Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

12 июни соли 2019 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 31 масъалаҳои шомилгардида шуруъ намуданд.

Нахуст, Файзуллозода Зафар Хайрулло, бо қарори дахлдори Маҷлиси миллӣ раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб гардид.

Сипас, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи рӯзномаи иҷлосия бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Раҳмон Озода Эмомалӣ, Файзуллозода Зафар Хайрулло, Раҳимӣ Фарҳод ва Амирзода Раҳмоналӣ Амир пешниҳодгардида ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии  граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», 3 қонуни мукаммал: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳолати ҷангӣ», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи ҳунармандӣ» ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра кодексу қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки  аз ҷониби субъекти  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардидаанд, бо мавриди муҳокимаи амиқ қарор додан, ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамзамон, аъзои Маҷлиси миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об»-ро, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, бо инобати хулосаи пешниҳодгардидаи Кумитаи дахлдори Маҷлиси миллӣ бинобар сабаби мухолиф будани баъзе меъёрҳои он ба дигар кодексу қонунҳои амалкунанда бе ҷонибдорӣ барои такмил баргардониданд.

Раиси Маљлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни ҷонибдорӣ аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз аъзои Маҷлиси миллӣ ва воситаҳои ахбори омма даъват ба амал овард, ки беш аз ҳарвақта тавассути ба роҳ мондани фаъолияти судманди таблиғотию ташвиқотӣ баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарки масъулиятшиносӣ ва эҳтироми талаботи қонунгузорӣ саҳмгузор бошанд.

Бо ин мақсад ба Кумитаҳои марбута ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳадафманд роҳандозӣ намудани корҳои таблиғотӣ оид ба қонунҳои ҷонибдоригардида нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва мавриди амал қарор диҳанд.

Идома бар он, аъзои Маҷлиси миллӣ тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи бозхонд намудани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамов Аҳтам Маҳрамович, Лутфуллозода Шавкат,  интихоб намудани муовини якуми Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфуллозода Шавкат, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Хусрав Лутфулло, Раҳмонзода Маҳмад Шариф ва Ҳаким Рухшона Аскар қабул намуданд.

Бо ҷонибдории пешниҳодоти Президенти мамлакат Раиси Маҷлиси миллӣ аз судяњои навинтихобшуда даъват ба миён овард, ки пайвастаю пайгирона таъмини адолати судӣ ва волоияти қонунро дар фаъолияти рӯзмарааш тавсеаю тақвият бахшанд.

Дар иҷлосия тибқи қарорҳои дахлдори Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисони Кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Имомзода Муҳамадюсуф Сайдалӣ, Раҳимӣ Фарҳод Амирзода Раҳмоналӣ Амир ва узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмонова Наргис барои фаъолияти пурсамар ва тањкими муносибатњои байнипарламентӣ бо “Медал” ва “Грамотаи фахрӣ”-и Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷом Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва ба иштирокчиёни иҷлосия фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллиро самимона шодбош намуда, ба фоҷеаи рӯзи 8 июн дар ҷануби шарқии шаҳри Маскав рухдода, ки боиси боздошти шаҳрвандони кишвар гардидаст, дахл намуда, изҳор дошт, ки дилхоҳ ҷинояткорӣ бояд дар доираи қонунҳои амалкунандаи кишвари будубош ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бе нақзи шарафу ҳуқуқҳои фитрии инсон баррасӣ карда шаванд.

Раиси Маҷлиси миллӣ таъкид дошт, ки дар робита ба ҳодисаи мазкур Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бевосита машғул буда, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи салоҳиятҳои худ амали воқеъгардидаро пайгирӣ менамояд.

Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пушида эълон карда шуд.

ШАРИКОН: