътимоди амвол», «Дар бораи ҳуқуқи уҳдадориҳо», «Дар бораи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи реклама» баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласаи пленарӣ дар асоси Қарори Шӯрои АБ ИДМ Муҳаммад Ғоиб – Шоири халқии Тоҷикистон бо Ҷоизаи ба номи Чингиз Айтматов дар соли 2019 қадрдонӣ карда шуда, дар ин росто як идда парламентарҳои кишварҳои аъзо бо мукофотҳои муқаррарнамудаи АБ ИДМ  сарфароз гардонида шуданд.

Панҷоҳумин ҷаласаи пленарии Ассамблея бо баргузории консерти ансамбли симфонии Қасри Таврический ба кори худ хотима бахшида, аз натиҷаи он сарони парламентҳо нишасти матбуотӣ доир намуданд.

 

ШАРИКОН: