Вохӯрӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Логвинович Оверчук

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Федератсияи Россия Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Алексей Оверчук мулоқот намуданд.

Иштирокчиёни  вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои Тоҷикистону Россияро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар вохӯрӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамчун механизми муҳими амалисозии муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.

Тавре таззакур дода шуд, самтҳои ҳамкориҳои ду кишвар ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Федератсияи Россия қарор дорад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ёдовар шуданд, ки асосҳои қарордодиву ҳуқуқии тарафайнро наздики 300 созишномаҳои байнидавлативу байнисоҳавӣ ташкил медиҳад, ки иҷрои босифати онҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо мекунад.

Дар ин робита ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ки самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷонибаро ифода мекунад, таваҷҷуҳи  хос зоҳир гардид. Таъкид гардид, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ гардиши мол байни ду кишвар 720 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.

Вобаста ба саноатикунонии иқтисоди кишвар, ки афзалияти стратегӣ эълон шудааст, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ қобили қабул арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо, манфиатдории худро дар рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, сӯзишворӣ-энергетикӣ, комплекси аграрӣ,  ҳамчунин саноати сабук ва хӯрокворӣ иброз доштанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ташкили Шӯрои байнидавлатиро оид ба ҷалби мустақими сармояи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқи мақсад маънидод намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи содироту воридоти маҳсулоти ғизоӣ ва сабзавоту мева манфиатдор будани ҷонибҳо мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор дода шуд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки самти фарҳангӣ-гуманитарии ҳамкориҳо, бахусус дар соҳаи маориф имконияту захираҳои фаровон дорад.

Дар Тоҷикистон барои омӯзиши забони русӣ шароити мусоид фароҳам карда мешавад.

Ҳамасола аз Россия ба мактабҳои Тоҷикистон беш аз 50 нафар омӯзгорон фиристода мешаванд.

Ҳамчунин Рустами Эмомалӣ аз тезонидани суръати сохтмони 5 муассисаи таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Созишномаи тарафайн изҳори назар карданд.

Ҷонибҳо аз муҳиммияти масоили марбут ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити пандемия ёдовар шуда, зарурати барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоии байни ду кишварро таъкид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ изҳори боварӣ намуданд, ки Алексей Оверчук ба ҳайси Ҳамраиси Комиссияи Байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ саҳми арзандаи худро дар рушду таҳкими ҳамаҷонибаи муносибатҳои стратегӣ ва иттифоқчигии байни кишварҳоямон мегузорад.

ШАРИКОН: