Баргузории иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум

29 марти соли 2019 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 33 масъалаҳои шомилгардида шуруъ намуданд.

Нахуст, Файзов Ёдгор Доёрович, ки мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 марти соли 2019 аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо овоздиҳии пинҳонӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буд, тибқи муқаррароти қонунгузорӣ дар вазъияти ботантана, ба халқи Тоҷикистон савганд ёд карда, мутобиқи моддаҳои 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Сипас, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 шуниданд.

Дар баррасии масъалаи мазкур раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озо­диҳои инсон, шаҳрванд ва қону­ният Раҳмон Озода Эмомалӣ ва аъзоёни Мақлиси миллии Мақлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббори Ғаффор, Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, Иноятзода Баҳром ва Раҷабзода Миралӣ андешаю пешниҳодҳояшонро иброз намуданд.

Бо ба инобат гирифтани ҳисоботи Прокурори генералӣ аъзои Маҷлиси миллӣ раванди татбиқи ташаббуси глобалии Тоҷикистон “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор – 2018-2028” таҳлилу ҷамъбасти таҷрибаи прокурорӣ оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, ҳифзи муҳити зист ва амнияти санитарӣ – эпидемиологӣ ва дар радифи солҳои 2019-2021 эълон шудани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”тақвият бахшидани чораҳои эътиноии прокурорӣ баҳри риоя ва иҷрои якхелаи қонунгузории соҳаи сайёҳӣ ва вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар мавриди будубоши онҳо дар ҳудуди кишвар махсус таъкид намуданд.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро барои тақвияти фаъолият дар самтҳои гуногуни иҷрои вазифаҳои хизматӣ амиқан нигаронида, аз ҷумла таъкид сохт, ки баҳри таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар кишвар назорати прокурорӣ аз болои иҷрои вазифаҳои хизматию таъинотии тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи якмароми қонун аз ҷониби кулли сохторҳои давлатию институтҳои шаҳрвандӣ ба таври қатъӣ пурзӯр ва назорат оиди таъмини ташаккули низоми нави муқовимат бар қонуншиканиву ҳуқуқвайронкунӣ тавассути чораҳои таъхирнопазири мутамарказонидашуда роҳандозӣ, инчунин ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус куштор, терроризм, экстремизм, коррупсия, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои муташаккилона ва трансмиллӣ тадбирҳои муассиро роҳандозӣ намояд.

Ҳамзамон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки муассиртар намудани назорати прокурорӣ аз болои вазъи заминистифодабарӣ дар кишвар, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, риояи танзими расму ойин, иҷрои уҳдадориҳои масъулияти падару модар дар тарбия фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон, тарҳрезии муборизаи дастаҷамъона алайҳи коррупсияву дигар зуҳуроти номатлуб ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷиҳати пешгирии содир намудани ҷиноят ва доғдор гардидани  шаҳрвандон ҳамчун тақозои вақт ногузир мебошад.

Гуфта шуд, ки асоснокии даъвоҳои ба суд пешниҳоднамудаи прокуророн пайваста таҳлил гардида, бо иштирок дар мурофиаҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ ва иқтисодӣ дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ таъмин ва мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ ҷиҳати  мусоидат ба таъмини адолати судӣ, банду басти кирдор, қабули санадҳои қонунӣ,  саривақт овардани эътироз ва риояи мӯҳлатҳои мурофиавӣ равон карда шавад.

Гузашта аз ин, даъват ба миён оварда шуд, ки риояи  қонунгузорӣ дар бораи истеҳсолоти иҷро, иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ, дар муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва нигоҳдории шахсоне, ки нисбати онҳо аз тарафи суд чораҳои хусусияти маҷбуридошта таъин шудааст, инчунин шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои ҷиноятӣ озод кардан, иваз намудани ҷазо ва аз як намуди муассисаҳои ислоҳӣ ба дигар намуд гузаронидан таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ёдоварӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, ба санҷишҳои ғайринақшавии мақомоти марбута дахл намуда, афзуд, ки қонуни мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки бевосита ба рушди бемайлони соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонии кишвар равона гардидааст, тақозо менамояд, ки аҳли ҷомеа, бахусус мақомоти назоратӣ ва ваколатдори давлатӣ дар ин самт беш аз ҳарвақта тавассути ба роҳ мондани фаъолияти судовари таблиғотию ташвиқотӣ дар симои соҳибкор шарики боэътимод ва муҳаррики асосии пешбурди иқтисодию иҷтимоиро дар ҳудуди мамлакат дарк карда, фаъолияти худро баҳри дастгирии ҳамаҷониба, бо масъулияти баланд ва эҳтироми талаботи қонунгузорӣ дар сатҳи баробар амалӣ намуда, ба санҷишҳои беасосу ғайринақшавӣ комилан хотима бахшанд.

Дар идома, бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Раҳимӣ Фарҳод, Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ ва Амирзода Раҳмоналӣ Амир пешниҳодгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагидорӣ ва истеҳсолоти биологӣ», 1 қонуни макаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, бо мавриди муҳокимаи амиқ қарор додан, ҷонибдорӣ ёфтанд.

Ҳамзамон дар иҷлосия Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» аз 17 январи соли 2019, №710» аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ якдилона қабул гардид, ки тибқи он дар баробари фаъолияти қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ баргузории муҳокимаҳои парламентиро доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа ва таблиғу тарғиби қонунҳои амалкунандаро дар бар мегирад.

Идома бар он, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд намудани раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам, судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулзор Муҳаббат, муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, интихоби раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз, судяҳои Суди Олӣ Бобозода Матин, Бобоҷонзода Аъзамҷон, Салимзода Юсуф, судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Қутбиддин, Наимзода Бахтиёр ва Раҳимзода Хисрав қабул намуданд.

Дар асоси  моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ашурзода Абдулҳафиз, ки раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард.

Дар иҷлосия тибқи қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ Раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ барои фаъолияти пурсамар бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуда, бинобар сабаби мутобиқат накардани вазифаи ишғолнамудааш ба узвияти Маҷлиси миллӣ ваколаташ қабл аз муҳлат қатъ гардид.

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пушида эълон карда шуд.

ШАРИКОН: