Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

4 августи соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Шӯро 11 масъала, аз ҷумла 4 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ як қатор масъалаҳо, аз ҷумла  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда таҳия шудаанд, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, онҳо барои баррасӣ ба иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Худи ҳамин рӯз, тибқи Дастури ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баррасии масъалаҳои  дар ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда, ки баргузории он 6 августи соли 2020 дар назар аст, идома дода шуд.

Аъзои Шӯро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Шӯроро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рӯзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин доир ба масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъини интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба рӯзномаи ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.

ШАРИКОН: