Баргузории иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

11 майи соли 2018 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 26 масъалаҳои шомилгардида шуруъ намуданд.

Бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Раҳимӣ Фарҳод, Амирзода Раҳмоналӣ Амир ва Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ пешниҳодгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», 1 қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба Конститусия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, бо мавриди муҳокимаи амиқ қарор додан, ҷонибдорӣ ёфтанд.

Зимни ҷонибдорӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид доштанд, ки тағйиру иловаҳои воридгардида аз сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, бо мақсади ба низоми ҷаҳонии таҳсил ворид гардидан ва баҳри баланд бардоштани сатҳи дониши аҳли ҷомеа, ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ ва аз худ намудани илмҳои техникии муосир равона гардидааст.

Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро ба манфиати ҷомеа арёзбӣ карда, афзуд, ки қонуни мазкур бо мақсади риоя намудани қоидаҳои ҳаркат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ дар кишвар равона гардидааст ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ба амал овард, ки беш аз ҳарвақта тавассути ба роҳ мондани фаъолияти судовари таблиғотию ташвиқотӣ баҳри баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон бо дарки масъулиятшиносӣ ва эҳтироми талаботи қонунгузорӣ саҳмгузор бошанд.

Идома бар он, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ва Шарифзода Асрор Нор қарорҳои дахлдор қабул намуда, Шарифзода Асрор Нор барои даҳ соли оянда судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Дар иҷлосия қарори дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон оид ба пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иваз намудани номи  баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қабул гардид, ки мутобиқи он номи деҳаи Боявут ба деҳаи Сабзазор, деҳаи Тӯқузҷелак ба деҳаи Ковиён, деҳаи Қӯруқ ба деҳаи Сеосиёб, деҳаи Уяс ба деҳаи Ободдара, деҳаи Уяли ба деҳаи Навкати деҳоти Зарҳалол, деҳаи Тошбек ба деҳаи Курушкат, деҳаи Тапқоқ ба деҳаи Бодомзори деҳоти Гули Сурх, деҳаи Обқарчағой ба деҳаи Оби зулоли деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан, деҳаи Янги Равот ба деҳаи Работи нави деҳоти Пӯлотон, деҳаи Қизилнур ба деҳаи Нурафшони деҳоти Патари шаҳри Конибодом, деҳаи Тол ба деҳаи Яккабед, деҳаи Кичиколчали ба деҳаи Арчазор, деҳаи Оқкур ба деҳаи Кондара, деҳаи Каттаолчали ба деҳаи Олучазори деҳоти Чашмасор, деҳаи Терак ба деҳаи Сафедорон, деҳаи Уяс ба деҳаи Оҳучашма, деҳаи Қароҷингил ба деҳаи Заркони деҳоти Исмоил, деҳаи Учбоғ ба деҳаи Боғи болои деҳоти Ёва, деҳаи Сотсиализм ба деҳаи Соҳилоби деҳоти Хистеварз ва деҳаи Максим Горкий ба деҳаи Дашти Амини деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иваз карда шуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ пас аз баррасии масъалаҳои зикргардида ба кори иҷлосия танаффус эълон намуда, дар ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ширкат варзиданд.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон бо интихоби котибот тибқи Дастури ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби кори ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намо­ян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ва рӯзномаи ҷаласа иборат аз тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.

Мутобиқ ба рӯзномаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

— Дар бораи аз вазифаи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қурбониён Абдусалом Карим;

— Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Аҳмадзода Раҷаббой;

— Дар бораи аз вазифаи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор;

— Дар бораи Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор;

— Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд;

— Дар бораи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳакимзода Қурбон тасдиқ гардиданд.

Нимаи дуюми рӯз аъзои Маҷлиси миллӣ ба кори иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум идома бахшиданд.

Дар идома Раиси Маҷлиси миллӣ бо баррасии тамоми масъалаҳои дар рӯзнома шомилгардида таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллиро ба татбиқи амалии қонунҳо равона намуда, афзуд, ки дар баробари ҷонибдорӣ саҳмгузории бевоситаи аъзои Маҷлиси миллӣ оид ба таври амиқ амалӣ гардидани қонунҳо амри зарурӣ мебошад.

Ҳамзамон, таъкид дошт, ки баргузории муҳокимаҳои парламентӣ низ дар Маҷлиси миллӣ ба ин хотир амалӣ карда мешаванд ва аз ҳар як узви Маҷлиси миллӣ даъват ба миён овард, ки дар татбиқи нишондодҳои тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо дар доираи Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бевосита саҳм гузошта, аз корҳои анҷомшуда ба Маҷлиси миллӣ ахбор манзур созанд.

Инчунин вобаста ба омодагиҳо ба муҳокимаи навбатии парламентӣ дар мавзӯи “Такмилу тақвияти дастгирии давлатии соҳибкории хурду миёна: мушкилот, роҳҳои ҳалли он ва имкониятҳо дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” аъзои Маҷлиси миллӣ тамоми зарфиятҳои амалии худро сафарбар намоянд.

Иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пӯшида эълон карда шуд.

ШАРИКОН: