Баргузории муҳокимаи парламентӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 сентябри соли 2020 дар толори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии Нақшаи кори Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2020, ки бо амри Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тасдиқ шудааст, дар мавзӯи “Иқтидори содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он дар доираи қонунгузорӣ оид ба содироти молу маҳсулот” муҳокимаи парламентӣ доир гардид.

Дар муҳокимаи парламентӣ аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла вазоратҳои саноат ва технологияњои нав, кишоварзӣ, рушди иќтисод ва савдо, Агентии содирот, Хадамоти гумруки назди Іукумати Їуміурии Тоїикистон, инчунин бахши хусусӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода зимни баромади худ иброз дошт, ки содирот аз омилҳои муҳими рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ маҳсуб ёфта, нақши он дар бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, васеъ намудани номгӯи молу маҳсулоти ниёзи мардум ва дар ин замина барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки Сарвари давлат барои баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мақомот ва сохторҳои дахлдорро пайваста вазифадор менамоянд, ки фаъолиятро дар самти муаррифӣ кардани маҳсулоти дар Тоҷикистон истеҳсолшуда, дарёфти бозорҳои содирот, шарикони истеҳсоливу тиҷоратӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони ватанӣ дар хориҷи кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум тақвият бахшанд.

Дар ин самт бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидани лоиҳаи силсилаи қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидаанд, инчунин аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани маҷмӯи барномаҳои мақсаднок барои таъмини рушду нумӯи иқтидори содиротии мамлакат ва афзоиши содироти маҳсулот ба хориҷаи дуру наздик шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.

Зимни муҳокимаи парламентӣ коршиносону мутахассисон аз вазорату идораҳои дахлдор доир ба масъалаҳои “Арзёбии иқтидори содиротии иқтисодиёти Тоҷикистон”, “Имкониятҳои дурнамои истифодаи иқтидори содиротии соҳаҳои саноати Тоҷикистон”, “Самтҳои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии соҳаҳои комплексии агросаноатӣ: мушкилот ва дурнамо”, “Такмили сиёсати савдои хориҷии Тоҷикистон дар самти содирот”, “Мушкилиҳои такмили рушди интститутсионалӣ ва ҳуқуқии содироти молу маҳсулоти ватанӣ” ва “Роҳҳои густариш додани сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун омили афзоиши иқтидори содиротӣ” маърӯза намуданд.

Бо инобати таклифу дархостҳо ва пешниҳоди иштирокчиёни муҳокимаи парламентӣ лоиҳаи қарор ва тавсияҳо барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардид.

ШАРИКОН: