Баргузории ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон

22 декабри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсиад Убайдуллоев ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бо интихоби котибот тибқи Дастури ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби кори ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, рӯзномаи ҷаласа иборат аз тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ва тартиби инъикоси ҷаласаи мазкурро қабул намуданд.

Мутобиқ ба рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Дар бораи аз вазифаи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Салимзода Нусратулло Файзулло;

— Дар бораи аз вазифаи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон;

— Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодири Қосим;

— Дар бораи Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Олимзода Насим Хоҷа;

— Дар бораи Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Худоёрзода Худоёр Завқибек;

— Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор тасдиқ карда шуданд.

Пас аз тасдиқи фармонҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон барои шунидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Кохи Сомон раҳсипор гардиданд.

Дар Кохи Сомон аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон баъд аз шунидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба кори ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум анҷом бахшиданд.

ШАРИКОН: