Баргузории ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ

10 июли соли 2019 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои Шӯро 21 масъала аз ҷумла, 3 қонуни мукаммал: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи таъмини аҳолӣ  бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, мавриди баррасии амиқ қарор дода, бо ҷонибдории лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг-маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон», ҳар кадоми онҳоро ҷиҳати баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки 11-уми июл баргузор мегардад, шомил намуданд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Ховалинг-маркази маъмурии ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон» ба раиси кумитаи марбутаи Маҷлиси миллӣ дастур доданд, ки ҷиҳати муайян намудани шумораи марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки мақоми деҳаро доро мебошанд, таҳлилҳои амиқ гузаронда, дар доираи салоҳияташон пешниҳодоти заруриро омода ва манзур намоянд.

Ҳамзамон, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд намудани судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб намудани судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба рӯзномаи иҷлосия ворид карданд.

ШАРИКОН: