Баргузории ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти Форуми VI байнипарламентии «Россия–Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ»

28 феврали соли 2018 дар Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти баргузории Форуми VI байнипарламентии «Россия–Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Бушмин Евгений Викторович, ки аъзои Кумитаи номбурда мебошанд, баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба баргузории Форуми VI байнипарламентии «Россия–Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ», ки моҳи октябри соли 2018 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо аз зарурати ҳамкориҳои ҷадид дар соҳаҳои мухталиф, пеш аз ҳама ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои бевоситаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ махсус таъкид намуда, аз манфиатдориву омодагии хеш изҳор доштанд.

Ҳамзамон баҳри таҳлил ва андешидани чораҳои мақсаднок ҷиҳати таъмини иҷрои созишномаҳои дуҷонибаи сатҳҳои гуногун, ки дар форумҳои қаблан баргузоршуда ба тасвиб расидаанд, ибрози ақида карда шуд.

Дар иртибот ба ҳамкориҳои гуманитарӣ ҷониби Россия барои пазироии самимии омӯзгорони рус изҳори сипос карда, оид ба маротиб зиёд намудани шумораи омӯзгрони забони русӣ дар соли хониши 2018-2019 барои мактабиён ва шаҳрвандони алоҳидаи Тоҷикистон омодагии хешро баён доштанд.

Дар идома, таъкид гардид, ки ҷонибҳо барои дар сатҳи олӣ ва ҳадафрас доир сохтани Форуми навбатӣ, ки дар таърихи муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Федератсияи Россия институти доимоамалкунанда мебошад, манфиатдор мебошанд.

Ҷониби Тоҷикистон бо изҳори рушду тавсеаи муносибатҳои байнипарламентии кишварҳо зикр сохт, ки ҷиҳати самарабахш ва дар сатҳи баланди ташкилию касбӣ доир гардидани форуми навбатӣ, ки зери назари шахсии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор дорад, тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, баҳри таклифу пешниҳодоти мушаххас Кумитаҳои дахлдор ва Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидаанд.

Дар навбати худ ҷониби Россия аз ҳамкориҳои мустаҳками байнипарламентии байни кишварҳо ва натиҷаи воқеии бадастомада ёдоварӣ намуда, таъкид сохтанд, ки баҳри дар сатҳи зарурӣ доир гардидани Форуми навбатӣ ҷаласаҳои Кумитаи тадорукот минбаъд низ баргузор карда мешаванд.

Бо хулоса аз мубрамияти масъалаҳо пешниҳодоти тарафҳо муфассал муҳокима гардида, доир ба таъмини бечунучарои онҳо таклифҳои мушаххас ва андешидани тадбирҳои зарурӣ матраҳ карда шуданд.

Ҷонибҳо баҳри таҳким бахшидан ба заминаҳои мавҷудаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии давлатҳо омодагии хешро оид ба ҳадафманд ва тибқи тафоҳумот моҳи октябри соли 2018 дар Донишгоҳи миллии тадқиқотии ҳастаӣ “МИФИ”-и Федератсияи Россия баргузор намудани Форуми VI байнипарламентии «Россия–Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» мувофиқ ба мақсад шумориданд.

Қобли зикр аст, ки дар кори ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукоти Форуми VI байнипарламентии «Россия–Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» аз ҷониби Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сатторов Имомуддин Мирзоевич, роҳбари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия Мирзозода Зоҳир Тоҳир, намояндаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи илмҳои Федератсияи Россия Мансуров Тилло Акилович аъзоёни Кумитаи тадорукот, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Мирализода Рустам, роҳбари Намояндагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ҷӯрабекзода Эраҷ Тоҷиддин, намояндаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Одинаев Ёр Икромович, намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Саидов Мирсаид ва аз ҷониби Россия бештар аз 30 нафар намояндагон ширкат варзиданд.

 

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии

фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон,

ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои

ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ  

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ

ШАРИКОН: